Имом Ҳусайн (а)

Ба баҳонаи зодрӯзи Имом Ҳусайн (а)

Фардо (3 шаъбон), зодрӯзи Имом Ҳусайн ибни Алӣ (а), ҷигаргӯшаи ҳазрати Паёмбари Акрам (с) аст. Касе ки Расули гиромии ислом (с) дар бораи ӯ фармуда:

حسين مني وأنا من حسين أحب الله من أحب حسينا حسين سبط من الأسباط

Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайнам, Худованд дӯст дорад ҳар касеро, ки Ҳусайнро дӯст дошта бошад, Ҳусайн сибте аз асбот аст.” (Силсилаи саҳеҳаи Албонӣ, 3/229)

Ба ҳамин баҳона, муносиб дидам, шаммае дар бораи он имоми ҳумом бинависам.

* * *

Ӯ писари Алӣ ибни Абӯтолиб (а) ва Фотимаи Заҳро, духтари гиромии Паёмбари Акрам (с) ва сарвари бонувони олам аст ва дар соли 4–уми ҳиҷрӣ дар Мадинаи Мунаввара ба дунё омад. Ҳазрати Паёмбар (с) номи ӯро Ҳусайн гузошт. Кунияи он бузургвор Абӯабдуллоҳ ва алқоби муборакаш иборатанд аз: Сибти Расулуллоҳ, Сайиди шабоби аҳли ҷаннат, Райҳонаи Расулуллоҳ, ки ҳамагӣ баргирифта аз аҳодиси Паёмбари Худо (с) аст.

Паёмбари Акрам (с) на танҳо алоқа ва муҳаббате фаровон ба Имом Ҳусайн ва бародараш Имом Ҳасан дошт, балки бино бар ривояте, ки Тирмизӣ нақл мекунад, ҳазраташ аз Худованд хостааст ҳар он касеро, ки ба ин ду бузургвор алоқа ва муҳаббат дошта бошад, дӯст бидорад::

هَذانِ ِابنایَ وَاِبنَا اِبنَتِی اللهُمَّ اِنِّی اُحِبُّهُما فَاَحِبُّهُما وَاحِبَّ من یُحِبُّهُما

Ин ду, писарони ман ҳастанд ва писарони духтарам. Худоё! Ман онҳоро дӯст дорам, пас дӯст бидор ин дуро ва низ дӯст бидор ҳар касеро, ки онҳоро дӯст медорад”. (Сунани Тирмизӣ, 12/239, Ашшомила)

Аз назари ҳазрати Паёмбари Акрам (с), ҳар касе нисбат ба Имом Ҳусайн ва бародари бузургвораш Имом Ҳасан (а) муҳаббат дорад, Паёмбарро дӯст дошта, ва ҳар касе, ки заррае нисбат ба он ду дар дил нафрат ва бадбиние дорад, ин бадбинӣ аломат ва нишонаи бадбинӣ ва душманӣ бо шахси ҳазрати Паёмбар (с) аст. Дар ривояти саҳеҳе, ки Ибни Моҷа нақл карда мехонем:

مَن اَحَبَّ الحَسَنَ وَالحُسَینَ فَقَد اَحَبَّنِی وَمَن اَبغَضَهُما فَقَد اَبغَضَنَی

Ҳар кас Ҳасану Ҳусайн (а)-ро дӯст дорад, маро дӯст доштааст, ва ҳар ки душманашон бидорад, маро душман доштааст”. (Сунани Ибни Моҷа, 1/51, Ашшомила)

Ва дар ҷойе дигар мефармояд:

الحَسَن والحُسَین إبنایَ مَن أحَبَّهُما أحَبَّنِی وَمَن أحَبَنِّی أحَبّهُ الله ومَن أحَبَّهُ الله أدخَلَه الجَنَه ومَن أبغَضَهُما ابغَضَنِی ومَن اَبغَضَنِی أبغَضَهُ اللهُ ومَن أبغَضَهُ اللهُ أدخَلَه ُ النار

Ҳасан ва Ҳусайн писарони ман ҳастанд, ҳар кас онҳоро дӯст бидорад, маро дӯст доштааст ва ҳар ки маро дӯст дорад, Худо ӯро дӯст медорад, ва ҳар касеро, ки Худо дӯст бидорад, ӯро вориди биҳишт мекунад, ва ҳар кас онҳоро душман бидорад, маро душман доштааст ва ҳар кас маро душман бидорад, Худо ӯро душман медорад ва ҳар касро, ки Худо душман бидорад, ӯро дохили дӯзах мекунад”. (Мустадраки Ҳоким, 11/88, Ашшомила)

Аз назари Паёмбари Акрам (с), ҳар ки бо Имом Алӣ, Фотима, Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн ҷангид, бо Паёмбар (с) ҷангида:

انا سَلمٌ لِمَن سالمتُم وحربٌ لمن حاربتُم

Ман дар сулҳу созишам бо ҳар кас, ки бо шумо дар сулҳу созиш аст, ва дар ҷангу набардам бо касе, ки бо шумо дар ҷангу ситез аст”. (Сунани Ибни Моҷа, 1/174, Ашшомила)

Лозим ба ёдоварист, ин ҳама таъкидҳои ҳазрати Паёмбар бар дӯст доштани ин ду бузургвор на танҳо бад-он ҷиҳат аст, ки онон фарзандони ӯ ҳастанд ва ҳар инсоне фитратан алоқа ба фарзандонаш дорад. Ҳаргиз чунин нест. Гуфтор ва рафтор ва мавзеъҳои ҳазрати Паёмбар (с) аз ҳаво нест, аз як ҷиҳат ҳама ваҳйи илоҳӣ ҳастанд:

وَمَا يَنطِقُ عَنِ الْهَوَى. إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَى

Ӯ аз сари ҳавас сухан намегӯяд. Ин сухан ба ҷуз ваҳйе, ки ваҳй мешавад нест”. (Сураи Наҷм, оятҳои 3 ва 4)

Балки алоқа ва муҳаббати он ҳазрат ва суфориши эшон ба мусалмонон мабнӣ бар он ки ба он ду бузургвор алоқа дошта бошанд, бад-ин хотир аст, ки қивоми ойини ислом бад-онҳост ва онҳо пас аз реҳлати ҳазрати Паёмбар (с) дунболакунандагони роҳу равиши ҷадди бузургворашон ва эҳёкунандагони ин роҳ хоҳанд буд агар инҳирофе дар он роҳ пайдо кунад.

Аз ҳамин ҷост, ки вақте фарде мисли Язид, ки шаробхора ва беҳаё ва сагбозе беш набуд ва падараш Муовия ӯро бар маснади хилофат нишонд, Имом Ҳусайн алайҳи ин бадсигол қиём кард ва бо хуни хеш ойини исломро наҷот дод.

Имом Ҳусайн (а), хитоб ба ёрони андак вале мусаммами хеш дар рӯзи Ошуро ва пеш аз шаҳодаташ мегӯяд:

Эй мардум! Расули Худо (с) фармуд: “Ҳар кас таъйид кунад ҳокими ситамгареро, ки ҳаромҳои илоҳиро ҳалол ва паймони Худовандро мешиканад ва бо суннати ман мухолифат мекунад ва ситам бар бандагони Худо раво медорад ва ба инкори ӯ барнахезад, ҳақ аст бар Худо, ки ӯро вориди оташи ҷаҳаннам кунад.” Инон (Язиду язидиён) мутеъи фармони шайтон шуданд, аз итоати Худо сарпечӣ намуданд ва фасод карданд, ҳудуди илоҳиро иҷро накарданд, байтулмолро махсуси худ сохтанд, ҳароми Худоро ҳалол ва ҳалоли Худоро ҳаром карданд. Ман (Ҳусайн ибни Алӣ) сазовортарини мардум ҳастам ба наҳй кардан ва боздоштани онҳо аз ин гуна аъмоли нописанду накӯҳида…”

* * *

Ҷумалоте аз Имом Ҳусайн (а)

“Касоне Худоро ба умеди подош ниёйиш мекунанд, ин ибодати бозаргонон аст. Касоне ҳам, аз рӯйи тарс, Ӯро бандагӣ мекунанд, ин навъ бандагӣ, махсуси бардагон аст. Мардуме низ, Худоро аз боби сипоси неъматҳои Ӯ ситойиш мекунанд, ин равиши озодагон аст.”

* * *

“Чӣ осон аст марге, ки дар роҳи расидан ба иззат ва эҳёи ҳақ бошад! Марги иззатмандона ҷуз зиндагии ҷовид, ва зиндагии залилона ҷуз марги ҳамешагӣ нест.”

* * *

“Бахшандатарини мардум касе аст, ки дар ҳангоми қудрат мебахшад.”

* * *

“Касе ки туро дӯст дорад, аз ту интиқод мекунад, ва касе ки бо ту душманӣ дорад, аз ту таърифу тамҷид менамояд.”

* * *

“Чизеро бар забон наёваред, ки аз арзиши шумо бикоҳад.”

* * *

“Ниёзи мардум ба шумо, неъматҳои Худо бар шумост, аз ин неъмат афсурда ва безор набошед.”

* * *

“Барҳазар бошед аз ситам кардан бар касе ки ҷуз Худо касеро надорад!”

* * *

Марде назди Имом Ҳусайн (а) омад ва гуфт: ман марде гунаҳкорам ва аз маъсият парҳез намекунам, маро панд ва андарз бидеҳ.

Имом Ҳусайн (а) фармуд:

“Панҷ кор анҷом бидеҳ ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун:

Аввал, рӯзии Худоро махӯр ва он гоҳ ҳарчи мехоҳӣ гуноҳ кун.

Дуввум, аз вилоят ва ҳукумати Худо хориҷ шав ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.

Севвум, ҷоеро пайдо кун, ки Худо туро набинад ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.

Чаҳорум, вақте Азроил барои гирифтани ҷони ту меояд, ӯро аз худ дур кун ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.

Панҷум, вақте маъмур ва молики ҷаҳаннам мехоҳад туро дар оташ биандозад, дар оташ нарав ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.”

* * *

Фарозе аз муноҷоти Имом Ҳусайн (а)

“Худоё! Чӣ дорад он кас, ки туро надорад?

Ва чӣ надорад он кас, ки туро дорад?

Он кас, ки ба ҷойи ту, чизи дигареро писандад ва ба он розӣ шавад, мусалламан зиён кардааст…”

* * *

Худои ман!

Хондамат, посухам гуфтӣ.

Аз ту хостам, атоям кардӣ.

Ба сӯйи ту омадам, оғӯши раҳмат гушудӣ.

Ба ту такя кардам, наҷотам додӣ.

Ба ту паноҳ оварадам, кифоятам кардӣ.

Худоё!

Аз хаймагоҳи раҳматат берунамон макун!

Аз остони меҳрат навмедамон масоз!

Орзуҳо ва интизорҳоямонро ба ҳирмон макашон!

Аз даргоҳи хешат моро марон!

Эй Худои меҳрубон!

Бар ман рӯзии ҳалолатро вусъат бибахш!

Ва ҷисму динамро саломат бидор!

Ва хавфу ваҳшатамро ба оромиш ва амният мубаддал кун!

Ва аз оташи ҷаҳаннам раҳоиям соз!

* * *

“(Худоё!) Оё мавҷуде ғайри ту зуҳуре дорад, ки он зуҳур ва пайдоӣ дар ту набошад, то ӯ сабаби пайдоии ту шавад?

Ту кай аз назар пинҳонӣ, то ба далел ва бурҳон мӯҳтоҷ бошӣ? Ва кай аз мо дур шудӣ, то осор ва махлуқот моро ба ту наздик созад? Кӯр бод чашме, ки туро набинад!..”



Рубрики:Ислом, Машоҳир, Омӯзаҳои набавӣ

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: