Фалсафа ва равиши реализм (77)

Идрокоти эътиборӣ (8)

Идомаи таълиқаи баҳси пешин

(Баҳсе фалсафӣ дар ин бора, ки оё ҳайвонот аз корҳое, ки анҷом медиҳанд огоҳанд?)

Башар қабл аз он ки рӯйи услуби фаннӣ вориди таҳқиқи мавҷудоти ин ҷаҳон гардад, дар бархӯрдҳои аввалӣ, ки бо табиат мекунад, тамоми аҷзои беҷону ҷондори табиатро дорои таъсир ва хоссият мебинад, аз оташе, ки бо баданаш тамос мегирад ва аз обе, ки менӯшад ва аз санге, ки аз замин бармедорад ва аз дарахте, ки мева ва сояашро мавриди истифода қарор медиҳад ва аз ҳайвоне, ки аз саворӣ ё шир ё гӯшташ баҳра мегирад.

Мутолеоте, ки донишмандон аз давраҳои қадим то кунун рӯйи услубҳои фаннӣ ва илмӣ дар ин мавҷудот кардаанд ва таъсирот ва фаъолиятҳои ин мавҷудотро мавриди назар қарор додаанд, мӯҷиб шуда, ки барои ин мавҷудот як тақсим ва табақабандии куллӣ қоил шаванд ба ин тартиб: “ҷамод, набот, ҳайвон, инсон”. Ва дар ин тақсим ва табақабандӣ, он чӣ дар дараҷаи аввал миқёс ва милок воқеъ шуда навъи фаъолият ва осори ин мавҷудот аст. Яъне чун ихтилофи куллӣ байни навъи фаъолияти ҷамод ва набот ва ҳар як аз ин ду бо ҳайвон ва ҳар як аз ин се бо инсон дида шуда ин тақсим ва табақабандӣ ба вуҷуд омада.

Донишмандон ҷамодотро мавриди мутолеа қарор додаанд ва як силсила хоссиятҳо ва осор дар баситҳо ва мураккаботи онҳо ёфтаанд, вале дар наботот бархӯрдаанд, ки илова бар он чӣ дар ҷамодот дида мешавад, як навъ фаъолияти махсуси дигар, ки иборат аст аз тағаззӣ ва “ҷузъи худ кардани маводди хориҷӣ” ва рушд ва тавлиди мисл кардан низ дида мешавад ва мисли ин ки як дастгоҳи “худкор”, ки худаш худашро тармим ва ислоҳ мекунад ва нақси худро рафъ мекунад, дар даруни ин даста аз мавҷудот гузошта шуда ва пас аз муддате ба иллати маҷҳул ва номаълуме (ки ҳанӯз ҳам номаълум аст), ин даста аз мавҷудот роҳи нузул ва инҳитотро мепаймоянд ва аз байн мераванд. Дар дастаи дигар аз мавҷудот, ки онҳоро “ҳайвон” ном ниҳодаанд, илова бар он чӣ дар наботот дидаанд, онҳоро дорои шуъур ва идрок ва майл ва лаззат ёфтаанд, ки корҳоеро ба таҳрики майл ва роҳнамоии шуъур ва андеша анҷом медиҳанд ва дар миёни онҳо инсонро аз лиҳози шуъур ва андеша дорои имтиёзи фавқулъодае ёфтаанд.

Бадеҳӣ аст, ки мутолеоти донишмандони аввалия дар мавриди ҳар як аз ин чаҳор қисмат мавҷудот, бо он чӣ имрӯз дар дасти башар аст, аз замин то осмон мутафовит аст. Маълумоти башари аввалия дар мавриди шинохти табиати беҷон ва табиати ҷондор, аз наботу ҳайвону инсон, дар муқобили маълумоти башари имрӯз сифр аст, вале дар айни ҳол, ин тақсим ва табақабандӣ, ки дар боло гуфта шуд, ки бо миқёси ихтилофи мавҷудот дар “навъи фаъолият” дар назар гирифта шуда, ба қувват ва истеҳкоми худ боқӣ аст ва аз тарафи ҳамаи донишмандон ба расмият шинохта шуда ва ҳанӯз ҳам донишмандоне, ки дар мақоми табақабандӣ ва дараҷабандии улум баромадаанд, дар дараҷаи аввал ҳамин табақабандии мазбурро, ки дар мавҷудот аст, милоки дараҷабандӣ ва тақсими улум қарор додаанд. Ва албатта ин табақабандии мавҷудот нозир ба ин ҷиҳат нест, ки ин ихтилофот аз чӣ нуқта оғоз шуда ва оё аз аввал чунин буда ё баъд пайдо шуда ва агар баъд пайдо шуда ба чӣ тартиб буда? Ва ҳамчунин, нозир ба ин ҷиҳат нест, ки мабнои ин ихтилофот чист? Оё моддаи беҷон ягона омили аслии ин ихтилофот аст ё чизи дигаре ҳам дар кор аст? Ин табақабандӣ фақат вазъи феълии мавҷудотро дар тарзи фаъолият намоён месозад. Фарқ байни фаъолияти физикии ҷамодот ва фаъолияти ҳаётии наботот аз якдигар ва ҳамчунин фарқи ин ду бо фаъолияти ҳайвонӣ чандон душвор нест. Он чӣ ниёзманд ба тааммул аст, тарзи фаъолияти иродии ҳайвон аст, ки мусталзими як силсила андеша ва идрокот аст, ки бояд дар муқаддимаи он афъол воқеъ шавад, ва инак, ба шарҳи он мепардозем.

Ҳайвон чун бо ирода ва андеша корҳое мекунад, ночор ҳамон тавр, ки ба ирода ва андешаи худ огоҳӣ дорад, ба ҳаракате, ки ношӣ аз ирода ва андеша аст огоҳӣ дорад. Вале дар ин ҷо як суоли муҳимми фалсафӣ пеш меояд. Ва он ин ки: оё огоҳии ҳайвон ба феъли худ, монанди огоҳии вай аст ба ашёи хориҷӣ ё ба наҳви дигаре аст? Ва агар монанди огоҳии вай аст ба соири ашё, лозим аст, ки аввал ҳаракати иродӣ бидуни иттилои ҳайвон содир шавад, сипас ҳайвон аз роҳи яке аз ҳавосси худ ба он огоҳ шавад. Ва ҳол он ки ин хилофи зарурат аст, махсусан аз он ҷиҳат, ки инсон ҳам дар ин ҷиҳат шарик аст ва ҳар касе худро метавонад мавриди мутолеа қарор диҳад. Мо аз ҳоли худамон медонем, ки қабл аз феъли иродӣ ва лоақал дар ҳини вуқӯи он, аз вуҷудаш огоҳем. Пас, ночор илми ҳайвон ба ҳаракоти иродии худ аз қабили илми вай ба ашёи хориҷӣ нест ва ба истилоҳи фалсафӣ, “илми ҳусулии инфиъолӣ” нест, балки тавре дигар аст, яъне ба таври илми ҳузурӣ аст ва ин масъала аз фурӯи яке аз муҳимтарин масоили фалсафӣ дар боби “илм ва маълум” аст ва ҳамин ишора матлаби моро кофӣ аст.

Ҳамчунин, ҳайвон ба ғояти феълии иродии хеш огоҳ аст. Ҳар феъле, ки ба муқтазои андеша ва ирода воқеъ мешавад, хоҳ нохоҳ аз яке аз “тамоюлот” ё “майлҳои” нафсонии ҳайвон сарчашма мегирад.

Тамоюлот ё майлҳо иборат аст аз маншаъҳои аслии нафсонии ҳаяҷонҳо ва иштиёқоте, ки дар вуҷуди ҳайвон пайдо мешавад ва мунҷар ба ҳаракоти иродӣ мешавад. Дар вуҷуди ҳайвон тамоюлоти мухталифе ҳаст ва ҳар тамоюле ҳаяҷоне ба тарафи шайъи хоссе эҷод мекунад, тамоюл ба ғизо ғайр аз тамоюли ҷинсӣ ва ҳар як аз ин ду ғайр аз тамоюл ба ҷоҳу мақом аст. Дар ин ки тамоюлоти ҳайвон ва бахусус инсон чандтост ва кадом як асл аст ва кадом як фаръ, баҳсҳои дақиқи илмуннафсӣ шуда ва назарияҳои дақиқе падид омада ва шояд дар оянда мо вориди ин мабҳас бишавем.

Ба ҳар ҳол, ҳар феъле, ки ба муқтазои ирода ва андеша аз ҳайвон сар мезанад, хоҳ нохоҳ аз як майле сарчашма мегирад ва ғояте, ки дар дараҷаи аввал манзури ҳайвон аст, ирзои он майл аст. Масалан, кӯдак эҳтиёҷ ба ғизо пайдо мекунад ва як эҳсоси омехта ба ҳаяҷон ва лаззате дар вуҷуди худ эҳсос мекунад, ки мо онро “гуруснагӣ” мехонем. Ин ҳаяҷон аз майл ба ғизо сарчашма мегирад ва кӯдак талоше, ки барои ғизо мекунад, барои ирзои ҳамин майл аст ва мо номи ин ирзоъро дар ин ҷо “серӣ” гузоштаем.

Ҳар феъле, ки ибтидо ба назар мерасад, ки алорағми майли инсон воқеъ мешавад, аз як майли махфӣ сарчашма мегирад. Масалан, шахс бар хилофи тамоюлоти худпарастии хеш, ба як амали ахлоқии навъхоҳона иқдом мекунад ва чун бар хилофи тамоюлоти худпарастӣ аст, мепиндорад, ки ин феъл мутлақан бар хилофи майлаш сурат гирифта, ва ҳол он ки воқеан як тамоюли дигаре (тамоюли навъхоҳӣ масалан) дар вуҷудаш мактум буда, ки дар он ҳол бар соири тамоюлоти шахс фоиқ омада ва амали вайро таҳти контроли худ қарор дода. Ва агар чунин тамоюле дар вуҷудаш намебуд, маҳол буд, ки иродааш барангехта шавад ва феъле сурат бигирад.

Бинобар ин, дар ҳар феъле аз афъоли иродӣ ирзои тамоюле манзур аст. Ва ғояте, ки ҳеч феъли иродӣ холӣ аз он нест (чӣ дар ҳайвон ва чӣ дар инсон) ва ҳайвон огоҳ ба он аст ва ӯро меҷӯяд, ҳамоно ирзои тамоюле аз тамоюлот аст.

Пас, ҳамон тавре, ки ҳайвон ба феъли худ огоҳ аст, ба ғояти нафсонии феъли худ низ огоҳ аст ва илми ҳайвон ба ғояти феъли худ низ аз қабили илми вай ба ашёи хориҷӣ нест, яъне “ҳусулии инфиъолӣ” нест, балки “ҳузурӣ” аст, мисли соири умури нафсонӣ, ки дар мақолаи 5 гузашт.

Ин ду илм ва идрок, ки то кунун гуфта шуд (идроки феъл ва идроки ғояти нафсонии феъл) хоҳ нохоҳ дар ҳар феъли иродӣ мавҷуд аст. Ва ин ду идроки ҳайвон чун марбут ба чизҳое аст, ки хориҷ аз вуҷуди худаш нест, аз назари тавҷеҳи илмӣ ва фалсафӣ чандон ишколе надорад. Ҳоло бибинем огоҳиҳо ва иттилооти ҳайвон аз умуре, ки хориҷ аз вуҷуди вай аст, чӣ гуна ва ба чӣ васила аст? Ин қисмат низ то он ҷо, ки аз роҳи ҳиссу таҷриба ва фикр қобили тавҷеҳ аст, чандон ишколе надорад, монанди огоҳиҳои инсон аз табиат ва қонунҳои табиат. Инсон дар оғози амр на табиатро мешиносад ва на ба қонунҳои он огоҳӣ дорад, ба тадриҷ дар асари бархӯрд бо табиати айнӣ онро мешиносад ва қонунҳояшро ба даст меоварад ва дар амал аз онҳо истифода мекунад.

Мушкил дар як силсила ҳаракот ва аъмоле аст, ки аз ҳайвоноти дигар сар мезанад, ки истилоҳан “ҳаракоти ғаризӣ” хонда мешавад, монанди аъмоли шигифтангези мӯрчагон ва занбӯри асал ва лона сохтан ва бачча бузург кардан ва муҳоҷиратҳои тобистонӣ ва замистонии парандагон ва ҳазорҳо корҳои дигар аз ҳазорҳо ҳайвони дигар, ки дар китобҳои ҳайвоншиносӣ мастур аст. Дар қуруни ҷадида, донишмандон мутолеоти арҷманде дар заминаи ғароизи ҳайвонот кардаанд ва аҷоибе аз олами зиндагии ҳайвонот кашф кардаанд.

Ҳаракоти ғаризӣ ихтисос ба дастаи махсусе аз ҳайвонот надорад, аз ҳашароти паст балки аз ҳайвоноти якселлулӣ гирифта то хазандагон ва ҳайвоноти зуфиқор ва пистондорон ва инсон, каму беш дорои ҳаракоти ғаризӣ ҳастанд ва он ки аз ин лиҳоз аз ҳама ноқистар аст инсон аст.

Корҳои дақиқ ва моҳиронае, ки ҳайвон ба нафъи шахс ё навъ ё насли оянда анҷом медиҳад, агар инсон бихоҳад анҷом диҳад, муддатҳо вақт барои ёд гирифтан ва тааллум мехоҳад.

Ҳоло бояд бибинем, оё воқеан ҳайвон аз диққатҳое, ки дар корҳои ғаризии худ ба кор мебарад ва аз фавоид ва натоиҷе, ки дар табиат бар ин корҳо мутараттиб аст, огоҳ аст ё на? Агар огоҳ аст, ин огоҳиро аз куҷо касб карда? Ва агар огоҳ нест, чӣ гуна корҳои худро ноогоҳона чунон дақиқ танзим мекунад, ки натоиҷи муфиде барои ҳаёти фард ё навъ дарбар дорад? Дар ин ҷо чанд назария аст:

а) Ҳайвон аз натоиҷи феъли худ огоҳ нест ва дар сохтмони вуҷудиаш ҳеч гуна дастгоҳе, ки мӯҷиби судури ҳаракоте муайян, ки мутазаммини натоиҷи муайян бошад, вуҷуд надорад. Вуқӯи ҳаракоти ғаризӣ ба ин тартиб, ба таври тасодуф аст.

Возеҳ аст, ки ин назария ҳеч арзиши илмӣ надорад ва наметавон ҳаракоти муназзами ҳайвонотро, ки пайдост аз қонуне пайравӣ мекунанд, ҳамл бар тасодуф кард.

б) Ҳайвон аз афъол ва ҳаракоти худ ва аз натоиҷи афъоли худ бехабар аст, зеро ҳаёт ва лавозими ҳаёт, аз ҳушу идрок ва майлу лаззату ирода, аз мухтассоти инсон аст, вале дар вуҷуди ҳайвон дастгоҳе ҳаст, ки мӯҷиб мешавад ҳаракоте, ки мутазаммини фавоиде барои ҳайвон аст падид ояд. Сохтмони ҳайвон айнан монанди як мошин аст. Чизе, ки ҳаст, ин мошин тавре сохта шуда, ки дар мавоқеи муайян осоре буруз медиҳад, ки инсон мепиндорад аз рӯйи шуъур ва идрок кор мекунад. Масалан, тавре сохта шуда, ки дар мавқеи наздик шудани чизе, ки мӯҷиби вайронии вай аст, худро аз ӯ дур мекунад (монанди фирор кардани гӯсфанд аз гург) ва дар мавқее, ки эҳтиёҷ ба маводде дорад, ки ба манзилаи равған ва бензини ин мошин аст, худро ба он наздик мекунад (монанди наздик шудани гӯсфанд ба об ва алаф) ва инсон мепиндорад, ки дар сурати аввал тарс ва дар сурати дуввум иштиёқ ҳайвонро водор ба ҳаракат кардааст, ва ҳол он ки ҳайвон на тарс дорад ва на иштиёқ ва на лаззат ва на ранҷ. Ин назария мансуб ба Декорт ва пайравонаш аст ва гӯянд, рӯзе шогирдони Декорт сагеро озор мекарданд, ҳайвон фарёд мекашид, онҳо бо тааҷҷуб мегуфтанд, тавре садо мекунад, ки инсон хаёл мекунад, эҳсоси дард мекунад. Рӯйи ин назария, ҳаракоти ғаризӣ ғайрииродӣ аст. Ва иллати он, ки ҳаракоти ғаризӣ мунҷар ба натоиҷи муайян мешавад, вазъи махсуси сохтмони меконикии вуҷуди онҳост.

Ин назария низ ба қадре заъиф аст, ки эҳтиёҷ ба интиқод надорад, ва имрӯз дар миёни ҳеч дастае тарафдороне надорад.

в) Ҳаракоти ғаризӣ аъмоле худ ба худӣ ҳастанд, вале дар наслҳои пеш аъмоле будаанд, ки аз рӯйи шуъур ва андеша ва ирода содир мешудаанд, ин аъмол баъдҳо дар асари такрори зиёд “одат”-и ин ҳайвонот шуда ва ин одат тибқи қонуни виросат ба аъқоб мунтақил шуда ва ҳолати “ғариза” пайдо кардааст. Ин назария мансуб ба Ломорк (Lemarck) аст.

Бар ин назария чанд эроди муҳимме ворид кардаанд: яке ин ки, ин фарзия мусталзими ин аст, ки ҳаракоти наслҳои пешро аз рӯйи шуъур ва андеша фарз кунем. Ва мушкил дубора бармегардад, ки онҳо ин шуъурро аз куҷо касб карда буданд? Албатта наметавонем бигӯем ба тадриҷ дар асари таҷриба ёд гирифтаанд, зеро бисёре аъмоли ғаризӣ аст, ки навзоди ҳайвон дар оғози таваллуд мӯҳтоҷ ба онҳост ва ин бо он фарз созгор нест. Ва дигар он ки, ҳаракотеро метавон бо “одат” тавҷеҳ кард, ки мусталзими такрор ва паёпайии зиёд бошад, ва ҳол он ки баъзе аз ҳаракоти ғаризӣ дар тӯли умри ҳайвон беш аз чанд дафъаи маъдуд воқеъ намешавад. Ва ба илова, агар “одат” мабдаи ғариза буд, лозим буд, ки ҳайвонот ҳар чӣ дарозумртар бошанд, аз лиҳози ғариза комилтар бошанд, ва ҳол он ки қазия акс аст, ва ҳайвоноти комилулғариза ғолибан умрҳои бисёр кӯтоҳ доранд.

Ва дигар он ки, ин назария мубтанӣ бар як назарияи куллӣ аст, ки Ломорк ва Дорвин дар мавриди интиқоли сифоти иктисобӣ аз аслоф ба аъқоб доранд, ва таҳқиқоти ҷадиди илми виросат ин назарияро мардуд шинохтааст. Дигар ин ки, мо дар мавриди инсон мушоҳида мекунем, ки ҳаракоти ақлонӣ ва идрокӣ ҳеч гоҳ ба сурати ғариза ба аъқоб мунтақил намешавад. Ва агар ин назария дуруст буд, лозим буд, ки аъмоли ақлонии инсон ба сурати ғариза ба аъқоб мунтақил шавад ва навзодони инсон комилтарини ҳайвонот бошанд аз лиҳози ғароиз, ва ҳол он ки қазия комилан баръакс аст ва он ки аз лиҳози ҳидояти ғариза аз ҳама ноқистар аст, инсон аст.

г) Ҳаракоти ғаризӣ аъмоле худ ба худӣ ҳастанд ва бидуни дахолати ирода ва андеша сурат мегиранд, монанди аъмоли инъикосӣ, ки аз мавҷуди зинда сар мезанад, аз қабили ҳаракоти ҷиҳози ҳозима ҳангоме ки ғизо вориди он мешавад ва ё тарашшуҳи ғудад зери забон ҳангоме ки масалан туршӣ рӯйи забон қарор мегирад ва ғайри инҳо. Фарқе, ки ҳаст ин аст, ки ин силсила аъмоли инъикосӣ басит ва содда ҳастанд, вале ҳаракоти ғаризӣ мураккаб ва печидаанд. Тамоми ҳаракоти ғаризии ҳайвон дар наслҳои пеш ҳаракоте инъикосӣ ва содда будаанд, баъдҳо ба тадриҷ, ки ҳайвонот такомул ёфтаанд ва “анвоъ” аз якдигар иштиқоқ ёфтаанд, ин ҳаракот низ, ки ба сурати “одат” даромадаанд, ба мувозоти соири қисматҳои вуҷудии ҳайвон такомул пайдо карда ва тибқи қонуни виросат ба аъқоб мунтақил шудаанд. Ин назария мансуб ба Дорвин аст.

Ин назария низ ба чанд далел мардуд шинохта шуда. Яке ҳамон ки дар боло гуфта шуд, ки илми виросат назарияи интиқоли сифоти иктисобиро қабул намекунад. Ва дигар он ки ҳаракоти инъикосӣ аксуламали бадани ҳайвон дар муқобили яке аз муассироти хориҷӣ аст, ва ҳол он ки ҳаракоти ғаризӣ аз авомили дарунии ҳайвон сарчашма мегирад. Оё чӣ муҳаррики хориҷӣ дар бадани ҳайвон таъсир мекунад, ки ӯро ба тарафи ғизо ё лона сохтан ё наздикии ҷинсӣ равона месозад? Ба илова, чӣ гуна метавон қабул кард, ки ҳаракоти ғаризии шигифтангези ҳайвонот ё ҳаракоти навзоди инсон дар оғози таваллуд ҳаракоте инъикосӣ ва холӣ аз шуъур ва қасд ва ирода аст?!

Худи Дорвин дар асари эродҳое, ки бар назарияаш дар боби ғароизи ҳайвонот ворид карданд, аз ақидаи худ сарфи назар кард ва ба назарияи Ломорк, ки дар боло гуфтем гаройид.

Дуктур Аронӣ дар мақоми тавҷеҳи ҳаракоти ғаризӣ ҳамон назарияи Ломоркро билохира интихоб мекунад. Вай дар “Псикулужӣ” сафҳаи 182 мегӯяд:

Рафтори мавҷуди зинда бо ҳаракоти билоирода яъне ҳаракоти инъикосӣ шурӯъ мешавад ва баъд аз ҳаракоти инъикосӣ ҳаракоти иродӣ ба вуҷуд меояд, вале мобайни ин ду навъ ҳаракат як навъ рафтор ҳаст, ки комилтар аз ҳаракати инъикосӣ аст ва муддати бештаре давом пайдо мекунад, вале чун ҷомид аст ва мавҷуди зинда бар ҳасби ирода дар он тағйироте намедиҳад, ноқистар аз ҳаракоти иродӣ аст. Ин навъ рафторро “ҳаракати ғаризӣ” ё ба таври содда “ғариза” меноманд, монанди парвози парвона дар атрофи шамъ, лона сохтани як паранда ва ғайра.

Маҷзуб шудани парвона ба шамъ ғаризии ӯст… Ғариза ба зако иртибот надорад ва ҷибиллии мавҷуд аст. Масалан, агар коғазҳои мусалласишакл муқобили сӯрохи кирми хокӣ рехта шавад, ҳайвон бо ниҳояти камҳушӣ, ки дорад, ҷиддият мекунад коғазҳоро аз тарафи раъси мусаллас ба лонаи худ бибарад. Агар ба василаи мошин аз тухми мурғ ҷӯҷа таҳия кунем, ҳайвон ба муҷарради хориҷ шудан аз тухм роҳ меравад, дона мечинад ва ҳаракоти дигар анҷом медиҳад. Шинохтани хоссиятҳои раъси мусаллас ё муғаззо будани донаи арзанро касе ба ҳайвон наомӯхтааст, вале ин хоссият ба таври ирс дар силсилаи асабии вай аз наслҳои пеш боқӣ мондааст”.

Посух, ҳамонҳост, ки дар мақоми радди назарияи Ломорк гуфтем ва ниёзе ба такрор надорем.

Маълум нест, ки аҷдоди кирми хокӣ, ки аз худаш камҳуштар будаанд (зеро рӯйи назарияи “нушӯъ ва иртиқоъ” ҳайвонот як сайри такомулиро тай мекунанд) чӣ гуна хоссиятҳои раъси мусалласро дарёфтаанд ва ба он одат кардаанд ва баъд барои аъқоби худ ба ирс гузоштаанд?!

д) Ҳаракоти ғаризии ҳайвонот ҳаракоте аст иродӣ ва мақрун ба шуъур ва тадбир. Ҳайвон ҳар як аз ин корҳои ғаризии хешро бо илм ва қасд ва огоҳӣ аз натиҷа ва хоссияти табиии феъли худ анҷом медиҳад. Масалан, он ки лона месозад, медонад фоидаи лона сохтан чист ва чӣ гуна бояд сохт, то барои истифода муҳайё шавад. Ва он ки бо ғаризаи иҷтимоӣ фаъолиятҳои иҷтимоӣ мекунад, аз рӯйи огоҳӣ ба вазифа ва огоҳӣ аз фавоиди зиндагонии иҷтимоӣ фаъолиятҳои иҷтимоӣ мекунад, аз қабили занбӯри асал ва мӯрча ва порае парандагон, балки порае пистондорон. Ин илм ва огоҳӣ барои ҳар насле аз тариқи ҳиссу таҷриба ҳосил мешавад ва ба василаи як навъ тафоҳуме, ки байни ҳайвонот аст, аз фарде ба фарде ва аз насле ба насле мунтақил мешавад.

Ин назарияро ҳарчанд наметавон сад дар сад ботил донист, зеро ин назария муттакӣ ба ду ҷиҳат аст: яке илми иктисобии таҷрибии ҳайвон, ва яке тафоҳуми ҳайвонот, ва тардид нест, ки ҳайвон камубеш дар тӯли умр иттилооте касб мекунад ва мавзӯи тафоҳуми ҳайвонот низ ҳанӯз аз назари илмӣ равшан нест, ки оё воқеан ҳаст ё нест, ва агар ҳаст, то чӣ андоза аст ва ба чӣ васила аст, вале сад дар сад низ қобили қабул нест. Зеро аввалан, як силсила ҳаракоти ғаризӣ аз баъзе ҳайвонот дар ҳамон оғози таваллуд, яъне қабл аз он ки ҳайвон фурсати таълиму тааллум ё таҷриба пайдо кунад, ба тарзи шигифтангезе содир мешавад, ки бо ин назария қобили тавҷеҳ нест. Ва сониян, ҳайвоншиносон баъзе ҳайвонот пайдо кардаанд, ки ҳеч гоҳ насли баъдӣ насли қаблиро мушоҳида намекунад ва ҳамеша қабл аз омадани насли баъд, насли қабл аз байн меравад, ва дар айни ҳол, ҳайвон ҳаракоти ғаризии шигифтангезе дорад. Ин низ бо ин фарз қобили тавҷеҳ нест. Ва солисан, агар ҳаракоти ғаризӣ аз роҳи таҷриба ва таълиму тааллум сурат мегирад, пас чаро ғароизи ҳайвонот ҷанбаи ихтисосӣ дорад ва ҳар ҳайвоне фақат дар як аъмоли бахусус тахассус дорад? Ва чаро афроди навъ ҳама бо ҳам аз лиҳози ҳаракоти ғаризӣ, мусовӣ ва дар як дараҷаанд? Ва чаро аз лиҳози ғариза, такомуле дар онҳо пайдо намешавад? Масалан, чаро занбӯрҳои асал дар тӯли қарнҳо зиндагонии иҷтимоӣ таҷдиди назар ва такмиле дар тамаддуни худ ба вуҷуд намеоваранд? Ва ҳол он ки агар ҳаракоти ғаризӣ сад дар сад аз рӯйи фикр ва назар ва кашфи қонунҳои куллӣ буд, мебоист ҳамаи ҳайвоноти соҳиби ғариза дар ҳамаи корҳо тахассус ва маҳорат эъмол кунанд ва байни афроди навъашон ихтилоф бошад (ҳамон тавре, ки аз лиҳози ҷисмонӣ каму беш ихтилоф ҳаст) ва мебоист дар вазъи ҳаракоти ғаризии онҳо такомул ва тараққӣ ба вуҷуд ояд ҳамон тавре, ки дар инсон, ки корҳои хешро аз рӯйи фикр ва назар ва таълиму тааллум анҷом медиҳад, ҳамаи ин хусусиёт ҳаст.

е) Ҳидояти ғариза ба василаи як навъ “илҳоми ғайбӣ” сурат мегирад. Ҳукамои Ишроқ муддаӣ буданд, ки тадбири ҳаёти ҳар навъ аз анвои ҳайвонот, ба василаи як “нури мудаббир” сурат мегирад, ки он ҳам билохира мунтаҳӣ мешавад ба нуруланвор ва зоти воҷибулвуҷуд.

Ин назарияро бо далоили илмӣ наметавон рад кард ва агар аз ҳеч роҳ аз роҳҳои оддӣ ва табиӣ ҳаракоти ғаризӣ қобили тавҷеҳ набошад, ночор бояд ҳукм кард, ки ҳайвон дар ҳаракоти ғаризии худ ба василаи як нерӯи дигаре, ки муҳит бар вуҷудаш аст ҳидоят мешавад. Чизе, ки ҳаст, кайфияти илҳом ва кайфияти ёд гирифтан ва ҳидоят шудани ҳайвон, мутобиқи ин назария, бар мо равшан нест.

ё) Ҳаракоти ғаризии ҳайвон ҳама ҳаракоте аст аз рӯйи шуъур ва ирода ва қасд, ва лекин дар айни ҳол, ин фаъолиятҳо “фаъолияти тадбирӣ” нест, яъне ҳайвон фаъолиятҳои худро ба манзури натоиҷи табиии онҳо анҷом намедиҳад, балки аз натоиҷи табиии афъоли худ ба куллӣ бехабар аст. Чизе, ки ҳаст, вазъи сохтмони ҳар ҳайвоне (нисбат ба корҳои ғаризии махсуси худаш) тавре аст, ки аз он афъол табъан лаззат мебарад ва ҳайвон бидуни он ки аз натиҷаи он феъл огоҳ бошад ва бидуни он ки майл ба натиҷаи феъл ӯро таҳрик карда бошад, балки фақат барои лаззате, ки аз нафси феъл оиди ҳайвон мешавад, фаъолият мекунад.

Барои тавзеҳи матлаб метавон ду навъ фаъолияте, ки дар инсон дида мешавад, мавриди мутолеа қарор дод. Инсон ҳарчанд ҳар фаъолиятеро барои орзуе ва расидан ба як лаззате ва ирзои як тамоюле анҷом медиҳад, вале дар баъзе аз афъол мустақиман худи феълро намехоҳад, яъне худи феъл лаззатбахш нест, балки басо ҳаст мақрун ба ранҷ аст, ва лекин он феъл инсонро ба як мақсуди ниҳоӣ наздик мекунад, аз қабили шахм задани замин ва дона пошидан ва дарав кардан ва хирман кардан ва ғайра.., ки як нафар кишоварз барои як мақсуди аслӣ ва ниҳоӣ анҷом медиҳад. Дар ин гуна афъол, чун худашон матлуб ва мақсуд нестанд ва тамоюлоти инсонро ба сӯйи худ ҷазб намекунанд, лозим аст, ки инсон фоидаи табиии инҳоро бидонад ва қонунҳо ва қоъидаҳои саҳеҳи ин корҳоро бидонад, то онҳоро тавре анҷом диҳад, ки ба натиҷаи матлуб, яъне ба чизе, ки мустақиман осоиш ва оромиши хотири инсонро фароҳам мекунад ва як тамоюлеро хушнуд месозад бирасад. Дар ин гуна корҳо роҳнамои инсон фақат фикр ва андеша аст ва аз ин рӯ бояд аз тариқи таҷриба ва таъаққул ва таълиму тааллум ба даст ояд. Ин гуна фаъолиятҳоро метавон “фаъолияти тадбирӣ” истилоҳ кард.

Як қисм фаъолиятҳои дигар аст, ки инсон худи феълро мехоҳад, яъне худи феъл мустақиман лаззатбахш ва ирзоъкунандаи яке аз тамоюлот аст аз қабили тағаззӣ ва аъмоли ҷинсии ҳайвонот.

Ин гуна афъол худашон матлуб ва мақсуди ҳайвонанд ва тамоюлоти ҳайвонро ба сӯйи худ ҷазб мекунанд, яъне эҳсоси ҳар як аз ин афъол ба воситаи мулоимате, ки бо табъи ҳайвон дорад, ҳаяҷоне дар вай эҷод ва ӯро ба амал водор мекунад, назири ҳаяҷоне, ки худ ба худ аз дидани як манзараи зебо ё шунидани як овози хуш ва ё истишмоми як бӯи матбӯъ дар инсон пайдо мешавад, ки ба сирфи рӯ ба рӯ шудан ва инъикоси зеҳнии ин умур, ҷазбу инҷизоб пайдо мешавад. Ин гуна афъол ғоятҳои табиии муҳимме дорад ва табиати айнии хориҷии инсон аст, ки барои бақо ва камоли фард ё навъ, ин тамоюлотро ба вуҷуд овардааст, вале дар шуъури инсон ин натоиҷи табиӣ мунъакис намешавад, ва агар фаразан мунъакис бишавад (монанди инсони олим) боз ангеза ва муҳаррики нафсонӣ ҳамон ирзои тамоюл аст. Ин гуна фаъолиятҳоро метавон “фаъолияти илтизозӣ” истилоҳ кард.

Ҳаракоти ғаризии ҳайвонро метавон ҳаракоти илтизозӣ донист, на тадбирӣ. Яъне ҳайвонот (бар хилофи инсон) аз лиҳози вазъи тамоюлот ва нафсониёт тавре муҷаҳҳаз сохта шудаанд, ки аз ҷамиъи ҳаракоти ғаризии худ мустақиман лаззат мебаранд ва тамоми он корҳоро сирфан барои ҳамон лаззате, ки аз худи он афъол мебаранд анҷом медиҳанд бидуни он ки аз натиҷа ва фоидаи табиии амали худ огоҳ бошанд ва онро манзур бидоранд.

Ин назарияро низ бо далоили илмӣ наметавон сад дар сад ботил донист. Чизе, ки ҳаст, хеле баъид ба назар мерасад, ки ҳаракоте аз қабили лона сохтани парандагон сирфан илтизозӣ бошад ва ҳайвон аз натиҷаи кори худ ва қонуни кори худ бехабар бошад. Зеро қароин чунин намудор месозад, ки ҳайвон як мақсуди дигар аз кори худ дорад ва ин корро барои он мақсуди ниҳоӣ мекунад ва дар ин кори худ айнан мисли инсон, ки барои як мақсуди ниҳоӣ тадбир мекунад ва мутаҳаммили ранҷу заҳмат мешавад тадбир мекунад ва ба худ ранҷ медиҳад. Ба илова, рӯйи ин назария маълум нест, ки чаро инсон, ки қувваи ақл ва шуъур ва истеъдоди тадбир дар умур дорад, ин андоза аз лиҳози тамоюлот, ки ҳодии ғаризаи ӯст заъиф аст ва ҳайвон, ки ин истеъдодро надорад, дорои ин ҳама тамоюлоти аҷиб шуда, ки ҳатто занбӯри асал, ки лонаи худро бо ашколи мусаддас танзим мекунад, дар вуҷуди ӯ тамоюле офарида шуда, ки фақат аз ин навъ кор лаззат мебарад ва ӯ бидуни он ки дар шуъур ва қувваи идроки хеш фоидаи ин корро бидонад, фақат барои итоат аз он тамоюли махсус ин корро анҷом медиҳад.

Ин буд маҷмӯаи фарзияҳое, ки дар мавриди “ғариза” гуфта шуда ё метавон фарз кард.

Мавзӯи “ҳидояти ғариза” яке аз асроромезтарин масоили илмулҳаёт аст ва хушбахтона донишмандони қуруни ҷадида даст ба мутолеоти амиқе дар бораи кирдор ва рафтори ғаризии ҳайвонот задаанд ва аҷоибе дар ин заминаҳо кашф кардаанд ва ҳар чӣ мутолеот ва мушоҳидот дар ин замина бештар шавад, заминаи таҳқиқи фалсафӣ дар моҳияти “ғариза” фароҳамтар хоҳад шуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: