Фалсафа ва равиши реализм (76)

Идрокоти эътиборӣ (7)

Матни китоб:

Гоҳе, ки ба саҳнаи мумтадди зиндагии худ тамошо мекунем ва аз тариқи дигар ва ҷанбаи дигар зиндагии худро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, мебинем, даме, ки кӯдаке хурдсолем, дар баробари дидагони пур аз эҳсосоти нағз ва тозаи мо, ҳамон ва ҳамон меҳру утуфати модар буда ва фикре ба ҷуз нозидан ва ёзидан ба канори модар ва макидани пистон ва хӯрдани шир ва хобидан ва илтизоз аз роҳи чашму гӯшу даҳон масалан надорем.

Ва пас аз чанде, ба рӯйи ҳамин машоғили мавҷудии худ, дастгоҳи бозӣ кардан ва хиёл парваридан ва унс падид оварданро гузошта рӯзу шаби мо бо ҳамин фикр ва андеша сипарӣ мешавад.

Ва пас аз чанде, эҳсосоти меҳру ишқ аз уфуқи ҳастии мо тулӯъ намуда ва як бахши муҳимме аз анбӯҳи зарроти андешаи моро ба сӯйи худ ҷазб карда ва ҳамаи авқоти мо бо андешаҳои меҳрварзӣ ва тамоюлоти ҷинсӣ ва ҷараёноти доманадори заношӯӣ, ки ба шӯъбаҳои гуногуни дидан ва писандидан ва шефта шудан ва бурду бохтҳои меҳру бевафоӣ, розу ниёз, васлу ҷудоӣ мегузарад.

Ва пас аз он, агар як марди сиёсатем, рули сиёсатро дар даст гирифта ва пайваста муроқиби сиёсати ҷаҳон буда ва андешае ба ҷуз пирӯзии сиёсӣ надорем. Ва агар як фарди бозаргонем, ҳамарӯза саргарми андешаи доду ситад ва парвариши мукнату тавлиди сарват мебошем. Ва агар як фарди молик ва агар як деҳгон ва агар як донишвар ва агар… буда бошем, бо эҳсосоти вижа ва андешаҳои махсус ба сар бурда ва зиндагии худро ба саранҷом мерасонем.

Ростӣ, мумкин аст як нафар инсон як умри тамом саргарми андешаҳои гуногун буда ва ҳатто як дам, назари нахустин, ки гуфта шуд, аз фикри вай убур ва ба мутахайилааш хутур накунад. Ва агар низ гоҳе ба фикри сайри табиӣ ва таквинии вуҷуди худ биафтад, бисёр ночиз ва нисбат ба тӯдаҳои ҷаҳони андеша ва пиндори вай, дар ҳукми “сифр” мебошад.

Вале оё иқомати инсон дар кӯйи эҳсосот ва андешаҳо ва фурӯ рафтанаш дар дарёи пиндор, созмони табиат ва таквинро соқит ё рокид намуда ва бунёни табиат ва таквинро канда ё ӯро аз фаъолияти ҷабрии худ бозмедорад? Албатта на.

Ва дар ин сурат, оё асолат ва ҳастии ҳақиқӣ аз они кадом як аз ин ду марҳила буда ва кадом як аз онҳо мустақил ва матбуъ ва кадом як тобеъ ва туфайлии дигаре хоҳад буд? Ва оё табиат ба воситаи пешомади “марг” аз фаъолияти худ бозмеистад ва дар натиҷа тӯмори андеша ва орзуҳои инсонӣ печида мешавад ё ин ки инсон ба воситаи хотима додант андеша ва пиндор, ба сайрт табиат хотима дода ва дар оромгоҳт ҷовидонит худ нишеман мегузинад?

Посухе, ки ковиши илмӣ, балки маълумоти басити ибтидоии инсон, ба ин пурсиш медиҳад ин аст, ки созмони табиат ва таквин, матбуъ ва созмони андеша ва пиндор тобеъ ва туфайлии ӯ мебошад.

Вале бо ин ҳама, созмони фикриро ба куллӣ беробита ба созмони табиат ва таквин наметавон ангошт, зеро афъоли иродӣ ҳамроҳи фикри хоссест, ки бо тағйир ва бутлони вай, феъл низ мутағайир ва ботил мешавад, чунонки равшантарин озмоишҳо дар зиндагии инсон гувоҳи ин сухан мебошад. Табиат бо бутлони фаъолияти худ ботил ва нобуд мешавад. Пас ҳамон табиати инсонӣ аст масалан, ки ин андешаҳоро барои дарёфти хоссиятҳо ва осори худ ба вуҷуд оварда ва аз роҳи онҳо ба ҳадаф ва мақсади табиӣ ва таквинии худ мерасад.

Аз ин баён натиҷа гирифта мешавад:

Миёни табиати инсонӣ (масалан) аз як тараф ва хоссиятҳо ва осори табиӣ ва таквинии вай аз тарафи дигар, як силсила идрокот ва афкор мавҷуд ва миёнҷӣ аст, ки табиат нахуст онҳоро сохта ва ба дастёрии онҳо хоссиятҳо ва осори худро дар хориҷ бурузу зуҳур медиҳад.

Акнун бояд дид, ки аввалан, ин идрокот ва афкоре, ки миёни табиат ва осори табиат восита ҳастанд, чӣ гуна афкоре мебошанд ва фарқи онҳо бо афкоре, ки дорои ин хоссият нестанд чист?

Сониян, иртиботи он афкор бо табиат чӣ иртиботе аст?

Солисан, иртиботи он афкор бо осори табиат чӣ гуна мебошад?

Ҷойи тардид нест, ки ҳар падидае аз падидаҳои ҷаҳон дар доираи пайдоиши худ бо афъоле сару кор дорад ва нуқотеро ҳадафи фаъолияти худ қарор медиҳад, ки бо қувваҳо ва абзор ва васоили онҳо ба ҳасби табиат ва таквин муҷаҳҳаз мебошад, чунонки масалан ҷонварони тухмкунанда ҳеч гоҳ андешаи зоидан ва шир додан намекунанд, ва агар зоидан ва шир додани як ҷонвари зояндаро бибинанд, илтизозе аз тасаввури он надоранд ва ҷуз он чӣ таҷҳизоти онҳо иқтизо мекунад, чизи дигаре тасаввур намекунанд. Ва ҳамчунин он чиро, ки ба ҳасби табиат бо абзори муносиби вай муҷаҳҳаз ҳастанд, наметавонанд тасаввур накунанд ё мунофии вай тасаввур намоянд. Масалан, пеши инсон барои ҷавози хӯрдан ва наздикии ҷинсӣ ҳуҷҷате болотар аз ҷиҳози табиии тағаззӣ ва тавлиди мисл нест.

Ва аз ҳамин ҷо мешавад ҳадс зад, ки агар яке аз ин мавҷудоти фаъоларо (ва албатта ҳар мавҷуде фаъол аст) “илмӣ” фарз кунем (1) ба ин маънӣ, ки корҳои худро бо идрок ва фикр анҷом диҳад, бояд суратҳои идрокии афъоли худро ба иқтизои қувваҳои фаъолаи худ дошта бошад, ва чун афъоли вай таъаллуқ ба модда дорад, бояд тасаввури илмии маводдеро, ки мутааллақи афъоли вай мебошад дошта бошад ва бояд равобити худро бо онҳо бидонад, ва иттифоқан таҷриба низ ҳамин ҳадсро таъйид мекунад. Мо ибтидоан мутааллақи моддии феълро тамйиз дода ва сипас феълро, ки як навъ тасарруф дар модда аст анҷом медиҳем (агарчи ин сухан феълан хом буда ва мафҳуми ҳақиқии худро чунонки шояд ва бояд пайдо намекунад ва дар ҷойи вижаи худ бояд равшан шавад вале аҷолатан ҳамин андоза ва сарбаста кофӣ аст).

* * *

Таълиқот:

(1) Собиқан гуфтем, ки ҳайвон ва аз он ҷумла инсон, қисмате аз ниёзмандиҳои вуҷуди хешро, ки дар набот ба таври оддӣ ва табиӣ анҷом мегирад (ба изофаи қисматҳои илова), бояд бо висотат ва ҳидояти майлу лаззат ва иродаву андеша анҷом диҳад. Ва дар ҳақиқат, ин умур ба манзилаи абзорҳое ҳастанд, ки табиати ҳайвон барои тайи мароҳиле, ки бояд бипаймояд, онҳоро ба кор мебарад ва аз ин рӯ ҳайвон ниёзманд ба як силсила “фаъолиятҳои иродӣ” аст, то битавонад ҳаёт ва бақои хешро ҳифз кунад.

Ҳар феъли иродӣ чун бо андеша анҷом меёбад, қаҳран аз шуъури ҳайвон махфӣ нест. Яъне ҳайвон ба афъоле, ки дар зоҳири бадан бо мудохилаи ирода ва андеша анҷом меёбад огоҳ аст, ва низ чун ҳар феъли иродӣ барои ғоят ва манзуре анҷом меёбад, ҳайвон бояд ба ғояти феъли худ огоҳ бошад. Пас ҳайвон дар корҳое, ки бо мудохилаи ирода ва андеша анҷом медиҳад, бояд ба худи он афъол ва ба ғоят ва натиҷае, ки аз он афъол оиди ҳайвон мешавад огоҳ бошад, балки чун афъоле, ки ҳайвон ба таҳрики табиат анҷом медиҳад, сару кор бо моддае аз маводди хориҷӣ дорад, яъне он афъол як навъ тасарруфотест дар моддае аз маводди хориҷӣ, бояд моддаи мутааллақи феъли худро низ бишносад. Ва болотар ин ки баъзе аз афъоли ҳайвон тасарруфоте дақиқ ва печида ва санъатӣ аст, ки аз тарафе иттилои ҳайвонро ба кайфияти махсуси ин амал эҷоб мекунад, ва аз тарафи дигар мусталзими маҳорати амалии ҳайвон аст, аз қабили ҳамаи аъмоли фаннӣ ва санъатии инсон ва монанди аъмоли ғаризии шигифтангези ҳайвонот ва ба хусус ҳашарот, ки дар китобҳои ҳайвоншиносӣ мастур аст ва тааҷҷуби ҳар бинанда ё хонандаеро бар меангезад. Пас, ҳар феъли иродӣ, ки аз ҳайвон сар мезанад, мусталзими андешаҳо ва шиносоиҳое аст ва лоақал шиносоии худи феъл ва ғояте, ки аз он феъл бояд манзури ҳайвон буда бошад.

Илова бар ин афкор ва андешаҳо — ки гуфта шуд, ҳеч феъли иродӣ бидуни онҳо таҳаққуқ намепазирад — ба ақидаи ин мақола, як ришта андешаҳои эътиборӣ низ дар кор аст, ки дар муқаддимаи ҳар феъли иродӣ лозим аст. Бинобар ин, ҳар феъли иродӣ, ки аз ҳайвон сар мезанад, масбуқ ба як силсила андешаҳои ҳақиқӣ ва як силсила андешаҳои эътиборӣ аст. Ҳоло бояд як назаре куллӣ ва иҷмолӣ ба ин ду қисмат андешаҳои ҳайвон, ки муқаддимаи афъоли вай аст биандозем ва онҳоро ба даст оварем ва зимнан, бибинем ҳар як аз ин ду қисмат таҳти таъсири чӣ авомиле ва ба чӣ тартибе барои ҳайвон пайдо мешавад.

Феълан назари худро ба андешаҳои ҳақиқии ҳайвон маътуф медорем аз қабили маърифати ҳайвон ба афъоли худ ва ба ғояти афъоли худ ва аҳёнан ба моддаи мутааллақи афъоли худ ва ба кайфиятҳои дақиқи афъоли худ, ва аммо андешаҳои эътиборӣ ба тадриҷ ва тартибе, ки дар худи мақола хоҳад омад, мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт. Ва қаблан муқаддимаи зайлро ёдовар мешавем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: