Фалсафа ва равиши реализм (75)

Идрокоти эътиборӣ (6)

Матни китоб:

Мо дар нигоҳи нахустин, падидаҳои ҷаҳонро ба ду қисми мухталиф: мавҷудоти зинда (дорои шуъур) ва мавҷудоти ғайри зинда тақсим менамоем. (1) Ва гоҳе, ки дар як мавҷуди ғайри зинда (монанди як фарди дарахт) тааммул намоем, мебинем иҷтимои чандин воҳид — масалан шоха ва тана ва реша — як воҳидро ташкил дода ва бо аъзо ва қувваҳои мухталифе муҷаҳҳаз намудаанд. Ва ҳамин воҳид бо фаъолияти зотии худ фаъолият карда ва тадриҷан афъол ва осор ва ҳаводисе ба вуҷуд оварда ва вуҷуди худро ё бақои вуҷуди худро ҳифз менамояд; ба василаи решаҳои худ об ва ғизо аз замин ҷазб мекунад ва аз роҳи тана ва шоха ва барг таҳвия менамояд ва ба воситаи ҷиҳозоти дохилӣ ғизои андӯхтаро ба ҳамаи атрофи ҷисми худ пахш мекунад ва ба ҳамин восита тағаззӣ ва танмия ба амал меоварад ва завоид ва фазалотро берун медиҳад. Ва дар ҳар сол чанде истироҳат карда ва ба гирдоварӣ ва таҷҳизи нерӯи фарсудаи худ иштиғол варзида ва сипас саргарми нумув гардида ва сабз шуда ва шукуфа боз карда ва мева дароварда ва мерасонад, дубора аз фаъолияти берунӣ афтода ва кори гузаштаро аз сар мегирад.

Хулоса, ҳамаи ин ҳаводис (хоссиятҳо ва афъол) бо ҳастаи марказии худашон (воҳиди дарахт), як ҷаҳони кучакеро ташкил медиҳанд, ки ҳамаи аҷзои вай ба ҳамдигар бастагӣ дошта ва як созмони воҳидеро падид овардаанд, ки дар нуқтаи марказии вай воҳиде ба номи “ҷавҳари дарахт” ва дар шуоъи амали вай мавҷудоти дигаре ба унвони туфайлии воҳиди ҷавҳарии номбурда гирдогирдашро гирифта ва вобастаи вай мебошанд, чанде фаъолияти воҳиди номбурда падиду пайдо ва пас аз чанде мемирад ва бо суқути вай, ҳамаи ин ҷаҳони кучак суқут карда ва нобуд мешавад.

Пас, воҳиди дарахт як мавҷуди табиӣ аст, ки як силсила хоссиятҳо ва осори табииро бо авзои муайян (мурод аз “вазъ” ҳайъати таркибӣ аст, ки шароити замонӣ ва маконӣ ва модда бо гирд омадан ва феълу инфиъоли худ ба вуҷуд меоваранд) ба таври зарурат ва ҷабр анҷом медиҳад.

Акнун агар аз мавҷуди ғайри зинда ба мавҷуди зинда пардохта ва масалан “инсон”-ро мавриди баррасӣ қарор диҳем, хоҳем дид дорои ҳамон формули вуҷудӣ аст. Ва як фарди инсон айнан вазъияти зотии як мавҷуди табииро (монанди дарахт) дорад ва ҳар фарди инсонӣ, ҳар ки ва ҳар вақт ва ҳар куҷо бошад, аъамм аз шоҳу гадо, аъамм аз марду зан, аъамм аз оқилу девона, аъамм аз биёбониву шаҳрӣ, аъамм аз донишманду нодон, як воҳиди табиӣ аст, ки дар доираи ҳастии худ як силсила хоссиятҳо ва осори табииро аз қабили тағзия ва танмия ва тавлиди мисл ба ҳасби табиат ва таквин “ҷабран” анҷом медиҳад ва чанде бад-ин сон зиндагии худро идома дода ва сипас аз миён рафта ва осори вай низ аз миён мераванд. Ин як ҷанбаи вуҷуди мавҷуди зинда (масалан инсон) аст, ки мавриди мутолеа қарор медиҳем. Ҳоло аз ҷанбаи дигар мавриди баррасӣ қарор медиҳем:

* * *

Таълиқот:

(1) Маъмулан мавҷуди зинда ё зиҳаёт ба мутлақи мавҷудоте гуфта мешавад, ки дорои хоссиятҳои “тағзия, рушд, тавлиди мисл” мебошанд. Ва ин таъриф ҳамон тавре ки шомили ҳайвонот аз қабили аспу шутуру мурғу мору моҳӣ ҳаст, шомили наботот аз қабили дарахти олболу ва гули сурх ва ғайра низ ҳаст. Ва аз ин рӯ, дар истилоҳоти маъмулӣ ва мутадовал, “илмулҳаёт” иборат аст аз мутлақи илми шинохти мавҷудоти зинда, ки ба ду бахш: “гиёҳшиносӣ” ва “ҳайвоншиносӣ” мунқасим мешавад.

Дар муқобили мавҷудоти зинда ва зиҳаёт ҷамодотанд монанди сангу сурбу оҳан. Фарқ гузоштани мавҷудоти зинда ва ҷамодот рӯйи се хоссияти фавқ осон аст ва ишколе надорад, вале фарқ гузоштани ҳайвон ва набот холӣ аз ишкол нест. Қудамо фарқи ҳайвон ва гиёҳро дар “ҳисс” ва “ҳаракат” медонистанд, вале донишмандони ҷадид, ки мутолеоти зиёде дар анвои мухталифи наботот ва ҳайвонот кардаанд, ин фарқро қобили муноқиша донистаанд ва баъзе имтиёзи аслии ҳайвон ва наботро дар маводди ғизоии онҳо донистаанд. Зеро наботот аз маводди ҷомид тағзия мекунанд, ба хилофи ҳайвонот, ки аз гиёҳу гӯшт тағзия мекунанд. Ва баъзеи дигар ҳеч як аз ин фарқҳоро саҳеҳ надониста ва ихтилофи нисбатан асосӣ, ки дар ҳайвон ва набот ёфтаанд, ҳамоно ихтилоф дар вазъи сохтмони дохилии селлулҳои ташкилдиҳандаи онҳо мебошад.

Вале чунин ба назар мерасад, ки агар фарқи ҳайвон ва наботро мутобиқи ҳамон чизе, ки қудамо гуфтаанд дар “шуъур” ва “ҳаракати иродӣ” бигузорем, ишколи муҳимме пеш намеояд ва ишколоте, ки дар ин замина шуда қобили дафъ аст ва мо худро ниёзманд ба баҳс дар атрофи ин матлаб намедонем.

Бинобар ин, калимаи “ҳайвон” ба мавҷудоте гуфта мешавад, ки (дар табиат) дорои шуъур ва ташхис ва ҳаракоти масбуқ ба ташхис ва ирода ҳастанд.

Дар ин мақола ҳар ҷо, ки “мавҷуди зинда” итлоқ мешавад, мақсуд мутлақи мавҷудоте, ки ба онҳо калимаи “ҳай” ё “зиҳаёт” гуфта мешавад нест, балки мақсуд хусуси ҳамон мавҷудоте аст, ки ба онҳо калимаи “ҳайвон” ё “ҷонвар” гуфта мешавад. Яъне мавҷудоте, ки огоҳ ба худ ва ба порае аз афъоли худ ҳастанд ва ҳаракоте аз рӯйи шуъур ва ирода анҷом медиҳанд. Ва мақсуд аз тақсими боло, тақсими мавҷудот аст ба ҳайвон ва ғайри ҳайвон, на тақсими мавҷудот ба зиҳаёт ва ғайри зиҳаёт (ҷамод).

Барои он ки “идрокоти эътиборӣ”-ро бишносем, бояд назаре иҷмолӣ ва куллӣ ба вазъи эҳтиёҷоти табиӣ ва амалиёти бадании мавҷуди зинда (ҳайвон) бинамоем ва бо назари дигар, дастгоҳи андешаи мавҷуди зинда ва ба хусус инсонро мавриди баррасӣ қарор диҳем, зеро чунонки қаблан ишора шуд, идрокоти эътиборӣ мавлуди робитаи эҳтиёҷоти зиндагӣ ва дастгоҳи шуъури мавҷуди зинда аст ва муқаддимае, ки дар матн баён шуда барои тамҳиди ин матлаб аст.

* * *

(2) Дар сохтмони вуҷудии инсон ва ҳар ҳайвоне ду қисмат дида мешавад: дастгоҳи табиат, дастгоҳи нафсониёт.

Ҳайвон аз тарафе дорои ҷиҳозоти баданӣ ва табиӣ аз қабили ҷиҳозоти танаффус ва тағзия ва тавлиди мисл ва ғайра аст, ки ҳар як аз онҳо аъмоли вижаеро дар вуҷуди мавҷуди зинда бо тарзи шигифтангезе анҷом медиҳанд, ки дар китобҳои ташреҳ ва физиологияи ҳайвонӣ мастур аст. Ва аз тарафи дигар, муҷаҳҳаз ба дастгоҳи шуъур ва андеша ва майл ва лаззат ва ирода ва хоҳиш аст, ки он низ бо тарзи махсусе дар кор ва фаъолият аст ва дар китобҳои илмуннафс мастур аст.

Дар қисмати аввал, наботот бо ҳайвонот каму беш шариканд. Яъне наботот низ дорои ҷиҳозоти табиӣ аз қабили танаффус ва тағаззӣ ва тавлиди мисл ҳастанд, ва ин ҷиҳозот барои бақои фард ё бақои навъ фаъолият мекунанд ва ҳамон ғоятеро, ки ҷиҳозоти табиии ҳайвонӣ ба нафъи ҳайвон таҳсил мекунанд, ҷиҳозоти наботӣ ба нафъи набот таҳсил мекунанд; бо ин фарқ, ки ҷиҳозоти наботӣ маъмулан соддатар ва баситтар ва ҷиҳозоти ҳайвонӣ муфассалтар ва васеътар ва зиёдтар аст ва қаҳран эҳтиёҷоти бештареро барои ҳайвон тавлид мекунад. Ва аз тарафи дигар тағзияи набот аз маводде аст, ки маъмулан дар дастраси вай ҳаст аз қабили ҳаво ва маводди хокӣ ва рутубат; ба хилофи ҳайвон, ки маъмулан аз маводди наботӣ ё ҳайвонӣ бояд тағзия кунад. Ва ин худ бар эҳтиёҷоти вуҷудии ҳайвон меафзояд ва ӯро маҷбур мекунад, ки нақли макон дода аз нуқтаҳои дурдаст таҳсили ғизо намояд.

Ҳайвон дар асари ин ки аз тарафе сохтмони вуҷудии вай васеътар ва ниёзмандиҳои бештаре дорад ва аз тарафи дигар мояҳтоҷи зиндагониаш дар дастраси вай нест, ночор аст барои он ки қисмати муҳимми мояҳтоҷи худро таҳсил кунад, ба такопӯ ва ҷунбиш бипардозад ва маводдеро, ки мавриди ниёзмандии вай аст, барои истифодаи худ омода созад.

Такопӯ ва ҷунбиши ҳайвон барои таҳсили мояҳтоҷи ҳаёт ва омода сохтани маводди мавриди ниёз, бо ҳидоят ва роҳнамоӣ ва фаъолияти он қисмати дигар аз сохтмони вуҷудии ҳайвон яъне дастгоҳи шуъур ва андеша ва майл ва лаззат ва ирода анҷом меёбад. Аз ин рӯ, табиати ҳайвонӣ барои вусул ба аҳдоф ва ғоятҳои камолии худ, ниёзманд ба миёнҷӣ шудани шуъур ва идрок ва майл ва лаззат ва хоҳиш аст; ба хилофи табиати наботӣ, ки ба воситаи вазъи махсуси худ, роҳи такомули худро бидуни восита шудани ин умур тай мекунад.

Мо дар ин мақола намехоҳем вориди кайфияти сохтмони табиии вуҷуди ҳайвонот ва тарзи фаъолияти аъзо ва аҷзои бадани ҳайвонот бишавем ва қисмате аз ташреҳ ё илми вазоифулаъзоро барои хонандаи мӯҳтарам баён кунем ва ё ин ки вориди мавзӯъоти илмуннафсӣ бишавем ва аз ғароиз ва тамоюлот ва шуъур ва идроки ҳайвонот ва ба хусус инсон сӯҳбат бидорем. Ва албатта ин ҳар ду қисмат бисёр ширин ва дилкаш ва судманд аст ва уламои ҳайвоншиносӣ аз як тараф ва уламои илмуннафс аз тарафи дигар таҳқиқоти бисёр муфид ва судманде дар ҳар ду қисмат намудаанд ва махсусан дар қуруни ахир пешрафтҳои фавқулъода ва қобили мулоҳизае дар ҳар ду қисмат ҳосил шуда ва донишмандон натиҷаи заҳамоти худро дар ихтиёри умуми алоқамандон ба илму дониш гузоштаанд. Ва ҳамчунин намехоҳем дар ин ҷо вориди ин мабҳаси фалсафӣ бишавем, ки оё нафсониёти ҳайвон ҷанбаи моддӣ дорад ва аз хоссиятҳои муайяни ташкилоти моддии бадани ҳайвон аст, ва ё вуҷуди мустақил дорад? Ва ба истилоҳи маъмули фалсафии ҷадид, оё асолат бо руҳ аст ё бо модда ё бо ҳар ду ё бо ҳеч кадом? Ҳеч як аз ин қисматҳо марбут ба муддаъои ин мақола нест.

Он чӣ марбут ба муддаъои ин мақола аст, кайфияти миёнҷӣ шудан ва восита воқеъ шудани идрокоти ҳайвон аст миёни табиати ҳайвонӣ ва ғоятҳо ва аҳдофи он. Ва албатта он ҳам на тамоми идрокот, балки қисмате аз идрокот, ки мо онҳоро “идрокоти эътиборӣ” мехонем ва агар аҳёнан вориди қисматҳои дигар бишавем, бар сабили муқаддима хоҳад буд. Дар ин ҷо тазаккури чанд нукта лозим аст:

а) Ҳамон тавре ки дар муқаддимаи мақола тазаккур додем, “асли кӯшиш барои ҳаёт” қонуни умумии мавҷудоти зинда аст ва гуфтем, ки мавҷуди зинда дар як кӯшиши доимӣ аст ва он кӯшиш ба тарафи ҷалби нафъ ва фирор аз зиён мутаваҷҷеҳ аст. Албатта фаъолият ва кӯшиши доим ихтисос ба ҳайвон надорад, наботот балки ҷамодот низ дар як фаъолияти доим ҳастанд “чӣ, як қатра ва зарра бекор нест” ва метавон гуфт, вуҷуд мусовиқ бо фаъолият аст ва мавҷуди ғайри фаъол надорем. Вале он чӣ билихтисос дар бораи ҳайвон гуфта мешавад, як навъ фаъолияти махсус аст, ки аз он ба “кӯшиш барои ҳаёт” ё “кӯшиш барои бақо” таъбир мешавад, яъне кӯшиши ҳайвон дар як ҷиҳат ва масири муайян аст, ва он, ҳаёт ва бақои худи ҳайвон аст. Ва ба таъбири дигар, ҳайвон дар як фаъолият ва кӯшиши доимӣ барои “худ” аст ва ҳамаи кӯшишҳои ҳайвон гирди як нуқтаи марказӣ мечарханд, ва он, ҳаёт ва бақои худи ҳайвон аст ва ҳамин қонуни ҳаётӣ аст, ки “танозуи бақо”-ро дар ҳайвонот ба вуҷуд овардааст ва анқариб он ҷо, ки аз асли “истихдом” сухан ба миён меояд, баҳси муфассалтаре дар атрофи ин матлаб хоҳад шуд.

б) Қаблан ишора кардем, ки ҳайвон ба воситаи вазъи хосси сохтмони баданӣ ва ҷиҳозоти табиӣ, ки дорад, ниёзманд аст, ки порае аз эҳтиёҷоти табиии худро бо миёнҷӣ шудани андеша ва ирода ва майл ва лаззат рафъ кунад, бар хилофи набот, ки вазъ сохтмони вуҷудиаш тавре аст, ки ниёзманд ба миёнҷӣ шудани ин умур нест. Акнун изофа мекунем, ки диққат ва мутолеа дар ҳоли ҳайвонот ин маъниро мерасонад, ки ба мувозоти ҳар як аз он эҳтиёҷоти табиӣ, ки ниёзманд ба висотати умури нафсонии мазбур аст, дар дастгоҳи нафсонии вай майлҳо ва ғароизе таъбия шуда, ки ҳайвонро ба тарафи рафъи ниёзмандии табиат раҳбарӣ мекунад. Масалан ҳайвон барои рушд ва нумув ба маводди ғизоӣ эҳтиёҷ дорад, ки аз хориҷ бояд таҳия шавад. Ба мувозоти ин эҳтиёҷи табиӣ, майл ба ғизо ва лаззат аз хӯрдани он дар дастгоҳи нафсонии вай ҳаст ва он тамоюл аст, ки ҳаяҷони омехта ба лаззате дар ҳайвон эҷод мекунад ва ҳайвон барои ирзои он тамоюл ба ҷониби ғизо ҳаракат мекунад ва онро дар ихтиёри дастгоҳи ҳазм қарор медиҳад. Ва ё он ки дар дастгоҳи табиати вай ҷиҳози дигаре аст ба номи “ҷиҳози таносул” ва ин ҷиҳоз бақои навъи ҳайвонро таъмин мекунад, ба мувозоти ин ҷиҳози табиӣ, дар дастгоҳи нафсониёти ҳайвон ғариза ва тамоюли махсусе ҳаст ба номи “ғаризаи ҷинсӣ ва майли ҷинсӣ”. Ин тамоюл дар мавқеъе, ки ҷиҳозоти табиӣ омодаи анҷом додани вазифаи худ барои бақои навъ аст, ҳаяҷоне дар ҳайвон падид меоварад ва ҳайвон барои он ки он тамоюлро ирзо ва он ҳаяҷонро таскин диҳад, ба дунболи амале, ки ин натиҷаро медиҳад меравад.

Хулоса ин ки ба мувозоти эҳтиёҷоти табиати ҳайвонӣ як силсила тамоюлот ва ғароизи махсус дар вуҷуди ҳайвон аст, ки вуҷуди он эҳтиёҷотро эълом ва ҳайвонро водор ба такопӯ ва ҷунбиш менамояд. Албатта намехоҳем муддаӣ шавем, ки тамоми тамоюлоте, ки дар вуҷуди ҳайвон ва ба хусус инсон аст, дар муқобили яке аз эҳтиёҷоти табиӣ аст, зеро тамоюлоте дар вуҷуди инсон ҳаст, ки мабнои табиӣ наметавон барои онҳо пайдо кард, ва он тамоюлот намояндаи як эҳтиёҷоти вуҷудии дигаре дар инсон аст илова бар эҳтиёҷоти табиӣ. Ва ҳам дар мақоми баёни ин ҷиҳат нестем, ки аз тамоюлоти зиёде, ки дар вуҷуди ҳайвон ҳаст, кадом як аз онҳо аслӣ ва кадом як фаръӣ аст ва асоси тамоюлоти ҳайвон ва ба хусус инсон чист? — ва шояд дар ин мақола ҷое бирасад, ки дар атрофи ин ду қисмат, ки аз муҳиммоти масоили илмуннафсӣ ва фалсафӣ аст баҳс кунем — балки муддаои мо дар ин ҷо ин аст, ки ба изои ҳар як аз эҳтиёҷоти табиии ҳайвон, ки аз роҳи ҳаракат ва такопӯ ва ҷунбиши ҳайвон бояд таъмин бишавад, тамоюлот ва ғароизе ҳаст, ки ҳайвонро водор ва ба тарафи аъмоле, ки натиҷатан он манзурро медиҳад раҳбарӣ мекунад.

в) Дар айни ин ки ҳар як аз ҷиҳозоти табиии ҳайвон бо тамоюл ва ғариза ва андешаҳои марбут ба он воқеан муртабит ва пайваста аст ва билохира аз ҳамаи онҳо манзури воҳиде таъмин мешавад ва ҳама ба манзилаи як дастгоҳанд, ки барои як манзури воҳид ба вуҷуд омадаанд, нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки тарзи фаъолият ин ду қисмат (қисмати табиӣ ва қисмати нафсонӣ) чунон намудор месозад, ки ин ду қисмат муҷаззо аз якдигаранд ва ҳар як барои худ ва барои як ғоят ва ҳадафи ҷудогона ва мухтасс ба худ кор мекунанд ва ба ҳасби тасодуф натиҷаи яке аз ин ду қисмат ба нафъи дигаре ҳам тамом мешавад.

Шумо аз инсони доно сарфи назар кунед ва вазъи кӯдак ё ҳайвон ё инсони баситро мавриди мутолеаи худ қарор диҳед. Кӯдак ё ҳайвон ё инсони басит, дар дастгоҳи марбут ба тағзияи вай (масалан) эҳтиёҷ ба ғизо пайдо мешавад ва ӯ бидуни он ки аз ин эҳтиёҷи табиӣ огоҳ шавад ва бидонад, ки “бадан” эҳтиёҷ ба “бадали мо ятаҳаллал” дорад ва фоидаи ғизо аз лиҳози табиӣ чист, балки бидуни он ки аз вуҷуди меъда ва дастгоҳи ҳазму ҷазбу дафъ огоҳӣ дошта бошад, ва бидуни он ки таваҷҷӯҳе ба ҳаёт ва бақои худ дошта бошад, фақат эҳсоси махсусе дар худ меёбад, ки мо номи онро “гуруснагӣ” мехонем, он гоҳ майл ба серӣ ва лаззате, ки аз ин роҳ ҳосил мешавад, дар дастгоҳи нафсонии вай шурӯъ ба фаъолият мекунад ва андешаи сер шудан (бояд сер башавад)-ро дар вай падид меоварад, то билохира мунҷар ба ирода ва ҳаракоте дар зоҳири бадан, ки мазҳари он тамоюл ва он андеша аст мешавад. Ва ҳамчунин вақте ки бадан омодаи анҷом аъмоле, ки мунҷар ба тавлиди мисл мегардад бишавад, ҳайвон бидуни он ки аз эҳтиёҷи табиии бадани худ огоҳ шавад ва бидуни он ки натиҷаи табиии амали худро, ки бақои навъ аст бидонад, фақат эҳсоси махсусе дар худ меёбад ва андешаи коре, ки мунҷар ба ирзои тамоюли нафсонии вай аст дар вай падид меояд, то билохира он тамоюл ва он андеша мунҷар ба анҷоми аъмоли махсус мешавад. Ҳайвон дар афъоли худ, ки аз рӯйи қасд ва ирода анҷом медиҳад, манзур ва мақсуд дорад, вале он манзуре, ки дар шуъури ҳайвон мунъакис мешавад, ғояти табиии афъол нест, балки касби лаззат ва ирзои тамоюлот аст.

Ҳайвон, балки инсон, дар афъоли қасдӣ ва иродии худ сирфан мутеъи тамоюлот ва авотиф ва эҳсосоти дарунии хеш аст ва корҳое, ки дар табиат ва барои расидани табиат ба мақсад ва ҳадафи хеш анҷом медиҳад, аз роҳи итоати тамоюлоти дарунии худ ва барои вусул ба лаззоти нафсонии худ анҷом медиҳад. Ва рӯйи ин ҷиҳат аст, ки баъзе аз фалосифа монанд Шупенҳовер мегӯянд:

Табиат инсонро мефиребад ва барои он ки ба мақсади худаш бирасад, дили ӯро ба лаззоти фиребанда хуш мекунад. Масалан, барои он ки насл идома ёбад, роҳе беҳтар аз ин нест, ки инсонро бо дилхуш кардан ба лаззоти дурӯғӣ ва фиребандае, ки зану мард аз муоширати якдигар мебаранд, гӯл бизанад ва ҳазорон мусибат ва ранҷ ва бадбахтиро ба дӯшашон бигузорад”.

Вале ҳақиқат ин аст, ки вуҷуди ин тамоюлот ва лаззотро наметавон ҳамл бар тасодуф ё таҳмил ва фиреб намуд, балки лозимаи зотии қувваҳои фаъолаи табиии ҳайвон вуҷуди ин тамоюлот ва лаззот аст ва ҷуз ин натавонад буд, ва мо дар поварақиҳои оянда мабнои илмии онро баён хоҳем кард ва чизе, ки мабнои илмӣ ва иллӣ ва маълулӣ дорад, қобил ҳамл бар тасодуф ё фиреб нест.

Хулоса ин ки дар айни ин ки байни эҳтиёҷоти табиии ҳайвон ва байни тамоюлот ва ғароиз ва андешаҳои ҳосил аз он тамоюлот, ки мунҷар ба феъли иродии ҳайвон мешавад, ҳамоҳангӣ барқарор аст ва фаъолиятҳои нафсонии ҳайвон, ки муқаддимаи феъли иродӣ аст, барои расидани табиат аст ба мақсад ва ҳадафи хеш аз бақо ва камоли фард ё навъ, дар дастгоҳи шуъур ва андеша ва иродаи ҳайвон таваҷҷӯҳе ба табиат ва ғояте, ки табиат ба сӯи он ғоят мешитобад нест.

Танҳо ғоят ва ҳадафе, ки дар шуъури ҳайвон мунъакис мешавад ва ӯро водор ба такопӯ ва фаъолият мекунад, ирзои тамоюлот ва найл ба лаззот аст ва ҳайвон, балки инсон, бидуни он ки аз эҳтиёҷоти табиии худ огоҳ бошад ва ғояти фаъолиятҳои табиии вуҷуди хешро, ки ин умури нафсонӣ барои онҳо кор мекунанд бидонад ва ё агар бидонад онҳоро дар назар бигирад (монанди инсони олим) корҳои иродӣ ва қасдии хешро анҷом медиҳад ва ӯ дар ин корҳо сирфан аз тамоюлоти дарунии хеш итоат мекунад ва найл ба лаззоти ҳосил аз афъолро манзур медорад. Ва гоҳе чунон саргарми итоат аз тамоюлот ва пайравӣ аз эҳсосот ва парварондани орзуҳо ва таманниёт ва андешаҳои ношӣ аз он тамоюлот аст, ки ба куллӣ аз табиат ва вуҷуди воқеии хеш бехабар аст ва ҳамон тавре ки дар матн ишора шуда: “Мумкин аст як нафар инсон як умри тамом саргарми андешаҳои гуногун буда ва ҳатто як дам назари нахустин (фаъолиятҳои табиии вуҷуди вай) аз фикри вай убур ва ба мутахайялааш хутур накунад”.

г) Гуфтем дар айни ин ки ҳадафе, ки ҳайвон ба ҳасби шуъур ва идроки худ дар назар мегирад ва барои он фаъолият мекунад муғойир аст бо ҳадафе, ки табиати ҳайвон ба сӯи он мешитобад, байни ин ду дастгоҳ (табиат ва нафсониёт) ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии комил барқарор аст ва маъмулан ҳамон чизе тамоюли ҳайвонро ирзо мекунад, ки табиатро ба сӯи мақсади хеш кӯмак мекунад ва баръакс чизе табиатро ба сӯи мақсад кӯмак мекунад, ки тамоюли ҳайвонро низ ирзо мекунад. Ҳоло бояд бидонем оё кадом як аз ин ду қисмат тобеъ аст ва кадом як матбуъ? Яъне оё вуҷуди ин тамоюлот ва ғароиз ва андешаҳо барои расидани табиат аст ба мақсад ва ҳадафи хеш, ё он ки дастгоҳи табиат барои ин ба вуҷуд омада, ки тамоюлоти махсусеро дар ҳайвон ирзо кунад ва ин андешаҳо ва орзуҳо ва таманниётро дар ӯ падид оварад? Ҳамон тавре ки дар матн баён шуда: “Оё асолат ва ҳастии ҳақиқӣ аз они кадом як аз ин ду марҳила буда ва кадом як аз онҳо мустақил ва матбуъ ва кадом як мустаманд ва туфайлии дигаре хоҳад буд?

Мутолеаи зиндагии ҳайвонот, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба “асли интибоқ бо эҳтиёҷот”, ки дар муқаддимаи ин мақола гуфта шуд, равшан мекунад, ки нафсониёти ҳайвон яъне тамоюлот ва эҳсосот ва андешаҳои ношӣ аз онҳо, ки ин мақола онҳоро “андешаҳои эътиборӣ” ном ниҳода тобеъ ва туфайлӣ ҳастанд ва ба манзилаи абзоре ҳастанд, ки табиат онҳоро барои расидан ба ҳадаф ва мақсади хеш сохтааст.

Ҳангоме ки бо назаре дақиқтар мутолеа кунем, хоҳем дид, ки дар ҳайвон нерӯе ҳаст, ки мӯҷиботи “бақо”-и ӯро фароҳам месозад ва ӯро ба ҷониби камоли фард ё навъ савқ медиҳад ва ҳар як аз ҷиҳозоти баданӣ, ки мо аз онҳо ба “аъзо ва ҷавореҳ” таъбир мекунем ва ҳар як аз ҷиҳозоти руҳӣ, аз тамоюлот ва ғароиз ва андешаҳои ношӣ аз онҳо, абзорҳое ҳастанд, ки ба ҳасби иқтизои муҳитҳо ва шароити зуруф ва аҳвол, ҳайвон онҳоро ба кор мебарад ва аз онҳо истифода мекунад ва ҳамвора тағйири муҳит ва тағйири эҳтиёҷоти ҳайвон хоҳ нохоҳ ба ҳукми “қонуни интибоқ бо муҳит” аз тарафе дар вазъи таҷҳизоти баданӣ ва аз тарафе дар вазъи таҷҳизоти руҳии вай, мӯҷиби тағйироти мутаносибе мешавад. Ва албатта ҳамон тавре ки дар муқаддимаи ин мақола гузашт, аз назари ҳайвоншиносии таҷрибӣ наметавон омили аслии ин татбиқро таъйин намуд ва ҳар дастае мутобиқи машраби фалсафии худ назарияе додаанд. Ва ҳам наметавон ҳудуди ин татбиқотро дақиқан таъйин намуд, яъне наметавон гуфт, ки ҳайвон таҳти таъсири ҳамон омили мармуз то чӣ андоза метавонад худро аз лиҳози таҷҳизоти баданӣ ва таҷҳизоти руҳӣ бо эҳтиёҷот созгор кунад. Вале филҷумла мусаллам аст, ки тағйири муҳит ва тағйири эҳтиёҷот, ҳам дар вазъи таҷҳизоти баданӣ ва аъзо ва ҷавореҳи мавҷуди зинда муассир аст ва ҳам дар вазъи руҳӣ ва нафсонии вай. Масалан, мутолеоти аҳвол ва ақоид ва руҳияи милали мухталиф собит карда, ки ҳамвора тарзи афкор ва тамоюлот ва эҳсосоти ҳар мардуме мутаносиб аст бо минтақаи ҷуғрофиёии зиндагонии онон. Масалан, мардуме, ки дар манотиқи гарм зиндагӣ мекунанд, бо мардуме, ки дар соири нуқот зиндагӣ мекунанд, ҳамон тавре ки аз лиҳози шакл ва андом ва қиёфа мутафовитанд, аз лиҳози эҳсосот ва тамоюлот ва андеша низ мутафовитанд. Аз ин рӯ, бисёр чизҳост, ки он мардум ба ҳасби эҳтиёҷи муҳит ва таҳти таъсири омили “татбиқдиҳанда” “хуб ва зебо” мепиндоранд, дар сурате, ки дар назари мардуми соири манотиқ он чизҳо “зишт ва нописанд” аст. Ва рӯйи ҳамин ҷиҳат аст, ки тарзи фикри милал ва ҷамооти мухталиф мутафовит аст ва ҳар миллате як навъ қазоват мекунанд. Вале хонандаи мӯҳтарам аз ёд набарад, ки ихтилофи тарзи фикри милал, дар “афкори эътиборӣ” аст, на дар “ҳақоиқ” ва ҳамон тавре ки дар муқаддимаи мақола гуфтем, ақл ва маъқулоти назарӣ дар ҳама кас ва ҳама ҷо ва ҷамиъи зуруф ва аҳвол яксон аст. Ва аз ин рӯ, мо намехоҳем муддаӣ шавем, ки мардуми манотиқи гарм тарзи фикрашон дар риёзиёт ва мантиқ масалан, бо мардуми манотиқи сард мутафовит аст, балки ҳамон тавре ки баъдан хоҳад омад, дар миёни афкори эътиборӣ низ як силсила афкор ҳаст, ки қобили тағйир ва табдил нест. Тафкики ин ду қисм аз якдигар, дар матни мақола хоҳад омад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: