Номи Халиҷи Форс дар забони мубораки Паёмбари Акрам (с)

Ба баҳонаи “Рӯзи миллии Халиҷи Форс”

Имрӯз (10 урдибиҳишт мусодиф бо 30 апрел) дар Эрон “Рӯзи миллии Халиҷи Форс” номгузорӣ шуда. Иттиҳодияи Араб аз соли 1964 мутаассифона дар як иқдоми нобихрадона расман номи Халиҷи Форсро барои арабзабонон мамнӯъ карда, ки як таҳрифи ошкор ва сареҳи торих ва ҳақиқат буд.

Гузашта аз ин ки номи Халиҷи Форс дар куҳантарин манобеъ ва маъохизи торихӣ ба ҳамин ном зикр шуда, вале аз ҳама муҳим он ки номи Халиҷи Форс дар забони мубораки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) низ ба ҳамин унвон ёд шудааст.

Як намунаи он Муснади Абӯяълост. Ин муҳаддиси номвар ривояте нисбатан тӯлонӣ ва аз назари санад саҳеҳро аз Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ нақл кардааст. Дар ин ривоят аз ҷумла омадааст: Паёмбар Акрам (с) дар ҷамъи асҳобашон дар бораи Даҷҷол чунин мефармоянд:

هِيَ الْمَدِينَةُ، مَا بَابٌ مِنْ أَبْوَابِهَا إِلا عَلَيْهِ مَلَكٌ صَالِتٌ سَيْفَهُ يَمْنَعُهُ مِنْهَا، وَبِمَكَّةَ مِثْلُ ذَلِكَ ثُمَّ قَالَ: فِي بَحْرِ فَارِسَ مَا هُوَ، فِي بَحْرِ الرُّومِ مَا هُوَ ثَلاثًا

“… Дар Мадина ҳеч дарвозае нахоҳад буд магар ин ки фариштае дар ҳоле ки шамшерашро берун оварда, аз вуруди ӯ (яъне Даҷҷол) ҷилавгирӣ мекунад ва дар Макка низ чунин хоҳад буд. Сипас ҳазрати Паёмбар (с) се бор фармуданд: (Даҷҷол) дар баҳри Форс ва баҳри Рум нест…” Зайли ин ҳадис Ҳусайн Салим Асад гӯяд: “Риҷоли ин ҳадис саҳеҳанд”.

Назари ду тан аз уламо

Заҳабӣ дар “Торихи ислом”-и худ гуфтааст: “Маъмун (халифаи аббосӣ) Фазл ибни Саҳлро пеши худ хонд ва ӯро бар ҷамиъи сарзаминҳои машриқ аз Ҳамадон то кӯҳҳои Сиқинон ва Тибет аз баҳри Форс ва Ҳинд то баҳри Дайлам волӣ қарор дод…”

Табарӣ низ дар торихи худ овардаст: “Дар соҳилҳои баҳри Форс подшоҳе буд номаш Абтануд, ки мавриди таъзим ва парастиш буд, аз баҳри Форс ва Ҳинд то баҳри Дайлам ва Ҷурҷон…

Реклама


Рубрики:Омӯзаҳои набавӣ, Пароканда, Торих, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: