Озодии ақида дар ислом (2)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бахши дуввум

Озодии баён барои ғайримусалмон

Дар ростои ҳифзи озодии баёни ақида барои ғайримусалмонон, дар нусуси динӣ вазоиф ва дастурҳои муҳимме ба мусалмонон, дар бархӯрд бо андешаҳои мухолиф дода шуда, ки ҳамаи онҳо нашъатгирифта аз пойбандии ислом ба додани ин ҳаққи озодӣ ба ғайримусалмонон аст. Аз ҷумла:

1. Ҷидоли аҳсан: Ҷидоли аҳсан, ки ба маънои муҷодилаи некӯ ва ковише тарафайнӣ барои ёфтан ва кашфи ҳақиқат мебошад, аз мавзӯъотест, ки Қуръони Карим дар оятҳои мутааддид ба он ташвиқ ва тарғиб карда ва онро шеваи бархӯрд бо мухолифон ва мункирони рисолати Паёмбар (с) шумурдааст, аз ҷумла:

ادْعُ إِلی سَبِیلِ رَبِّکَ بِالْحِکْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ وَجادِلْهُمْ بِالَّتِی هِیَ أَحْسَنُ

 “Бо ҳикмат ва андарзи некӯ ба роҳи парвардигорат даъват кун ва бо онон ба тариқе, ки некӯтар аст мунозира кун”. (Сураи Наҳл, ояти 125)

وَلا تُجادِلُوا أَهْلَ الْکِتابِ إِلاّ بِالَّتِی هِیَ أَحْسَنُ

Бо аҳли китоб, ҷуз ба равише, ки некӯтар аст муҷодила накунед”. (Сураи Анкабут, ояти 46)

Таъбир ба “аҳсан” (некӯтар), таъбири ҷомеъест, ки тамоми равишҳои саҳеҳ ва муносиби мунозира ва мубоҳисаро шомил мешавад, чӣ дар алфоз ва муҳтавои сухан ва чӣ дар оҳанги гуфтор ва ғайра.

Ҳувайдост, ки ин тарғиб ва ташвиқ, бад-ин маъност, ки шариати муқаддаси ислом, ба тарафи муқобил фурсати ибрози ақида дода ва ӯро дар ироаи назар ва андешаи хеш озод гузошта.

2. Гузиниши беҳтарин: Ҳар андешае, ба миқдори саҳме, ки аз воқеънамоӣ дошта бошад, мавриди эҳтироми ислом аст. Аз ин рӯ, Қуръони Карим мусалмононро ба интихоби “беҳтарин андеша ва сухан” даъват мекунад. Зеро инсон бар асоси фитрат, ҳақиқатро толиб аст ва ба ҳар сухане, ки гӯш медиҳад, ба он умед гӯш медиҳад, ки дар он ҳақиқате биёбад.

فَبَشِّرْ عِبادِ الَّذِینَ یَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَیَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ

Бандагони маро бишорат деҳ; онҳое, ки ба суханон гӯш фаро медиҳанд ва беҳтарини онро бармегузинанд”. (Сураи Зумар, ояти 17-18)

Тибқи ин ояти шарифа, Худованд бандагони ростини худро касоне медонад, ки ба суханоне, ки гуфта мешавад, бидуни дар назар гирифтани гӯянда ва хусусиёти дигар, гӯш фаро медиҳанд ва бо нерӯи ақлу хирад “беҳтарини онҳо”-ро бармегузинанд.

Қуръони Карим шахси Паёмбари исломро намунаи олии сиъаи садр ва таҳаммули орои мухолиф мешумурад, ба гунае, ки аз ҷониби бархе нодонон мавриди сарзаниш қарор мегирад ва ба ҳазраташ мегӯянд:

هو اُذُنٌ

Ӯ саросар гӯш аст”.

Қуръон дар посухи инон мефармояд:

قل اُذُنُ خَیْرٍ لکم

Некӯ гӯше барои шумост!” (Сураи Тавба, ояти 61)

3. Бурҳонталабӣ: Қуръони Карим, афзун бар он ки пайравони худро ба пайравӣ аз далел ва бурҳон фаро хондааст, ҳамвора аз мухолифон ва муъоризони худ низ, далел ва бурҳон талаб мекунад. Ба унвони намуна, дар мақоми эҳтиҷоҷ бо мушрикон мефармояд:

قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ

Агар рост мегӯед, далел ва бурҳони хешро биёваред”. (Сураи Наҳл, ояти 64)

Дар мақоми хато донистани пиндорҳои ғалати аҳли китоб, ҳамин маъноро ёдовар шуда ва мефармояд:

وَقَالُواْ لَن يَدْخُلَ الْجَنَّةَ إِلاَّ مَن كَانَ هُودًا أَوْ نَصَارَى تِلْكَ أَمَانِيُّهُمْ قُلْ هَاتُواْ بُرْهَانَكُمْ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ

Гуфтанд: Ҷуз онон, ки яҳудӣ ё насронӣ бошанд, ба биҳишт дохил нахоҳанд шуд. Ин орзуҳои эшон аст. Бигӯ: Агар рост мегӯед, бурҳонатонро биёваред”. (Сураи Бақара, ояти 111)

Лозимаи бурҳонталабии Қуръон ин аст, ки ислом ба мухолифон озодӣ додааст, то оро ва ақоиди худро бепарво ва бо истидлолу бурҳон баён кунанд. Дар ғайри ин сурат, бурҳонталабӣ бемаъно хоҳад буд.

4. Нақли оро ва назароти мухолифин: Яке дигар аз шеваҳои Қуръон дар мақоми бархӯрд бо оро ва андешаҳои мухолифон ин аст, ки куфромезтарин сухани ононро ҳамроҳ бо “истидлолҳояшон” нақл мекунад ва сипас ба нақду эроди он мепардозад.

“Қолал-лазина кафару…” (Кофирон гуфтанд…), “Қолал-лазина ашраку…” (Мушрикон гуфтанд…) ва таъбироти мушобеҳи он, баёнгари ин ҳақиқат аст. Ин шеваи Қуръон далели бисёр равшани дигарест бар ин ки на танҳо мухолифон дар баёни ақида ва орои хеш озоданд, балки мусалмонон ба сабту забти дақиқи назароти онон — ки зарурати як бархӯрди саҳеҳ бо афкори дигарон аст — ташвиқ шудаанд.

Аз нусуси динӣ, ки ба таври хулоса ба он ишора шуд, ба ин натиҷа мерасем, ки аз дидгоҳи ислом, озодии баён, ҳатто барои мулҳидон ва мункирони дин, амре равшан ва бадеҳист ва ҳамаи афрод муҷозанд дар баробари мантиқи ислом ба баҳсу истидлол бипардозанд ва назари худро ироа диҳанд. Ва ибрози андеша ва ақида аз ҷониби ҳар кас, ки бошад, мӯҳтарам аст, ва мусалмонон муваззаф ба бархӯрди саҳеҳ ва некӯ бо суханон ва ақоиди мухолиф мебошанд.

* * *

Сираи Паёмбар (с) ва пешвоёни ислом ва озодии баён

Бо нигоҳе гузаро ба торихи ислом, дармеёбем, ки уламои миллатҳои мухталиф аз яҳуд, насоро, даҳрӣ, мушрик ва ғайра… ба Мадина меомаданд ва дар камоли озодӣ, ба изҳори ақоиди хеш мепардохтанд. Соатҳо бо Паёмбари ислом (с) мунозира ва гуфтугӯи ақидатӣ доштанд, ва он ҳазрат бо сиъаи садр ва ба дур аз тангназариҳо ва ҳассосиятҳои бемаврид, ба суханони онон гӯш медод ва бо истифода аз боварҳои худи онон, ба иқомаи далел бар ҳаққонияти ислом ва рисолати хеш мепардохт.

Ба унвони намуна, Имом Аҳмади Ҳанбал бо санад ривояте тӯлонӣ дар бораи мунозираи ҳазрати Паёмбар (с) бо уламои яҳудро, ки аз он ҳазрат суол мекарданд ва он ҳазрат посух медод, нақл карда. Алӣ (а) низ дар ривояте, аз мунозираи уламои яҳуд, насоро, даҳрия, зартуштиён ва мушрикони араб бо ҳазрати Паёмбар (с) гуфта меафзояд: “Паёмбар (с) бо камоли матонат ба ҳар як аз онон посух гуфт, бидуни ин ки дар муқобили ақоиди ботили онон тундӣ ва хушунат нишон диҳад ва ё изҳори нороҳатӣ намояд”. (Биҳорул-анвор, 9/257-267)

Пас аз фатҳи Байтулмуқаддас ба дасти сипоҳиёни ислом, халифаи муслимин Умар ибни Хаттоб (р) дар номае хитоб ба масеҳиёни сокин дар ин шаҳр навишт:

 هذا ما أعطى عبد الله أمير المؤمنين أهل إيلياء من الأمان: أعطاهم أماناً لأنفسهم وأموالهم ولكنائسهم وصلبانهم سقيمها وبريئها، وسائر ملتها أنه لا تسكن كنائسهم ولا تهدم ولا ينتقص منها ولا من حَيّزها ولا من صليبهم ولا من شيء من أموالهم ولا يكرهون على دينهم، ولا يضار منهم

Ин амонномае аст, ки бандаи Худо амири мӯъминон ба аҳли Илиё (Байтулмуқаддас) додааст: ба ҷон ва мол ва калисо ва салиб ва мариз ва солим ва ҳамаи афроди он амон медиҳад, ва иҷоза намедиҳад, ки калисоҳои ононро ишғол кунанд ва онҳоро вайрон созанд ва чизе аз онҳоро кам кунанд ва бар динашон ба икроҳ водор созанд…” (Торихур русули вал-мулук, 2/449)

Ва дар замони хилофати соири хулафо ва ба хусус хилофати ҳазрати Алӣ (а), уламои адён бо камоли озодӣ ақоид, пурсишҳо ва шубаҳоти худро матраҳ мекарданд ва Алӣ (а) бо камоли эҳтиром ба суханони онон гӯш медод ва сипас ба онҳо посух мегуфт. Ҳатто дар бархе маворид, монеъ аз бархӯрдҳои тунд ва хашини бархе аз мусалмонон дар баробари шубаҳот ва ё пурсишҳои аҳли китоб ва ё занодиқа мешуд ва бо бархӯрдҳои мантиқӣ амалан нишон медод, ки дар бархӯрд бо орои мухолиф, танҳо мантиқ ва истидлол корсоз асту бас.

Ба унвони намуна, рӯзе Алӣ (а) дар масҷид суханронӣ мекард ва иддае аз мусалмонон ва ғайримусалмонон ба суханони вай гӯш медоданд. Он ҳазрат фармуд:

سلونی قبل ان تفقدونی

Пеш аз он ки аз миёни шумо биравам (яъне аз дунё биравам), ҳар чӣ мехоҳед аз ман суол кунед, то ба шумо посух бигӯям…

Марде аз яҳудиён бо камоли озодӣ гуфт:

ایها المدعی لما لایعلم والمتقدم لما لایفهم أنا اسألک فاجب

Эй касе, ки иддао мекунӣ чизеро, ки намедонӣ, ва пешдоварӣ мекунӣ он чиро, ки намефаҳмӣ! Инак, суол мекунам, ҷавоб бидеҳ!…

Ёрони Имом Алӣ (а) хашмгин шуданд ва дар андеша буданд, ки ба он мард таъарруз кунанд. Ҳазрат ононро аз ин кор манъ кард ва фармуд:

دعوه ولا تعجلوه، فإن العجل والطيش لا يقوم به حجج الله، ولا بإعجال السائل تظهر براهين الله تعالى

Ӯро раҳо кунед… Бо фишор ва зӯр ва бидуни мантиқ ва далел, ҳуҷҷатҳои илоҳиро наметавон собит кард…” (Биҳорул-анвор, 10/126)

Сипас ҳазрат рӯ ба он марди яҳудӣ кард ва фармуд: “Суолоти худро матраҳ кун, то посух гӯям”. Ӯ низ тамоми шубаҳоти худро тарҳ ва посухи онро дарёфт кард. (Ҳамон манбаъ)

Мо дар торихи дурахшонамон ба қадре аз ин гуна намунаҳо зиёд дорем, ки ин ҷустор гунҷоиши нақли ҳамаи онҳоро надорад ва балки агар бихоҳем ҳамаи онҳоро биёварем, ниёз ба таълифи чанд ҷилд китоб аст. Намехоҳам дигар мақола ба дарозо бикашад, танҳо ба овардани як ривоят басанда мекунам.

Дар муқаддимаи китоби “Тавҳиди Муфаззал” омадааст, ки ӯ (Муфаззал, аз шогирдони Имом Содиқ (а)) дид, гурӯҳе аз мулҳидон аз ҷумла Ибни Абилавҷоъ дар канори Ҳарами ҳазрати Паёмбар (с) озодона афкори худро бо ҳам радду бадал мекунанд. Муфаззал мегӯяд:

Бо шунидани ин суханони нораво чунон ба хашму ғазаб омадам, ки ъинон аз кафам берун рафт ва (хитоб ба ӯ) гуфтам:

— Эй душмани Худо! Дар дини Худоят илҳод меварзӣ ва Худовандеро, ки ба некӯтарин сурат ва комилтарин офариниш падидат овард ва туро то бад-ин ҷо расонида, инкор мекунӣ?! Агар дар даруни хеш нек андеша кунӣ ва ҳисси латифи ту дар хато наяфтад, ҳар ойина далелҳо ва бурҳонҳои рубубият ва осори санъати созандаро дар вуҷудат нуҳуфта ва нишонаҳо ва далоили Ӯ — Ҷалла ва Ъало — ро дар офаринишат равшан меёбӣ.

Ибни Абилавҷоъ (пас аз шунидани оҳанги тунди суханони Муфаззал) гуфт:

— Эй мард! Агар аз мутакаллимонӣ (яъне агар аз уламои дониши тавҳид ва ақоид ҳастӣ), бо ту сухан мегӯем. Онгоҳ, дар сурате ки (бар мо пирӯз шудӣ ва) ҳақро назди ту ёфтем, аз ту пайравӣ хоҳем кард, аммо агар аз инон нестӣ, ҳеҷ сухан магӯй.

Агар аз ёрон ва асҳоби (Имом) Ҷаъфари Содиқ (а) ҳастӣ, бидон, ки ӯ бо мо ин гуна сухан намегӯяд ва ҳамонанди ту бо мо муҷодила намекунад. Ӯ беш аз он чӣ ту аз мо шунидӣ, аз мо шунида, аммо ҳеҷ гоҳ суханро бо фуҳшу дашном олуда нанамудааст. Ӯ ҳамвора дар суханони худ шикебо, бовиқор, андешагар ва устувор буда ва ҳеҷ замоне ба сутуҳ намеомад ва хулқаш танг намегашт ва барнамеошуфт. Ибтидо нек ба суханони мо гӯш фаро медиҳад, мекӯшад, ки далели моро ба дурустӣ дарёбад, мо низ ҳама чизи худро ба миён меоварем. Ҳангоме ки (суханони мо тамом мешавад ва) мепиндорем ӯро маҳкум кардем (ва бар ӯ пирӯз шудем), ногоҳ бо сухане кӯтоҳ ва андак, (бар мо ғолиб меояд), далеламонро мешиканад ва моро таслими далели худ мекунад, ба гунае ки ҳеҷ посухе дар ҷавоб ба далоилаш намеёбем. Ҳол, агар аз ёрони ӯйӣ, ту низ бо мо чун ӯ сухан бигӯ.”

Қисмати аввал

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Омӯзаҳои набавӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: