Шарҳи Маснавӣ (190)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (16)

* * *

Бозгуфтани бозаргон бо тӯтӣ он чӣ дид аз тӯтиёни Ҳиндустон (5)

Пешаҳо в-андешаҳо дар вақти субҳ,

Ҳам бад-он ҷо шуд, ки буд он ҳусну қубҳ.

Ҳангоми бомдод пеша, яъне аъмоли касбшуда, ва андешаҳо ва ниятҳо ба ҳамон ҷойе меравад, ки пеш аз хоб дар он ҷо буд, хоҳ ин аъмол ва ниятҳо бад бошад ва хоҳ хуб.

Чун кабӯтарҳои пайк аз шаҳрҳо

Сӯйи шаҳри хеш орад баҳрҳо.

Монанди кабӯтарони номарасон, ки аз шаҳрҳои дигар ба шаҳри хеш бозмегарданд ва пайғом ва хабар меоваранд.

Баҳр: Баҳра, насиб, дар ин ҷо ба маънои хабар ва пайғом аст.

Нукта: Ҳукамои илоҳӣ ақида доштанд, ки руҳи инсонӣ ба вақти хоб аз тан мегсалад ва ба олами ғайб мепайвандад. Мавлоно дар абёти ахир ҳолати хобро, ки аксари ҳавосс аз кор фурӯ мемонанд ва боз ба ҳангоми бедорӣ ба кор меафтанд, бар қудрати Ҳақ Таъоло далел мегирад, ба муносибати он ки ҳар ҷоне бо сифот ва аҳволи худ ба олами барин мепайвандад ва боз бомдодон бо ҳамон сифот ва аҳвол аз нақсу камол ва ҳусну қубҳ ба тадбири бадан иштиғол меварзад. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.2, с.674)

Абёти ахир ёдовари ҳашри одамиён бар асоси ниятҳо ва аъмол ва малакоти онон аст. Мавлоно ақида дорад, ки руҳи одамӣ пас аз муфориқат аз ин колбади унсурӣ, ба ҷаҳоне барин меравад ва дар он ҷаҳон ҳамаи ниҳониҳо бар ӯ макшуф меояд ва ҳатто асроре, ки дар ниҳонхонаи замир бар худи ӯ низ пӯшида буд, бар ӯ маълум мегардад. Ва одамӣ дар он рӯз аз таҷассуми аъмол ва ниятҳо сахт ҳайрат мекунад. Зеро одамӣ то вақте ки дар ин ҷаҳон аст, дар ҳиҷобҳои мухталифи нафсонӣ махфӣ аст ва дидае мастур дорад ва чун ба он ҷаҳон рахт барбаст, тезбин шавад ва малакот ва сифоти разилаи худро он тавр ки ҳаст мушоҳида кунад; чунонки дар сураи Қоф ояти 22 омадааст:

لَقَدْ كُنتَ فِي غَفْلَةٍ مِّنْ هَذَا فَكَشَفْنَا عَنكَ غِطَاءكَ فَبَصَرُكَ الْيَوْمَ حَدِيدٌ

Ту аз ин пеш аз ин ҳақиқат ба ғафлат андар будӣ, имрӯз, ки рӯзи растохез аст, парда аз чашми ту баргирифтем чандонки тезбин шудӣ ва ниҳониро ошкор дидӣ”.

Мавлоно қазияи таҷассуми аъмолро ба наҳви моҳиронае дар Маснавӣ баён кардааст, ба наҳве ки Ҳаким Мулло Садро аз баёноти ӯ илҳомоти шигарфе гирифтааст. Мулло Садро гӯяд: “Мардумон ба суратҳои гунагун бар ҳасби аъмол ва малакоташон маҳшур мешаванд”. (Ашшавоҳидур-рубубия, с.287) Ҳаким Сабзаворӣ ҳам гӯяд: “Инсон бар ҳасби ботин чаҳор навъ аз анвоъро дорад: фаришта, шайтон, даранда ва баҳима. Пас, ба ҳар як аз ин маротиб майл кунад, ботинаш ҳамон мешавад”. (Шарҳу асмоил-ҳусно, фасли 22)

* * *

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай (1)

* * *

Чун шунид он мурғ, к-он тӯтӣ чӣ кард,

Пас биларзид, уфтоду гашт сард.

Ҳамин ки тӯтии қафаснишин донист, ки тӯтии Ҳиндустон чӣ амале кард, ӯ ҳам ларзид ва афтод ва баданаш сард шуд ва хулоса худро ба мурдан зад.

Хоҷа чун дидаш фитода ҳамчунин

Барҷаҳиду зад кулаҳро бар замин.

Бозаргон вақте дид, ки он тӯтӣ ба ҳоли марг афтода, аз ҷояш барҷаст ва аз шиддати нороҳатӣ кулоҳашро бар замин кӯфт.

Кулаҳ: Мухаффафи “кулоҳ”. “Кулаҳ бар замин задан” расме буда ба гоҳи нузули мусибат. Доғдида аз шиддати ҳузну андӯҳ кулоҳи худро бар замин мекӯфтааст; назири расми гиребон даридан ва яқа чок кардан, муқобили “кулоҳ бар ҳаво андохтан”, ки аломати шодӣ аст.

Чун бад-ин рангу бад-ин ҳолаш бидид,

Хоҷа барҷасту гиребонро дарид.

Бозаргон, ки тӯтиро бо он рангу ҳол дид, аз шиддати андӯҳ барҷаст ва яқаашро аз ҳам пора кард ва гиряву зорӣ намуд.

Гуфт: Эй тӯтийи хуби хушҳанин!

Ин чӣ будат? Ин чаро гаштӣ чунин?

Гуфт: Эй тӯтии хубу хушнавои ман! Чӣ бар сарат омад?! Чаро ба ин рӯз афтодӣ?!

Хушҳанин: Хушовоз.

Эй дареғо, мурғи хушовози ман!

Эй дареғо, ҳамдаму ҳамрози ман!

Афсӯсу дареғ, ки мурғи хушовозамро аз даст додам! Ва эй дареғу афсӯс бар он мусоҳиб ва ҳамрозам!

Эй дареғо, мурғи хушалҳони ман!

Роҳи руҳу равзаву райҳони ман!

Афсӯсо бар он тӯтии хушовозам! Эй дареғ бар он парандаи нағмасаройе, ки бодаи руҳу марғзору гулу райҳони ман буд!

Хушалҳон: Хушовоз. Роҳу руҳ: Шароби руҳ, ҳар чӣ, ки руҳро ба нишот оварад. Равзан: Гулзор, боғ. Райҳон: сабзӣ ва хуррамӣ.

Гар Сулаймонро чунин мурғе будӣ,

Кай худ ӯ машғули он мурғон шудӣ?

Агар фаразан ҳазрати Сулаймон (а) чунин парандаи хушовозе дошт, магар мумкин буд, ки ба парандагони дигар таваҷҷӯҳ кунад?!

Эй дареғо, мурғ, к-арзон ёфтам!

Зуд рӯй аз рӯйи ӯ бартофтам!

Ҳайфи он парандае, ки чун арзон ба дасташ оварда будам, арзон ҳам аз дасташ додам! (Мавлоно дар ин ҷо муҷаддадан ба баёни офати забон мепардозад.)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: