Ислом ва Эронзамин (13)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (1)

Мавҳибат ё фоҷеа?

Баҳси мо дар ин бахш ва бахши баъд аз он, дар бораи хадамоти мутақобили ислом ва Эрон аст. Яъне хадамоте, ки ислом ба Эрон ва эронӣ кардааст, ва хадамоте, ки мутақобилан Эрон ва эронӣ ба ислом кардаанд.

Хидмате, ки як кеш ё маслак ба як миллат метавонад бикунад, чӣ гуна ва аз чӣ навъ аст? Бадеҳӣ аст, ки ба сурати баровардани як ниёзи онӣ нест, ки масалан дар як ҷанг нерӯ ба кӯмаки онҳо бифиристад, ё дар як хушксолӣ озуқа ворид кунад ва ё як корхона барои онҳо таъсис намояд. Хеле асоситар аз инҳост. (Балки) ба ин аст, ки таҳаввуле муфид ва самарабахш дар андеша ва руҳи онҳо ба вуҷуд оварад, тарзи тафаккури онҳоро дар ҷиҳати воқеъбинӣ нав кунад, ахлоқ ва тарбияти онҳоро беҳбуд бахшад, сунан ва низомоти кӯҳна ва даступогири онҳоро барандозад ва ба ҷойи онҳо, сунан ва низомоти зинда ҷойгузин созад, имон ва идеяе олӣ ба онҳо илҳом намояд, шӯру ҳаяҷони кору кӯшиш ва доништалабӣ ва некӯкорӣ ва азхудгузаштагӣ дар онҳо ба вуҷуд оварад. Вақте, ки чунин шуд, биттабъ зиндагии иқтисодии онҳо беҳбуд меёбад, нерӯҳои инсониашон ба кор меафтад, истеъдодҳои илмӣ, фалсафӣ, фаннӣ, ҳунарӣ, адабиашон мешукуфад ва билохира дар ҳамаи шуъуни он чизе, ки “тамаддун” номида мешавад, такомул сурат мегирад.

Ва аммо хидмате, ки як миллат ба як кеш ва ё маслак мекунад ба ин аст, ки дар роҳи таблиғ ва тарвиҷи он кеш ва тадвин ва ишоъаи фарҳанги он мекӯшад, ба тавзеҳ ва тафсири мафоҳими он ҳиммат мегуморад, ба забони он хидмат мекунад, милали дигарро бо он ошно месозад, бо ҷону моли худ аз он дифоъ мекунад ва дар роҳаш сарбозӣ ва ҷонфишонӣ менамояд ва дар ҳамаи заминаҳо хулуси ният ва азхудгузаштагӣ нишон медиҳад.

Баҳси мо дар ин бахш, дар бораи қисмати аввал, яъне хадамоти ислом ба Эрон аст, ва қисмати дуввум, яъне хадамоти Эрон ва эрониён ба исломро дар бахши севвуми ин китоб мутаъарриз хоҳем шуд.

Акнун бо миқёсе, ки ба даст додем, бояд бибинем, оё ислом ба Эрон хидмат кард ё на? Оё ислом Эронро озод кард ва руҳи тозае дар пайкари эронӣ дамид ва торихи Эронро дар масири беҳтаре андохт ва сабаб шуд истеъдодҳои мардуми ин сарзамин бишукуфад ва самар бидиҳад? Ё баръакс, Эронро дар ихтиноқ фурӯ бурд ва истеъдодҳоро рокид кард ва торихи Эронро дар як масири инҳирофӣ андохт ва тамаддуни эрониро зойеъ ва табоҳ сохт? Оё ислом мӯҷиб шуд, ки эрониёни олиқадр дар ҷаҳони илм ва фалсафа ва ирфон ва ҳунар ва санъат ва ахлоқ зуҳур кунанд ва баландовоза шаванд ва номашон ҷаҳонгир гардад? Ё баръакс, монеи зуҳури чунин мардоне шуд ва агар дар ҷаҳони ислом эрониёне инчунин зуҳур кардаанд, на аз он ҷиҳат аст, ки ислом заминаи мусоиде фароҳам кард, ислом ҳеч таъсире дар зуҳури чунин мардоне аз Эрон надоштааст, зуҳури мардоне назири Бӯалӣ ва Абӯрайҳон ва Хоҷа Насируддини Тӯcӣ танҳо ва танҳо мавлуди қареҳаи эронӣ ва тамарруд ва исён нисбат ба ислом будааст? Билохира, оё ислом барои Эрон мавҳибат буд ё фоҷеа?

Он чӣ қатъӣ ва мусаллам аст ин аст, ки пас аз зуҳури ислом ва ташкили ҳукумати исломӣ ва гирд омадани милали гуногун дар зери як парчам ба номи парчами ислом, тамаддуне азим ва шукӯҳманд ва бисёр камназир ба вуҷуд омад, ки ҷомеашиносӣ ва торих онро ба номи “тамаддуни исломӣ” мешиносад. Дар ин тамаддун миллатҳои гуногун аз Осиё ва Офриқо ва ҳатто Урупо ширкат доштанд ва саҳим буданд. Эрониён ҷузъи милале ҳастанд, ки дар ин тамаддун шарик ва саҳиманд ва ба иттифоқи ҳамаи соҳибназарон, саҳми умда азони эрониён аст.

Ҳақиқати матлаб чист? Оё ҳамон тавр, ки номи он ҳикоят мекунад, воқеан тамаддуни исломӣ аст, яъне воқеан ислом омили аслӣ ва муҳаррики асосӣ ва бавуҷудоварандаи шароити ин тамаддун ва фарҳанг буда ва руҳи ҳоким бар он, руҳи исломӣ аст? Ё иллатҳо ва асбоб ва мӯҷибот ва ангезаҳои дигаре дар кор будааст ва ҳар миллате, ва аз он ҷумла миллати Эрон, ба мӯҷиби хосс ва ангезае, ки танҳо бо собиқаи торихии ӯ марбут аст, саҳми худро ифо кардааст?

Баррасии ин баҳси торихӣ ва иҷтимоӣ ва динӣ мусталзими ин аст, ки торихи Эрон муқорини зуҳури исломро варақ бизанем ва низомоти фикрӣ, эътиқодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, хонаводагӣ, ахлоқии он аҳдро таҳқиқ ва баррасӣ кунем ва бо он чӣ ислом дар ин заминаҳо овард ва ба Эрон дод, муқоиса кунем, то битавонем ба натиҷагирии саҳеҳ ноил ойем.

Хушбахтона, торихи ислом ва ҳамчунин торихи Эрон муқорини зуҳури ислом равшан аст. Ба суҳулат метавон ҳақиқатро дарёфт ва чунонки медонем, дар ним қарни ахир дар бораи ин матлаб зиёд баҳс мешавад. Нахустин бор урупоиён ин масъаларо тарҳ кардаанд. Қаблан, мардуми Эрон монанди ҳамаи мардуми дигари ҷаҳон одат надоштанд дар бораи ин гуна масоил биандешанд, вале имрӯза дар бораи ин гуна матолиб бисёр баҳс мешавад. Аммо мутаассифона асри мо ва лоақал кишвари мо ҳанӯз марҳилаи “таблиғ”-ро тай мекунад ва камтар ба “таҳқиқ” мепардозад. Афроде тӯтивор аз неъмати ислом барои Эрон дам мезананд ва афроде дигар низ ба ҳамин минвол нуқтаи муқобили онро тарҳ мекунанд ва нуфузи исломро ба Эрон як фоҷеа барои Эрон талаққӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир рӯзе нест, ки рӯзномае ё маҷаллае ё китобе дар ин мавзӯъ қаламфарсоӣ накунад ё дар радио ва телевизион сухане дар ин бора гуфта нашавад. Болотар ин ки китобҳои торихӣ ва ҷуғрофиёии дабистонҳо ва дабиристонҳо низ аз талқини як силсила матолиб дар ин замина худдорӣ намекунанд.

Мо алоқамандем бидуни таассуб ва ҷонибдорӣ ва дар камоли бетарафӣ, ин мавзӯъро расидагӣ кунем. Мӯътақидем, заминаи таҳқиқ дар ин мабҳас хеле омода аст. Хушбахтона, гурӯҳе аз муҳаққиқони урупоӣ ва тане чанд аз эрониён то ҳудуде дар ин масъала таҳқиқ кардаанд ва мо дар суханони худ ба гуфтаҳои онон бисёр истинод хоҳем кард.

* * *

Изҳори назарҳо (1)

Барои ин ки намунае аз ақоиди мухталифе, ки дар ин замина иброз мешавад ба даст дода бошем, чанд намунаро зикр мекунем.

Оқои Тақизода дар хитобаи “Таҳаввулоти иҷтимоӣ ва мадании Эрон дар гузашта” ба нақли оқои дуктур Муъин дар китоби “Маздаясно ва адаби порсӣ” чунин мегӯяд:

Ислом… ойине нав, дорои маҳосин ва усул ва қавонини муназзам овард, ва интишори ислом дар Эрон руҳи тоза ва имони қавитар дамид, ки ду мояи матлуб низ бар асари он ба ин диёр омад: яке, забони бисёр ғанӣ ва пурмоя ва васеъ яъне арабӣ буд… Ин забон вақте, ки ба Эрон омад ва ба тадриҷ бо забони латиф ва нағз ва дилкаши ориёӣ ва тамаддуни эронӣ мамзуҷ ва таркиб шуд ва ҷӯши комил хӯрд… барои мо забоне ба вуҷуд овард, ки лоиқи баёни ҳамаи матолиб гардид. Ва намояндаи дурахшони он Саъдӣ ва Ҳофиз ва Носири Хусрав ва амсоли онҳо ҳастанд… Дигаре, улум ва маориф ва тамаддуни бисёр олии пурмояе буд, ки ба василаи тарҷумаҳои китобҳои юнонӣ ва сурёнӣ ва ҳиндӣ ба забони арабӣ, дар машриқи исломӣ ва қаламрави хилофати шарқия аз авосити қарни дуввум то охирҳои қарни севвум байни мусалмонони ошно ба забони арабӣ ва бахусус эрониён интишор ёфт… Аз уқёнуси бекарони улум ва фунун ва одоби ҳикмати юнонӣ, нисбатан кам китобе — ки дар қарни дуввум мавҷуд буд — монд, ки мусалмонон тарҷума накарданд… Бар асари он тарҷумаҳои арабӣ аз юнонӣ, илм ва ҳикмат ва ҳамаи фунун чунон дар мамолики исломӣ ва махсусан дар Эрон ривоҷ ёфт, ки ҳазорон олими номдор монанди Ибни Сино ва Форобӣ ва Берунӣ ва Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ва ғайруҳум бо даҳҳазорон таълифи муҳим (албатта 99 дарсад ба арабӣ) ба зуҳур омаданд ва тамаддуни бисёр дурахшони исломии қуруни 2 то 7 ислом, ки шояд пас аз Юнон ва Рум бузургтарин ва олитарин тамаддуни дунё бошад, ба вуҷуд омад…

Оқои Тақизода дар ин гуфтори худ ҳамин қадр мегӯянд, ислом ба Эрон руҳи тоза дод, дар бораи ин матлаб баҳсе намекунанд, ки ислом аз Эрон чӣ чизро гирифт ва чӣ чиз ба он дод, ки дар натиҷа Эрон руҳи тоза ёфт. Мо саъй мекунем иншоаллоҳ дар ин китоб то ҳудуде ин матлабро равшан кунем. Эшон фақат ишоратан мегӯянд: “усули адолат ва қавонини муназзам овард”, ки албатта инҳо қисмате аст аз он чӣ ислом оварда ва додааст. Эшон дар сухани худ сареҳан иддао мекунанд, ки ин ислом буд, ки заминаро барои шукуфтани истеъдодҳои адабӣ ва ҳикмати амалӣ аз қабили Саъдӣ ва Ҳофиз ва Носири Хусрав ва барои шукуфтани истеъдодҳои фалсафӣ ва тиббӣ ва риёзӣ аз қабили Ибни Сино ва Форобӣ ва Розӣ ва Берунӣ фароҳам кард.

Оқои Зайнулобидини Раҳнамо дар муқаддимаи тарҷума ва тафсири Қуръон чунин менависад:

Зуҳури дини ислом дар Арабистон яке аз бузургтарин инқилобҳои торихи башарӣ буд… Дар аввали садаи ҳафтуми масеҳӣ шурӯъ шуд ва ба тадриҷ дар муддати кӯтоҳе тамоми шибҳиҷазираи Арабистонро фаро гирифт. Пас аз он, ба кишварҳои муҷовир ҳам, ки дорои барҷастатарин тамаддун ва фарҳанги он аср буданд рӯ овард. Тағйирот ва таҳаввулоти шигарф ва бисёр жарфе, ки дар мардум ва ҷомеаи он кишварҳо ба номи усули мазҳабӣ ба вуҷуд овард, аз шигифтиҳои пур аз рамзи ҳаёти башарӣ аст, ки бисёре вобастагиҳои беҳудаи зиндагиро аз миён бурд ва бисёре аз бастгиҳои ҷадидро, ки аз ҳар занҷири пӯлодин муҳкамтар буд, дар дил ва фикри мардум офарид. Ин инқилоб ба номи тамаддуни ҷадид, на танҳо Арабистони мурда ва саҳрои беобу алафи сокит ва бесару садоеро, ки мардумаш ба ҷуз ангуштшуморе ношинос буданд, ба Арабистони пурсару садое, ки ҳазорон фарди он ба номҳо ва ановин ва барҷастгиҳои ахлоқӣ шинохта шуданд табдил кард, балки фалсафаҳо ва андешаҳои навине барояшон овард. Агарчӣ порае аз решаҳои он аз тамаддуни ду кишвари бузурги муҷовири он (Эрон ва Рум) обёрӣ шуда буд, бо вуҷуди ин, барои он ду кишвар ҳам бисёр тозагӣ дошт; ба манзилаи дуруси нави осмонӣ ва фалсафаҳое аз адолатхоҳӣ ва парҳезгорӣ алайҳи ситамгарӣ ва бедод буд, ки монанди обҳои хунук ва гуворое дар дили ташнаи афроди он ва дар мағзи мутафаккири ҷӯяндагони онҳо ҷойгузин гардид. Ин ғалабаи фикрӣ ба номи “казо” кори бузурги ислом бар иҷтимоъот ва мардуми он ду кишвари бузург ва русухи таълимоти додхоҳӣ дар мардуми ситамдидаи онҳо, ки роҳашон аз халқ бурида шуда ва фақат ба сӯйи холиқ боз монда буд, танҳо ба унвони пирӯзии побараҳнаҳо бар чакмапӯшҳо ва ғалабаи силоҳи кӯҳна бар силоҳи нав, ё ғалабаи бесилоҳҳо бар силоҳдорон набуд, балки — чунонки гуфтем — ғалабаи андешаи нав ва додхоҳии гурӯҳи мазлумон бар ҷамъияти золимон ва пирӯзии ситамдидагон бар ситамгарон буд. Ин фикр ва эҳсос дар мардуми он кишварҳо чунон русухе кард, ки барои барандохтани ҳукуматҳои худашон, бо парчамдорони ойини исломӣ ҳамовоз ва ҳамфикр шуданд ва осори ин ғалабаи маънавӣ имрӯз ҳам, ки якҳазору чандсад сол аз он зуҳур ва пайдоиш мегузарад, дар хонаи яко-яки афроди миллатҳои имоноварда барқарор аст, дар сурате, ки аз пирӯзии ҷангӣ ва ҷанговарони фотеҳи араб кучактарин асаре дар ин кишварҳо боқӣ намондааст”.

Ба ақидаи оқои Раҳнамо, ислом вобастагиҳои беҳударо аз байн бурд ва вобастагиҳои пӯлодин ба вуҷуд овард, фалсафаҳо ва андешаҳои навине арза ва ироа кард, ғалабаи ислом ғалабаи андешаи нав бар андешаи кӯҳна буд, на ғалабаи қавме бар қавми дигар, ғалабаи ислом ғалабаи адолатхоҳӣ ва парҳезгорӣ буд бар ситамгарӣ ва табаҳкорӣ, омили аслии пирӯзии ислом мардуми араб набуданд, балки тӯдаҳои маҳрум ва ташнаи ҳақиқат ва адолати худи он сарзаминҳо буданд, ки дар партави як андешаи осмонӣ бар қудратҳои аҳримании ҳоким бар иҷтимоъоти худ шӯриданд.

Оқои дуктур Абдулҳусайни Зарринкӯб дар китоби “Корномаи ислом” дар баҳс аз иллатҳои тамаддуни азим ва бошукӯҳи исломӣ мегӯяд:

… Он чӣ ин мояи тараққиёти илмӣ ва пешрафтҳои моддиро барои мусалмонон муяссар сохт, дар ҳақиқат ҳамон ислом буд, ки бо ташвиқи мусалмонон ба илм ва тарвиҷи нашоти ҳаётӣ, руҳи муъозадат ва тасомуҳро ҷонишини таассуботи дунёи бостонӣ кард. Ва дар муқобили руҳбонияти калисо, ки тарк ва инзиворо тавсия мекард, бо тавсияи мусалмонон ба “роҳи васат”, тавсиъа ва такомули санъат ва илми инсониро тасҳил кард. Дар дунёе, ки ислом ба он ворид шуд, ин руҳи тасоҳул ва эътидол дар ҳоли завол буд. Аз ду нерӯи бузурги он рӯзи дунё (Бизонс ва Эрон), Бизонс дар асари таассуботи масеҳӣ, ки рӯз ба рӯз дар он бештар ғарқ мешуд, ҳар рӯз алоқаи худро беш аз пеш бо илм ва фалсафа қатъ мекард. Таътили фаъолияти фалосифа ба василаи Жустинён, эъломи қатъи иртиботи қарибулвуқӯъ буд байни дунёи Рум бо тамаддун ва илм. Дар Эрон ҳам изҳори алоқаи Хусрави Анушервон ба маърифат ва фикр, як давлати мустаъҷил буд, ва боз таассуботе, ки Бурзуяи табиб дар муқаддимаи “Калила ва Димна” ба он ишорат дорад, ҳар навъ эҳёи маърифатро дар ин сарзамин ғайримумкин кард. Дар чунин дунёе, ки асири таассуботи динӣ ва қавмӣ буд, ислом нафхаи тозае дамид, чунонки бо эҷоди дорулислом, ки маркази воқеии он Қуръон буд — на Шом ва на Ироқ — таассуботи қавмӣ ва нажодиро бо як навъ ҷаҳонватанӣ чора кард. Дар муқобили таассуботи динии насоро ва маҷус, тасомуҳ ва таоҳуд бо аҳли китобро тавсия кард ва алоқа ба илм ва ҳаётро. Ва самараи ин дарахти шигарф, ки на шарқӣ буд ва на ғарбӣ, баъд аз басти футуҳоти исломӣ ҳосил шуд”.

Аз назари оқои дуктур Зарринкӯб, ислом ба дунёе по гузошт, ки дар ҳоли рукуд ва ҷумуд буд. Ислом бо таълимоти мабнӣ бар ҷустуҷӯи илм ва тарки таассуботи қавмӣ ва мазҳабӣ ва эъломи имкони ҳамзистӣ бо аҳли китоб, ғиллҳо ва занҷирҳое, ки ба таъбири худи Қуръон, ба дасту по ва гардани мардуми ҷаҳони он рӯз баста шуда буд, пора кард ва заминаи рушди як тамаддуни азим ва васеъро фароҳам сохт.

Профессор Эрнест Кунели олмонӣ (Ernst Kühnel), устоди ҳунари исломӣ дар донишгоҳи Берлин дар солҳои 1935-1964, дар муқаддимаи китоби “Ҳунари исломӣ” мегӯяд:

Иштирок дар мӯътақадоти динӣ дар ин ҷо, таъсире қавитар аз он чӣ дар дунёи масеҳият вуҷуд дорад, бар фаъолиятҳои фарҳангии милали мухталиф доштааст. Иштирок дар мазҳаб боис шуда то бар рӯйи ихтилофоти нажодӣ ва сунани бостонии миллатҳо “пул” баста ва аз фарози он на танҳо алоиқи маънавӣ, балки ҳатто одоб ва русуми кишварҳои гуногунро ба тарзи ҳайратангезе дар ҷиҳати равшан ва мушаххасе ҳидоят намояд. Чизе, ки беш аз ҳама дар ин феълу инфиъол ҷиҳати эҷоди ваҳдат ва посух ба ҷамиъи масоили зиндагӣ қотеъият дошт, Қуръон буд. Интишори Қуръон ба забони аслӣ ва фармонравоии мутлақи хатти арабӣ, пайванде ба вуҷуд овард, ки тамоми дунёи исломро ба ҳам марбут сохт ва омили муҳимме дар халқи ҳар навъ асари ҳунарӣ гардид. Табоюн дар ҳунари динӣ ва ғайрдинӣ он тавр, ки дунёи ғарб мешиносад, дар ин ҷо ба куллӣ аз байн рафтааст. Албатта ибодатгоҳҳо ба иллати эҳтиёҷоти амалӣ, шакли меъмории хоссе пайдо кардаанд, вале тазйини онҳо дуруст мутобиқи қоидаҳое буда, ки дар мавриди биноҳои ғайрдинӣ ҳам риоят шудааст”.

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

Он чӣ дар ин ҷо камоли аҳаммиятро дорад ин аст, ки бо вуҷуди бархӯрдҳои шадиди сиёсӣ дар қуруни вусто, байни тамоми кишварҳои исломӣ равобите вуҷуд дошт, ки на танҳо муомилоти тиҷориро равнақ медод, балки имкони тавсиъа ва табодули пешрафтҳои фарҳангиро низ муяссар месохт. Сафарномаҳои ҷаҳонгардон ва ҷуғрофиёдонони бузурги араб ҳокӣ аз он аст, ки чӣ гуна мардуми як кишвар аз имтиёзҳои кишварҳои дигар мутталеъ будаанд. Бинобар ин, ҷойи ҳеч гуна тааҷҷубе нест агар мебинем, ки кашфиёти текникии ҷадид ва пешрафтҳои ҳунарӣ бо суръат ба ҳама ҷо роҳ пайдо кунад. Ҳар кас дар мактаби ҷаҳонбинии ғарбӣ таълим дидааст, бояд пеши худ муҷассам кунад, ки дар дунёи ислом шароити аввалияи дигаре ҳукмфармо буд ва ин шароит беш аз ҳар чиз дар халқи осори ҳунарӣ муассир буд”.

Он чӣ ин донишманд мегӯяд, агарчӣ махсуси Эрон нест ва шомили тамоми қаламрави исломӣ мешавад, вале ба ҳар ҳол шомили Эрон ҳам ҳаст. Нуктаи ҷолиб дар баёни ин донишманд ин аст, ки мегӯяд, мусалмонон аз нажодҳои мухталиф бар рӯйи ихтилофоти нажодии худ пул баста буданд. Яъне ислом барои аввалин бор тавонист куллияте ва ваҳдате сиёсӣ ва иҷтимоӣ бар асоси ақида ва марому маслак ба вуҷуд оварад, ва ҳамин ҷиҳат тасҳилоти зиёде аз лиҳози эҷоди тамаддуне азим ва васеъ ба вуҷуд овард. Аз ин гуна изҳори назарҳо фаровон метавон ёфт.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: