Ислом ва Эронзамин (11)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ислом аз назари миллияти эронӣ (11)

Мазҳаби ташайюъ

Эрониён аз қадимулайём, ки ислом ихтиёр карданд, беш аз ақвом ва милали дигар нисбат ба хонадони нубувват алоқа ва иродат нишон доданд.

Баъзе аз шарқшиносон хостаанд ин алоқаҳо ва иродатҳоро содиқона надонанд, балки навъе аксуламали зиракона дар муқобили ислом ва лоақал дар муқобили аъроб барои эҳёи русум ва ойини қадими эронӣ муаррифӣ намоянд. Гуфтаи ин афрод барои ду даста баҳонаи хубе шудааст:

Яке, мутаассибҳо, ки ба ин васила шиъаро як фирқаи сиёсӣ ва ғайри мухлис нисбат ба ислом муаррифӣ кунанд ва ба асоси ташайюъ ҳамла баранд, чунонки Аҳмад Амини Мисрӣ дар китоби “Фаҷрул-ислом” чунин коре кард ва алломаи фақид Шайх Муҳаммадҳусайн Кошифулғито барои радди он ифтиро, китоби “Аслуш-шиъа ва усулуҳо”-ро навишт.

Дастаи дигар, ба истилоҳ носиюнолистҳои эронӣ ҳастанд. Ин даста баръакси дастаи аввал, эрониёнро таҷлил мекунанд, ки тавонистанд ойини куҳанро зери пардаи ташайюъ ҳифз ва нигаҳдорӣ кунанд.

Дар китоби “Қонун ва шахсият” аз интишороти Донишгоҳи Теҳрон, таълифи дуктур Парвизи Сонеъӣ, сафҳаи 157, зимни баҳс дар ин ки тадриси торих дар мадориси мо хушк ва мурда ва сатҳӣ аст ва бояд зинда ва асосӣ ва таҳлилӣ бошад, мегӯяд:

Масалан, масъалаи ихтилофи фирақи шиъа ва суннии ислом ба унвони як матлаби торихӣ ба мо таълим дода мешуд ва мегуфтанд, ки эрониён, ки тарафдори ҳазрати Алӣ алайҳис-салом буданд, ба эшон гаравиданд ва ихтилофи асосӣ байни шиъа ва суннӣ он аст, ки мо ҳазрати Алиро халифаи аввал медонем, дар ҳоле ки сунниён эшонро халифаи чаҳорум мешуморанд. Ин тарзи таъриф ва ташреҳи масъала, ихтилоф байни суннӣ ва шиъаро комилан сурӣ ва ғайри муҳим ҷилва медиҳад, ба тавре ки худи ихтилоф ҳам ғайри мантиқӣ ба назар мерасад. Солҳо баъд аз тарки дабиристон ва зимни мутолеа, ба ин матлаб бархӯрдем, ки пайдоиши фирқаи шиъа аз ибтикороти фикри эронӣ ва ба хотири ҳифзи истиқлоли миллӣ ва шаъоири бостонии ӯ будааст. Аз он ҷиҳат, ки Имом Ҳусайн алайҳис-салом духтари охирин подшоҳи эрониро ба занӣ ихтиёр карда буданд, фарзанди эшон ва сипас фарзандонашон аз шоҳзодагон ва мансуб ба силсилаҳои боазамати эронӣ шумурда шуда, ба ин тартиб давоми ҳукумати эронӣ ва шаъоир ва ифтихороти ӯ таъмин шудааст ва аз он ба баъд калимаи “сайид” ҳам, ки ба авлоди имомон итлоқ мешуд, дар воқеъ ҷонишини калимаи “шоҳзода” гаштааст.

Моҳият ва аҳаммияти ин ибтикори фикр ва отифаи эронӣ, ки барои ҳифзи “миллият”-и ӯ сурат гирифта, бо мутолеаи бештаре дар мазҳаби қадими Эрон яъне дини зартуштӣ ва одоб ва русум ва суннате, ки аз он дин вориди риштаи шиъаи дини ислом шуда, беҳтар маълум гашта ва робитаи фирқаи шиъа бо торихи бостони Эрон ва ҳамин тавр давраи феълии ҳаёти мо равшан мешавад. Яъне дарк мекунем, ки чӣ тавр баъзе ақоид ва сунани Эрони бостон аз тариқи мазҳаби шиъа барои мо ҳифз шудааст. Губину (Arthur de Gobineau) дар китобе, ки дар ҳудуди сад сол пеш ба номи “Фалсафа ва адён дар Осиёи Марказӣ” мунташир карда, ақоиди қадимии эрониёнро дар бораи ҷанбаи осмонӣ ва илоҳӣ доштани салотини соcонӣ решаи аслии ақоиди шиъа дар боби имомат ва исмат ва таҳорати имомони атҳор алайҳимус-салом донистааст ва издивоҷи Имом Ҳусайн алайҳис-саломро бо Шаҳрбону омили сирояти он ақидаи эронӣ дар андешаи шиъа ба шумор овардааст.

Эдворд Броун низ назарияи Губинуро таъйид мекунад. Вай мегӯяд: “Нигоранда мӯътақид аст, ки ҳақ бо Губину будааст он ҷо, ки мегӯяд, эрониён салтанатро ҳаққи осмонӣ ё мавҳибати илоҳӣ медонистанд, ки дар дудмони соcонӣ ба вадиъа қарор гирифта буд, ва ин ақида таъсири азиме дар саросари торихи адвори баъдии Эрон доштааст, алалхусус алоқаи шадиди эрониён ба мазҳаби ташайюъ таҳти таъсири ҳамин ақида аст, ки муҳкам ба мазҳаби ташайюъ часпидаанд. Интихоби халифа ё ҷонишини руҳонии Пайғамбар ҳар андоза назди араби демукрот амри табиӣ буд, дар назари аҳли ташайюъ ғайри табиӣ менамуд ва ҷуз эҷоди ишмиъзоз асари дигаре надошт, ва шахси Умар халифаи сонии суннат ва ҷамоат ҳам бад-он сабаб назди шиъа мавриди нафрат аст, ки имперотурии Эронро нобуд сохт. Кинаи эрониён нисбат ба Умар, гарчи дар либоси мазҳаб зоҳир шуд, маҳалли ҳеч гуна шубҳа ва тардид нест. Ба ақидаи эрониён, Ҳусайн ибни Алӣ, ки писари кучаки Фотимаи Заҳро бинти Набии Акрам мебошад, Шаҳрбону духтари Яздгирди севвум, охирин подшоҳи соcониро ба ҳаболаи никоҳ даровард ва бинобар ин ҳар ду фирқаи бузурги ташайюъ (имомия ва исмоилия) на танҳо намояндаи ҳуқуқ ва фазоили хонадони нубувватанд, балки воҷиди ҳуқуқ ва фазоили салтанат низ мебошанд, зеро нажод аз ду сӯ доранд: аз байти рисолат ва аз дудаи соcонӣ”. (Торихи адабиёт, ҷ.1, с.195)

Оре, ин аст тавҷеҳе, ки бархе аз мусташриқон ва эрониёне, ки таҳти таъсири суханони онҳо воқеъ шудаанд, роҷеъ ба моҳияти мазҳаби шиъа ва иллати пайдоиши он менамоянд. Бадеҳӣ аст, ки баҳси тафсилӣ дар ин мавзӯъ ниёзманд ба рисолаи ҷудогонае аст, вале мо дар ин ҷо аз зикри баъзе матолиб ба таври иҷмол гузире надорем.

Мавзӯи издивоҷи Имом Ҳусайн алайҳис-салом бо Шаҳрбону, духтари Яздгирд ва таваллуди Имом Саҷҷод алайҳис-салом аз шоҳзодахонуми эронӣ ва интисоби имомон баъд аз эшон ба хонадони салтанатии Эрон баҳонае ба дасти иддае хаёлбоф ё муғриз додааст, ки гароиши эрониёнро ба хонадони рисолат натиҷаи интисоби онҳо ба дудмони шоҳони соcонӣ муаррифӣ кунанд ва эътиқоди шиъаёнро ба ҳаққи илоҳии имомони атҳор алайҳимус-салом аз бақоёи эътиқоди қадимии эрониён ба “фарраи эзадӣ”-и подшоҳони соcонӣ бидонанд, зеро мусаллам аст, ки подшоҳони соcонӣ худро осмонинажод медонистанд ва барои худ мақоме нимахудоӣ ва фавқи башарӣ қоил буданд. Ойини зартуштии он аср низ ин тарзи тафаккурро таъйид мекард.

Мегӯянд, дар яке аз катибаҳои паҳлавӣ, ки аз Шоҳпур писари Ардашери Соcонӣ дар Ҳоҷиобод ба даст омадааст, чунин навишта шудааст:

Шоҳпур, шоҳи шоҳони Эрон ва ғайри Эрон, минусиришт, аз сӯйи Яздон, фарзанди мавҷуде осмонӣ ва Маздопараст Ардашер минусиришт, аз сӯйи Яздон, наваи Бобаки подшоҳ, ки худ низ осмонӣ ва аз сӯйи Яздон будааст”.

Пас, чун подшоҳони соcонӣ барои худ мақоме осмонӣ қоил буданд, ва аз тарафи дигар, имомони атҳор ҳам нажодашон ба онҳо мерасад ва шиъаён ва пайравони онҳо ҳам ҳама эронӣ ҳастанд ва барои онҳо мақоми осмонӣ қоиланд, пас бо ин суғро ва куброи сад дар сад саҳеҳи мантиқӣ, эътиқод ба имомати имомони атҳор алайҳимус-салом мавлуди ҳамон эътиқоди қадимии эронӣ аст.

Мо зимни баёни мухтасаре, пучии ин иддаоро равшан мекунем. Муқаддиматан бояд бигӯем, ки дар ин ҷо ду матлаб аст ва бояд аз якдигар тафкик шавад. Яке ин ки табиӣ аст, ки ҳар миллате, ки дорои як силсила ақоид ва афкори мазҳабӣ ё ғайри мазҳабӣ ҳаст ва сипас тағйири ақида медиҳад, хоҳ нохоҳ қисмате аз ақоиди пешин дар завоёи замираш боқӣ мемонад ва нохудогоҳона онҳоро дар ақоиди ҷадиди хеш ворид мекунад. Мумкин аст нисбат ба ақидаи ҷадиди хеш ниҳояти хулуси ниятро дошта бошад ва ҳеч гуна таассуб ва тааммуде барои ҳифзи мӯътақадоти пешини худ надошта бошад, вале аз он ҷо, ки лавҳи замираш ба куллӣ аз афкор ва ақоиди пешин пок нашудааст, каму беш онҳоро бо худ вориди ақида ва маслак ва мазҳаби ҷадид менамояд.

Ин матлаб ҷойи тардид нест. Милале, ки мусалмон шуданд, бархе бутпараст буданд ва ақоиди васанӣ доштанд, баъзе дигар масеҳӣ ё яҳудӣ ё маҷусӣ буданд. Заминаҳои фикрии пешини онҳо аҳёнан мумкин аст дар афкор ва ақоиди исломии эшон асар гузошта бошад.

Мусалламан эрониён низ нохудогоҳ бархе ақоиди хешро бо сибғаи исломӣ ҳифз карданд. Мутаассифона порае хурофот ҳамакнун дар миёни бархе эрониён вуҷуд дорад аз қабили паридан аз рӯйи оташ дар чоршанбеи охири сол ва савганд хӯрдан ба сӯйи (нури) чароғ, ки аз бақоёи моқабли ислом аст. Ва ин вазифаи исломӣ аст, ки бо миқёсҳои усулии ислом ақоиди пок ва холиси исломиро аз кудурати андешаҳои ҷоҳилӣ ҳамеша дур нигоҳ доранд.

Масъалаи вилоят ва имоматро агар бихоҳем аз ин ҷиҳат мавриди мутолеа қарор диҳем, бояд ба Қуръони Карим ва суннати қатъии Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) муроҷеа кунем, то маълум шавад оё қабл аз он ки милали мухталифи ҷаҳон ислом оваранд, чунин матлабе дар худи ислом матраҳ будааст ё хайр?

Мутолеа дар Қуръон ва суннати қатъии Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мерасонад, ки аввалан, мақомоти маънавӣ ва осмонӣ ва вилоятии бархе аз бандагони солеҳи ҳақ мавриди таъйиди Қуръони Карим аст. Сониян, Қуръони Карим талвеҳан ва тасреҳан вилоят ва имоматро таъкид кардааст ва ба илова, Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) низ итрати тоҳирини худро ба ин мақом муаррифӣ кардааст.

Пеш аз он ки аъроби мусалмон бо милали дигар бархӯрд кунанд ва ақоиди онҳо дар якдигар таъсир кунад, дар матни ислом чунин масоиле матраҳ будааст. Ояти каримаи:

إِنَّ اللّهَ اصْطَفَى آدَمَ وَنُوحًا وَآلَ إِبْرَاهِيمَ وَآلَ عِمْرَانَ عَلَى الْعَالَمِينَ. ذُرِّيَّةً بَعْضُهَا مِن بَعْضٍ وَاللّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٌ

(Ба яқин Худованд Одам ва Нӯҳ ва хонадони Иброҳим ва хонадони Имронро бар мардуми ҷаҳон бартарӣ додааст. Фарзандоне, ки баъзе аз онон аз (насли) баъзеи дигаранд ва Худованд шунавои донист”. (Сураи Оли Имрон, оятҳои 33 ва 34) — каму беш нозир ба мақомоти вилоятии баъзе аз афроди башар аст. Асоси мазҳаби ташайюъ дар Қуръон ва суннати қатъӣ аст ва ҷойи ҳеч гуна тардиде аз ин назар нест. Мо дар ин ҷо наметавонем вориди ин баҳс шавем – ки майдони боз ва васеъе дорад — зеро ба матлаби мавриди баҳси мо марбут нест. Он чӣ марбут ба ин баҳс аст, робитаи эрониён бо ташайюъ аст. Баҳс дар иддаои баъзе аз мусташриқон ва дунболаравони онҳост, ки мегӯянд, мазҳаби ташайюъ аз тарафи эрониён ба унвони аксуламале дар муқобили ислом ибтикор ва ихтироъ шуд ва эрониён мазҳаби шиъаро аз ин ҷиҳат халқ карданд, то дар зери пардаи ташайюъ ақоиди куҳани худро, ки ба он алоқа ва имон доштанд, ҳифз ва нигаҳдорӣ кунанд.

Матлаби дигар ин аст, ки баъзе аз милал пас аз он ки аз лиҳози сиёсӣ ва низомӣ мағлуби миллате дигар мегарданд, ақоид ва афкори худро огоҳона дар зери парда нигаҳдорӣ мекунанд, ва ин худ навъе муқовимат аст дар баробари қавми ғолиб. Бархе аз мусташриқон ва бархе аз эрониён, ки аз онон илҳом мегиранд, маъмулан иддао мекунанд, ки эрониён ташайюъро баргузиданд, то ақоиди куҳани худро дар зери пардаи ташайюъ ҳифз ва нигаҳдорӣ кунанд. Мо ҳам ин матлабро аз ҳамин зовия таҷзия ва таҳлил мекунем.

Ин матлаб аввалан бастагӣ дорад ба матлабе, ки қаблан баҳс кардем, ки оё исломи эрониён аз рӯйи ризо ва рағбат буда ё ба зӯру ҷабру унф сурат гирифтааст? Агар эрониён маҷбур мебуданд, ки ақоид ва афкори пешинро раҳо кунанд ва ақоиди исломиро бипазиранд, ҷойи ин таваҳҳум буд, ки гуфта шавад, онҳо чун маҷбур буданд ақоиди пешинро тарк гӯянд, ночор мутавассил ба ҳила шуданд.

Вале пас аз он ки мусаллам шуд, ки ҳеч вақт мусалмонон эрониёнро маҷбур ба тарки дину мазҳаб ва ақоиди пешини худ накардаанд, балки ба онҳо иҷоза медоданд, ки оташкадаҳои худро нигаҳдорӣ кунанд ва ҳатто пас аз он ки аҳли китоб (яҳуд, насоро, маҷус) дар зиммаи мусалмонон қарор мегирифтанд, мусалмонон худро мулзам ба ҳифзи маъобиди онҳо медонистанд ва монеи тахриби он маъобид мешуданд. Ба илова, имкон надошт гурӯҳи андаке аз мардуми араб, ки мусалламан иддаашон ҳеч вақт ба чанд сад ҳазор нарасид, битавонанд миллате чандмилюниро маҷбур ба тарки дину ойини худ бикунанд, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳар тараф аз ҳамон навъ силоҳе бархӯрдор буданд, ки дигаре бархӯрдор буд, балки имконоти эрониён аз ҳар назар бештар ва беҳтар буд, бинобар ин имкон надошт, ки аъроб битавонанд эрониёнро маҷбур ба тарки дини худ кунанд. Бинобар ин агар эрониён ҷиддан мехостанд ақоид ва одоби куҳани худро ҳифз кунанд, чӣ лузуме дошт, ки аз рӯйи нифоқ изҳори ислом кунанд ва бо номи ташайюъ онҳоро нигаҳдорӣ кунанд?

Ба илова, қаблан собит кардем, ки исломи эрониён тадриҷӣ будааст ва нуфуз ва султаи амиқи ислом бар руҳи эрониён ва ғалабаи он бар кеши зартуштӣ бештар дар давраҳое сурат гирифта, ки эрониён истиқлоли худро боз ёфта буданд. Бинобар ин, ҷойе барои ин ёваҳо боқӣ намемонад.

Худи оқои Эдворд Броун дар ҷоҳои мутааддиди китоби худ иқрор ва эътироф мекунад, ки эрониён дини исломро ба тавъ ва рағбат пазируфтанд. Дар сафҳаи 297 аз ҷилди аввали “Торихи адабиёт” мегӯяд:

Таҳқиқ дар бораи ғалабаи тадриҷии ойини ислом бар кеши Зартушт, мушкилтар аз таҳқиқ дар истилои арзии араб бар мустамлакоти соcониён аст. Чӣ басо тасаввур кунанд, ки ҷангҷӯёни ислом ақвом ва мамолики мафтуҳаро дар интихоби яке аз ду роҳ мухайяр месохтанд: аввал Қуръон, дуввум шамшер. Вале ин тасаввур саҳеҳ нест, зеро габр ва тарсо ва яҳуд иҷоза доштанд ойини худро нигоҳ доранд ва фақат маҷбур ба додани ҷизя буданд. Ва ин тартиб комилан одилона буд, зеро шаҳрвандони ғайри мусалмони хулафо аз ширкат дар ғазавот ва додани хумсу закот, ки бар уммати Паёмбар фарз буд, муофият доштанд”.

Дар сафҳаи 306 ва 307 пас аз ин ки шарҳе роҷеъ ба инқирози дини зартуштӣ баҳс мекунад, мегӯяд:

Агарчӣ ахбор роҷеъ ба касоне, ки тағйири мазҳаб доданд қалил аст, лекин ҳамин ҳақиқат, ки то се қарну ним баъд аз фатҳи ислом ин гуна маворид пеш омадааст, гувоҳи равшане аст бар ин ки эрониён аз руҳи таҳаммул ва гузашти фотеҳон баҳраманд буданд. Ва ин амр худ долл бар ин маънӣ аст, ки эрониён ойини худро ба сулҳу силм ва лоақал то ҳадде ба тадриҷ тағйир додаанд”.

Эдворд Броун аз Дузи (Reinhart Dozy), мусташриқи маъруфи ҳуландӣ, дар китоби “Ислом” нақл мекунад, ки:

Муҳимтарин қавме, ки тағйири мазҳаб доданд, эрониён буданд, зеро онҳо исломро нерӯманд ва устувор намуданд, на араб, ва аз миёни онҳо буд, ки ҷолибтарин фирақи исломӣ бархостааст”.

Аксуламале, ки эрониён дар баробари ислом нишон доданд, он чунон мувофиқ ва лабрез аз ишқу алоқа буд, ки ҷойи ин нест гуфта шавад эҳсосоти миллӣ ё эҳсосоти мазҳабии куҳан онҳоро водор кардааст, ки дар зери пардаи ташайюъ ақоиди мазҳабии куҳани хешро ишоъа диҳанд.

Қаблан шарҳ додем, ки яке аз иллатҳои шикасти эрониён бо он ҳама нерӯ ва қудрат ва азамат, норозӣ будани мардуми Эрон аз ҳукумат ва ойинашон буд. Мардуми Эрон аз онҳо ба сутӯҳ омада буданд ва омодагии комил доштанд барои ин ки маъмане биёбанд ва агар бонги адолат ва ҳақиқате бишнаванд, ба сӯйи он бишитобанд. Гароиши фавқулъодаи эрониён ба Маздак низ иллате ҷуз норизоӣ надошт. Қаблан низ ишора кардем, ки вазъи зартуштигарӣ дар Эрон он чунон дучори фасод ва инҳироф ва мавриди беалоқагии мардум шуда буд, ки фаразан ислом ба Эрон наомада буд, масеҳият Эронро тасхир мекард.

Боз Броун аз Дузи, мусташриқи ҳуландӣ чунин нақл мекунад:

Дар нимаи аввали қарни ҳафтуми мелодӣ ҳама чиз ҷараёни оддии худро дар Руми Шарқӣ ва кишвари шоҳаншоҳии Эрон тай мекард. Ин ду мамлакат барои тасарруфи Осиёи Ғарбӣ ҳамеша бо ҳам дар низоъ буданд. Аз ҳайси зоҳир, дар роҳи рушду тараққӣ ва ободӣ сайр мекарданд. Маболиғи муътанобеҳе молиёт оиди хазонаи салотини ин ду кишвар мешуд ва карру фарри таҷаммул ва танаъуми пойтахтҳои ҳар ду мамлакат зарбулмасал буд. Бори камаршикани истибдод бар пушти ҳар ду кишвар сангинӣ мекард. Торихи дудмони салотини ҳар ду мамлакат машҳун аст аз як силсила фаҷойеъи ҳавлнок ва заҷру озори халоиқ. Ва ин рафтори золимонаи давлатҳо мавлуди нифоқ ва шиқоқи мардум дар масоили мазҳабӣ буд. Дар ин асно, ногаҳон аз миёни саҳроҳои ғайри маъруф қавме ҷадид дар саҳнаи ҷаҳон падид омад. Қабоили бешумор, ки то он торих пароканда ва мутафарриқ ва аксари авқот бо ҳам дар набард буданд, нахустин бор дар он ҳангом ба ҳам пайвастанд ва қавми муттаҳид ва муттафиқи ҷадидро ба вуҷуд оварданд. Қавме, ки алоқаи шадид ба озодии худ дошт, либоси содда мепӯшид ва ғизои содда мехӯрд, наҷиб ва меҳмоннавоз буд, бонишот, бофаросат, маззоҳ, базлагӯ ва дар айни ҳол мағрур ва сареъулғазаб буд ва ҳамин ки оташи хашми ӯ барафрӯхта мешуд, кинаҷӯ ва оштинопазир ва золим буд. Ин ҳамон қавмест, ки дар як лаҳза кишвари куҳансол ва муаззаз, вале фосид ва пӯсидаи Эронро сарнагун сохт ва зеботарин вилоятҳоро аз дасти ҷонишинони Қустантин рабуд ва салтанати ҷадидуттаъсиси Олмонро поймол намуд ва мамолики дигари Урупоро таҳдид кард, ва ҳол он ки дар шарқи олам низ ҷуюши фотеҳи ӯ ба ҷиболи Ҳимолой роҳ ёфтанд ва дар он ҷо ҳам рахна карданд. Вале ин қавм шабоҳате бо кишваргушоёни дигар надошт, зеро ойини навине оварда буд ва ақвоми дигарро таблиғ ва даъват менамуд. Бар хилофи санавияти эрониён ва мазҳаби Масеҳ, ки инҳитот ёфта буд, тавҳиди пок ва холис овард ва милюнҳо мардум ба он гаравиданд ва ҳатто дар ҳамин асри мо мазҳаби ислом мазҳаби як ъушр аз нажоди башар аст”.

Эдворд Броун дар сафҳаи 155 китоби мазбур, зимни баҳс аз Авасто ва ин ки оё Авастои воқеӣ боқӣ аст ё аз миён рафтааст, чунин ба сухани худ идома медиҳад:

Авасто мутазаммини усули ақоиди шахси шаҳире монанди Зартушт ва дарбардорандаи аҳкоми ойини дунёи қадим аст. Ин ойин замоне нақши муҳимме дар торихи ҷаҳон бозӣ карда ва бо ин ки иддаи пайравони он имрӯза дар Эрон даҳ ҳазор ва дар Ҳиндустон беш аз навад ҳазор нест, дар адёни дигаре, ки биззот дорои аҳаммияти бештаре буда таъсироти амиқе доштааст. Бо ин вуҷуд, дар васфи Авасто наметавон гуфт, китобе дилписанд ё дилчасп аст. Дуруст аст, ки тафсири бисёре аз иборот маҳалли тардид аст ва ҳар гоҳ ба мафҳуми он пай бурда шавад, қадру қимати он шояд бештар маълум гардад. Лекин ин нуктаро метавонам аз тарафи худ бигӯям, ки ҳар чӣ бештар ба мутолеаи Қуръон мепардозам ва ҳар чӣ бештар барои дарки руҳи Қуръон кӯшиш мекунам, бештар мутаваҷҷеҳи қадру манзилати он мешавам. Аммо баррасии Авасто малолатовар ва хастагиафзо аст, магар он ки ба манзури забоншиносӣ ва илмуласотир ва мақосиди татбиқии дигар бошад”.

Он чиро оқои Эдворд Броун аз тарафи худ мегӯяд, бояд аз тарафи ҳамаи он эрониёне бигӯяд, ки қарн ба қарн фавҷ-фавҷ Авасторо раҳо карданд ва ба Қуръон гаравиданд. Гароиш аз Авасто ба Қуръон барои эрониён як амри бисёр содда ва табиӣ будааст ва мавриде надоштааст, ки бихоҳанд он чӣ аз Авасто омӯхтаанд ва ё одоте, ки нисбат ба салотини худ маъмул медоштаанд, дар зери пардаи ташайюъ ҳифз кунанд ва амалӣ намоянд.

Сониян, Яздгирд пас аз он ки дар пойтахт натавонист муқовимат кунад, бо дарбор ва ҳарамсарои худ дар ҳоле ки ҳазор таббох ва ҳазор тан ромишгар ва ҳазор тан юзбон ва ҳазор тан бозбон ва ҷамоате касир аз соири хадама ҳамроҳи ӯ буданд ва ӯ ҳанӯз ин гурӯҳро кам медонист, шаҳр ба шаҳр ва устон ба устон фирор мекард ва паноҳ меҷуст. Қатъан агар мардуми маркази Эрон мехостанд аз ӯ ҳимоят кунанд ва ҷилави лашкари муҳоҷимро бигиранд қодир буданд, аммо ӯро паноҳ надоданд, то ба Хуросон рафт. Дар он ҷо низ ҳимояте надид ва оқибатуламр ба осиёбе паноҳ бурд ва ба дасти осиёбон ё ба дасти яке аз марздорони эронӣ кушта шуд.

Чӣ гуна аст, ки эронӣ ба худи Яздгирд паноҳ намедиҳад, вале баъд аҳли байти Пайғамбари исломро ба хотири пайванд бо Яздгирд муаззаз ва мукаррам мешуморад ва онҳоро дар ҳассостарин нуқоти қалби худ ҷой медиҳад ва олитарин эҳсосоти худро нисори онҳо мекунад?!

Солисан, фаразан эрониён дар қуруни аввали исломӣ маҷбур буданд эҳсосоти хешро махфӣ кунанд ва дар зери пардаи ташайюъ изҳор намоянд, чаро пас аз ду қарн, ки истиқлоли сиёсӣ ёфтанд ин пардаро надариданд ва эҳсосоти хешро ошкор накарданд, балки баръакс, ҳар чӣ замон гузашт бештар дар ислом ғарқ шуданд ва пайванди хешро бо ойини гузашта буриданд?!

Робеъан, ҳар мусалмони эронӣ медонад, ки Шаҳрбону мақом ва мавқеъе бештар ва болотар аз модарони соири имомони атҳор, ки баъзе араб ва баъзе офриқоӣ буданд надорад. Кадом шиъаи эронӣ ё ғайри эронӣ дар дили худ нисбат ба модари ҳазрати Саҷҷод алайҳис-салом эҳтироме бештар аз модарони соири имомони атҳор алайҳимус-салом эҳсос мекунад?! Нарҷис Хотун, волидаи моҷидаи ҳазрати Ҳуҷҷат ибни Ҳасан як канизи румӣ аст, қатъан эҳтироми ин бонуи румӣ дар миёни эрониён беш аз эҳтироми Шаҳрбону аст.

Хомисан, агар аз зовияи торих бингарем, асли достони Шаҳрбону ва издивоҷи ӯ бо Имом Ҳусайн алайҳис-салом ва вилодати Имом Саҷҷод алайҳис-салом аз шоҳзодае эронӣ машкук аст. Достони алоқаи эрониён ба имомони атҳор ба хотири интисоби онҳо ба хонадони соcонӣ аз тариқи Шаҳрбону, аз назари торихӣ айнан ҳамон достони касе аст, ки гуфт: Имомзода Яъқубро дар болои манора гург дарид. Дигаре гуфт: Имомзода набуд, пайғамбарзода буд, Яъқуб набуд, Юсуф буд, болои манора набуд, таҳи чоҳ буд, тоза асли матлаб дурӯғ аст ва гург Юсуфро надарид.

Дар ин ҷо низ асли достон, ки Яздгирд духтаре ба номи Шаҳрбону ё номи дигар дошта ва ба ифтихори ақди заношӯии Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис-салом ва модари Имом Саҷҷод алайҳис-салом ноил шуда бошад, аз назари мадорики торихӣ сахт машкук аст. Муаррихони асри ҳозир умуман дар ин қазия ташкик мекунанд ва онро беасос медонанд. Мегӯянд, дар миёни ҳамаи муаррихон танҳо Яъқубӣ ҷумлае дорад ба ин мазмун, ки гуфтааст: Модари Алӣ ибни Ҳусайн алайҳис-салом “Ҳарор” духтари Яздгирд буд ва Ҳусайн алайҳис-салом номи ӯро Ғазола ниҳод.

Худи Эдворд Броун аз касоне аст, ки достонро маҷъул медонад. Кристенсен (Arthur Christensen, эроншиноси донморкӣ) низ қазияро машкук талаққӣ мекунад. Саиди Нафисӣ дар “Торихи иҷтимоии Эрон” онро афсона медонад. Ва агар фарз кунем ин достонро эрониён ба ҳамин манзур ҷаъл карда ва сохтаанд, ҳатман пас аз ҳудуди 200 сол аз асли воқеа будааст. Яъне муқорин бо истиқлоли сиёсии Эрон будааст. Ва ин пас аз он аст, ки аз пайдоиши мазҳаби шиъа низ дар ҳудуди 200 сол гузашта будааст. Акнун чӣ гуна мумкин аст, ки гароиши эрониён ба ташайюъ мавлуди шойеъаи шоҳзодагии имомони атҳор буда бошад?!

Ин ки гуфтем, пайванди заношӯии Имом Ҳусайн алайҳис-салом бо духтари Яздгирд машкук аст, аз назари торих аст, вале дар порае аз аҳодис ин матлаб таъйид шудааст. Аз он ҷумла ривояти Кофӣ аст, ки мегӯяд: Духтарони Яздгирдро дар замони Умар ба Мадина оварданд ва духтарони Мадина ба тамошо омаданд. Умар ба тавсияи Амирулмӯъминин алайҳис-салом ӯро озод гузошт, ки ҳар киро мехоҳад интихоб кунад, ва ӯ Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис-саломро интихоб кард.

Вале гузашта аз адами интибоқи мазмуни ин ривоят бо торих, дар санади ин ривоят ду нафар қарор доранд, ки ин ривоятро ғайри қобили эътимод мекунад: яке, Иброҳим ибни Исҳоқи Аҳмарии Наҳовандӣ аст, ки уламои риҷол ӯро аз назари динӣ муттаҳам медонанд ва ривоёти ӯро ғайри қобили эътимод мешуморанд. Ва дигарӣ, Умар ибни Шимр аст, ки ӯ низ каззоб ва ҷаъол хонда шудааст.

Ман намедонам соири ривоёте, ки дар ин маврид аст, аз ин қабил аст ё на. Баррасии маҷмӯи аҳодисе, ки дар ин замина ворид шудааст, эҳтиёҷ ба мутолеа ва таҳқиқи бештаре дорад.

Содисан, агар мардуми Эрон эҳтироме, ки барои имомони атҳор алайҳимус-салом қоиланд, ба хотири интисоби онҳо ба хонадони соcонӣ аст, мебоист ба ҳамин далел барои хонадони умавӣ низ эҳтиром қоил бошанд, зеро ҳатто касоне, ки вуҷуди духтаре ба номи Шаҳрбонуро барои Яздгирд инкор мекунанд, ин матлабро қабул кардаанд, ки дар замони Валид ибни Абдулмалик дар яке аз ҷангҳои Қутайба ибни Муслим, яке аз наводагони Яздгирд ба номи Шоҳофарид ба асорат афтод ва Валид ибни Абдулмалик шахсан бо ӯ издивоҷ кард ва аз ӯ Язид ибни Валид ибни Абдулмалик маъруф ба “Язиди Ноқис” мутаваллид шуд. Пас, Язиди Ноқис, ки халифае умавӣ аст, насаб ба шоҳони эронӣ мебарад ва қатъан аз тарафи модар шоҳзодаи эронӣ аст.

Чаро эрониён барои Валид ибни Абдулмалик ба унвони домоди Яздгирд ва барои Язид ибни Валид ба унвони як шоҳзодаи эронӣ ибрози эҳсосот накарданд, аммо филмасал барои Имом Ризо алайҳис-салом ба унвони касе, ки дар шашумин пушт ба Яздгирд мерасад, ин ҳама ибрози эҳсосот карда ва мекунанд?!

Агар эрониён чунин эҳсосоти ба истилоҳ миллӣ медоштанд, бояд барои Убайдуллоҳ ибни Зиёд эҳтироми фавқулъодае қоил бошанд, зеро Убайдуллоҳ қатъан нимаэронӣ аст. Зиёд падари Убайдуллоҳ марди маҷҳулулнасабе аст, аммо Марҷона модари Убайдуллоҳ як духтари эронии шерозӣ аст, ки дар замоне, ки Зиёд волии Форс буд, бо ӯ издивоҷ кард.

Чаро эрониён, ки ба қавли ин оқоён он андоза эҳсосоти миллӣ доштаанд, ки имомони атҳор алайҳимус-саломро ба воситаи интисобашон ба хонадони салтанатии Эрон ба он мақоми рафеъ боло бурданд, Убайдуллоҳи Зиёди нимаэронӣ ва Марҷонаи тамомэрониро ин андоза паст ва манфур мешуморанд?!

Собеъан, ин матлаб он гоҳ метавонад дуруст бошад, ки шиъа мунҳасир ба эронӣ бошад ва лоақал дастаи аввали шиъаро эронӣ ба вуҷуд оварда бошад. Ва аз он тараф ҳам, умум ва лоақал аксари эрониёне, ки мусалмон шуданд, мазҳаби шиъаро ихтиёр карда бошанд. Ва ҳол он ки на шиъаёни аввалия эронӣ буданд (ба истиснои Салмон) ва на аксари эрониёни мусалмон шиъа шуданд, балки дар садри ислом аксари уламои мусалмони эронинажод дар тафсир ё ҳадис ё калом ё адаб суннӣ буданд ва баъзе аз онҳо таассуби шадиде алайҳи шиъа доштанд ва ин ҷараён то қабл аз Сафавия идома дошт. То замони Сафавия аксари билоди Эрон суннӣ буд. Дар замони хулафои умавӣ, ки сабби Алӣ алайҳис-салом дар манобир роиҷ шуда буд, мардуми Эрон низ таҳти таъсири таблиғоти суи умавиҳо қарор гирифта ва иғфол шуда буданд ва ин барномаи шанеъро иҷро мекарданд. Ҳатто гуфта мешавад, ки пас аз он ки Умар ибни Абдулазиз ин корро қадаған кард, баъзе аз шаҳристонҳои Эрон муқовимат карданд.

Акобири уламои тасаннунро то қабл аз Сафавия эрониён ташкил медиҳанд, аъамм аз муфассир, фақеҳ, муҳаддис, мутакаллим, файласуф, адиб, луғавӣ ва ғайра. Абӯҳанифа, ки бузургтарин фақеҳи аҳли тасаннун аст ва Имоми Аъзам хонда мешавад, як эронӣ аст. Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, ки бузургтарин муҳаддиси аҳли тасаннун аст ва китоби маъруфи ӯ бузургтарин китоби ҳадисии аҳли тасаннун аст, эронӣ аст. Ҳамчунин аст Сибавайҳ аз удабо ва Ҷавҳарӣ ва Фирӯзободӣ аз луғавийин ва Замахшарӣ аз муфассирон ва Абӯубайда ва Восил ибни Ато аз мутакаллимин. Аксарияти уламои эронӣ ва аксарияти тӯдаи мардуми Эрон то қабл аз Сафавия суннӣ будаанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: