Агар ҳидояткунанда ва гумроҳкунанда Худост, пас чаро биҳишту дӯзах ҳаст?

Пурсиш: Ассалому алейкум… Саволе доштам: Худованд мефармояд: Ман яҳдиллоҳу фа ҳувал муҳтади, ва ман юзлил… Агар ҳидояткунанда Худост, пас чаро онҳое, ки аз ҳидояти Худо бархӯрдор нестанд, дар ҷаҳаннаманд?

Хайрулло Самадӣ

* * *

Посух: Ба номи Худо. Бале, дар ояти 178 сураи Аъроф мефармояд:

مَن يَهْدِ اللّهُ فَهُوَ الْمُهْتَدِي وَمَن يُضْلِلْ فَأُوْلَئِكَ هُمُ الْخَاسِرُونَ

Ҳар киро Худо ҳидоят кунад, ӯ роҳёфта аст, ва касонеро, ки гумроҳ намояд, онон зиёнкоронанд”.

Воқеият ин аст, ки агар касе бо Қуръони Карим хуб ошно набошад, қатъан ҳамин бардоштеро, ки шумо фармудед, аз ин ояти шарифа хоҳад набуд. Яъне, пеши ӯ ин шубҳа эҷод хоҳад шуд, ки агар қарор бошад ҳидоят (роҳнамоӣ) ва залолат (гумроҳӣ) дасти Худо бошад, пас биҳишту дӯзах чаро? Барои чӣ иддае равонаи биҳишт шаванд ва шуморе ҳам равонаи дӯзах вақте ҳидояту гумроҳӣ ба дасти Худост? Ин ки бо адолати худоӣ созгор нест!

Аммо барои инсоне, ки бо Қуръон нек ошност, ҳаргиз ин шубҳа падид нахоҳад омад.

Ҳол, барои фаҳми дурусти ин ояти шарифа — ва шабеҳи он, ки дар Қуръон фаровон омадааст – аз шумо хоҳиш мекунам, ба матолибе, ки хоҳам овард, диққат бифармоед.

* * *

Вожаи “ҳидоят” дар Қуръони Карим, дар ҳамаи мавориди истеъмоли он, ба як навъ нест. Дар Қуръон аз чаҳор навъ ҳидоят сухан рафтааст:

1) Ҳидояте, ки Худованд дар ниҳоди ҳамаи мавҷудот — аз ҷамоду наботу ҳайвону инсон – гузошта. Ҳидояте, ки тибқи он, ҳамаи мавҷудот ба сӯйи ғоят ва ҳадафе, ки барои он офарида шудаанд ҳаракат мекунанд. Дар истилоҳ, ба он “ҳидояти таквинии умумӣ” гуфта мешавад. Оятҳои зерин ишора ба ҳамин навъ ҳидоят доранд:

قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى

Гуфт: Парвардигори мо касест, ки ҳар чизеро хилқате, ки дар хӯри ӯст дода, сипас ӯро ҳидоят фармудааст”. (Сураи Тоҳо, ояти 50)

سَبِّحِ اسْمَ رَبِّكَ الْأَعْلَى. الَّذِي خَلَقَ فَسَوَّى. وَالَّذِي قَدَّرَ فَهَدَى

Номи парвардигори волои худро ба покӣ бистой! Ҳамон, ки офарид ва ҳамоҳангӣ бахшид. Ва он ки андозагирӣ кард ва сипас ҳидоят кард”. (Сураи Аъло, оятҳи 1-3)

Ин навъ ҳидоят, чунонки гуфтем, дар ниҳоди ҳамаи мавҷудот гузошта шуда. Масалан, занбӯри асалро, ки Худо офарида, дар вуҷуди ӯ як навъ меконизме (ё ғаризае) гузошта, ки ин ҳашараи кучак, бидуни он ки бидонад, бо ҳидоят ва роҳнамоии ин ғариза, ба сӯйи ҳадаф ва ғаразе, ки барои он офарида шудааст ҳаракат мекунад; лона месозад ва гард ҷамъоварӣ мекунад ва асали мусаффо дуруст мекунад.

Ин як навъ ҳидоят аст, ки Қуръон аз он сухан кардааст. Пурвозеҳ аст, ки дар баробари ин гуна ҳидоят, ҳеч гуна залолате вуҷуд надорад. Ва низ пурравшан аст, ки ҳидояте, ки шумо аз он мегӯед, ғайр аз ин ҳидоят аст.

* * *

2) Навъи дигари ҳидоят он аст, ки Худованд аз миёни мавҷудот, фақат инсонро ба он ихтисос дода. Ҳидояте, ки ба воситаи он, инсонҳо метавонанд ба самти як саре аз ҳақоиқ ва арзиш‏ҳо гаройиш пайдо бикунанд. Ба он “ҳидояти ботинӣ” низ гуфта мешавад. Ин ки масалан инсон метавонад ба ақл ва фитрати худододӣ хубро аз бад, зиштро аз қабеҳ ва дуруст аз нодуруст ташхис бидиҳад.

وَهَدَيْنَاهُ النَّجْدَيْنِ

Ва ҳар ду роҳ (роҳи хайру шарр)-ро ба ӯ нишон додем”. (Сураи Балад, ояти 10)

Хуб, равшан аст, ки дар баробари ин навъ аз ҳидоят низ ҳеч гуна залолате нест. Яъне Худованд ҳеч касро бо фитрати худогурез ва ақли гумроҳкунанда наофаридааст.

* * *

3) Навъи севвуми ҳидоят, ки Қуръони Карим аз он сухан гуфтааст — ва он ҳам махсуси инсонҳост — “ҳидояти ташреъӣ” аст. Ва он ин ки: Худованд бо фиристодани паёмбарон ба сӯйи инсонҳо, роҳи саодат ва камоли онҳоро нишон додааст; инро бикун, онро накун, ин воҷиб аст, он ҳаром аст ва ғайра… Чунин ҳидояте низ фарогир ва ҳамагонӣ аст. Яъне Худованд паёмбаронро барои ҳамаи инсон‏ҳо фиристода ва китоби осмонии худро барои ҷамиъи башар нозил фармудааст.

إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

Мо роҳро ба ӯ (инсон) нишон додем, ки ё шукргузор аст (ва ин роҳро мепаймояд) ва ё носипос (ва ин роҳро намепаймояд)”. (Сураи Инсон, ояти 3)

Дар баробари ин гуна ҳидоят низ ҳеч гуна залолате нест. Зеро “залолати ташреъӣ” (ки нуқтаи муқобили “ҳидояти ташреъӣ” бошад) ба ин маъност, ки — наъузу биллоҳ — Худованд паёмбаронеро ҳам барои гумроҳсозии бархе аз мардум бифиристад ва маориф ва аҳкоми гумроҳкунандае бар онон нозил фармояд, дар ҳоле ки Худованд ҳаргиз чунин намекунад.

Дар ин ‏навъ аз ҳидоят як нуктаи муҳим вуҷуд дорад, ки бояд ёдовар шавем. Ва он ин ки: Худованд бо ин ки хостори ҳидояти ҳамаи инсон‏ҳост, вале ҳеч касро маҷбур ба паймудани он накардааст. Яъне, инсон ихтиёр дорад роҳи Худоро бипаймояд, ки натиҷааш ноил омадан ба саодати абадист, ва ҳам метавонад роҳи Ӯро напаймояд, ки натиҷааш шақоват ва бадбахтӣ дар дунё ва охират аст.

إِن تَكْفُرُوا فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنكُمْ وَلَا يَرْضَى لِعِبَادِهِ الْكُفْرَ وَإِن تَشْكُرُوا يَرْضَهُ لَكُمْ

Агар куфр варзед, Худо аз шумо бениёз аст (яъне ниёзе ба имони шумо надорад ва фоидае ҳам аз он оиди Худо намешавад), ва албатта барои бандагонаш куфрро намеписандад (ва розӣ нест, ки куфр варзанд), ва агар сипос доред, онро барои шумо меписандад…” (Сураи Зумар, ояти 7)

وَقُلِ الْحَقُّ مِن رَّبِّكُمْ فَمَن شَاء فَلْيُؤْمِن وَمَن شَاء فَلْيَكْفُرْ

Бигӯ: Ҳақ аз ҷониби парвардигоратон расидааст, пас ҳар ки бихоҳад, имон оварад ва ҳар ки бихоҳад, куфр варзад…” (Сураи Каҳф, ояти 29)

* * *

4) Навъи чаҳоруми ҳидоят – ки ояте, ки овардаед, дар бораи ҳамин навъ ҳидоят сухан мегӯяд – он аст, ки: касоне ки бо ихтиёри хеш, дар баробари ҳидояти паёмбарони илоҳӣ (ҳидояти навъи севвум, ки ҳидояти ташреъӣ буд) таслим гаштанд ва роҳи Худоро паёмуданд, Худованд боби ҳидояти дигареро бар рӯйи онон мегушояд. Дар истилоҳ, ба он “ҳидояти подошӣ” низ гуфта мешавад.

Дар баробари ин навъ аз ҳидоят залолат ҳаст. Яъне, ҳамон тавр ки пазириши ҳидояти ташреъӣ қобилияти роҳёбӣ ба маротиби болотареро (ва ё ҳамон ҳидояти подоширо) дар инсон эҷод мекунад, ҳамин тавр мухолифат ва сарпечӣ аз ҳидояти ташреъӣ, боис мегардад, ки Худованд чунин инсонеро ба ҳоли худ вогузорад ва мавриди инояташ қарор надиҳад. Ҳамин ба ҳоли худ вогузор кардан ва иноят накардани Худоро, “залолат ва гумроҳӣ аз сӯйи Худо” меноманд.

Аз ин рӯ, ин навъ ҳидоят ва залолат, ба ҳеч ваҷҳ гузинишӣ нест. Яъне, чунин нест, ки Худованд бидуни ҳеч гуна сабабе, касеро ҳидоят кунад ва касеро ҳам гумроҳ. Ҳаргиз чунин нест. Ба оятҳои зерин, ки аз ин навъ ҳидоят ва залолат сухан гуфтаанд, таваҷҷӯҳ кунед:

 يَهْدِي بِهِ اللّهُ مَنِ اتَّبَعَ رِضْوَانَهُ سُبُلَ السَّلاَمِ

Худо ҳар киро аз ризои Ӯ пайравӣ кунад, ба василаи он (китоб) ба роҳҳои саломат ҳидоят мекунад…” (Сураи Моида, ояти 16)

Яъне, ҳидояти подошии Худованд насиби касоне хоҳад шуд, ки аз ризои Ӯ пайравӣ кунанд.

وَيَهْدِي إِلَيْهِ مَنْ أَنَابَ

“(Ва Худованд) ҳар касро, ки ба Ӯ иноба (бозгаштан ва тавба) кунад, ба сӯйи худ ҳидоят мекунад”. (Сураи Раъд, ояти 27)

 وَاللّهُ لاَ يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ

Ва Худованд қавми ситамкорро ҳидоят намекунад”. (Сураи Бақара, ояти 258)

Мегӯяд, агар Худованд гурӯҳеро ҳидоят намекунад, бад-ин ҷиҳат аст, ки ситамкоранд. Яъне сабаби он ки шомили ҳидояти илоҳӣ нашуданд ин аст, ки зулму ситам кардаанд.

وَاللّهُ لاَ يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ

Ва Худо қавми фосиқро ҳидоят намекунад”. (Сураи Моида, ояти 108) Яъне агар Худованд ин гурӯро ҳидоят накард (ба ҳидояти подошӣ) ба ин хотир аст, ки аввал худашон ба ихтиёри худ роҳи фисқу фуҷурро паймуданд, ки агар роҳи дурустро мепаймуданд ва аз паёмбарон пайравӣ мекарданд, ҳатман Худованд ба ҳидояти подошӣ инонро ҳидоят мекард.

 إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي مَنْ هُوَ كَاذِبٌ كَفَّارٌ

Дар ҳақиқат Худо он касеро, ки дурӯғпардози носипос аст ҳидоят намекунад”. (Сураи Зумар, ояти 3) Агар як инсон дурӯғгӯ ва носипос бошад – ки ба ихтиёри худ ин роҳи нодурустро паймуда – ин рафтори зишт сабаб мегардад, ки аз ҳидояти подошии Худо маҳрум гардад.

إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي مَنْ هُوَ مُسْرِفٌ كَذَّابٌ

Худованд касеро, ки исрофкори дурӯғгӯ бошад, ҳидоят намекунад”. (Сураи Ғофир, ояти 28)

Таваҷҷӯҳ ба оятҳои мазкур равшан месозад, ки Худованд агар касеро ҳидоят намуда (ба ҳидояти подошӣ), ба ин хотир будааст, ки ӯ аз ризои Худо пайравӣ карда ва ё роҳи иноба ба Худоро пеша намуда. Ва агар касеро гумроҳ сохта, бад-ин ҷиҳат будааст, ӯ ё ситамкор буда ва ё фосиқ буда ё дурӯғгӯ буда ва ё носипос буда ва ғайра. Яъне, бе далел якеро ҳидоят ва якеро гумроҳ насохта. Албатта, ҳамон тавре ки гуфтем, гумроҳ кардани Худо бад-ин маъност, ки ӯро ба ҳоли худаш вогузорад.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: