Нигоҳе ба андешаҳои Мортин Ҳойдегер

Пурсиш: “Чаро ҳастандаҳо ҳастанд, ба ҷойи он ки набошанд?” (Мортин Ҳойдегер) Ҷаноби Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳойдегерро яке аз файласуфони асри 20 гуфтаед, вале чизе, ки дар мавридаш бисёр бароям ҷолиб аст, ҳимояти ӯ аз фошизми ҳитлерӣ буд?! Агар вақт дошта бошед, дар мавриди ақидаҳояш мақолае менавистед, бисёр мамнун мешудам. Оё байни мактаби ӯ ва Ниче алоқамандие ҳаст?

Vatandor Vatan

* * *

Посух: Ба номи Худо. Бале, Мортин Ҳойдегер (Martin Heidegger, 1889-1976) яке аз фалосифаи барҷастаи на танҳо ғарб ё Олмон, балки ҷаҳон дар қарни 20-ум аст. Пурсиши шумо баҳонае шуд, то шаммае дар бораи андешаҳои ӯ бинависам. Албатта, дар ин ҷустор андешаҳои ӯро ба ихтисор арза мекунам, на ба тафсил ва на ҳамроҳ бо нақд. Вагарна, бар андешаҳои фалсафии ӯ низ ҳамонанди андешаҳои соири фалосифа, нақдҳое ворид аст ва афкораш аз ишкол холӣ нестанд. Иншоаллоҳ, дар як фурсати дигар, агар умре боқӣ буд, ба нақду баррасии андешаҳои ӯ хоҳем пардохт. Муқоисаи дидгоҳҳои Ҳойдегер бо дидгоҳҳои Ничеро низ дар як фурсати дигар мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳем, зеро ба мақолае ҷудо ниёзманд аст. Дар поён албатта ба ин пурсиши шумо, ки чаро ӯ аз нозиҳо пуштибонӣ кардааст, посух хоҳам навист.

* * *

Муҳимтарин асари Мортин Ҳойдегер китоби “Вуҷуд ва замон” аст. Ҳойдегер ин китоби худро бо як пурсиш шурӯъ мекунад ва бо ҳамон пурсиш китобашро тамом мекунад. Пурсиши калидии Ҳойдегер ин аст, ки: “Ҳақиқати вуҷуд чист?”

Ҳойдегер мӯътақид аст, ки вақте ба торихи фалсафа назар мекунем ва ба Арасту мерасем, мутаваҷҷеҳ мешавем, ки Арасту “вуҷуд”-ро ба “мавҷуд” (ё “ҳастӣ”-ро ба “ҳаст”) коҳиш медиҳад. Ин коҳиши “вуҷуд” ба “мавҷуд”, як навъ ғафлат аз асли вуҷуд ва ҳастӣ аст. Баъдҳо дар қуруни вусто, фалосифа мӯътақид буданд, ки вуҷуд бениёз аз таъриф аст. Яъне, мафҳуми вуҷуд мафҳуме равшан аст. Дар суннати фалсафаи исломӣ низ файласуфони мусалмон вуҷудро бениёз аз таъриф медонанд. Онҳо ҳатто бар таърифнопазирии вуҷуд бурҳон иқома мекунанд.

* * *

Дозойн (Dasein) ва шинохти вуҷуд

Ҳойдегер мӯътақид аст, ки яке аз мушкилоти фалсафа дар ғафлат аз вуҷуди асил, мафҳуммеҳварӣ аст. Аз назари Ҳойдегер, “мафҳум” дар муқобили “маъно” қарор дорад. Мафҳум як амри интизоӣ (abstract) аст ва бо таҳлили ақлӣ ба даст меояд; дар ҳоле ки маъно як амри инзимомӣ (concrete) аст ва инсонҳо дар зиндагии воқеӣ бо он мувоҷеҳ ҳастанд.

Барои шинохт ва фаҳми “вуҷуд” бояд ба маънои он таваҷҷӯҳ кард. Фаҳми маъно низ равиши хосси худро дорад ва ин равиш, аз назари Ҳойдегер, ҳамон падидоршиносии ҳерменутикӣ (hermeneutical phenomenology) аст. Падидоршиносӣ равише аст, ки “Дозойн” (ҳамон инсон) онро ба кор мебарад. Ба ин тартиб, Ҳойдегер барои фаҳми маънои ҳастӣ, таваҷҷӯҳ ба “Дозойн”-ро амре меҳварӣ медонад. Дозойнро дар форсӣ ба “вуҷуди инҷоӣ-онҷоӣ” тарҷума кардаанд. Манзур аз “Дозойн” ҳамон “инсон” аст. Вуҷуд дорои зотҳо ва ҳиссаҳое аст ва яке аз ин зотҳо ва ҳиссаҳо, инсон аст.

* * *

Ҳойдегер ва поёни фалсафа

Машҳур аст, ки Ҳойдегер мӯътақид аст, фалсафа ба поёни худ расидааст. Пеш аз Ҳойдегер низ бархе сухан аз поёни фалсафа ба миён оварда буданд. Ҳойдегер мӯътақид аст, ки фалсафа дунёи ғарбро шакл додааст. Ба ақидаи вай, фалсафа зуҳури “умонизм” (humanism) аст. Умонизми ғарбӣ мунҷар ба шаклгирии тамаддуни кунунии ғарб шуда ва текнулужӣ ба навъе маҳсули он аст.

Ҳойдегер баён мекунад, ки танҳо “Дозойн” (ҳамон инсон) аст, ки метавонад аз ғорнишинӣ ба бурҷнишинӣ бирасад. Инсон “вуҷуди онҷо” дорад, “эгзистон” дорад ва метавонад аз худ берун биистад ва аз ҳудуду суғури худ дар ин лаҳза фаротар биравад.

Аз назари Ҳойдегер, қувваи фалсафа бо Ҳегел тамом мешавад. Ҳегел дар китобҳои худ, хусусан дар китоби “Падидоршиносии руҳ” (The Phenomenology of Spirit), изҳор медорад, ки хотами фалосифа аст ва дар воқеъ пас аз ӯ ҳеч файласуфи бузурги низомсозе зуҳур намекунад. Пас аз Ҳегел, тадриҷан фалсафаҳои музофе назири падидоршиносӣ (phenomenology), ҳерменутик (hermeneutics) ва ғайра, ва дар фалсафаи таҳлилӣ назири маърифатшиносӣ (epistemology), фалсафаи зеҳн (philosophy of mind), фалсафаи забон (philosophy of language) ва ғайра зуҳур мекунанд. Ҳеҷ кадом аз ин фалсафаҳо ҷаҳонро ба таври куллӣ тафсир ва таъвил намекунанд.

Моркс низ чунин изҳор мекард, ки фалсафа то кунун ба дунболи тафсири ҷаҳон будааст, аммо акнун замони тағйири ҷаҳон фаро расидааст. Ҳойдегер низ баён мекунад, ки фалсафа дигар имкони тағйир дар ҷаҳонро надорад. Яъне тавоноии тарҳ ва барномарезӣ барои дунёи ҷадидро надорад. Ҳойдегер мӯътақид аст, ки яке аз асбоб ва авомили вуқӯи ҷангҳои ҷаҳонии аввал ва дувум, фалсафидани фалосифае назири: Лок, Ҳобз, Конт ва Вебер буд. Тафаккуроти ин андешамандон имкони зуҳури ингуна ҷангҳоро ба вуҷуд оварданд.

Ҳойдегер худро файласуф намедонад, балки худро як андешаманд ва мутафаккир ба ҳисоб меоварад. Ӯ мӯътақид аст, ки фалсафа чизе нест ба ҷуз пурсишгарӣ дар мавриди масоил ва умури бунёдин.

* * *

Ҳерменутики фалсафӣ

Баҳсҳои Ҳойдегер дар боби моҳияти фаҳм ва тафсир, забон, таъсирпазирии фаҳм аз пешфаҳмҳо ва торихӣ будани вуҷуди инсон, мунҷар ба пайдоиши “Ҳерменутики фалсафӣ” гардид. Ҳойдегер дар суханрониҳои соли 1923 ва дар китоби “Вуҷуд ва замон”, ошкоро бо фосила гирифтан аз талаққии роиҷ дар бораи равиши фаҳм ва равишшиносии улуми инсонӣ, дидгоҳи комилан тозаеро пеш ниҳод, ки баъдҳо тавассути шогирди ӯ Годомер ба “Ҳерменутики фалсафӣ” шӯҳрат ёфт ва аз сӯйи касоне назири Рикер (Paul Ricœur) ва Деридо (Derrida) пайгирӣ шуд.

То пеш аз пайдоиши ҳерменутики фалсафӣ, ҳерменутик ба равишшиносии фаҳм маҳдуд мешуд; ба гунае ки ҳерменутик маҷмӯае аз қоидаҳо ва услубҳо барои роҳёбӣ ба маънои воқеии матн ва муроди ҳақиқии муаллиф буд ва аз ин ҳад фаротар намерафт. Аммо бо шаклгирии ҳерменутики фалсафӣ тавассути Ҳойдегер ва шогирдаш Годомер, ҳастишиносии фаҳм ба масъалаи меҳварии ҳерменутик табдил шуд ва пурсиш аз чистӣ ва моҳияти худи падидаи “фаҳм” ва омилҳои таъсиргузор бар шаклгирии он ба миён омад. Годомер ҳерменутикро ба манзилаи куниши фалсафӣ таъриф мекунад, ки масъалаи марказияш ин аст: чӣ гуна фаҳм мумкин мешавад? Ба иборати дигар, ҳерменутики фалсафӣ асосан алоқае ба ироаи равиш ва баёни усул ва қоидаҳои ҳоким бар фаҳм ва тафсир надорад. Ва на танҳо алоқае ба ироаи равиш надорад, балки ба нақди равишшиносӣ низ мепардозад ва ин андешаро, ки аз роҳи танқеҳи равиш метавон ба ҳақиқат расид, ба нақд мекашад. Шояд битавон парҳез аз “ироаи равиш” ва ба ҷойи он, таваҷҷӯҳ ба “ҳастишиносии фаҳм”-ро меъёри аслии фалсафӣ шудани ҳерменутик дар андешаи Ҳойдегер ва Годомер донист.

Годомер дар китоби “Ҳақиқат ва равиш” ин андешаро, ки “ягона роҳи вусул ба ҳақиқат, пайравӣ аз равиши фаҳм аст” ба чолиш мекашад. Аз назари Годомер, равиш ба наҳви томму тамом ба ҳақиқат роҳ намебарад.

Ҳерменутики фалсафӣ, дигар равише барои расидан ба фаҳм нест. Зеро асосан фаҳм чизе нест, ки бо равиш битавон ба он даст ёфт. Фаҳм, дигар амали зеҳнии инсон дар баробари айн тасаввур намешавад, балки фаҳм иборат аст аз: “наҳваи ҳастии худи инсон”. Инсон дар ҳар лаҳза аз зиндагии худ, дар ҳоли фаҳми ҳастӣ, имконоти худ ва хештани хеш аст ва даст ба таъвил ва тафсири хеш мезанад. Ба гуфтаи Ҳойдегер, ҳерменутик илме аст, ки аз тариқи “Дозойн” (инсони инҷоӣ-онҷоӣ) моҳияти ҳастиро бар худаш маълум мекунад. Дар фаъолияти ҳерменутикӣ пешдовариҳо ва пешфарзҳои Дозойн (ҳамон инсон) дар мувоҷеҳа бо мавзӯи хоссе ошкор мешавад ва дар натиҷа абъоди ҷадиде аз ҳастии инсон бар худи ӯ кашф мегардад. Аз ин рӯ, ҳар фаҳме дар бораи ҳар мавзӯе, иборат аст аз: хештанфаҳмӣ. Ба ҳамин далел, Ҳойдегер фаҳмро хоссияти зотии инсон медонад. Аз назари ӯ, вуҷуди инсон зотан ҳерменутикӣ аст ва инсонҳо аз тариқи фаъолияти тафсирӣ ва таъвилӣ вуҷуд доранд.

Дар ҳоле ки андешаи ҳоким дар замонҳои қабл аз Ҳойдегер ин буд, ки меъёрҳо ва қоидаҳое вуҷуд доранд, ки ба мадади онҳо метавон фаҳми дуруст ва мӯътабарро аз фаҳмҳои нодуруст ва ғайри мӯътабар бозшиносӣ кард ва ба фаҳми айнии маънои матн даст ёфт, аз назари Ҳойдегер ва ҳаводорони ҳерменутики фалсафӣ аммо, асосан фаҳм амре нисбӣ аст ва роҳе барои дастёбӣ ба муроди воқеии муаллиф дар даст нест.

Аз назари Ҳойдегер, ҳамаи мо мавҷудоте торихӣ ҳастем. Манзури ӯ ин аст, ки ҳастии мо одамиён сохтаи суннатҳое аст, ки ба ирс бурдаем. Маъное, ки дар зеҳни одам шакл мегирад, маҳсули ҳаёти торихии ӯст. Ҳаёте, ки маҷмӯае аз қазоватҳои пешиниро дар зеҳни ӯ сохтааст. Ва ба иборати дигар, торихмандии инсон маҷмӯае аз тасаввурот ва боварҳоро дар зеҳни ӯ шакл мебахшад, ки Ҳойдегер аз он ба “пешсохтори фаҳм” таъбир карда. Ин пешсохтори фаҳм, ки ҳеч роҳи гурезе аз онҳо нест, зеҳнияти муфассирро дар амали фаҳм маншаи асар мекунад ва боис мешавад, то муфассир натавонад ба шеваи реалистӣ ба маънои мавриди назари муаллиф ва ё ба иборати дигар, ба фаҳми айнӣ даст ёбад.

Бар хилофи нигоҳи давраи равшангарӣ, ки мехост бо истифода аз равиши дуруст худро аз пешдовариҳо халос кунад, ҳерменутики фалсафӣ мӯътақид аст, аввалан, халосӣ аз пешдоварӣ ва пешсохтори фаҳм ба ҷиҳати торихӣ будани инсон мумкин нест. Ва сониян, набояд пешдовариро ба маънои манфӣ фаҳмид. Пешдоварӣ муқаввими фаҳм аст ва асосан ҳеч фаҳме бидуни он имкон надорад.

Ва аз он ҷое, ки ҳар инсоне маҳсули шароити фарҳангӣ ва торихии мутафовите аст, бинобар ин, ҳар фард фаҳме мутафовит бо дигарӣ дорад. Ин масъала имкони дастёбӣ ба як фаҳми мутлақ аз падидае хоссро ба чолиш кашида ва ба нисбияти фаҳм мунҷар мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки дастёбӣ ба муроди муаллиф, амре беаҳаммият ва номумкин шинохта мешавад.

* * *

Ин буд хулоса ва чакидаи андешаҳои Ҳойдегер. Ва ҳамон тавр ки дар оғози ин навиштор арз кардам, ин дидгоҳҳо ва ба хусус “ҳерменутики фалсафӣ” ва масъалаи фаҳм, ки Ҳойдегер ироа карда, ишколоти асосӣ доранд ва бисёре аз фалосифа, чӣ дар ғарб ва чӣ дар ҷаҳони ислом, ба онҳо эродҳо ва ишколҳои асосӣ ворид кардаанд, ки феълан дар мақоми баёни онҳо нестем ва иншоаллоҳ дар маҷоле дигар, онҳоро хоҳем овард.

* * *

Ҳойдегер ва нозизм

Ҳойдегер ҳаргиз фошист ба маънои воқеии он набуд. Бандаи Худо, ки дар замони фошистҳо раиси донишгоҳ буд, барои он ки ба кораш идома диҳад, чорае надошта ҷуз он ки узви ҳизби нозӣ бишавад. Бо ин вуҷуд, бархе афсарони нозӣ ӯро душмани худ мепиндоштанд. Ҳонс Cлуго (Hans Sluga), муаррих, вазъи Ҳойдегер дар ҳангоми риёсати донишгоҳро чунин тавсиф кардааст:

Ӯ (Ҳойдегер) ба унвони раиси донишгоҳ, монеъ аз намоиши пустери зидди cомӣ тавассути донишҷӯён дар вурудии донишгоҳ ва идомаи сӯзондани китобҳо мешуд..” (Википедия)

Дар 23 сентябри соли 1966, Ҳойдегер бо маҷаллаи “Шпигел” мусоҳибае дошт, ки дар он пазируфт дар бораи гузаштаи сиёсиаш баҳс кунад. Мусоҳиба дар 31 майи 1976 мунташир шуд. Ҳойдегер дар он мусоҳиба аз даргириаш дар ҳизби сусиёл-миллӣ ба ду тариқ дифоъ кард: аввал ин ки, чораи дигаре набуд, ӯ саъй кард донишгоҳ (ва ба таври куллӣ улумро) аз сиёсӣ шудан наҷот диҳад ва бинобар ин маҷбур буд бо нозиҳо ба тавофуқ ва мусолиҳа бирасад. Дуввум ин ки ӯ пазируфт як бедориро мебинад, ки мумкин буд барои ёфтани як шигирди ҷадиди миллӣ ва иҷтимоӣ ба дард бихӯрад, аммо назараш дар бораи он дар 1934 тағйир кард. Ҳойдегер дар ин мусоҳиба, аз суханрониаш дар соли 1935 бо шарҳи “Ҳақиқати дарунӣ ва азамати ҷунбиш” дифоъ кард. Ӯ тасдиқ кард, ки хабаррасонони нозӣ, ки суханронии ӯро мушоҳида карданд, аз калимаи ҷунбиш дарк мекарданд, ки манзури ӯ ҳизби сусиёл-миллӣ будааст, дар ҳоле ки донишҷӯёнаш медонистанд, ки ин баён марбут ба ҳизби нозӣ набуд. (Википедия)

* * *

Манобеи таҳқиқ:

1. Вуҷуд ва замон, Мортин Ҳойдегер, тарҷумаи Сиёвуши Ҷамодӣ;

2. Ҳерменутики Ҳойдегер, таълифи нигоранда (Сайидюнуси Истаравшанӣ);

3. Гузаре бар андешаҳои Мортин Ҳойдегер, таълифи Амирҳусайни Хоҷавӣ;

4. Ҳерменутик, таълифи Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ;

5. Мортин Ҳойдегер ва ҳерменутики фалсафӣ, таълифи Оятуллоҳ Раббонии Гулпойгонӣ;

6. Даромаде бар ҳерменутик, таълифи Аҳмади Воизӣ;

7. Торихмандии фаҳм дар ҳерменутики Годомер, Имдод Турон;

8. Донишномаи озоди Википедия.



Рубрики:Нақду назар, Посух ба пурсишҳо, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи ғарб

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: