Озодии ақида дар ислом (1)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши аввал

Бовари қалбӣ, бо иҷбор муяссар нест. Аз ин рӯ, ислом озодии интихоб дар ақидаро ба унвони яке аз усули асосӣ пазируфта ва мардумро аз икроҳ ва иҷбор бар дин боздоштааст.

Дар ин мақола, ки аз ду қисмат иборат хоҳад буд, озодии баён ва ақида аз назари ислом баррасӣ мешавад.

* * *

Аз назари ислом, офаридгори ҷаҳон бо ҳамаи султа ва сайтарае, ки бар ҳамаи мавҷудот дорад, аммо инсонро дар интихоби ақида озод гузоштааст:

وَقُلِ الْحَقُّ مِن رَّبِّكُمْ فَمَن شَاء فَلْيُؤْمِن وَمَن شَاء فَلْيَكْفُرْ

Бигӯ: ҳақ аз парвардигорат расидааст, пас ҳар кас ки бихоҳад, имон оварад, ва ҳар ки бихоҳад, куфр варзад…” (Сураи Каҳф, ояти 29)

Қуръони Карим ба сароҳат эълом медорад, ки иҷбор ва икроҳ дар дин қобили қабул нест:

لاَ إِكْرَاهَ فِي الدِّينِ قَد تَّبَيَّنَ الرُّشْدُ مِنَ الْغَيِّ

Дар дин ҳеч иҷборе нест ва роҳ аз бероҳа ба хубӣ ошкор шудааст…” (Сураи Бақара, ояти 255)

Ҳамон гуна ки аз шаъни нузули ин оят истифода мешавад, баъзе аз ноогоҳон аз ҳазрати Паёмбар (с) мехостанд, ки ӯ ҳамчун ҳуккоми ҷаббор бо зӯру фишор иқдом ба тағйири ақидаи мардум кунад, ояти фавқ сареҳан ба онҳо посух дод, ки дин ва ойин чизе нест, ки бо икроҳ ва иҷбор сурат бигирад, ба хусус ин ки дар партави далоили равшан ва мӯъҷизоти ошкор, роҳи ҳақ аз ботил ошкор шуда ва ниёзе ба ин умур нест.

Ин оят посухи дандоншиканест ба онҳое, ки тасаввур мекунанд, ислом дар баъзе аз маворид ҷанбаи таҳмилӣ ва иҷборӣ дошта ва бо зӯр ва шамшер ва қудрати низомӣ пеш рафтааст. Ва ин дар ҳолест, ки ҷойе, ки ислом иҷоза намедиҳад падар фарзанди хешро барои тағйири ақида таҳти фишор қарор бидиҳад, таклифи дигарон равшан аст. Агар чунин амре муҷоз буд, лозим буд ин иҷоза қабл аз ҳар кас, ба падар дар бораи фарзандаш дода шавад, дар ҳоле ки ислом чунин ҳаққеро ба ӯ надодааст.

Дар тафсири “Аддуррул-мансур” омадааст, ки Ибни Аббос дар тафсири ояти фавқ гуфта: “Ин ҷумла дар бораи марде ба номи Ҳасин аз аҳли Мадина аз қабилаи Банӣ Солим ибни Авф нозил шуд, ки ду фарзанди насронӣ дошт ва худаш марде мусалмон буд. Ӯ ба Расули Худо (с) арз кард: Оё метавонам он дуро маҷбур ба пазируфтани ислом кунам, чун ҳозир нестанд ғайр аз насроният дини дигарро бипазиранд? Дар посухи ӯ ояти “Ло икроҳа фиддин” нозил шуд”.

Ин оят на танҳо баён медорад, ки набояд дар дин иҷбор бошад, балки болотар аз он, иҷбор дар дин шуданӣ нест. Зеро эътиқод ба унвони як амри дарунӣ, қобилияти иҷбор кардан ё иҷбор шудан надорад.

* * *

Посухи як шубҳа

Лозим аст ин ҷо як нуктаи бисёр муҳимро ёдовар бишавам. Ва он ин ки: ояти “Ло икроҳа фид-дин” (Дар дин иҷборе нест) нозир ба умури қалбӣ аст, на ба муқаррароти иҷтимоӣ. Барои баъзеҳо ин ду бо ҳам халт шуда, ва ё амдан халт мекунанд. Тавзеҳ он ки: дар ҳар низоме — чӣ динӣ бошад ё ғайридинӣ — як силсила муқаррарот ба унвони муқаррароти иҷтимоӣ вазъ шуда, ки ҳамаи шаҳрвандон муваззаф ба риояти онҳо ҳастанд. Ва ба сухани дигар, риояти онҳо бар шаҳрвандон иҷборӣ аст, чӣ дилашон бихоҳад ё нахоҳад. Масалан, ронанда муваззаф ба риояти қонуни убуру мурур (мисли светофор ва ғайра) аст, ки дар сурати тахаллуф, ҷарима мешавад. В ё масалан, дар бархе кишварҳо, низоми ҳоким муқаррар карда, ки бонувон дар марокизи омӯзишӣ муваззаф ҳастанд бидуни сатру ҳиҷоби исломӣ ҳузур биёбанд, ҳарчанд қалбан ба он розӣ нестанд. Дар Туркияи қабл аз Ардуғон ҳамин вазъ ҳоким буд, ва ё дар Тоҷикистони худамон зоҳиран ҳамин вазъ ҳоким аст.

Ҳол, яке аз муқаррароти иҷтимоии исломӣ ин аст, ки бонувон дар ҷомеа (ҷомеаи исломӣ) сатр ва пӯшишро, ба он миқдор, ки ислом муқаррар карда риоят кунанд, чӣ боварманд ба асли ислом бошанд ё набошанд. Зеро усулан, дар вазъи муқаррароти иҷтимоӣ, лиҳоз намешавад, ки лузуман бо майли дарунӣ ё бовари қалбии шахс созгор бошад, балки доир мадори маслиҳати умуми ҷомеа аст. Бинобар ин, агар аксарияти як ҷомеа мусалмон бошанд ва бо майл ва рағбати худ сохтори низоми исломиро барои ҷомеаи худ баргузинанд, дар ин сурат, дар он ҷомеа муқаррароти исломӣ вазъ хоҳад шуд.

Пурвозеҳ аст, ки ин масъала рабте бо асли “Ло икроҳа фид-дин” (Дар дин иҷбор нест) надорад. Ин, дуруст мисли он аст, ки шумо дар як ҷомеаи ғайриисломӣ зиндагӣ мекунед – масалан, дар яке аз кишварҳои урупоӣ — ки бисёре аз муқаррароти иҷтимоии онҳо мавриди қабули қалбии шумо нест ва онҳоро бо омӯзаҳои исломӣ дар тазодд мебинед, аммо ин бовари қалбиатон, ба шумо ин иҷозаро намедиҳад, ки муқаррароти он кишварро риоят накунед. Шумо маҷбуред онҳоро муроъот намоед. Ва замоне ҳам, ки риоят накардед ва ҷарима шудед, наметавонед ба онҳо бигӯед, ки шумо доред ба ман ақидаи худатонро таҳмил мекунед ва ман қалбан ба ин муқаррарот боварманд нестам!

Ва аммо ин ки чаро ин масъала (яъне масъалаи лузуми пӯшиш) дар муқаррроти исломӣ ҷой гирифтааст, баҳсаш тӯлонист ва бояд дар ҷойи худаш ба он пардохта шавад. Дар ин ҷо фақат ба ҳамин миқдор басанда мекунам, ки ин масъала комилан як масъалаи уқалоӣ аст, ба гунае ки ҳатто як нафар ба истилоҳ секулор низ бо асли ин масъала бо мо ихтилофе надорад. Ва агар ихтилофе ҳаст, ихтилоф дар асли он нест, балки ихтилоф дар ҳудуду суғури он аст. Банда, замоне ки донишҷӯ будам (дар Донишгоҳи Димишқи Сурия) як нафар ҳамдарсам дидгоҳҳои секулорӣ дошт ва бо ҳам бисёр баҳсамон мешуд, араб ҳам буд ва гаройишҳои баъсӣ дошт. Боре, бо ӯ баҳсам ҳамин масъала буд, яъне масъалаи лузуми риояти пӯшиш ва сатр барои бонувон дар ҷомеаи исломӣ. Ӯ мегуфт, ин як навъ иҷбор ва таҳмили ақида аст. Ба ӯ арз кардам, оё мепазирӣ дар як ҷомеа баъзе аз бонувон комилан лухту урён дар малаи ом зоҳир шаванд агар дилашон бихоҳад? Гуфт, ҳаргиз! Пурсидам, чаро? Посух дод, ки ин як навъ эҷоди музоҳимат барои соири афроди ҷомеа аст, ва афзуд (таъбираш дақиқан ин буд, ки) “сираи уқало дар ҷавомеъ бар ин устувор аст, ки бонувон бояд дар иҷтимоъ миқдоре аз пӯшишро, ки урф таъйин кардааст риоят намоянд”. Гуфтам, ин ки мегӯӣ, дақиқан эҷоди маҳдудият барои касоне аст, ки дилашон мехоҳад лухту урён зоҳир шаванд (мисли феминистҳо) ва ҳеч маҳдудияте барояшон набошад.

Ҳадафам аз нақли ин воқеа он аст, ки асли “лузуми риояти пӯшиш”, мавриди қабули ҳар инсони оқил аст, ва агар ихтилофе ҳаст, дар миқдори он аст, ки бояд то куҷо ва чӣ миқдор бошад. Хуб, ислом мӯътақид аст, ки бонувон ба ҷуз чеҳра ва дастон ва поҳояшон, соири аҷзои баданашон пӯшида бошад, ва аммо секулорҳо қоиланд, ки бонувон миқдоре аз пӯшишро — ки урфи ҷомеа таъйин мекунад — муроъот намоянд. (Албатта аксари онҳо, на ҳамаашон, зеро дар миёни онҳо касоне ҳам ҳастанд, ки мӯътақиданд, набояд ҳатто ҷилави феминистҳо гирифта шавад.)

Хулоса, ин масъала рабте ба асли “Ло икроҳа фид-дин” надорад. Ҳоло баргардем бар сари асли матлаб. Матлаби мо дар бораи озодии ақида ва баён аз назари ислом буд.

* * *

Имом Содиқ (а), наваи мукаррами ҳазрати Паёмбар (с), муҳитеро, ки дар он озодии баён ва ақида ҳукмфармо бошад, табалвури зиндагии хуб ва инсонӣ мешуморад. Имом Содиқ (а) хитоб ба яке аз ёронаш фармуд:

تقعدون فی مکان فتحدثون وتقولون ما شئتم وتبرؤون ممن شئتم وتولون من شئتم؟

Оё шумо мехоҳед дар маконе гирд ойед ва бо якдигар ба гуфтугӯ бипардозед ва он чиро, ки мехоҳед изҳор доред ва аз ҳар кас интиқод кунед ва ба ҳар кас мехоҳед ибрози дӯстӣ ва муҳаббат кунед?

Гуфт: Оре.

Фармуд:

قال: وهل العیش إلاّ هکذا

Оё зиндагӣ ва лаззат, мафҳуме ҷуз ин дорад?” (Равзаи Кофӣ, ҷ.8, с.229)

Аз назари ислом, рамзи тараққии андешаҳо ва баҳраҳои ношӣ аз он, дар изҳори назар ва тазоруби андешаҳо нуҳуфтааст. Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд:

اِضرِبُوا بعضَ الرأیِ ببعضٍ یَتَوَلَّدْ مِنهُ الصَّوابُ

Андешаҳоро бархе бар бархе дигар бизанед (арза кунед), ки андешаи дуруст ин гуна падид меояд…” (Ғурарул-ҳикам, 2567)

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

فلا تکلمونی بما تکلم به الجبابرة ولا تتحفظوا منی بما یتحفظ به عند اهل البادرة ولا تخالطونی بالمصانعة ولاتظنوا بی استثقالا فی حق قیل لی، ولا التماس اعظام لنفسی فانه من استثقل الحق ان یقال له او العدل ان یعرض علیه، کان العمل بهما اثقل علیه، فلا تکفوا عن مقالة بحق او مشورة بعدل

Бо ман (ки халифа ва пешвои шумо ҳастам) он тавр ки бо ҷабборон сухан мегӯед сухан магӯед. Ва агар аз рӯйи тарс, аз гуфтани ҳақ дар баробари мардумони мутакаббир худдорӣ мекунед, бо ман аз гуфтани ҳақ худдорӣ накунед ва бо ман бо зоҳирсозӣ бархӯрд нанамоед ва дар бораам ин гумони беҷо набаред, ки гуфтани ҳақ бар ман сангин бошад ва ё бихоҳед маро ба бузургӣ таъзим кунед. Чун касе ки ҳақ ва ё пешниҳоди адл бар ӯ сангин бошад, амал ба он бар ӯ сангинтар аст. Пас, аз сухани баҳақ ва ё машварат дар адл, бо ман дареғ наварзед”. (Наҳҷул-балоға, хутбаи 216)

Қисмати дуввум

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: