Ислом ва Эронзамин (14)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (2)

Изҳори назарҳо (2)

Нуқтаи муқобили ин гуна изҳори назарҳо (ки дар қисмати пешин оварда будем), як силсила изҳори назарҳои дигар аст, ки онҳо низ бояд мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ шавад. Тибқи он изҳори назарҳо ҳуҷуми аъроби мусалмон ба Эрон ва ғалабаи онҳо бар эрониён, барои Эрон фоҷеа будааст назири фоҷеаи ҳамлаи Искандар ва ҳамлаи муғул. Ҳамон тавр, ки ҳамлаи Искандар ва ҳамлаи муғул — ва махсусан ҳамлаи муғул — шерозаи як тамаддуни бузургро аз ҳам пошид, ҳамлаи аъроби мусалмон низ маданиятеро музмаҳил сохт. Ва агар мардуми Эрон баъд аз ислом, хусусан дар қарнҳои севвум ва чаҳорум ва панҷум ва шашуми ҳиҷрӣ, дар хатти илму фарҳанг афтоданд, ношӣ аз хасисаи нажодӣ ва собиқаи фарҳангии қабл аз исломи онҳо буд, ва дар ҳақиқат, навъе бозгашт ба давраи қабл аз ислом буд. Ва ислом танҳо коре, ки кард ин буд, ки дар ҳудуди ду қарн вақфае дар ин сайри илмӣ ва фарҳангӣ эҷод кард. Пас аз ду қарн, ки Эрон истиқлоли сиёсӣ ёфт ва аз таҳти султа ва нуфузи араб хориҷ шуд ва шахсияти пешини худро бозёфт, думартиба роҳи гузаштаи хешро идома дод ва бад-ин гуна истимрори фарҳангии Эрон идома ёфт.

Албатта, дар миёни муҳаққиқони эронӣ ва ғайриэронӣ касеро наметавон ёфт, ки ин гуна изҳори назар намояд. Ин гуна изҳори назарҳо ҳамвора аз тарафи касоне сурат мегирад, ки гуфторашон обуранги таблиғ дорад ва аҳаммияте, ки дорад, дар ин аст, ки ахиран зиёд такрор мешавад ва ғолибан тавъам аст бо таъбироти адабӣ ва таҳрикомез.

Оқои Фаридуни Одамият дар китоби “Амири Кабир ва Эрон” мегӯяд:

Дини ислом барои эҷоди марказият дар як ҷомеаи ибтидоӣ мисли Арабистон, комилан зарурӣ буд, ба ҳамин далел ҳам зуҳур кард. Ин мазҳаб, ки маъҷуне буд аз афкор ва адёни собиқи он шибҳиҷазира ва ҳовии таъолими дупаҳлӯ ва кешдор, пас аз вуруд ба Эрон як инҳирофи ногаҳонӣ дар сайри иҷтимоии ин кишвар ворид овард, ва ба ҳамон андоза, ки барои як иҷтимои ибтидоӣ мисли Арабистон муфид воқеъ гардид, маншаи осори шум ва мухаррибе дар Эрон гашт. Эрониён низ ба навбаи худ бекор нанишастанд ва муддати буҳту ҳайрат ва замони тамошои онон кам тӯл кашид ва аз ҳар тараф нағмаҳои мухолиф соз намуда, ғолибан тариқа ва машйи худро бо оятҳои носиху мансухи Қуръон мудаллал мекарданд.

… Вале рафта-рафта дар натиҷаи интишор ва русухи он қисмат аз таъолими ислом, ки дунёро ҷифае фонӣ ва зиндони мӯъмин медонист ва ривоҷи фалсафаи ҳиндӣ бо он усули манфӣ ва фано филлоҳӣ, миллати Эрон ба як беалоқагӣ ба зиндагонии моддӣ хӯгар шуд, ки тасаллибахши андешаи чораҷӯии ӯ буд. Бад-ин тартиб мебинем, ки таъолими ислом мисли гуноҳ шумурдани ҷамъи сарвату мол, таҳрими санойеи мустазрафа, рӯзиро мақсум ва сарнавишти башарро муқаддар ва маҳтум шумурдан ва мутавассил ба қазо ва қадар шудан, бо фалсафаи ишроқ ва усули тасаввуф, ки дар бадви амр ба сурати як муқовимати манфӣ аз тарафи мухолифини ислом ҷилвагар шуда буд, дарҳам омехт. Эътиқод ба фалсафаи тақдир дар Эрон ривоҷи бисёр гирифт ва дар натиҷаи он, ҳаёти моддии Эрон ба парешонӣ ва вайронӣ гаройид. Қатъи алоиқи дунявӣ, танбалӣ, вайронанишинӣ, хароботигарӣ, гадоӣ ва дарюзагӣ ҳама аз натоиҷе буд, ки дуруст ё нодуруст аз мазҳаби ислом гирифтанд. Ин таъолим дар Эрон равнақ ёфта, муқаддимаи як инҳитоти иҷтимоиро фароҳам менамуд”.

Ин нависанда аз тарафе мегӯяд дини ислом барои эҷоди марказият дар як ҷомеаи ибтидоӣ мисли Арабистон комилан зарурӣ буд, ва аз тарафи дигар танбалӣ, вайронанишинӣ, хароботигарӣ, гадоӣ ва дарюзагиро маҳсули таъолими исломӣ медонад. Чӣ тавр мумкин аст, ки таълимоти инчунин қодир бошад ҳатто ҷомеае мисли Арабистони он рӯзро марказият ва ваҳдат ва қудрат бидиҳад? Сониян, агар чунон буд, бояд милали исломӣ аз ибтидои нуфузи ислом дар миёни онҳо дучори рахват ва сустӣ ва инҳитот мешуданд, дар кори зиндагӣ ба унвони ин ки дунё ҷифа аст лоқайд мегаштанд ва даст рӯйи даст гузошта ҳама чизро ҳавола ба тақдир мекарданд ва худ хароботӣ мешуданд, ва ҳол он ки тибқи гувоҳии қатъии торих, бо зуҳури ислом, дар мардуми минтақае васеъ аз шимоли Офриқо то шарқи Осиё ҳаёт ва ҷунбиш ва наҳзате азим ва васеъ падид омад ва тамаддуне камназир поягузорӣ шуд ва то шаш қарн идома ёфт ва пас аз он, рукуд ва ҷумуд ва руҳи хароботигарӣ бар мардуми ин минтақа мусаллат гашт.

Ин нависанда, дониста ё надониста, муборизаи ахлоқии исломро бо пулпарастӣ ва ин ки набояд ҳадафи зиндагӣ таҳсили даромад ва анбоштани сарват бошад, ба ҳисоби гуноҳ шумурдани кор ва фаъолият ва касб ва санъат ва тавлиди сарват ҳарчанд ба манзури хидмат ва тавсиъаи зиндагии иҷтимоӣ бошад — ки акидан мавриди ташвиқ ва тавсияи ислом аст — мегузорад ва миёни зуҳду тақво ба мафҳуми будоӣ ва масеҳӣ, ки ҳар як аз ибодат ва фаъолиятро ба як дунёи ҷудогона марбут медонад ва зуҳду тақвои исломӣ, ки иборат аст аз улувви назар ва покӣ ва таҳорати нафс фарқ намениҳад ва ё намехоҳад фарқ ниҳад.

Аз ҳама аҷибтар, пеш кашидани баҳси қазо ва қадар аст, ки ба пайравӣ аз урупоиён онро омили инҳитоти мусалмонон мешуморад. Беҳтар ин буд лоақал ин баҳсро ба касоне, ки тахассусе доранд вогузор мекард. Ин банда (Муртазо Мутаҳҳарӣ) дар рисолаи “Инсон ва сарнавишт” ба андозаи лозим дар бораи қазо ва қадар ба мафҳуми исломии он ва таъсир ва ё адами таъсири он дар инҳитоти мусалмонон баҳс кардааст, ва он рисола чоп шуда ва дар ихтиёри хонандагони мӯҳтарам ин китоб аст.

Дар китобҳои дарсии дабистонӣ ва дабиристонӣ каму беш ҳамин тарзи тафаккур таблиғ мешавад. Камтар китоби килосикро метавон ёфт, ки вориди ин баҳс шуда бошад ва ин тарзи тафаккурро таблиғ накарда бошад. Мо намунае аз як китоби дабиристонӣ нақл ва ба ҳамон иктифо мекунем. Дар ҷуғрофиёи соли дуввуми дабиристон, таҳти унвони “ҷуғрофиёи инсонии Эрон” менависад:

Таъсис ва эҷоди донишкадаи пизишкии Ҷунди Шопур (дар Хузистон) дар замони соcониён, намудори таваҷҷӯҳи амиқи эрониён ба масоили илмӣ буда. Ба таври қатъ китобҳо ва рисолоти пурарзише дар он замон ба василаи эрониён тадвин гардидааст, ки мутаассифона бар асари ҳамалоти бегонагон аз байн рафта ва акнун фақат асомии баъзе аз онҳо ба ёдгор мондааст. Тасаллути араб бар Эрон, дар ҳаёти илмӣ ва адабии мо таъсири амиқе доштааст. Зеро аз як сӯ қисмати аъзами осори илмӣ ва адабӣ ва ҳунарии моро маҳву нобуд сохт, ва аз сӯйи дигар муҳоҷимон забон ва хатти худро ончунон бар мо таҳмил карданд, ки бисёре аз донишмандони эронӣ монанди Ибни Муқаффаъ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абуалӣ Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯнасри Форобӣ, Имом Муҳаммади Ғаззолӣ ва Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ осори илмӣ ва адабии фаровоне ба забони арабӣ мунташир сохтанд. Аз қарни севвуми ҳиҷрӣ, ки бар асари муҷоҳидот ва муборизоти далеронаи мардуми Эрон кишвари мо истиқлоли худро бозёфт, забони кунунӣ эътибори фаровоне гирифт ва гӯяндагон ва нависандагони суханпардози номӣ ҳамчун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Масъуди Саъди Салмон, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва садҳо шоир ва нависандаи нағзгуфтори ватани мо сарчашмаи файёзе барои адабиёти ҷаҳон ба вуҷуд оварданд”.

Бино бар навиштаи ин китоб, дар Эрони қабл аз ислом улум ва ҳунар ва адабиёт равнақи фаровоне доштааст ва тасаллути аъроби мусалмон, дар ҳаёти маънавии Эрон таъсири манфӣ доштааст ва аъроб забон ва хатти худро ончунон бар Эрон таҳмил карданд, ки ҳатто амсоли Бӯалӣ Сино ва Ғаззолӣ пас аз чаҳорсад сол ва понсад сол баъд аз ин ҳамла ва дивист сол ва сесад сол пас аз истиқлоли Эрон, боз ҳам маҷбур буданд ба забони арабӣ осори худро таълиф кунанд, ва фақат аз замоне ба назму насри порсӣ пардохтанд, ки аз асорати араб наҷот ёфтанд ва забони форсӣ аксуламале буд дар муқобили ҳуҷуми ислом ва мусалмонӣ. Мо қаблан дар бораи афсонаи таҳмили забони арабӣ ба Эрон ва ин таблиғи муғризона, ки эҳёи забони форсӣ як аксуламали эронӣ буд дар муқобили ислом, баҳс кардаем ва дар бораи афсонаи маҳви осори илмии Эрон ба василаи аъроби мусалмон ва бахусус дар бораи моҳият ва ҳувияти донишкадаи Ҷунди Шопур баъдан дар ҳамин китоб ва ё дар як рисолаи ҷудогона баҳс хоҳем кард.

Бархе поро аз ин фаротар ниҳода ва вуруди исломро ба Эрон мусовӣ бо як фалокат ва бадбахтии доим дониста ва тамоми хасоиси суи ахлоқии имрӯзи эрониёнро мавлуди ҳуҷуми аъроб ба Эрон ва нуфузи ислом дар миёни эрониён муаррифӣ мекунанд. Барои намуна, қисмате аз як мақола дар маҷаллаи “Фирдавсӣ” шумораи 787 муаррахаи 3 обони 1345 (25 октябри 1966)-ро зикр мекунем. Нависанда дар ин мақола хостааст ба китоби “Ғарбзадагии Ҷалоли Оли Аҳмад” посух бигӯяд. Оли Аҳмад гуфтааст, фасоди ин насл мавлуди худбохтагии ин насл дар баробари ғарб ва мошинисм аст. Оли Аҳмад ғарбзадаро ин тавр тавсиф мекунад:

Одами ғарбзада ҳирҳиримазҳаб аст (яъне касе ки ҳеч мазҳабе надорад), ба ҳеч чиз эътиқод надорад, аммо ба ҳеч чиз ҳам беэътиқод нест, як одами исқотӣ аст, нон ба нархи рӯзхур ва ҳама чиз барояш баробар аст. Худаш бошад ва хараш аз пул бигузарад, дигар буду набуди пул ҳеч аст. На имоне дорад, на маслаке, на мароме, на эътиқоде ба Худо ё ба башарият. На дар банди таҳаввули иҷтимоӣ аст ва на ҳатто дар банди ломазҳабӣ ва бединӣ. Албатта гоҳе ба масҷид меравад, ҳамон тавр ки ба ҳизб меравад ё ба синамо, аммо ҳамаҷо фақат тамошочӣ аст, дуруст мисли ин ки ба тамошои бозии футбол рафтааст. Ҳамеша канори гуд аст. Ҳеч вақт ӯро васати гуд намебинӣ. Ҳеч вақт аз худаш моя намегузорад, ҳатто ба андозаи ним ашке дар марги дӯсте ё таваҷҷӯҳе дар зиёратгоҳе ё тафаккуре дар соати танҳоӣ, ва аслан ба танҳоӣ одат надорад, аз танҳо мондан мегурезад, чун аз худаш ваҳшат дорад. Ҳамеша дар ҳамаҷост. Ҳеч вақт аз ӯ фарёде ё эътирозе ё аммое ё чуну чарое намешунавӣ. Одами ғарбзада роҳатталаб аст, дамро ғанимат медонад — ва на албатта ба таъбири фалсафа — одами ғарбзада шахсият надорад, чизест беасолат…”

Маҷаллаи “Фирдавсӣ” ба Оли Аҳмад ҷавоб медиҳад, ки:

Ин одам, ки ту васф кардӣ, фақат моли дивист соли ахир аст?.. На, чунин одами сар ба ҳаво ва беэътиқоди ҳирҳиримазҳаби мутамаллиқи дурӯғгӯи бемояи беватани ҳечҷойӣ, ки ту васф кардӣ, қариб ҳазору сесад сол аст, ки дар ин обу хок падид омадааст. Аз ҳамон рӯзи шуму сиёҳ, ки нигаҳбонони кохи Мадоин ба дидани тозиён ба канори дарвозаҳои шаҳр фарёд бароварданд: “Девон омаданд, девон омаданд”, нутфаи ин мавҷуди ҳаромзода баста шуда. Ва ҳангоме ки Фирӯзён, сардори нигунбахти эронӣ дар ҷанги Наҳованд фиреби худъаи ноҷавонмардонаи аъробро дар гурезу ҳамла хӯрд ва бохт, ин мавҷуд ба дунё омад. Ва ҳоло ҳазору сесад сол аст, ки мо ончунон одамҳое дорем, ки ҳамаашон тақия мекунанд, ба дигарон итминон надоранд. Ва чун суизаннӣ ҳастанд, ҳеч гоҳ дилашонро боз намекунанд ва ҳеч вақт аз онҳо фарёде ё эътирозе ё аммое ва ё чуну чарое намешунавӣ”.

Ҳамин маҷалла дар дунболаи ин мақола дар шумораи баъд менависад:

Дар ҳазору анде сол пас аз ҳамлаи аъроб ба ин сарзамин, меъёрҳои ахлоқӣ, руҳӣ ва миллии мо дигаргун шудааст, кайфияти ҷанговарӣ, ҳариф будан ва ҳуҷумоварии мо, ба забунӣ, нон ба нархи рӯзхӯрӣ ва ноҷинсӣ ва тазабзуб бадал шуд. Ва аз ин тағйир чӣ ҷурсумаҳои дигар, ки ба ҷонамон ҳамла меоварад…”

Ва ҳамчунин ҳамин маҷалла дар шумораи 23 урдибиҳиштмоҳи 1347 (13 майи 1968) таҳти унвони “Сумбулизм дар шеър” менависад:

Медонем ҳамлаи тозиён ба Эрон барои мардуми марзу буми мо бисёр гарон тамом шуд, ва дар тасодуми ду тамаддуни Эрон ва тозиён, мардуми мо аз пой даромаданд ва шикасти сиёсӣ ба шикасти маънавӣ анҷомид… Тозиён тамаддуни Эронро истеҳзо мекарданд ва эрониёнро “маволӣ” яъне бандагон мехонданд… Ҷашнҳои эронӣ мавқуф шуд, бода, ки эрониён пас аз ноҳор ва шом менӯшиданд, амали шайтонӣ ва ҳаром хонда шуд, шӯълаҳои оташкадаҳои марзу буми мо хомӯшӣ гирифт, аммо ба зудӣ мардуми Эрон ба муқовиматҳои ҷиддӣ даст заданд ва миллати Эрон аз хокистари тирабахтӣ ва шикаст чун мурғи оташ бархост ва шӯълаҳои оташи нубуғи эронӣ аз оташкадаи ҷони донишвароне чун Абӯрайҳони Берунӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ, Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Закариёи Розӣ, Байҳақӣ забона кашид, кобус ба поён омад…”

Сэр Ҷон Малкуми ангилисӣ (John Malcolm) дар “Торихи Эрон” менависад:

Пайравони пайғамбари арабӣ аз пойдорӣ ва лиҷоҷе, ки эрониён дар дифоъ аз мулку мазҳаби хеш намуданд, чунон дар хашм буданд, ки чун даст ёфтанд, ҳар чизро, ки мӯҷиби тақвияти миллият донистанд, арзаи тахриб ва ҳалок сохтанд. Шаҳрҳо бо хок яксон ва оташкадаҳо бо оташ сӯхта шуд ва мӯбадонро, ки маъмури мувозибати умур ва мубоширати хадамоти маъбадҳо ва ҳайкалҳо буданд, аз дами теғ гузаронданд ва китобҳои фузалои миллат, аъамм аз он ки дар мутлақи улум навишта шуда буд ё дар торих ва масоили мазҳабӣ, бо касоне, ки ин гуна китобҳо дар тасарруфи эшон буд, дар маърази талаф оварданд. Араби мутаассиб ба ҷуз Қуръон дар он айём на китобе медонист ва на мехост бидонад. Мӯбадонро маҷус ва соҳир медонистанд ва китобҳои эшонро китобҳои сеҳр меномиданд. Аз ҳоли китобҳои Юнон ва Рум метавон қиёс кард, ки китобҳои мамлакате мисли Эрон чӣ қадр аз он тӯфон боқӣ хоҳад монд…

Он чӣ ин ба истилоҳ муаррих мегӯяд, хеле тозагӣ дорад, зеро дар ҳеч санад ва мадраки торихӣ ёфт намешавад. Ночор бояд фарз кунем, ки ин муаррих ба санад ва мадраке даст ёфта, ки чашми ҳеч ҳалолзодае онро надида ва дасти аҳаде ба он нарасида ва маслиҳат ҳам набудааст, ки он санад ва мадрак ифшо шавад. Оре, ночорем чунин фарз кунем, зеро агар чунин фарз накунем, ночорем Худой нохоста дар ҳусни ният ва камоли садоқат ва ниҳояти ростгӯии ин муаррихи азимушшаън, ки албатта ҳеч маъмурияте аз тарафи Вазорати умури хориҷаи Ангилистон барои таълифи ин китоб надоштааст (!) андаке тардид раво дорем, ва чунин чизе чӣ гуна мумкин аст?!

Он чӣ ин муаррих дар аснод ва мадорики ғайримаръӣ — ки ҷуз дар оршиви Вазорати умури хориҷаи Ангилистон пайдо нахоҳад шуд – ёфтааст, ин аст, ки аввалан, бар хилофи гуфтаи ҳамаи муаррихон, эрониён дар дифоъ аз мулку мазҳаби хеш пойдорӣ ва лиҷоҷ менамуданд ва бо он ҳама пойдориҳо ва лиҷоҷҳо ва бо он ҷамъияти фаровон, ки болиғ бар саду чиҳил милюн дар он аср тахмин зада шудааст ва бо он ҳама созу баргҳо, аз як ҷамъияти чиҳил-панҷоҳ ҳазор нафарии араби побараҳна, ки аз лиҳози адад камтар аз як даҳуми сарбозони таҳтуссилоҳи Эрон буданд ва аз лиҳози созу барги ҷангӣ тарафи муқоиса набуданд ва ба фунуни ҷангии он рӯз низ чандон ворид набуданд, шикаст хӯрданд. Пас, қатъан ин шикастро тибқи изҳороти ин нависанда бояд ба ҳисоби пуфюзии миллати Эрон гузошт, на ба ҳисоби норизоии онҳо аз ҳукумат ва ойин ва низомоти дохилии худ ва на ба ҳисоби ҷозибаи ойин ва идеулужии ҷадид ба номи ислом.

Сониян, шаҳрҳои Эрон ба василаи аъроби мусалмон бо хок яксон шудааст. Ин шаҳрҳо дар куҷо буда ва чӣ номе доштааст ва дар кадом китоби торих номи онҳо бурда шудааст? Ҷавобашро худи Сэр Ҷон Малкум бояд бидиҳад.

Солисан, мӯбадон ва мубоширони маъбадҳо аз дами теғ гузаронда шудаанд ва оташкадаҳо бо оташ сӯхта шудааст, аммо ин ки муаррихоне монанди Масъудӣ ва Мақдисӣ ва ғайри онон навиштаанд, ки то замони онҳо (дар ҳудуди қарни чаҳорум) ҳанӯз оташкадаҳо боқӣ ва побарҷо будааст ва ҳатто умарои мусалмон зимни паймони аҳд мутааҳҳид мешуданд, ки маъобиди аҳли китоб ва аз он ҷумла маҷусро ҳифз кунанд, матлабест, ки оқои Сэр Ҷон Малкум намехоҳад баҳсе дар он бора бикунад.

Робеъан, китобҳои илмӣ ва мазҳабии Эрон ва касоне, ки ин китобҳо дар тасарруфашон будааст, якҷо дар маърази талаф воқеъ шудаанд. Мо баъдан таҳти унвони “Китобсӯзӣ” дар ин бора муфассалан баҳс хоҳем кард.

Хомисан, аъроби мусалмон мӯбадонро соҳир ва китобҳои маҷусро китоби сеҳр меномиданд. Ин низ матлабест, ки барои аввалин бор аз забони ин муаррихи беғараз (!) бояд шунида шавад.

Ин буд ду назари мутазодде, ки дар бораи ислом ва Эрон изҳор мешавад. Акнун мо кадом назарро бипазирем? Оё он назарро бипазирем, ки муддаӣ аст Эрон ва ғайри Эрон дар ҷоҳилияти амиқе фурӯ рафта буд, афкор ва ақоид ба пастӣ гаройида буд, ҳукуматҳо фосид гашта буд, низомоти иҷтимоӣ фосид, ситам фаровон, тӯдаҳо норозӣ ва ҷаҳон ниёзманд ба як таҳаввул ва навсозӣ буд, ислом омад ва ин рисолатро анҷом дод, меъёрҳоро дигаргун сохт, бандҳоро пора кард ва хобҳоро аз каллаҳо паронид ва руҳи тоза ба пайкари нимаҷони миллатҳо ва аз он ҷумла миллати Эрон дамид, ва ё ин назарро, ки мегӯяд, ҳама чиз доштем, ислом омад ва ҳамаро аз мо гирифт?

Хушбахтона, ҳамон тавр ки қаблан гуфтем, торихи ҷаҳон ва Эрон муқорини зуҳури ислом равшан аст. Мутолеаи мухтасаре дар торих вазъро равшан мекунад. Кофист бибинем, ки Эрон қабл аз ислом аз лиҳози низоми фикрӣ ва эътиқодӣ чӣ афкор ва мӯътақадоте доштааст ва арзиши он мӯътақадот чист, низомоти иҷтимоӣ, хонаводагӣ, ахлоқӣ, сиёсии он рӯзи Эрон чӣ низомоте будааст? Сипас онҳоро бо низомоти фикрӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, хонаводагӣ, ахлоқии ислом бо таваҷҷӯҳ ба матни торих муқоиса ва натиҷагирӣ кунем.

Сухани худро аз низомоти фикрӣ ва эътиқодии Эрон оғоз менамоем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: