Ҳама мемирем…

Ба қалами Амруллоҳи Низом

Ман мемирам, мо мемирем ва ҳамаи он чӣ дар ин дунё ҳаст, мемиранд.

Аммо Худои ман барои ҳамеша зиндаву поянда мемонад!

Марги ман аз мурдани дигар чизҳо фарқ мекунад.

Марги ман сароғози як ҳаёти дигари ман аст.

Вақте руҳ аз бадани ман ҷудо мешавад, ман дигар ин мани имрузӣ нестам.

Баъд аз марг ман ҷасаде ҷудо аз руҳу танам.

Руҳамро ба болову танамро ба зери хок хоҳанд супурд.

Ин фироқи ҷону тани ман барои ҳамеша нест, балки муваққатӣ аст.

Фаришатаҳои нуронӣ ҷонамро ба болову фариштасиратони мусалмон танамро ба хонаи муваққатии ман, яъне қабри ман мебаранд.

Медонам, ҳамкешони мусалмони ман ба хотири баргузории маросими видоъи ман довталабона хеле заҳматҳо хоҳанд кашид. Як идда ҷасади беҷони маро ғусл хоҳанд доду як гуруҳи дигари онҳо барои ҷасади ман либоси сафеди нав пора хоҳанд кард. Гурӯҳҳои дигаре ҳам аз ҳамдинони ман хеле аз корҳои муҳимму зарури худашонро раҳо карда, ба хотири гусели ҷасади ман ба хонаи навам хоҳанд омад. Онҳое, ки хоҳанд омад, бовар дорам аксари онҳо дасти холӣ намеоянд, муъзами эшон бо бузургворие, ки доранд, чандин кафи дуъоро ҳам нисори ман хоҳанд кард…

Вақте ман мемирам, номи ман ҳам аз байн меравад. Бародарони мусалмонам, ки ба хотири тағсилу такфинам ташриф меоранд, дигар намегӯянд, ки Амруллоҳи Низом куҷост? Онҳо хитоб ба бозмондагони ман хоҳанд гуфт, ки ҶАСАДашро мешӯем…

Мурдаро кафан мепӯшонем…

Ҷанозаро мебардорем, ҷанозаро хондем…

Маййитро ба хок месупорем…

Вақте ҷасади маро ба хок супориданд, зиндагии марҳилаи баъдии ман оғоз мешавад. Дар ҳаёти нав ва хонаи нав бо ман бар асоси он чӣ ин ҷо кардам, бархӯрд ва муносибат хоҳад шуд…

Аммо он чӣ аз дороиҳои дунё аз худ боқӣ гузоштам, байни ворисонам тақсим хоҳанд шуд…

Ёрону дӯстони ман шояд чанд рӯзе ба хотири ман ғамгин бошанд, хонавода ва ворисонам ҳам аз ин зиёдтар, баъди он дигар ёди ман боз барои чанд моҳу соле хотира хоҳад буду тамом…

Дигар ҳама кору бори дунё мисли пешин идома меёбад…

Ҳамнаслону ҳамҷинсони ман яке пайи дигар мисли ман хоҳанд мурд ва наслҳои баъдӣ ва оянда ин ҳаёти дунёи беҳтару хубтар аз мо идома хоҳанд дод, вале онҳо ҳам мисли ман ҳама дар вақтҳои муайян ба ману мо хоҳанд пайваст…

Саранҷом баъд аз мурдани ҳама мавҷудоти дунё ҳама дар пешгоҳи Худои Мутаъол ҷамъ мешавем ва Аллоҳ Таъоло подоши хубу бади ҳамаи моро медиҳад…

Умедворам, ки мо ҳама дар биҳишт аз дидори Худои Таъоло хушҳол мешавем ва баъд аз он борҳо бо ҳаму бо ҳам дидору мулоқотҳо хоҳем кард…

Манбаъ: Фейсбук



Рубрики:Пароканда

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: