Оё дин “хурофоти расмист”?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пештар, ва дар мақолаҳое мутааддид, ёдовар шуда будем, ки яке аз вижагиҳои барҷастаи афроде, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон муддаии “равшанфикрӣ” ҳастанд ин аст, ки ҳамеша иддао мепарокананд, вале бар муддаои хеш, лоақал як “далелак” ҳам барпо намедоранд. Тарҳи иддао корест бисёр саҳл ва осон, ва ҳунар ҳам нест. Ҳунар ин аст, ки ту бар муддаои худ далел иқома бикунӣ ва бигӯӣ, ба ин далел ва он далел чунин аст ё чунон аст. Вагарна, инсон метавонад ҳар чи дилаш бихоҳад ва ҳар чи дар зеҳнаш хутур кунад, иддао намояд.

Ҳамин имрӯз дар яке аз расонаҳо дидам, ки устод Комил Бекзода, файласуфи тоҷик — ки сарфи назар аз мухолифатам бо андешаҳо ва афкори эшон, ба унвони як файласуф ва инсони донишманд, барояш эҳтиром қоилам) муддаӣ шудааст:

Дин ин хурофоти расмист ва хурофот дини ғайрирасмӣ аст. Ҷавҳари ҳар дуяшон иштибоҳ аст. Иштибоҳанд, лекин дин барои он машруият ва расмият пайдо мекунад, ки ҷомеа вайро тарафдорӣ мекунад ва пуштибонҳо дорад. Вале хурофот ба мисли дин пуштибонӣ намешавад ва ғайрирасмӣ боқӣ мемонад. Масалан, диндорони расмӣ хурофотро таъқиб мекунанд. Барои намуна, ҷодугарӣ аз тарафи диндорони расмӣ маҳкум мешавад. Мегӯянд, ки ин аз дин нест. Ҳол он ки решаи дин ва хурофот якест. Дин хурофоти расмист ва хурофот дини ғайрирасмӣ мебошад. Хуб, дар нисбати дин ва хурофот назари ман ҳамин аст.”

Ҳол, як нафар нест, ки аз ҷаноби Бекзода бипурсад, далели шумо, ки мегӯед, дин хурофот аст, чист? Шумо, аввал биёед, таърифе аз “хурофа” ироа бифармоед ва сипас таърифе аз “дин”, он гоҳ, бо маълум сохтани ҳудуду суғури ин ду, якеро бар дигаре татбиқ намоед. Шумо, ки зоҳиран дар садади достонсаройӣ нестед, балки дар мақоми баёни як матлаби илмиед.

Дар ин ҷустор, бар онам, то бо рӯшанӣ андохтан бар “хурофа” ва ин ки ба чӣ чизе хурофа гуфта мешавад, ва низ ироаи таърифе аз “дин”, дар садади исботи ин матлаб хоҳам буд, ки дин, на танҳо бо хурофа фосила дорад, балки омадааст, то бо хурофот ва андешаҳо ва ақоиди хурофаолуд мубориза ва пайкор намояд.

Албатта, дар ҳамин оғоз лозим аст ин нуктаро ёдоварӣ намоям, ки манзури нигоранда аз дин, ойини муқаддаси ислом аст, ва матолиби ин навиштор ба ҳеч ваҷҳ нозир бар соири адёни таҳрифшуда – аз қабили масеҳият ё яҳудият ва ё зартуштигарӣ ва ғайра – нест, ки моломол аз ақоид ва русуми хурофаолуд мебошанд.

* * *

Хурофа чист?

Маъмулан, “хурофа” ин гуна таъриф мешавад: “Хурофа ба маънои эътиқоди ғайримантиқӣ ва собитнашуда ба таъсири чизе бар чизе дигар аст, ва ба иборати дигар, ҳар навъ пиндори аҷиб барои мардуми авом аст”. (Vyse, Stuart A (2000). Believing in Magic: The Psychology of Superstition. Oxford, England: Oxford University Press. pp. 19–22)

Ҳол, лозим аст ин таъриф андаке тавзеҳ дода бишавад. Дар хурофот маъмулан ҳодисаҳое, ки бо ҳам иртиботи мантиқӣ надоранд, ба якдигар рабт дода мешаванд ва ё иллату маълули якдигар дониста мешаванд. Масалан, инсон мӯътақид шавад, ки “агар гурбаи сиёҳе аз сари роҳи ӯ рад шавад, ин аломат ва нишонаи он хоҳад буд, ки он рӯз барои вай як рӯзи наҳс аст”. Ин як хурофот ва эътиқоди хурофӣ аст. Яъне, “рад шудани гурбаи сиёҳ аз сари роҳи инсон” ва “наҳс будани он рӯз барои вай” иллату маълул дониста шавад.

Иллат ва решаҳои хурофот

Умури мутааддиде ба унвони иллати пайдоиши хурофот зикр шудааст, ки дар зайл ба ду иллати умдаи он ишора мешавад:

1) Заъфи фикрӣ ва ақлӣ: Решаи пайдоиши бисёре аз хурофот, ба заъфи фикрӣ ва нокоромадии ақлии бисёре аз инсонҳо марбут мешавад ва ин ки фаҳми онҳо аз ҳастӣ ва идрокашон аз рамзу розҳои он ноқис аст. Ба иборати дигар, чун маърифатшиносии аксари онон мубтанӣ бар истидлол ва ақлоният нест, ба хурофот паноҳ мебаранд ва аз роҳҳои ғалат ва нодуруст пиндорҳои худро тавҷеҳ мекунанд. Пас, маншаи умдаи хурофот ҷаҳл ва нодонии башар аст. Аз ин рӯ, ин масъала бештар дар байни мардуми авом ривоҷ пайдо намуда ва гаройиш ба хурофот дар онҳо бештар аз афроди таҳсилкарда аст.

2) Тақлиди кӯр-кӯрона аз дигарон: Тақлиди кӯр-кӯрона аз дигарон, аз дигар омилҳоест, ки дар ривоҷи хурофот нақше муассир доштааст. Дар ҳамаи ҷомеаҳо мардуми авом бидуни андешидан дар бораи дурустӣ ва нодурустии ақидае, бо тақлиди кӯр-кӯрона аз обо ва аҷдод, ба чизҳое дил мебанданд, ки дорои ҳеч гуна далели мантиқӣ нест. Ба унвони мисол, шумораи 13-ро наҳс медонанд, ба далели он ки гузаштагони онҳо ин гуна фикр мекарданд.

* * *

Албатта, роқими сутур муддаӣ нест, ки хурофа дар динҳо роҳ наёфта. Ҳаргиз! Дар миёни пайравони ҳамаи адён аз ҷумла пайравони ойини ислом, мутаассифона ақоид ва одот ва русуми хурофаолуд дида мешавад. Мунтаҳо, одами равшанбин ва бобасират, байни асли дин ва байни ақоид ва русуми хурофӣ, ки ба дин рахна пайдо карда ҷудоӣ меандозад ва байни онҳо тафкик мекунад. Як кашиши рӯшанбини масеҳӣ китобе навишта дар мавзӯи хурофа ва ин ки чӣ гуна хурофаҳо ба дину мазҳаб роҳ меёбад. Китоби воқеан ҷолиб аст. Ин кашиш дар китоби худ достоне нақл мекунад, ки воқеан бароям ҷолиб буд. Ӯ менависад:

Дар як маъбад гурбае вуҷуд дошт, ки ҳангоми ибодати роҳибҳо музоҳими тамаркузи онҳо мешуд. Бинобар ин, устоди бузург дастур дод, ки ҳар вақт замони ибодат фаро бирасад, як нафар ин гурбаи музоҳимро гирифта ва ба таҳи боғ бибарад ва ба дарахте муҳкам бибандад. Ин ривол солҳо идома пайдо кард, ба гунае ки яке аз усули кори роҳибон ҳамин шуд. Солҳо баъд, устоди бузург даргузашт. Гурба ҳам мурд. Роҳибони он маъбад гурбае хариданд ва ба маъбад оварданд, то ҳангоми ибодат онро ба дарахт бибанданд, то ибодаташон ба ҳамон риволе бошад, ки ҳангоми зинда будани устоди бузург буд. Солҳо сипарӣ шуд ва устоди бузурги дигаре рисолае навишт дар бораи «Аҳаммияти бастани гурба ба дарахт ҳангоми ибодат»…

Ахиран як филми ҳиндӣ дидам дар мавзӯи иллати гаройиши мардум ба дин (албатта адёни олуда бо хурофот), ки воқеан филме ҷолиб аст. Достони хаёлиест дар бораи як мавҷуди фазоӣ, яъне касе, ки аз сайёраи дигар ба замин меояд ва даргири ақоид ва боварҳои аҷибу ғариби заминиён мешавад. Яке аз саҳнаҳои бисёр ҷолиб дар ин филм он буд, ки қаҳрамони филм, дар вурудии як донишгоҳ – ки зоҳиран дар айёми имтиҳонот будааст – меистад ва сангеро бармедорад ва бар он каме хун ё ранги қирмиз мемолад ва сипас дар баробари он курниш мекунад ва миқдоре пул ҳам он ҷо мегузорад, бо ин ният, ки масалан дар имтиҳонот комёб шавад. Билофосила, дигарон, бо дидани ин манзара, амали ӯро такрор мекунанд. Яъне, дар баробари ин санг курниш мекунанд ва пуле он ҷо мегузоранд. Хулоса, дар ин филм, иллати пайдоиши хурофот бисёр зебо ба тасвир кашида шудааст.

Ба ҳар сурат, як инсони бобасират ва дорои биниш ва огоҳӣ, байни асли дин ва байни ақоид ва русуми хурофаолуд, ки ба дин роҳ ёфта ҷудоӣ меандозад, на ин ки вуҷуди хурофа дар як динро дастовез қарор бидиҳад ва асли динро зери суол бибарад ва асли дин ва эътиқод ба Худоро хурофа ҷилва диҳад.

* * *

Дин чист?

Ҳол бояд дид, дин (ислом) чист ва ин ки оё решаи гаройиши башар ба дин, ҳамон решаҳои гаройиш ба хурофот аст ё бо ҳам мутафовит ҳастанд?

Дин, маҷмӯаест иборат аз: 1) андеша (ақоид, ҷаҳонбинӣ), 2) дастуроти ахлоқӣ ва 3) аҳком. Андеша мисли ин ки: Худо ҳаст, рӯзи қиёмат ҳақ аст ва ғайра… Ва аммо дастуроти ахлоқӣ мисли: бояд ростгӯ буд, мухлис буд, бовафо буд ва ғайра… Ва аҳком низ мисли ин ки: намоз воҷиб аст, рӯза воҷиб аст, ҳаҷ воҷиб аст ва ғайра… Ин аст таърифи дин. Албатта, чунонки дар боло ёдовар шудам, манзури мо дар ин ҷо, дини ислом аст, лоғайр.

Дар воқеъ, ақоиди исломӣ (ҷаҳонбинӣ) ин решаҳои дарахти дин ҳастанд, ва аммо ахлоқ ва аҳком шоха ва баргҳои он дарахт.

Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба таърифи “хурофа”, ки дар садри мақола зикр гардид, вақте гуфта мешавад “дин хурофоти расмист”, ин ҳарф, дар навбати аввал, бад-он маъност, ки ақоид ва боварҳои исломӣ андешаҳое ҳастанд комилан ғайримантиқӣ ва ғайриақлонӣ. Яъне, масалан бовар ба ин ки Худо ҳаст (тавҳид) ва ӯ барои роҳнамоии башар паёмбароне фиристода (нубувват) ва рӯзи растохез ҳақ аст, ин ақоид ҳеч фарқе масалан бо ин ақида ва бовар надоранд, ки “агар гурбаи сиёҳе аз сари роҳи ӯ рад шавад, ин аломат ва нишонаи он хоҳад буд, ки он рӯз барои вай як рӯзи наҳс аст” ё ҳар хурофаи дигар. Мунтаҳо, ба гуфтаи ҷаноби Бекзода, дуввумӣ ғайри расмист ва аввалӣ расмӣ. Ва тоза, расмияти он ҳам ба ин далел будааст, ки чун руҳоният ва сиёсатмадорон аз он суд мебаранд.

Охир, гӯяндаи ин ҳарф оё боре ҳам шуда ба бароҳин ва далелҳои ақлӣ, ки фалосифа ва ҳукамо — аз Суқрот, Афлотун ва Арасту бигир то Декорт, Конт ва дигарон дар ҷаҳони ғарб, ва аз Форобӣ, Ибни Сино, Хоҷа Насир ва Суҳравардӣ бигир то соири фалосифаи исломӣ мисли Ибни Рушд дар ҷаҳони ислом – бар вуҷуди Худованд барпо доштаанд, нигоҳ карда бошад?! Боре ҳам шуда “бурҳони сиддиқин”-и Бӯалӣ мавриди тааммули амиқ ва дақиқи ҷаноби Бекзода ва дунболаравонаш қарор гирифта бошад?!

Тоза, қатъи назар аз бароҳин ва далелҳои ақлии фалосифа, мо мусалмонон мӯътақидем, асосан вуҷуди Худо ниёз ба далел ва бурҳон надорад. Агар фалосифа барои он бурҳон иқома кардаанд, ба тасреҳи Бӯалӣ Сино аз боби танаббуҳ аст, на чизе дигар. Вагарна, эътиқод ба вуҷуди Худованд як амри бадеҳист, ки ба андак таваҷҷӯҳе инсон ба он пай мебарад, чунонки Мавлоно фармояд:

Чун намедонад дили донандае,

Ҳаст бо гарданда гардонандае.

Чун намегӯйӣ, ки рӯзу шаб ба х(в)ад,

Бе Худованде кай ояд? Кай равад?

Гирди маъқулот мегардӣ? Бибин

Инчунин беақлии худ, эй маҳин!

Хона бо банно бувад маъқултар,

Ё ки бе банно? Бигӯ, эй камҳунар!

Хатт бо котиб бувад маъқултар,

Ё ки бе котиб? Бияндеш, эй писар!

“Ҷим”-и гӯшу “айн-и чашму “мим”-и фам,

Чун бувад бе котибе? Эй муттаҳам!

Шамъ равшан бе зи гиронандае,

Ё ба гиронандаи донандае?

Санъати хуб аз кафи шалли зарир

Бошад авло, ё ба гирое басир?

* * *

Чун ба осор ин ҳама пайдо шудат,

Чун нашуд пайдо зи таъсир Эзидат?

На сабабҳову асарҳо мағзу пӯст,

Чун биҷӯйӣ, ҷумлагӣ осори ӯст.

Дӯст гирӣ чизҳоро аз асар,

Пас чаро з-осорбахшӣ бехабар?

Аз хаёле дӯст гирӣ халқро,

Чун нагирӣ шоҳи Ғарбу Шарқро?

* * *

Бодро дидӣ, ки меҷунбад, бидон,

Бодҷунбонест ин ҷо бодрон.

Мирваҳай тасрифи сунъи Эзадаш

Зад бар ин боду ҳамеҷунбонадаш.

Ҷузви боде, к-ӯ ба ҳукми мо дар аст,

Бодбезан, то наҷунбонӣ, наҷаст.

Ҷунбиши ин ҷузви бод, эй содамард,

Бе туву бе бодбезан сар накард.

Ҷунбиши боди нафас, к-андар лаб аст,

Тобеъи тасрифи ҷону қолаб аст.

* * *

Пас ҳама донистаанд онро яқин,

Ки фиристад бод Раббулоламин.

Пас яқин дар ақли ҳар донанда ҳаст,

Ин ки бо ҷунбанда ҷунбонанда ҳаст.

Худогароӣ як амри фитрист, ки ба ҳамин ҷиҳат аст, бархе одамиён ҷуз Худои ягонаро маъбуд мегиранд ва ба фармудаи Мавлоно:

Мӯъмину тарсо, ҷуҳуду габру муғ

Ҷумларо рӯ сӯйи он султон улуғ.

* * *

Пас ҳақиқат Ҳақ бувад маъбуди кул,

К-аз пайи завқ аст сайрони субул.

Лек баъзе рӯ суйи дум кардаанд,

Гарчи сар асл аст, сар гум кардаанд.

Ҷаноби Бекзода дар ҷойе аз суханони худ мегӯяд: “Дин барои он машруият ва расмият пайдо мекунад, ки ҷомеа вайро тарафдорӣ мекунад ва пуштибонҳо дорад.” Ҳол, боре ҳам шуда дар ин масъала фикр бикунед, ки чаро ҷомеа аз дин ва Худобоварӣ тарафдорӣ мекунад? Оё дар иллатҳо ва решаҳои ин “тарафдорӣ” тааммул кардаед? Ҳамин, ки Худобоварӣ, аз замоне ки башар дар рӯйи кураи хокӣ буда ва то ба имрӯз, ҳамроҳи ӯ будааст, оё ҳикоят аз ин намекунад, ки ин амр як амри фитрист? Дуруст мисли ҳар амри фитрии дигар. Ба унвони мисол, аз замоне ки башар дар рӯйи замин будааст, ҳамеша гаройиш ба зебоӣ ва ё адолат, ва ё танаффур аз зиштӣ ва ё зулм ҳамроҳи ӯ будааст. Чаро? Чун адолатхоҳӣ ва зебоидӯстӣ як амри фитрист. Модоме ки инсон ҳаст, ӯ адолатхоҳ аст. Модоме ки инсон ҳаст, ӯ зебоидӯст аст. Модоме ки инсон ҳаст, ӯ гаройиш ба ростӣ ва танаффур аз дурӯғ дорад. Зеро ин умур фитрии башар ҳастанд. Гаройиш ба дин ва Худо низ чунин аст.

 فَأَقِمْ وَجْهَكَ لِلدِّينِ حَنِيفًا فِطْرَةَ اللَّهِ الَّتِي فَطَرَ النَّاسَ عَلَيْهَا لَا تَبْدِيلَ لِخَلْقِ اللَّهِ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ وَلَكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ

Пас рӯйи худро бо гароийши тамом ба Ҳақ, ба сӯйи ин дин кун; (ин гаройиш) ҳамон фитрат ва сириштест, ки Худо мардумро бар он сиришта. Офариниши Худо тағйирпазир нест. Ин аст ҳамон дини пойдор…” (Сураи Рум, ояти 30)

Гаройиш ба Худо хосси мардуми авом ҳам нест чунонки ҷаноби Бекзода илқо мекунад, балки донишмандони бисёре буданд ва ҳастанд, ки ба ин ҳақиқат изъон кардаанд. Ба унвони намуна, Олберт Эйнштейнро метавон аз ин даста донист. Ӯ дар айни ин ки мегӯяд: “Ман узве аз қавми яҳуд ҳастам ва бо зеҳният ва хулқиёти онҳо комилан ҷӯш хӯрдаам. Аммо ин қавм барои ман бартарии хоссе нисбат ба дигарон надорад. Ба ҳамин далел ҷанбаи баргузидае дар онҳо намебинам… Барои ман, дини яҳуд ҳамонанди адёни дигар мазҳари хурофоти ибтидоӣ аст”, вале иброз медорад:

Вале фаромӯш нашавад, ки дар ин байн, иддаи қалиле аз афрод ва иҷтимоот ёфт мешаванд, ки як маънои воқеӣ аз вуҷуди Худоро дар моварои пиндорҳо дарёфтаанд, ки воқеан дорои хасоис ва мушаххасоти бисёр олӣ ва маъқул буда ва ба ҳеч ваҷҳ қобили қиёс бо ақидаи умум нест. Як ақида ва мазҳаби солис бидуни истисно дар байни ҳама вуҷуд дорад, гарчӣ бо шакли холис ва якдаст дар ҳеч кадом ёфт намешавад. Ман онро “эҳсоси мазҳабии офариниши вуҷуд” медонам. Бисёр мушкил аст, ки ин эҳсосро барои касе, ки комилан фоқиди он аст, тавзеҳ диҳам. Бахусус, ки дар ин ҷо дигар аз он Худое, ки ба ашколи мухталиф тазоҳур мекунад, баҳсе нест. Дар ин мазҳаб, фард кучакии омол ва ҳадафҳои башар ва азамат ва ҷалоле, ки дар моварои умур ва падидаҳо дар табиат ва афкор тазоҳур менамояд, ҳисс мекунад. Ӯ вуҷуди худро як навъ зиндон мепиндорад, чунонки мехоҳад аз қафаси тан парвоз кунад ва тамоми ҳастиро якбора ба унвони як ҳақиқати воҳид дарёбад. Ибтидои ин мазҳаб ва осори шурӯи он, ба авоили шурӯи тамаддуни башарӣ мерасад… Навобиғи рӯзгори гузашта, ба василаи ин навъ эҳсоси мазҳабӣ, ки на ба усули дин кор дорад ва на бо Худое, ки ба тасаввури одамиён дарояд, мушаххас шудаанд, ба тавре ки акнун ҳеч калисое вуҷуд надорад, ки усули омӯзиши он муттакӣ бар ин ақида бошад. Ба ин маънӣ, ки фақат дар байни “бидъатгузорони қурун” метавон ба таври сареҳ ашхосеро ёфт, ки мамлув аз олитарин эҳсосоти ин мазҳаб буда ва дар аҳволи мухталиф, мавриди эҳтироми муосирони хеш қарор гирифтаанд… Баъзе муқаддасон ва мардоне назири Демукритус, Фронсис Осисӣ ва Эспинузо — ки тақрибан ҳама шабеҳи якдигаранд — аз ин роҳ гузаштаанд…” (Дунёе, ки ман мебинам, Олберт Эйнштейн, с.56-59)

* * *

Дидгоҳи ислом нисбат ба хурофот

Ислом хурофотро ба манзилаи “ғиллу занҷирҳое” медонад, ки башар бар дасту пойи фикру руҳи худ бастааст. Дар Қуръони Карим дар ояти 157 сураи Аъроф мегӯяд:

الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِندَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُم بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَآئِثَ وَيَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالأَغْلاَلَ الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ

(Мӯъминон) ҳамононе ҳастанд, ки аз ин фиристода, паёмбари дарснахонда, ки номи ӯро назди худ дар Таврот ва Инҷил навишта меёбанд пайравӣ мекунанд. Ҳамон паёмбаре, ки ононро ба кори писандида фармон медиҳад ва аз кори нописанд бозмедорад ва барои онон чизҳои покизаро ҳалол ва чизҳои нопокро бар эшон ҳаром мегардонад ва аз дӯши онон ғиллу занҷирҳое (хурофоте)-ро, ки бар эшон будааст бармедорад…”

Ислом, бо даъват ба тафаккур ва таъаққул, инсонҳоро аз пазириши бе далел ва тақлиди кӯр-кӯрона аз дигарон барҳазар доштааст, то мо инсонҳо гирифтори андешаҳои хурофӣ аз қабили наҳсу ин ҷур чизҳо нашавем.

* * *

Оё “хурофа” донистани дин падидае нав аст?

Ин нукта ҳам қобили ёдоварист (ва пештар низ дар яке аз мақолаҳо ёдовар шуда будам), ки агар амсоли ҷаноби Бекзода гаройиш ба дин (дини ҳақ) ва Худобовариро “хурофа” медонанд, ин як падидаи тозае нест. Яъне, чунин набудааст, ки фақат мардумони ба истилоҳ пешрафтаи ду се қарни ахир (ба хусус қарни 19, 20 ва 21 милодӣ) ба омӯзаҳои паёмбарони илоҳӣ гуфта бошанд (ва бигӯянд), ки ин афкор “хурофот” ҳастанд. Балки мухолифони ҳар паёмбаре – аз замони ҳазрати Нӯҳ (а) бигир то ҳазрати Иброҳим (а), Мӯсо (а), Исо (а) ва то замони ҳазрати Муҳаммад (а) – дар мавриди таълимот ва омӯзаҳои паёмбари даврони худ ин гуна таъбирҳо ва иборатҳоро ба кор мебастаанд. Ва Қуръони Карим тамоми инҳоро бароямон нақл мекунад:

وَإِنْ يَرَوْا كُلَّ آيَةٍ لَا يُؤْمِنُوا بِهَا حَتَّى إِذَا جَاءُوكَ يُجَادِلُونَكَ يَقُولُ الَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ هَذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ

Ва агар тамоми нишонаҳои ҳақро бибинанд, имон намеоваранд, то он ҷо, ки вақте ба суроғи ту меоянд, ки бо ту пархошгарӣ кунанд, кофирон мегӯянд: “Ин таълимоти ту фақат афсонаҳои хурофии пешиниён аст”. (Сураи Анъом, ояти 25)

وَإِذَا تُتْلَى عَلَيْهِمْ آيَاتُنَا قَالُوا قَدْ سَمِعْنَا لَوْ نَشَاءُ لَقُلْنَا مِثْلَ هَذَا إِنْ هَذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ

Ва ҳангоме ки оятҳои мо бар онҳо хонда мешавад, мегӯянд: “Шунидем, (чизи муҳимме нест), мо ҳам агар бихоҳем, мисли онро мегӯем, инҳо ҳамон афсонаҳои хурофии пешиниён аст”. (Сураи Анфол, ояти 31)

فَيَقُولُ مَا هَذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ

Аммо ӯ (мухолиф) пайваста мегӯяд: “Инҳо чизе ҷуз афсонаҳои хурофии пешиниён нест”. (Сураи Анфол, ояти 17)

إِذَا تُتْلَى عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ

Ҳангоме ки оятҳои мо бар ӯ (мухолиф) хонда мешавад, мегӯяд: “Инҳо афсонаҳои хурофии пешиниён аст”. (Сураи Қалам, ояти 15)

Ҳол, ин афроде, ки таълимот ва омӯзаҳои паёмбарони илоҳиро “афсонаҳои хурофии пешиниён” мехонанд, афроде буданд, ки аз чӯбу сангу ин ҷур чизҳо барои худ бутҳое тарошида ва ин бутҳоро “Худо” медонистанд. Паёмбарон ба онҳо мегуфтанд, ин ақоид ва афкори шумо поя ва асосе надорад, даст бардоред, рӯй ба Худои ягона биёваред:

 إِنْ هِيَ إِلَّا أَسْمَاءٌ سَمَّيْتُمُوهَا أَنْتُمْ وَآبَاؤُكُمْ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ بِهَا مِنْ سُلْطَانٍ إِنْ يَتَّبِعُونَ إِلَّا الظَّنَّ وَمَا تَهْوَى الْأَنْفُسُ وَلَقَدْ جَاءَهُمْ مِنْ رَبِّهِمُ الْهُدَى

Ин (бутҳо) фақат номҳое аст, ки шумо ва падаронатон бар онҳо гузоштаед (ки якеро Лот ном гузоштаед, якеро Уззо ва якеро Манот) ва ҳаргиз Худованд далел ва ҳуҷҷате бар он нозил накарда. Онон фақат аз гумонҳои бе асос ва ҳавои нафс пайравӣ мекунанд, дар ҳоле ки ҳидоят аз сӯйи Парвардигорашон барои онҳо омадааст”. (Сураи Наҷм, ояти 23)

Ин ки Қуръони Карим мегӯяд, ин ақоид бархоста аз ҳавои нафс буда, ишора ба ин нукта дорад, ки агар мухолифони анбиё барои худ дину кеше қоил буданд, сарчашмаи ин дину ойин Худо набуд, балки ношӣ аз ҳаво ва ҳавасҳои ҳайвонии онҳо буда. Аз ин рӯ, номи ин бутҳо дар ҳар замоне тағйир кардааст. Агар замоне номаш Лоту Уззо ва Маноту ин ҷур чизҳо буда, ҳоло имрӯза номҳои дигар барои худ гирифтааст. Масалан, Огуст Кант (Auguste Comte, 1798-1857), файласуф ва ҷомеашиноси фаронсавӣ, вақте динро зоидаи ҷаҳл ва нодонӣ дониста ва омӯзаҳои илоҳиро аз беху бун “хурофа” унвон кард, дид, ки бе дин ҳам намешудааст ва инсон ба парастиш ниёз доштааст, он вақт омад ва як ҷомеаи ба истилоҳи худаш “исботӣ” (позетивӣ) барои ояндаи башарият тарҳрезӣ кард, ки таҳти ҳидояти коҳинони як дини исботӣ (позетивӣ)-и навин ва бонкдорони бузург ва соҳибони санойеъ идора гардад. Ин коҳинон, ки ҳамон ҷомеашиносони илмианд, ҳамонанди попҳои котулик, бояд роҳнамоёни ахлоқӣ дар ҷомеа бошанд ва вазоифи иҷтимоии афродро ба онҳо ёдоварӣ кунанд.

Ба сухани дигар, мухолифони анбиё, аз Одам (а) то ба Хотам (с) ва то ба имрӯз, вақте дар баробари таълимоти мантиқии паёмбарон ва гаройиши мардум ба сӯйи онҳо худро оҷиз ва нотавон медиданд ва вақте тӯҳмати “хурофа” ба таълимоти осмонӣ таъсире намегузошт, фавран ба суроғи ҷойгузин (альтернатива) мерафтанд.

Шумо ба ҳамин гуфтугӯи ҷаноби Бекзода таваҷҷӯҳ кунед. Вақте аз эшон суол мешавад, ки: “Устод, шумо чӣ алтернатива пешниҳод мекунед, ки ифодагари симои миллӣ бошад?” мегӯяд: “Алтернатива барои мо ҷаҳонбинии ҷамшедӣ аст. Аммо, мутаассифона, дар замонаш ӯро нашнохтанд, кори ӯро Маздак давом дод, вайро ҳам қабул накарда, оқибат куштанд (12 ҳазор маздакӣ кушта шуд). Маздак баробарии моликиятро мехост. Вай гуфта буд, ки занонро ҳам тақсим кунед, вале ин гуфтаи ӯро нодуруст тафсир карданд. Маздак мехост, ки занонро аз феодалон гирифта, ба нафароне диҳад, ки имкони хонадоршавиро надоштанд. Мусаллам аст, ки сарватмандон ва феодалон ҳарамсаро дошта дар он ҷо ҳазорон занро нигаҳдорӣ мекарданд. Аз ин рӯ, ҳадафи Маздак аз асорати рӯҳониву феодалон халос кардани занон ва ба касони ба зан эҳтиёҷманд додани онҳо буд. Маздак як марди донишманд буд, илмҳои гуногуни замонашро фаро гирифта буд. Охирин ихтисоси ӯ теология буд. Вай баробарии иҷтимоиро хоҳон буд. Аммо рӯҳониёни мутаассиб назарияи ӯро ғалат тафсир карда, бадномаш сохтанд. Ҳамин тариқ, мо метавонем бо амалӣ кардани барномаҳои равшанфикрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, муттаҳид кардани қабилаҳо, ноҳияҳо, вилоятҳо, роҳандозӣ намудани таҳсилу табобати ройгон, омӯхтан ва нашр кардани адабиёти озодандешии ватанию хориҷӣ ба ҳадафи миллӣ, бунёди ҷомеаи навини миллии дунявӣ шарафёб гардем”.

Яъне, ба ҷойи ойини муқаддаси ислом, ки ҷаноби Бекзода мӯътақид аст, “ҷавҳари ислом радикалӣ аст, ба андешаи озод арҷ намегузорад”, барои ҷомеаи мо ҷаҳонбинии мурдаи “ҷамшедӣ” ва ойини пӯсидаи “маздакӣ”-ро пешниҳод мекунад. Агар дин хурофа аст ба назари эшон, пас чӣ фарқ дорад ислом бо ойини пӯсидаи ҷамшедӣ ва ё кеши маздакӣ (ки як кеши музахраф аст, ки дар ҷойи муносиб ба он ҳам хоҳам пардохт)?

Оё ин ҷойгузин пешниҳод карданҳо, ҷуз ин аст, ки ҳар чи бошад, аммо ислом набошад?

Оё ин ҷуз ҳамон даъват ба Лоту Уззост, ки мухолифони Хотами паёмбарон (с) дар муқобила бо ислом, ба он мечаспиданд?

Дар поён дар як ҷумла ба эшон ва амсоли эшон арз бикунам, ки шумо иштибоҳ мекунед? 80 сол иштибоҳ кардед ва имрӯз ҳам иштибоҳ мекунед! 80 сол бо ислом пайкор кардед ва ба ҷойе нарасидед, имрӯз ҳам ба хато меравед ва ба ҷойе нахоҳед расид. Зеро ислом ин ойини Худост ва вуҷуди башар ба он сиришта шуда.

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: