Шарҳи Маснавӣ (189)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (15)

* * *

Бозгуфтани бозаргон бо тӯтӣ он чӣ дид аз тӯтиёни Ҳиндустон (4)

* * *

Соҳиби деҳ подшоҳи ҷисмҳост,

Соҳиби дил шоҳи дилҳои шумост.

Кадхудои деҳ, яъне он ки бар вайронаи дунёи маҳсусот ҳукумат мекунад, танҳо бар ҷисмҳо подшоҳӣ мекунад, вале соҳиби дил, яъне он ки бар қаламрави олами маъно ва ҷаҳони номаҳсус ҳукумат мекунад, подшоҳи кишвари дилҳои шумост.

Фаръи дид омад амал бе ҳеч шак,

Пас набошад мардум илло мардумак.

Бе гумон, ҳамаи аъмол фаръи бар дид аст, яъне ҳаракоти бадан мутеъи чашм аст. Чашм ибтидо матлубро мебинад ва бадан ба сӯйи матлуб меравад. Низ чашм макруҳро мебинад ва бадан аз он худро дур мекунад. Ё ҳар амале, ки аз одамӣ судур меёбад, мутаваққиф бар навъе шинохт аст. Бинобар ин, инсон дар олами ҳастӣ ба манзилаи мардумаки чашм аст.

Нукта: Ҳаким Сабзаворӣ гӯяд: “Соҳибдил инсони комил аст ва ӯ ба сурат хурд ва ба сират калон аст. Зеро ӯ сояи Худованди бузург аст чун мардумак, ки мардумӣ бад-он аст; чӣ одамият ба хидмати инсони комил аст ва хидмат ва амал ба дид аст ва дид ба мардумак”. (Шарҳи асрор, с.55)

Ин ки инсони комил ба манзилаи мардумак аст, таъбире аст аз Ибни Арабӣ:

وهو للحق بمنزلة انسان العين من العين الذي يكون به النظر

Нисбати инсон ба Ҳақ Таъоло, нисбати мардумаки чашм аст ба чашм, ки нигоҳ кардан бо он анҷом мешавад”. (Фусусул-ҳикам, ҷ.1, с.67)

Ман тамоми ин наёрам гуфт аз он,

Манъ меояд зи соҳибмарказон.

Ман наметавонам аҳвол ва асрори даруни инсони комилро, ки ба манзилаи мардумаки чашми ҷаҳони ҳастӣ аст, ба наҳви комил шарҳ диҳам. Зеро он бузургоне, ки маркази ҷаҳони ҳастианд, маро аз кашфи асрор бозмедоранд. Чаро ки розӣ нестанд, ки ҳамаи асрори онон макшуф гардад.

Нукта: Мурод аз “соҳибмарказон” авлиёуллоҳ ва автодуллоҳ ҳастанд, ки бақои ҳастӣ баста ба вуҷуди онон аст, сӯфия ононро ба “марказу доиратул-кавн” таъбир кардаанд.

Чун фаромӯшии халқу ёдашон,

Бо вай асту ӯ расад фарёдашон.

Зеро эҷоди фаромӯшӣ дар замири мардум ва таълим додани ҳақоиқ ба онон, яъне маҳву сабти хавотир, бар ӯҳдаи валийи Худост, ки халифаи маънавии ӯст. Ва ҳам ӯст, ки ба фарёди гумгаштагони сулук мерасад.

Садҳазорон неку бадро он баҳӣ,

Мекунад ҳар шаб зи дилҳошон тиҳӣ.

Зоти пурнури Ҳақ Таъоло ё инсони комил, ки ба авсофи олия муттасиф аст, ба изни Худо ҳар шаб ҳазорон навъ фикри хубу бад ва хавотири раҳмонӣ ва шайтониро мезудояд ва лавҳи замири ононро аз ин нуқуш пок ва дубора ба он нуқуш пур мекунад.

Баҳӣ: Равшан, зебо.

Рӯз дилҳоро аз он пур мекунад,

Он садафҳоро пур аз дур мекунад.

Ва муҷаддадан Ҳақ Таъоло ба гоҳи рӯз дилҳоро аз он афкор пур мекунад ва садафҳои қулубро пур аз марвориди маориф месозад.

Он ҳама андешаи пешонҳо,

Мешиносад аз ҳидоят ҷонҳо.

Ба василаи он ҳама андешаҳое, ки дар даврони гузашта падид омада, одамӣ метавонад агар ҳидояти илоҳӣ шомили ҳоли ӯ шуд, ҷони худро бишносад. Яъне улум ва маорифе, ки аз адвори пешин мироси башар шудааст, дар сурате ба худшиносии инсон кӯмак мекунад, ки ҳидоят ва инояти илоҳӣ насиби ӯ шавад, вагарна ҳамаи ин улум ҳиҷоби акбар гардад.

Пешон: Пеш, ҷилав, оғоз, азал.

Пешаву фарҳанги ту ояд ба ту,

То дари асбоб бигшояд ба ту.

Дар ҳангоми бедорӣ кору дониши ту ба сӯйи ту боз мегардад, то дари иллатҳо ва асбоби маишатро ба рӯйи ту боз кунанд. Яъне ту ба кӯмаки кору дониш маоши худро таъмин мекунӣ.

Пешаи заргар ба оҳангар нашуд,

Хӯйи ин хушхӯ ба он мункар нашуд.

Ба унвони мисол, пеша ва санъати заргар ба оҳангар мунтақил намешавад. Ва низ ахлоқи инсони хушхулқ ба одами бадхулқ интиқол намеёбад. Хулоса, камолот ва навоқиси ҳар кас пас аз бедорӣ ба худи ӯ бозмегардад, на ба дигарӣ.

Мункар: Зишт, дар ин ҷо ба маънои бадхулқ.

Пешаҳову хулқҳо ҳамчун ҷиҳез,

Сӯйи хасм оянд рӯзи растахез.

Пешаҳо ва сифоти ҳар кас дар рӯзи растохез монанди ҷиҳоз (асбоб ва лавозиме, ки арӯс ба хонаи домод мебарад) ба сӯйи соҳиби он бозмегардад.

Пешаҳову хулқҳо аз баъди хоб

Вопас ояд ҳам ба хасми худ шитоб.

Пешаҳо ва хӯйҳо бо шитоби ҳар чи тамом дубора ба сӯйи соҳибаш бозмегардад, яъне ҳар кас бар ҳамон сифот ва малакоте, ки пеш аз хобидан ва ё мурдан касб кардааст бедор ва ё маҳшур мегардад.

Нукта: Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ гӯяд: “Лафзи хасм дар ин ҷо аз боби тағлиб аст дар мазоҳири қаҳр, чӣ ҳамаи сувари малакутия малакоти нафсанд, ки ӯро меозоранд ва бо ӯ ба мухосама мепардозанд”. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.535)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: