Нигоҳе ба поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум аз зовияе дигар

9 май ёдовари поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум ва солрӯзи таслими артиши Олмони нозӣ ба нерӯҳои муттафиқин ва суқути Берлин аст. Ин рӯзҳо маъмулан расонаҳои ҷаҳон фақат аз ҷиноятҳои Олмони нозӣ ва Ҳитлер ва женеролҳои нажодпарасташ ёд мекунанд, вале ҷиноятҳое, ки муттафиқин дар ин ҷанг муртакиб шудаанд, аслан мавриди таваҷҷӯҳ қарор намегирад.

Муттафиқин (муташаккил аз Омрико, Ангилис ва Шуравӣ), ки фотеҳони ҷанги ҷаҳонии дуввум маҳсуб мешаванд, ҳеч гоҳ бобати амалкарди худ дар додгоҳҳои байналмилалӣ мавриди суол қарор нагирифтанд. Дар воқеъ, расидагӣ ба ҷиноятҳои ҷангӣ, ки солҳо пас аз ҷанг идома дошт, танҳо ба ҷиноятҳои шикастхӯрдагони ҷанг (Олмон ва Жопун) ихтисос дошт. Ин дар ҳоле аст, ки ҳатто бобати ҷинояти ҳавлноке монанди истифода аз бомби атомӣ аз сӯи Омрико — ки чанд моҳ баъд аз поёни ин ҷанг, Омрико ду бомби атомиро дар Ҳирушимо ва Нокозокӣ озмоиш кард ва мунҷар ба марги дардноки 350 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Жопун шуд — ҳеч додгоҳи байналмилалӣ ташкил нашудааст.

Илова бар ин, ривоятҳои фаровоне аз ҷиноятҳои муттафиқин дар тӯли ҷанг вуҷуд дорад, ки алорағми интишори осори мутаъаддид дар мавриди онҳо, ҳамчунон дар нимаи торики торихи ин ҷанг қарор доранд.

15 ҳазор бомб дар 18 дақиқа

1681900

Дар шимоли Олмон шаҳри начандон бузурге ба номи Эмден вуҷуд дорад, ки дар ҷанги ҷаҳонии дуввум тавассути ҳавопаймоҳои конодоӣ дар 18 дақиқа то 80 дарсад нобуд шудааст. Ин шаҳри бандарӣ ба ҳамроҳи сокинонаш ба коми марг фурӯ рафтааст. Дар рӯзи 6 сентябри 1944 буд, ки 181 ҳавопаймои ҷангии конодоӣ дар арзи танҳо 18 дақиқа, 15 ҳазор бомб ба ин шаҳри бандарӣ партоб карданд. Охирин ҳамлаи ҳавоӣ ба ин шаҳр дар торихи 25 апрели соли 1945 сурат гирифт. Эмден аз ҷумлаи шаҳрҳои урупоӣ аст, ки бештарин садама ва тахрибро дар ҷанги ҷаҳонии дуввум мутаҳаммил шуданд.

Беш аз як милюн асири олмонӣ кушта шуданд

1681902

Пас аз суқути Ҳитлер шуморе дар ҳудуди 3 милюн сарбози олмонӣ ба асорати артиши Шуравӣ даромаданд ва ағлаби онҳо ба урдугоҳҳои кори иҷборӣ дар сар то сари Шӯравӣ ба вижа Сибир ва Қазоқистон фиристода шуданд. Ҳангоме ки 10 сол баъд, охирин гурӯҳ аз ин асирон ба кишварашон бозгаштанд, ҳудуди 1 милюн нафар аз онон дар даврони асорат ҷони худро аз даст дода буданд. Урдугоҳҳое, ки сарбозони олмонӣ дар онҳо нигаҳдорӣ мешуданд, умуман дар Сибир ва Қазоқистон будааст. Ин урдугоҳҳо баъд аз холӣ шудан аз олмониҳо, ба зиндониёни сиёсӣ дар Шуравии собиқ ихтисос ёфт ва аз он пас ба яке аз кобусҳои торихи муосири ҷаҳон бадал гашт.

Сарнавишти шуми занон пас аз ҷанг

1681909

Морто Ҳилерз (Marta Hillers, 1911-2001), рӯзноманигори олмонӣ, дар китобе бо унвони “Як зан дар Берлин” бархе гузоришҳои таҷовуз ба занон аз сӯи Артиши Сурхро ба сабт расондааст. Ба таври мисол, менависад: “Сарбозони Шуравӣ ба як зоишгоҳ ва парваришгоҳи хайрия юриш бурда ва ба занони бордор ва заноне, ки ба тозагӣ вазъи ҳамл карда буданд, таҷовуз карданд. Дар ин байн, дигар артишҳои муттафиқин танҳо наззорагар буда ва ё ҳатто гуфта мешавад, ки бо русҳо мушорикат мекарданд, ба вижа ин ки гузоришҳои таҷовузи сарбозони омрикоӣ низ вуҷуд дорад”.

Оворагии иҷборӣ барои олмониҳо

1681918

Баъд аз поёни ҷанг ҷамъияте дар ҳудуди 16.5 милюн олмонӣ ба таври иҷборӣ водор ба муҳоҷират шуданд. 2 милюн нафар аз қисмати шарқии Олмон, ки бахше аз Лаҳистон шуд, ронда шуда буданд. 7 милюн нафари дигар низ аз сарзаминҳои аҷдодии худ дар Урупои марказӣ ронда шуданд. Кунрод Оденур (Konrad Adenauer), сиёсатмадори олмонӣ, бар ин бовар буд, ки ҷамъияте ҳудуди 6 милюн олмонӣ дар ҷараёни ин табъиди иҷборӣ ҷони худро аз даст додаанд. Муаррих Ҷемз Бик (James Beck) мегӯяд: “Татбиқи саршумориҳо нишон додааст, ки дар фосилаи октябри 1944 то сентябри 1950 ҳудуди 7/5 милюн нафар дар дохили Олмон нопадид шудаанд.”

Гуруснагӣ ба унвони як шиканҷа

1681931

Ангилис ва Омрико ҳудуди як милюн сарбози олмониро, ки асир шуда буданд, барои кори иҷборӣ ба Фаронса доданд, то дар раванди бозсозӣ аз онҳо истифода шавад. Ба гузориши Салиби сурх, дар фосилаи на чандон тӯлонии пас аз ҷанг, 200 ҳазор нафар аз зиндониён бо гуруснагӣ мувоҷеҳ буданд. Женерол Ойзенҳовер (Eisenhower), фармондеҳи олии нерӯҳои муттафиқин дар Урупо, бо фиристодани як паёми фаврӣ ба манотиқи таҳти контроли Ғарб, дастур дода буд, то ғизо додан ба асирон бо муҷозотҳои аҷибе мисли эъдом посух дода шавад. Ин дастур дар қолаби як бахшнома ба тамомии фармондориҳо ирсол шуда буд.

Қатъи узв барои ёдгорӣ

Дар ҷараёни ҷанги ҷаҳонии дуввум, бархе аз коркунони низомии Иёлоти Муттаҳида аъзои бадани коркунони хадамотии мурдаи жопунӣ дар ҷабҳаи уқёнуси Оромро қатъ мекарданд. Қатъи узви коркунони жопунӣ шомили буридани аъзои бадан ба унвони “ёдгори ҷангӣ” ва “ғаноими ҷангӣ” буд. Дандонҳо ва ҷумҷумаҳо беш аз ҳама ба унвони ғанимат бурда мешуд, агарчӣ дигар аъзои бадан ҳам ҷамъоварӣ мешуд. Падидаи “ғанимат бурдан” ба ҳадде шойеъ буд, ки баҳс дар мавриди он ҳатто дар маҷаллаҳо ва рӯзномаҳо шадидан дарз мешуд. Гузориш шуда, ки шахси Фронклин Рузвелт аз яке аз намояндагони Кунгра як “ёдгорӣ”-и сохташуда аз бозуи як инсон ҳадия гирифта буд.

Дидгоҳи роиҷе дар Омрико вуҷуд дошт, ки жопуниҳо аз инсон пасттаранд. Расонаҳои Омрико ба таблиғи ин дид нисбат ба жопуниҳо кӯмак карданд, масалан ононро “ҷонварони зард” тавсиф мекарданд.

Реклама


Рубрики:Пароканда, Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: