Шарҳи Маснавӣ (192)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (18)

* * *

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай (3)

* * *

Эй дареғо, субҳи зулматсӯзи ман,

Эй дареғо, нури рӯзафрӯзи ман.

Дар ин ҷо Мавлоно матолиби марбут ба газанди забонро, ки аз қавли бозаргон баён дошта поён медиҳад ва муҷаддадан сурати ҳикоятро пай мегирад. Бозаргон идома дод: Эй дареғ аз ту, ки субҳи торикизудои ман будӣ! Ҳамон субҳе, ки пардаи зулматро бо шуъои нурат месӯзондӣ ва маҳв мекардӣ! Эй дареғ аз ту, ки равшанибахши рӯи ман будӣ. Дар ин ҷо бозаргон тӯтии худро ба тариқи истиораи тамсилия ба нур ва бомдод ташбеҳ мекунад. (Шарҳи Кабири Анқуравӣ, ҷ.2, с.688)

Эй дареғо, мурғи хушпарвози ман,

З-интиҳо паррида то оғози ман.

Дареғ бар парандаи баландпарвози ман! Ҳамон парандаи қудсии руҳ, ки бар мадориҷ ва маротиби олии ҳастӣ ба парвоз даромадааст ва қавси суъудии ҳастиро аз нузулитарин мартибат, ки мартибаи носут аст, то олитарин мартибат, ки мартибаи лоҳут аст, бо инояти хоссаи илоҳӣ сайр кардааст.

Нукта: Руҳ ибтидо сайри нузулӣ дорад, яъне аз мартибаи аълои ҳастӣ ба мартибаи асфали ҳастӣ ҳубут ва нузул мекунад ва сипас ба сайри суъудӣ мепардозад ва дубора ба оғоз ва асли худ восил мешавад. (Муқтабас аз Шарҳи асрор, с.56 ва Шарҳи Кабири Анқуравӣ, ҷ.2, с.689) Ба гуфтаи бархе аз шореҳон, мурод аз “интиҳо” олами маҳсусот аст ва мурод аз “оғоз” мақоми қудси илоҳӣ. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.540)

Ошиқи ранҷ аст нодон то абад,

Хез, “ло уқсим” бихон, то”фӣ кабад”.

Одами нодон ҳамвора ба ранҷи худ ишқ меварзад. Яъне инсони беақл ҳамеша бар хилофи масолеҳи худ гом бармедорад; гӯӣ ки ӯ ошиқи ранҷу бадбахтӣ аст. Агар дар ин маврид, шоҳиде мехоҳӣ, баланд шав ва сураи “Балад”-ро бихон, ки мефармояд:

لَا أُقْسِمُ بِهَذَا الْبَلَدِ

Савганд ба ин шаҳр” то он ҷо, ки мефармояд:

 لَقَدْ خَلَقْنَا الْإِنسَانَ فِي كَبَدٍ

Ҳамоно одамиро дар ранҷ биёфаридем”.

Нукта: Муфассирон дар бораи “Ло”, ки ифодаи чӣ маъное мекунад, ақволе овардаанд. Баъзе мегӯянд, “Ло” зоида (ё зинат) аст. Пас, “Ло уқсиму” ба маънои “Савганд намехӯрам” нест, балки ба маънои “Савганд мехӯрам” аст. Қавле дигар “Ло”-ро дар радди гумонҳо ва инкори мункирон медонад; гӯӣ ки баён медорад: “Он тавр нест, ки мепиндоред” ва ба дунболи он қасам мехӯрад ба он шаҳр.

Муносибати ин байт бо байти қаблӣ ин аст, ки ҳар инсоне, ки ба мақоми ҳақиқии инсон воқиф нашавад, барои ҳамеша худро ба коми ранҷу андӯҳи дунявӣ дарафканад ва ҳаргиз ба ҳоли авлиёуллоҳ нарасад, ки:

لاَ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلاَ هُمْ يَحْزَنُونَ

Огоҳ бошед, ки бар авлиёуллоҳ на биме аст ва на онон андӯҳгин мешаванд”. (Сураи Юнус, ояти 62)

Аз кабад фориғ будам бо рӯйи ту

В-аз забад софӣ будам дар ҷӯйи ту.

Эй маҳбуби ҳақиқӣ! То вақте ки бо ҷамоли ту дамсоз будам, аз ранҷ осуда будам ва дар ҷӯйбори ишқ ва муҳаббати ту аз кафу завоиду нохолисӣ пок будам.

Кабад: ранҷу сахтӣ. Забад: Кафе, ки рӯйи мойеъ истад.

Нукта: Ин байт хитоб ба ҳазрати Ҳақ аст. То замоне ки руҳи инсон дар олами ваҳдат бо зоти улуҳӣ ваҳдат дошт, аз ҳар палидӣ ва касрате фориғ буд ва аз тирагӣ ва шоибаи дунявӣ ва ранҷи олами маҳсусот муназзаҳ буд. Ва ин ранҷҳо вақте ҳосил омад, ки инсон аз найистони олами ваҳдат бурида шуд ва дар нафири фироқ афтод. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.541)

Ин дареғоҳо хаёли дидан аст

В-аз вуҷуди нақди худ бубридан аст.

Ин дареғ гуфтанҳо ва афсӯс хӯрданҳо ҳама ба хотири ин аст, ки ошиқ дар орзуи мушоҳидаи маҳбуби ҳақиқӣ аст. Ва дар ин роҳ аз ҳастии моддӣ ва тани хокии худ мебурад ва онро видоъ мегӯяд.

Нукта: Акбарободӣ гӯяд: “Ин дареғ аз он аст, ки мехоҳам аз ҳастии худ фонӣ шавам ва туро мушоҳида кунам”. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.112) Дареғ ва ҳасрат вақте даст медиҳад, ки матлубе аз одамӣ фавт шавад ва ё дар орзуи амри дилхоҳе бошад, ки ба он натавонад расид. Ва ин мусталзими таваҷҷӯҳи қалб аст ба гузашта ва ё оянда. Ва ин бар хилофи ибнулвақт будани сӯфӣ аст. Мавлоно дар тамоми муддат дида нашуд, ки бар фавти чизе ҳасрат хӯрад, то бад-он ҷо, ки рӯзе бе маъшуқ назист. Ҳамин ки Шамс рафт, ба Салоҳуддин ва пас аз он ба Ҳисомуддин ишқ варзид ва марги ёрони худро дар камоли шодӣ пазируфт ва ҷанозаи ононро бо даффу рақсу самоъ ташйеъ кард. Ёрони ӯ низ ҳамин равишро дар фавти ӯ маъмул доштанд. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.678-678)

Ғайрати Ҳақ буду бо Ҳақ чора нест,

Ку диле, к-аз ишқи Ҳақ садпора нест?

Маргу фанои парандаи зебои руҳ аз ғайрати Ҳақ Таъолост ва дар баробари ишқи Худо ҳеч чорае нест. Ку он диле, ки аз ишқи Ҳақ садпора нашуда бошад?!

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: