Се ҳикояти дарсомӯз

“Ҷавоби аблаҳон хомӯшист”

Нақл аст, ки Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино вақте аз сафараш ба ҷойе расид, аспро бар дарахте баст ва коҳ пеши ӯ рехт ва суфра пеши худ ниҳод, то чизе бихӯрад.

Рустоӣ савор бар улоғ он ҷо расид, аз хараш фуруд омад ва хари худро дар паҳлӯи аспи Абӯалӣ ибни Сино баст, то дар хӯрдани коҳ шарики ӯ шавад. Ва худро ба Шайх ниҳод, то бар суфра нишинад.

Шайх гуфт:

— Харро паҳлӯи аспи ман мабанд, ки ҳамин дам лагад занад ва пояш бишканад.

Рустоӣ он суханро нашунида гирифт, бо Шайх ба нон хӯрдан машғул гашт. Ногоҳ асп лагаде зад.

Рустоӣ гуфт:

— Аспи ту хари маро ланг кард.

Шайх сокит шуд ва худро лол зоҳир намуд. Рустоӣ ӯро кашон-кашон назди қозӣ бурд. Қозӣ аз ҳол суол кард. Шайх ҳамчунон хомӯш буд.

Қозӣ ба рустоӣ гуфт:

— Ин мард лол аст?

Рустоӣ гуфт:

— Ин лол нест, балки худро лол зоҳир сохта, то ин ки товони хари маро надиҳад. Пеш аз ин бо ман сухан гуфта.

Қозӣ пурсид:

— Бо ту сухан гуфт?

Ӯ ҷавоб дод:

— (Ин мард ба ман) гуфт харро паҳлӯи аспи ман набанд, ки лагад бизанад ва пояш бишканад.

Қозӣ хандид ва бар дониши Шайх офарин гуфт.

Шайх посухе гуфт, ки з-он пас дар забони порсӣ масал гашт:

“Ҷавоби аблаҳон хомӯшист”.

(Манбаъ: Амсол ва ҳиками Алиакбари Деҳхудо)

* * *

Кадом қисмати намозро бештар дӯст доред?

Аз Молики Динор, ки орифи бузурге дар Басра буд, пурсиданд:

— Кадом қисмати намозро бештар дӯст дорӣ?

Гуфт:

— Бипурсед, кадом қисматро дӯст надорам?

Афзуд: Агар

اياك نعبد واياك نستعين

(Фақат туро мепарастем ва фақат аз ту кӯмак мехоҳем (Сураи Фотеҳа)) ояти Қуръон набуд, ҳаргиз намехондам. Чун вақте мегӯям, Худоё, ман туро мепарастам, дар ҳоле ки худро мепарастам, ва мегӯям, аз ту кӯмак мехоҳам, дар ҳоле ки суратам ва ниятам самти ҳама кас мечархад магар Худо, аз худ нанг ва шармам меояд. Мехоҳам аз нифоқе, ки дар дил дорам, бимирам, вале ин оятро нахонам…

(Манбаъ: Тазкиратул-авлиёи Аттори Нишопурӣ)

* * *

Бист сол маъсият

Ҷавоне дар Банӣ Исроил зиндагӣ мекард ва ба ибодати Ҳақ Таъоло машғул буд; рӯзҳоро ба рӯза ва шабҳоро ба намоз ва тоат. То бист сол кораш ҳамин буд. То ки як рӯз фиреб хӯрда ва кам-кам аз Худо канора гирифт ва ибодатҳоро табдил ба маъсият ва гуноҳ кард ва аз ҷумлаи гунаҳкорон қарор гирифт ва дар ин кор бист сол боқӣ монд.

Як рӯз омад ҷилави ойина, то худро бибинад. Нигоҳ кард, дид, мӯҳояш сафед шуда, аз маъсиятҳои худ бадаш омад ва аз кардаҳои худ сахт пушаймон гардид.

Гуфт, Худоё! Бист сол ибодат ва бист сол маъсият кардам. Агар баргардам ба сӯйи ту, оё қабулам мекунӣ?!

Садое шунид, ки мефармояд:

أحببتنا فأحببناك وتركتنا فتركناك وعصيتنا فأمهلناك وإن رجعت إلينا قبلناك

То он вақте ки моро дӯст доштӣ, мо ҳам туро дӯст доштем. Таркамон кардӣ, мо ҳам таркат кардем. Маъсияти моро кардӣ, туро мӯҳлат додем. Ҳол, агар баргардӣ ба ҷониби мо, қабулат мекунем!

Пас, тавба намуд ва яке аз обидон гардид.

(Эҳёи улуми дини Ғаззолӣ, 4/15, Ашшомила)

Боз-о, боз-о, ҳар он чӣ ҳастӣ боз-о

Гар кофару габру бутпарастӣ, боз-о

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест

Сад бор агар тавба шикастӣ, боз-о

(Абӯсаъиди Абулхайр)



Рубрики:Достон ва ҳикоёт, Инсони муваффақ, Пароканда, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: