Шарҳи Маснавӣ (191)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (17)

* * *

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай (2)

* * *

Эй забон, ту бас зиёнӣ мар маро,

Чун туӣ гӯё, чӣ гӯям ман туро?

Бозаргон гуфт: Эй забон! Та барои ман бисёр зиёнмандӣ, чун туӣ гӯянда, ман дигар ба ту чӣ тавонам гуфт?

Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,

Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ?

Эй забон! Ту дар масал, ҳам оташӣ ва ҳам хирман. Яъне, вақте забон ба нутқи нек ояд, хирмане аз ҳасанот падид меоварад, ва чун ба кажӣ такаллум кунад, хирмани ҳасанотро ба коми нестӣ ва оташи қаҳҳор андар созад. Эй забон! Охир чӣ қадр оташи табоҳӣ ба хирмани ҳасанот дармеафканӣ ва онро несту нобуд мекунӣ?

Дар ниҳон, ҷон аз ту афғон мекунад,

Гарчи ҳар чӣ гӯияш, он мекунад.

Эй забон! Ҷон дар ниҳон аз дасти ту нолаву зорӣ мекунад, бо ин ҳол, ҷон чорае ҷуз ин надорад, ки ҳарчи ту мегӯӣ, ҳамонро бикунад. Яъне калимот ва гуфторҳои забон дар руҳу ҷон асар мебахшад.

Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,

Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.

Эй забон! Ҳам ганҷи бепоён ту ҳастӣ, яъне ҳам метавонӣ бо нутқу баён дари ганҷхонаҳои улум ва асрорро бигушоӣ, ва ҳам метавонӣ дарди бедармон ва илоҷнопазир бошӣ, яъне бо баёни калимоти ноҳинҷор, дили ину онро маҷрӯҳ ва мардумро ба гумроҳӣ даркашӣ.

Ҳам сафиру худъаи мурғон туӣ,

Ҳам аниси ваҳшати ҳиҷрон туӣ.

Эй забон! Ҳам ту бонги ҳилагарона ва фиребдиҳандаи парандагонӣ, яъне туӣ, ки бо парандагони руҳ ва мурғони ҷон бо забони худашон сухан мегӯӣ ва бад-ин васила фиребашон медиҳӣ ва ба доми моддияташон дармеафканӣ, ва ҳам ту ҳамдами танҳоии даврони фироқу ҳиҷрон ҳастӣ. Зеро бо забон ва гуфтори дилнишин аст, ки метавон ба бетобони ишқ тасаллии хотир дод.

Чанд амонам медиҳӣ, эй беамон?!

Эй ту зеҳ карда ба кини ман камон.

Эй забоне, ки амонамро буридаӣ! Эй забоне, ки на худ аз лағзишу хато дар амонӣ ва на ба касе амон медиҳӣ, ки аз хатову лағзиш дар амон қарор гирад, чӣ қадр амонам медиҳӣ?! Яъне билохира кай мехоҳӣ ба ман амон диҳӣ? Эй забоне, ки аз сари кинаву бадхоҳӣ, омодаӣ, ки маро маҷрӯҳу хастадил намоӣ!

Зиреҳ кардани камон: киноя аз омода шудан барои куштан ё зиён расонидан ба касе.

Нак, бипарронидаӣ мурғи маро,

Дар чарогоҳи ситам кам кун чаро.

Инак, эй забон, ту парандаи руҳи маро парондаӣ. Яъне бо суханони ташвишоварат ӯро музтариб ва рамон кардаӣ. Эй забон! Дар чарогоҳи зулм камтар чаро кун! Яъне аз ҳаҷми ситам ва бадгуфториат бикоҳ!

Чарогоҳи ситам: изофаи ташбеҳӣ аст аз навъи изофаи мушаббаҳун биҳӣ ба мушаббаҳ. Яъне ситаме, ки ҳамчун чарогоҳ ситамгаронро парвор мекунад. Ситам аз он рӯ ба чарогоҳ ташбеҳ шуда, ки ситамгарон дар он мечаранд ва бар қудрат ва салвати худ меафзоянд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.539)

Ё ҷавоби ман бигӯ, ё дод деҳ,

Ё маро з-асбоби шодӣ ёд деҳ.

Эй забон! Ё посухамро бидеҳ, ки илоҷ ва чораат чист, ва ё бар сари адлу инсоф биё, ва ё асбоби шодиро ба ман биомӯз, то ба он машғул шавам ва ин андӯҳро фаромӯш кунам.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: