Номаи Энгелс ба Моркс дар бораи адабиёти порсӣ

Ба баҳонаи зодрӯзи Корл Моркс

Дирӯз (5 май), зодрӯзи Корл Моркс, файласуф, иқтисоддон ва сиёсатмадори олмонӣ буд. Бар асоси дидгоҳҳо ва назарияҳои фалсафӣ ва иқтисодии ӯ ва рафиқаш Энгелс буд, ки дар ибтидои қарни 20-ум дар Русия инқилоб барпо ва ҳудуди 80 сол низоми кумунистӣ дар ин сарзамин ва ҳамчунин чанд кишвари ҳамсояи Русия аз ҷумла Тоҷикистон барқарор шуд. Дар ин ҷустор, на мехоҳам дар бораи шарҳи ҳоли зиндагии ин шахсият бинависам ва на дар бораи дидгоҳҳо ва афкораш, балки ин муносибатро баҳона қарор дода, номаи кӯтоҳеро, ки Энгелс ба ӯ дар бораи забони порсӣ навишта, пешкаши хонандаи азиз намоям.

Ин нома дар Маҷмӯаи осори Моркс ва Энгелс омадааст ва тарҷумаи порсии ин санади торихиро аз сойти Овонгорд нақл мекунем.

Фридриш Энгелс, ки дӯст ва ҳамроҳи Корл Моркс буд, тайи номае ба Моркс дар бораи порсӣ ва адабиёти порсӣ нуктаҳоеро ёдовар мешавад, ки ҷойи таваҷҷӯҳ дорад.

Матни ин нома ба шарҳи зерин аст:

* * *

Чанд ҳафтаест, ки дар паҳнаи адабиёт ва ҳунари Машриқзамин ғарқ шудаам. Аз фурсат истифода карда ва ба омӯхтани забони порсӣ пардохтаам. Он чӣ то кунун монеъ шудааст то ба омӯхтани забони арабӣ бипардозам, аз як сӯ нафрати зотии ман ба забонҳои cомӣ аст ва аз сӯйи дигар вусъати ғайриқобили тавсифи ин забони душвор бо ҳудуди чаҳор ҳазор реша, ки дар ду то сеҳазор сол шакл гирифта.

Баръакс, забони порсӣ, забонест бисёр осон ва роҳат. Агар алифбои арабӣ набуд, ки ҳамеша панҷ, шаш ҳарф тақрибан яксадо талаффуз мешаванд ва эъроб низ рӯйи калимаҳо гузошта намешавад, ки душвориҳое дар хондан ва навиштан ба вуҷуд меоварад, бо ин ҳол, қавл медиҳам, ки дар 48 соат дастури забони порсиро фаро бигирам. Ин ҳам ба далели лаҷбозӣ бо оқои Пипер (Pieper) (1). Агар ӯ хеле моил аст, ки бо ман ба рақобат бархезад, ин гӯю ин майдон.

Замонеро, ки барои фарогирии забони порсӣ дар назар гирифтаам, ҳаддиаксар се ҳафта аст. Ҳол агар оқои Пипер тавонист дар ду моҳ ин забонро беҳтар аз ман ёд бигирад, изъон мекунам, ки ӯ дар заминаи фарогирии забон аз ман ба маротиб беҳтар аст.

Барои оқои Войтлинг (Weitling) (2) бисёр мутаассифам, ки порсӣ намедонад. Зеро агар ошноӣ бо ин забон дошт, метавонист он забони ҷаҳониро, ки дар орзу дошта, биёбад. Ба ақидаи ман, порсӣ танҳо забонест, ки дар он мафъули бевосита ва бовосита вуҷуд надорад.

Дар зимн, Ҳофиз, пири хароботиро ба забони аслӣ хондан, лаззате дорад, ки мапурс! Аммо Сэр Вилём Ҷунз (William Jones) (3) бо ишқи вофире калимоти зишту ракикро дар ашъори Ҳофиз ба кор бурдааст ва ҳамон ароҷифро ба унвони мисол ва шоҳид дар китоби “Poesis Asiaticae Commentaras” нақл карда ва ба шеъри юнонӣ даровардааст.

Ҷолиб ин ҷост, ки ӯ тарҷумаи ҳамон китобашро ба забони лотин, моварои вақоҳат ва пур аз суханони зишту ракик хонда ва риоят накардани иффати калом дониста.

Бидуни шак, ҷилди дуввум аз маҷмӯаи осори Ҷунз дар бораи ашъори ошиқона барои ту бисёр саргармкунанда хоҳад буд. Аммо бахши адабиёти порсӣ ба лаънати Иблис ҳам намеарзад”. (4)

 

Бахше аз нома ба Моркс, 6 июни соли 1853 аз Маҷмӯаи осори Моркс ва Энгелс

* * *

Пайнавишт:

(1) Вилҳелм Пипер (мутаваллиди 1826), забоншинос ва рӯзноманигор, узви Иттиҳодияи кумунистҳо, ҷузъи муҳоҷирине, ки дар Ландан зиндагӣ мекард.

(2) Вилҳелм Войтлинг пас аз ошноӣ бо Моркс ва Энгелс, аз кумунистҳои ифротӣ шуд ва дар соли 1849 ба Омрико муҳоҷират кард. Ӯ дар орзуи як забони ҷаҳонӣ буд ва барои ин манзур забони олмониро пешниҳод карда буд, мунтаҳо бо ҳазфи мафъули бовосита ва бевосита.

(3) Сэр Вилём Ҷунз, аввалин мутарҷими девони Ҳофиз ба ангилисӣ.

(4) Ба далели тарҷумаи номуносиби Ҷунз.



Рубрики:Забон ва адабиёт, Пароканда, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , ,

1 reply

  1. В тексте, под языком «фарси» подразумевается фарси и таджикский язык.Эти два языка имеют разницу. Фарси — 28 знаков. Таджикский — 39 знаков. Подробности в книге «Лабиринты истории», изд. 2013, «Хуросон».

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: