Ислом ва Эронзамин (12)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ислом аз назари миллияти эронӣ (12)

Ғалабаи ислом бар таассубот

Аҷиб ин аст, ки милали исломӣ ғолибан пайрави фатвои уламое будаанд, ки аз назари миллият бо онҳо мухолиф будаанд. Масалан, мардуми Миср тобеи фатвои Лайс ибни Саъд буданд, ки як эронӣ буд, вале мардуми Эрон дар қадим бештар тобеи Шофеӣ буданд, ки арабинажод буд. Баъзе аз уламои эронӣ монанди Имомулҳарамайн Ҷувайнӣ ва Ғаззолии Тӯcӣ таассуби шадиде ба Шофеӣ ва алайҳи Абӯҳанифаи эронӣ доранд. Мардуми Эрон дар давраҳои баъдӣ шиъа шуданд ва имомати имомони атҳор алайҳимус-саломро пазируфтанд, ки қурашӣ ва ҳошимӣ мебошанд.

Дар фатвоҳои уламои мазоҳиб гоҳе чизҳое дида мешавад, ки аз назари таассуботи миллӣ, мӯҷиби ҳайрат мешавад, яъне қудрат ва тасаллут ва ғалабаи исломро бар ин таассубот мерасонад.

Масъалае аст дар фиқҳ дар боби никоҳ дар бораи “куфвият”, яъне оё ҳамаи нажодҳо аз назари издивоҷ куфви якдигаранд? Дар ин ҷо фатвои Абӯҳанифаи эронӣ ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад. Абӯҳанифа монанди касе, ки дучори таассуби арабӣ бошад назар медиҳад ва муддаӣ мешавад, аҷам куфви араб нест, аҷам наметавонад зани араб бигирад, вале соири фуқаҳо (аз қабили Молик ибни Анас бо он ки худ араб аст) мегӯянд, хайр, арабу аҷам аз ин назар тафовуте надорад. Суфёни Саврӣ низ, ки араб аст, ҳамин фатворо медиҳад. Алломаи Ҳиллӣ, аз бузургони фуқаҳои шиъа, ки ӯ низ араб аст, дар китоби “Тазкиратул-фуқаҳо” фатвои Абӯҳанифаро нақл мекунад ва мегӯяд: “Сухани Абӯҳанифа нодуруст аст. Дар ислом, шарифи алавӣ ва канизи ҳабашӣ баробар аст”. Мегӯяд: “Далели ин матлаб ин аст, ки Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) Зубоа, духтарамуи худро ба ақди Миқдод ибни Асвади Кендӣ даровард, ки сиёҳ буд. Ва вақте ки ба он ҳазрат эътироз карданд, фармуд:

لتتضع المناكح

Яъне, барои ин ки куфвият дар як сатҳ қарор бигирад”.

Фатвои Абӯҳанифа аҷиб аст ва иллаташ — ҳамчунонки худи аҳли тасаннун эътироф доранд — камиттилоии Абӯҳанифа аз сират ва суннати набавӣ аст. Вале аз ин ҷо метавон фаҳмид, ки дар он асрҳо чизе, ки дар миёни уламои мусалмонон вуҷуд надошта таассуботи миллӣ аст.

Достоне шуниданӣ дар китобҳои фиқҳ дар ин маврид нақл мешавад, ки аз тарафе аз таассуботи шадиди араб нисбат ба ғайриараб ҳикоят мекунад, ва аз тарафи дигар намунае аз пирӯзии аҷиби ислом аст бар таассубот. Менависанд: “Салмони Форсӣ духтари Умарро хостгорӣ кард. Умар пазируфт. Абдуллоҳ писари Умар рӯйи ҳамон таассуби арабӣ нороҳат шуд, аммо дар муқобили иродаи падар чорае надошт. Даст ба домани Амр ибни Ос шуд. Амр гуфт: Чораи ин кор бо ман. Як рӯз Амр ибни Ос бо Салмон рӯ ба рӯ шуд ва гуфт: Табрик арз мекунам, шунидаам, мехоҳӣ ба домодии халифа муфтахар бишавӣ! Салмон гуфт: Агар биност ин кор барои ман ифтихор шумурда шавад, пас ман намекунам ва инсирофи худро эълом кард”.

* * *

Ташайюъи эрониён

Аксарияти мардуми Эрон аз замони Сафавия ба баъд шиъа шуданд. Албатта дар ин ҷиҳат наметавон тардид кард, ки Эрон аз ҳар нуқтаи дигар барои базри ташайюъ замини муносибтаре будааст. Ташайюъ ба андозае, ки дар Эрон тадриҷан нуфуз кард, дар ҷойи дигар нуфуз накард ва ҳар чӣ замон гузаштааст, омодагии Эрон барои ташайюъ бештар шудааст. Ва агар чунин решае дар руҳи эронӣ намебуд, Сафавия муваффақ намешуданд, ки бо дар даст гирифтани ҳукумат, Эронро шиъа ва пайрави Аҳли байт намоянд.

Ҳақиқат ин аст, ки иллати ташайюъи эрониён ва иллати мусалмон шуданашон як чиз аст: эронӣ руҳи худро бо ислом созгор дид ва гумгаштаи хешро дар ислом ёфт. Мардуми Эрон, ки табъан мардуме боҳуш буданд ва ба илова собиқаи фарҳанг ва тамаддун доштанд, беш аз ҳар миллати дигар нисбат ба ислом шефтагӣ нишон доданд ва ба он хидмат карданд.

Мардуми Эрон беш аз ҳар миллати дигар ба руҳ ва маънои ислом таваҷҷӯҳ доштанд. Ба ҳамин далел, таваҷҷӯҳи эрониён ба хонадони рисолат аз ҳар миллати дигар бештар буд ва ташайюъ дар миёни эрониён нуфузи бештаре ёфт. Яъне эрониён руҳи ислом ва маънои исломро дар назди хонадони рисолат ёфтанд, фақат хонадони рисолат буданд, ки посухгӯи пурсишҳо ва ниёзҳои воқеии руҳи эрониён буданд.

Он чизе, ки беш аз ҳар чизи дигар руҳи ташнаи эрониро ба сӯйи ислом мекашид, адл ва мусовоти исломӣ буд. Эронӣ қарнҳо аз ин назар маҳрумият кашида буд ва интизори чунин чизеро дошт. Эрониён медиданд, дастае, ки бидуни ҳеч гуна таассубе адл ва мусовоти исломиро иҷро мекунанд ва нисбат ба онҳо бениҳоят ҳассосият доранд, хонадони рисолатанд. Хонадони рисолат паноҳгоҳи адли исломӣ, махсусан аз назари мусалмонони ғайриараб буданд.

Агар андаке ба таассуботи арабӣ ва табъизоте, ки аз ноҳияи бархе хулафо миёни араб ва ғайриараб сурат мегирифт ва дифоъе, ки Алӣ ибни Абӯтолиб алайҳис-салом аз мусовоти исломӣ ва адами табъиз миёни араб ва ғайриараб менамуд таваҷҷӯҳ кунем, комилан ин ҳақиқат равшан мешавад.

Дар Биҳор, ҷилди нӯҳум, боби 124, аз Кофӣ нақл мекунад, ки:

Рӯзе гурӯҳе аз “маволӣ” (эрониён) омаданд ба ҳузури Амирулмӯъминин ва аз аъроб шикоят карданд ва гуфтанд: Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ҳеч гуна табъизе миёни араб ва ғайриараб дар тақсими байтулмол ё дар издивоҷ қоил набуд, байтулмолро баробар тақсим мекард ва Салмон ва Билол ва Суҳайб дар аҳди Расул (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бо занони араб издивоҷ карданд, вале имрӯз аъроб миёни мо ва худашон тафовут қоиланд. Алӣ алайҳис-салом рафт ва бо аъроб дар ин замина сӯҳбат кард, аммо муфид воқеъ нашуд. Фарёд карданд: Мумкин нест, мумкин нест! Алӣ дар ҳоле, ки аз ин ҷараён хашмнок шуда буд, омад миёни маволӣ ва гуфт: Бо камоли таассуф инон ҳозир нестанд бо шумо равиши мусовот пеш гиранд ва монанди як мусалмони баробарҳуқуқ рафтор кунанд. Ман ба шумо тавсия мекунам, ки бозаргонӣ пеша кунед, Худованд ба шумо баракат хоҳад дод”.

Муовия дар номаи маъруфе, ки барои Зиёд ибни Абиҳ, волии Ироқ фиристод, навишт:

Муроқиби эрониёни мусалмон бош, ҳаргиз онҳоро бо араб ҳампоя қарор надеҳ! Араб ҳақ дорад аз онҳо зан бигирад ва онҳо ҳақ надоранд аз араб зан бигиранд. Араб аз онҳо ирс бибарад ва онҳо аз араб ирс набаранд, ҳатталимкон ҳуқуқи онҳо камтар дода шавад, корҳои паст ба онҳо вогузар шавад, бо будани араб ғайриараб имомати ҷамоат накунад, дар саффи аввали ҷамоат ҳозир нашаванд, марзбонӣ ва қазоватро ба онҳо вомагузор!

Аммо вақте ки миёни як зани араб ва як зани эронӣ ихтилоф воқеъ мешавад ва кор ба он ҷо мекашад, ки ба ҳузури Алӣ алайҳис-салом шарафёб мешаванд ва Алӣ алайҳис-салом миёни он ду ҳеч гуна тафовуте қоил намешавад ва мавриди эътирози зани араб воқеъ мешавад, Алӣ алайҳис-салом даст мебарад ва ду мушт хок аз замин бармедорад ва ба он хокҳо назар меафканад ва он гоҳ мегӯяд: Ман ҳар чӣ тааммул мекунам, миёни ин ду мушт хок фарқе намебинам.

Алӣ бо ин тамсили амалии латиф, ба ҷумлаи маъруфи Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ишора мекунад, ки фармуд:

كلكم لآدم وآدم من تراب، لا فضل لعربي على اعجمي الا بالتقوى

Яъне, ҳама аз Одам ва Одам аз хок аст, араб бар аҷам фазилат надорад, фазилат ба тақвост, на ба нажоду насабу қавмияту миллият. Вақте ки ҳама насаб ба Одам мебаранд ва Одам хокинажод аст, чӣ ҷойи иддаои фазилати тақаддуми нажодӣ аст?

Дар “Сафинатул-биҳор”, моддаи “валӣ” менависад:

Алӣ алайҳис-салом дар як рӯзи ҷумъа бар рӯйи минбари оҷурӣ хутба мехонд. Ашъас ибни Қайси Кендӣ, ки аз сардорони маъруфи араб буд омад ва гуфт: Ё Амиралмӯъминин! Ин “сурхрӯён” (яъне эрониён) ҷилави рӯйи ту бар мо ғалаба кардаанд ва ту ҷилави инҳоро намегирӣ. Сипас дар ҳоле, ки хашм гирифта буд гуфт: Имрӯз ман нишон хоҳам дод, ки араб чӣ кора аст. Алӣ алайҳис-салом фармуд: “Ин шикамгундаҳо худашон рӯзҳо дар бистари нарм истироҳат мекунанд ва онҳо (маволӣ ва эрониён) рӯзҳои гарм ба хотири Худо фаъолият мекунанд ва он гоҳ аз ман мехоҳанд, ки онҳоро тард кунам, то аз ситамкорон бошам. Қасам ба Худо, ки донаро шикофт ва одамиро офарид, ки аз Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) шунидам фармуд: Ба Худо, ҳамчунонки дар ибтидо шумо эрониёнро ба хотири ислом бо шамшер хоҳед зад, баъд эрониён шуморо бо шамшер ба хотири ислом хоҳанд зад”.

Ҳамчунин дар “Сафинатул-биҳор” менависад:

Муғира ҳамеша дар муқоиса миёни Алӣ ва Умар мегуфт: Алӣ тамоюлаш ва меҳрубониаш нисбат ба маволӣ бештар буд ва Умар баръакс аз онҳо хушаш намеомад”.

Марде ба Имом Содиқ алайҳис-салом арз кард:

“Мардум мегӯянд, ҳар кас, ки араби холис ё мавлои холис набошад, паст аст. Имом фармуд: Мавлои холис яъне чӣ?

Гуфт: Яъне касе, ки падару модараш ҳар ду қаблан барда буданд.

Фармуд: Мавлои холис чӣ мазияте дорад?

Гуфт: Зеро Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудааст, мавлои ҳар қавме аз худи онҳост, пас мавлои холиси аъроб монанди худи аъроб аст, пас касе соҳиби фазилат аст, ки ё араби холис бошад ва ё мавлои сареҳ бошад, ки мулҳақ ба арабӣ аст.

Имом фармуд: Оё нашунидаӣ, ки Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуд, ман валии касоне ҳастам, ки валӣ надоранд, ман валии ҳар мусалмонам хоҳ араб ва хоҳ аҷам? Оё касе, ки Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) валии ӯ бошад, аз Пайғамбар нест?

Имом сипас изофа фармуд: Аз ин ду кадом ашрафанд? Оё он ки аз Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва мулҳақ ба Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) аст ё он ки вобаста аст ба як араби ҷилф, ки ба пушти пойи худ идрор мекунад?

Сипас фармуд: Он ки аз рӯйи майлу ризо дохили ислом мешавад, басе ашраф аст аз он ки аз тарс вориди ислом шудааст. Ин аъроби мунофиқ аз тарс мусалмон шуданд, вале эрониён бо майлу рағбат мусалмон шуданд”.

Аз ин навъ ҷараёнҳо, ки нишон медиҳад, сиёсати табъиз ва тафовут миёни арабу ғайриараб дар ҷаҳони ислом иҷро мешуд ва имомони атҳор алайҳимус-салом умуман бо ин сиёсат мухолифат мекардаанд, дар торихи ислом зиёд дида мешавад. Ҳамин ба танҳоӣ кофӣ будааст, ки эрониён, ки аз тарафе ба руҳу ҳақиқати ислом беш аз дигарон таваҷҷӯҳ доштаанд ва аз тарафи дигар беш аз ҳар қавми дигар аз ин табъизот зиён медидаанд, тарафдори хонадони рисолат бшванд.

* * *

Иҳонат дар шакли ҳимоят

Аз ҳама аҷибтар ин аст, ки иддае ба номи ҳимоят аз миллияти эронӣ ва нажоди эронӣ, бузургтарин тавҳинҳоро ба миллат Эрон мекунанд.

Гоҳе мегӯянд: “Миллати Эрон бо камоли ҷиддият мехост аз ҳукумат ва режим ва ойини худаш дифоъ кунад, вале бо он ҳама шавкат ва қудрат ва ҷамъияти саду чиҳил милюнӣ ва вусъати сарзамин, дар муқобили як иддаи панҷоҳ шастҳазорнафарии араб шикаст хӯрд”. Агар рост аст, пас чӣ нанги бузурге!

Гоҳе мегӯянд: “Эрониён аз тарс, кешу ақида ва имони хешро иваз карданд”. Воқеан агар чунин бошад, эрониён аз пасттарин милали ҷаҳонанд. Миллате, ки натавонад ақидаи қалбии худро дар муқобили як қавми фотеҳ ҳифз кунад, шоистаи номи инсоният нест.

Гоҳе мегӯянд: “Эрониён чаҳордаҳ қарн аст, ки зери юғи араб ҳастанд. Яъне бо он ки сиёдати низомии араб яксад сол бештар тӯл накашид, ҳанӯз пушти эрониён аз зарбате, ки дар чаҳордаҳ қарн пеш хӯрда, рост нашудааст”. Зиҳи заъфу нотавонӣ ва белиёқатӣ ва беурзагӣ! Миллатҳои нимаваҳшии Офриқо пас аз қарнҳо истеъмори ҳамаҷонибаи урупоӣ занҷирҳоро яке пас аз дигаре пора мекунанд ва худро озод менамоянд, аммо миллате мутамаддини дорои собиқаи фарҳангии куҳан аз қавме биёбонӣ шикаст мехӯрад ва тӯле намекашад, ки қавми фотеҳ нерӯи худро аз даст медиҳад, аммо ин миллати шикастхӯрда ҳанӯз аз хотираи шикасти чаҳордаҳ қарн пеш ваҳшат дорад, рӯз ба рӯз бештар фикру одобу русуму забони қавми фотеҳро алорағми майли ботинии худ вориди зиндагии худ мекунад!

Гоҳе мегӯянд: “Эрониён аз он ҷиҳат шиъа шуданд, ки дар зери пардаи ташайюъ мӯътақадот ва одоби куҳани хешро ҳифз кунанд; дар ҳамаи ин муддати тӯлонӣ аз рӯйи нифоқ ва дӯруӣ изҳори ислом карданд ва ҳамаи иддаоҳои мусалмониашон, ки торихашонро пур кардааст ва аз ҳар қавми дигар бештар будааст дурӯғи маҳз аст; чаҳордаҳ қарн аст, ки дурӯғ мегӯянд ва дурӯғ менависанд ва дурӯғ тазоҳур мекунанд”. Зиҳи бешарофатӣ ва номардумӣ!

Гоҳе мегӯянд: “Решаи ин ҳама гароишҳо, фидокориҳо, дарки як силсила ҳақоиқ ва маориф ва синхияти ислом ва ташайюъ бо руҳи эронӣ набудааст, балки фақат як пайванди заношӯӣ будааст. Ин миллат фақат ба хотири як пайванди заношӯӣ, масири зиндагӣ ва фарҳанги хешро тағйир дод”. Зиҳи беасолатӣ ва берешагӣ!

Гоҳе мегӯянд: “Эронӣ моил буд аз ҳукумат ва ойини он рӯзи хеш дифоъ кунад ва ҳимоят намояд, аммо накард, тарҷеҳ дод худро канор кашад ва тамошочӣ бошад”. Зиҳи пастӣ ва номардумӣ!

Тибқи изҳороти ин бехирадон, миллати Эрон пасттарин ва мунҳаттарин милали ҷаҳон аст, зеро эронӣ аз тарс хатти қадими худро раҳо кард ва хатти арабиро ба кор бурд, аз тарс ба забони арабӣ беш аз забони форсӣ аҳаммият дод ва барояш фарҳанг ва қоида ва дастур навишт, аз тарс таълифоти худро ба забони арабӣ навишт, аз тарс ба баччаҳои худ забони арабӣ меомӯхт, аз тарс мафоҳими исломиро дар дили адабиёти худ ҷой дод, аз тарс дини қадими худро ба дасти фаромӯшӣ супурд, аз тарс ҳукумати мавриди алоқаи худро ҳимоят накард, аз тарс ба кӯмаки кеш ва ойини маҳбуби худ барнахост.

Хулоса, аз назари ин муддаиён, дар тӯли ин чаҳордаҳ қарн он чӣ дар торихи ин миллат рух дода белиёқатӣ, нифоқ ва дӯрӯӣ, тарсу ҷубн, беасолатӣ, пастӣ ва номардумӣ будааст. Чизе, ки вуҷуд надошта, “ташхис” ва “интихоб” ва “имон” ва “ҳақиқатхоҳӣ” будааст. Аз ин рӯ бузургтарини иҳонатҳо аз тарафи ин нобихрадон ба миллати шариф ва наҷиби Эрон ворид мешавад.

Аммо хонандаи мӯҳтарами ин китоб мутаваҷҷеҳ хоҳад шуд, ки ҳамаи инҳо тӯҳмат ба Эрон ва эронӣ аст. Эронӣ ҳар чӣ карда, ба ташхис ва интихоби худ будааст, эронӣ лоиқ буда на белиёқат, рост ва сареҳ буда, на мунофиқ ва дурӯғгӯ, шуҷоъ ва далер буда, на ҷабон ва тарсу, ҳақиқатхоҳ буда, на чашм ба ҳаводиси зудгузар, асил буда, на бебуну береша. Эронӣ дар оянда низ асолати хешро ҳифз, ва пайванди хешро бо ислом рӯз ба рӯз муҳкамтар хоҳад кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: