Фалсафа ва равиши реализм (78)

Идрокоти эътиборӣ (9)

Матни китоб:

Ба ҳар ҳол қувваҳои фаъолаи мо эҳсосоте дарунӣ дар мо эҷод мекунанд, мо анҷом додани афъоли қувваҳои худро дӯст дошта ва мехоҳем, ва ҳаводис ва воридоте, ки бо қувваҳои мо ноҷуранд душман дошта ва намехоҳем, ё дар мавриди онҳо афъоли муқобили онҳоро дӯст дошта ва мехоҳем.

Пас, ночор сурати идрокии эҳсосии худро ҳам ба феъл ва ҳам ба модда ва ҳам ба худамон медиҳем чунонки бачча дар нахустин рӯзҳои зиндагӣ ҳар чӣ ба дасташ меояд гирифта ва ба даҳон мебарад, он гоҳ чизҳои хӯрданиро хӯрда ва он чӣ наметавонад намехӯрад. Албатта иштиҳои хӯрдан ба сурати “эҳсос” дар мағзи вай ҷойгузин шуда ва сипас номи “ирода ва мурод ва мурид” (хост, хоста, хоҳон) ба вай дода ва бо озмоиш хӯрданиро тамйиз дода ва гоҳе ҳам мефаҳмад, ки моддае, ки дар даст дорад хӯрданӣ нест, албатта он вақт номҳои “хӯрдан” ва “хӯрданӣ” ва “хӯранда”-ро ба феъл ва ба худ ва ба модда медиҳад ва ин ҷумларо дар дил дорад: “Ин хӯрданиро бояд бихӯрам”, ва пештар мегуфт: “Ин хостаниро бояд бихоҳам”. Бо баёне, ки шуд, мафҳуми “бояд” ҳамон нисбате аст, ки миёни қувваи фаъола ва миёни асари вай мавҷуд аст.

Ва ин нисбат агарчӣ ҳақиқӣ ва воқеӣ аст, вале инсон ӯро миёни қувваи фаъола ва асари мустақими хориҷии вай намегузорад, балки пайваста дар миёни худ ва миёни сурати илмии эҳсосӣ — ки дар ҳоли таҳаққуқи асар ва фаъолияти қувва дошт — мегузорад.

Масалан, вақте ки инсон хӯрданро мехоҳад, нисбати мазбурро нахустин бор мустақиман миёни худ ва миёни корҳои танҳо-танҳо, ки азулоти даст ва лабҳо ва фак ва даҳон ва забон ва гулӯ ва марӣ ва меъда ва кабид ва уруқ ва ғайра… ҳангоми тағзия анҷом медиҳанд намегузорад, балки дар ҳоли гуруснагӣ ба ёди серӣ афтода ва нисбати заруратро дар миёни худ ва миёни эҳсоси дарунии серӣ ё лаззат ва ҳоли мулоиме, ки дар серӣ дошт гузошта ва сурати эҳсосии дарунии худро мехоҳад ва дар ин замина худро “хоҳон” ва ӯро “хоста”-и худ мепиндорад. Пас, дар мавриди хӯрдан (мисоли собиқ), фикре, ки қабл аз ҳама чиз пеши инсон ҷилва мекунад, ин аст, ки ин хостаи худро (серӣ) бояд ба вуҷуд оварам ва чунонки равшан аст, дар ин фикр “нисбат” (бояд) аз миёни қувваи фаъола ва ҳаракате, ки кори ӯст бардошта шуда ва дар миёни инсон ва серӣ (хоҳон ва хоста) гузошта шуда, ки худ як эътиборӣ аст ва дар натиҷа серӣ сифати “вуҷуб” пайдо карда пас аз он ки надошт, ва дар ҳақиқат сифати “вуҷуб” ва “лузум” аз они ҳаракати махсус буд, ки кор ва асари қувваи фаъола мебошад.

Ва дар ин миён модда низ, ки мутааллақи феъл аст, эътиборан ба сифати вуҷуб ва лузум муттасиф шуда.

Бинобар ин, ҳамин ки инсон қувваҳои фаъолаи худро ба кор андохт, иддаи зиёде аз ин нисбат (бояд)-ро дар ғайри мавриди ҳақиқии худаш гузошта ва ҳамчунин ба чизҳои бисёре сифати вуҷуб ва лузум дода дар ҳоле, ки ин сифатро ба ҳасби ҳақиқат надоранд.

Масалан, дар мавриди хӯрдан (мисоли гузашта) агарчӣ мутааллақи “бояд”-ро “серӣ” қарор дода, вале чун мебинад серӣ бе балъидани ғизо ва балъидан бе ҷавидан ва бе ба даҳон гузоштан, ва ба даҳон гузоштан бе бардоштан ва бардоштан бе наздик шудан ва даст дароз кардан ва гирифтан ва ғайра… мумкин нест, ба ҳамаи ин ҳаракот сифати вуҷуб ва лузум медиҳад, ва чун мебинад, ки қувваи фаъола дар ҳақиқат як чиз мехоҳад, ба ҳамаи ин ҳаракот ва ё ба як даста аз онҳо сифати ваҳдат ва ягонагӣ медиҳад ва ба ҳамин қиёс…

Аз баёни гузашта натиҷа гирифта мешавад:

а) Инсон (ё ҳар мавҷуди зинда) ба воситаи ба кор андохтани қувваҳои фаъолаи худ, як силсила мафоҳим ва афкори эътиборӣ таҳия менамояд.

б) Зобити куллӣ дар эътиборӣ будани як мафҳум ва фикре ин аст, ки ба ваҷҳе мутааллақи қувваҳои фаъола гардида ва нисбат (бояд)-ро дар вай тавон фарз кард. Пас, агар бигӯем: “Себ меваи дарахте аст”, фикре хоҳад буд ҳақиқӣ, ва агар бигӯем: “Ин себро бояд хӯрд” ва “Ин ҷома аз они ман аст” эътиборӣ хоҳад буд.

в) Бо тазаккури он чӣ дар мақолаи 5 гузашт, равшан мешавад, ки эътибориёт ба ду қисм мунқасим мебошанд:

1) Эътибориёт муқобили моҳиятҳо, ки онҳоро “эътибориёт ба маънои омм” низ мегӯем.

2) Эътибориёте, ки лозимаи фаъолияти қувваҳои фаъолаи инсон (ё ҳар мавҷуди зинда) аст ва онҳоро “эътибориёт ба маънои хосс” ва “эътибориёти амалӣ” меномем.

г) Чун эътибориёти амалӣ мавлуд ё туфайлии эҳсосоте ҳастанд, ки муносиби қувваҳои фаъола мебошанд ва аз ҷиҳати субот ва тағйир ва бақо ва завол тобеи он эҳсосоти дарунианд ва эҳсосот низ ду гуна ҳастанд: эҳсосоти умумии лозими навъияти навъ ва тобеи сохтмони табиӣ чун ирода ва кароҳати мутлақ ва мутлақи ҳуббу буғз, ва эҳсосоти хусусии қобили табдилу тағйир, аз ин рӯй бояд гуфт, эътибориёти амалӣ низ ду қисм ҳастанд:

1) Эътибориёти умумии собити ғайри мутағайир монанди эътибори мутобеати илм ва эътибори иҷтимоъ ва ихтисос (чунонки баён хоҳем намуд).

2) Эътибориёти хусусии қобили тағйир монанди зишту зебоиҳои хусусӣ ва ашколи гуногуни иҷтимоъот.

Инсон метавонад ҳар сабки иҷтимоиро, ки рӯзе хуб шумурда рӯзи дигар бад бишуморад, вале наметавонад аз асли иҷтимоъ сарфи назар намуда ва ё асли хубӣ ва бадиро фаромӯш намояд.

Пас, эътибориёти амалӣ бар ду қисманд: эътибориёти собит, ки инсон аз сохтани онҳо ногузир аст, ва эътибориёти мутағайира.

Он чӣ баёноти гузашта то кунун натиҷа дода ин аст: инсон ё ҳар ҷонвари зинда, миёни худ (қувваҳои фаъола) ва миёни ҳаракоти ҳақиқӣ ва хоссиятҳо ва афъоли ихтиёрии худ иҷмолан як силсила идрокот ва улумеро сохта ва тавсит (миёнҷӣ) менамояд.

Вале оё онҳоро чӣ гуна сохта? Ва онҳо чӣ инқисомот ва аҳкоме доранд? Ва онҳо чӣ гуна бо хоссиятҳо ва афъоли ҳақиқии инсон иртибот пайдо мекунанд? Пурсишҳое ҳастанд, ки ҳанӯз посухи тафсилии онҳо дода нашуда агарчӣ шолудаи сухан дар баёни гузашта рехта шуда.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: