Худо хост, ё нахост?

Пурсиш: Устоди азиз, масалан, нафари якум нафари дуюмро ба қатл мерасонад. Дар ин ҷо чор саволе пайдо мешавад:

1. Марги нафари дуюм марги маҷбурӣ (бе хости Худо) аст ва ё баръакс?

2. Нафари якум, бо розигии (ҳидояти) Худо ин амалро анҷом дод, ё ба иродаи худ?

3. Агар ин амал аз рӯи ирода шуда бошад, пас марги нафари дуюм бояд маҷбурӣ бошад?

4. Агар ин марг ба қазову қадар вобаста бошад, яъне ба хости Худо, пас агар марди якум марди дуюмро намекушт (яке виҷдонаш набардошт) пас қазову қадар куҷо мешавад?

Шодмон Шодмонов

* * *

Посух: Ба номи Худо. Ин чаҳор суоли шумо, дар воқеъ, ҳама гирди масъалаи “иродаи Худо” ва “робитаи ихтиёри инсон бо иродаи Худо ва қазо ва қадар” чарх мезанад. Аз ин рӯ, мо дар посух ба ин пурсиш, ночорем дар атрофи ҳамин ду масъала баҳс кунем.

Дар оғоз, лозим аст ин нуктаро бароятон баён бидорам, ки мутаассифона, дар миёни бештари мусалмонон, ин ду масъала (иродаи Худо, робитаи иродаи инсон бо иродаи Худо ва қазо ва қадар) нодуруст ба тасвир кашида шуда, аз ин рӯ, шарти фаҳми саҳеҳи ин ду масъала дар партави Қуръони Карим ин аст, ки аввал он тасаввуроти носаҳеҳро аз зеҳнамон дур бирезем, он гоҳ бибинем, Қуръони Карим чӣ мегӯяд.

Бо таваҷҷӯҳ ба нукоте, ки дар зайл хоҳам овард, умед меравад, масъала бароятон равшан гардад. Саъй мекунам, бисёр содда ва равон тавзеҳ бидиҳам:

* * *

1. Иродаи Худованди Мутаъол яъне хости ӯ. Дар робита бо иродаи Худо, дар зеҳни мо, мусалмонон, ғолибан ин гуна тасаввур росих аст, ки “ҳар чи Худо хоҳад, мешавад”. Бо ин ки ин андеша аз як назар дуруст аст (ва ба зудӣ дар бораи он баҳс хоҳам кард), аммо инак, ду оят аз Қуръони Каримро меоварам, то бибинем, қазия аз чӣ қарор аст:

إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ

Чун Худованд чизеро “ирода” кунад, фармонаш ин аст, ки мегӯяд: “Мавҷуд бош!”, пас (он чиз) мавҷуд мешавад”. (Сураи Ёсин, ояти 82)

مَا يُرِيدُ اللّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُم مِّنْ حَرَجٍ وَلَكِن يُرِيدُ لِيُطَهَّرَكُمْ وَلِيُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Худо намехоҳад бар шумо танг бигирад, лекин “ирода” ва хоҳиши ӯ ин аст, ки шуморо пок ва неъматашро бар шумо тамом гардонад. Бошад, ки сипоси Ӯ бидоред” (Сураи Моида, ояти 6)

Ҳол, оё ин ду “ирода” як гуна аст? Ё байни онҳо фарқ ҳаст?

Пурвозеҳ аст, ки байни ин ду “ирода” фарқ ҳаст. Аввалӣ, иродаест, ки тахаллуф намепазирад. Яъне, дар ин навъ ирода, мурод (яъне ҳамон чизе, ки мавриди иродаи Худо воқеъ шуда) ҳатман ва қатъан ба вуқӯъ мепайвандад ва тахаллуф намепазирад ва маҳол аст, ки воқеъ нашавад. Аммо дар навъи дуввум (он ҷо, ки мефармояд: “Лекин “ирода”-и ӯ ин аст, ки шуморо пок гардонад”), мумкин аст мурод воқеъ нашавад. Яъне, Худо мехоҳад мӯъминон пок бошанд, вале касе пайдо мешавад, ки ирода мекунад пок набошад. Ё як мисоли возеҳтар: Худо мехоҳад ҳамаи мардумони рӯйи гетӣ мӯъмин бошанд, намоз бихонанд, рӯза бигиранд ва хулоса, ба амрҳои илоҳӣ гардан ниҳанд ва аз наҳйҳои ӯ сар боз бизананд. Ин ки дар Қуръони Карим мефармояд, “ширк наварзед”, “имон оваред”, “намоз бихонед”, “дурӯғ нагӯед”, “ғайбат макунед”, “ба падару модари худ эҳсон кунед” ва ғайра… хуб, инҳо ҳама хостаҳои илоҳӣ ҳастанд, аммо оё ҳамаи ин хостаҳо ва “иродаҳо” воқеъ шудаанд? Қатъан, на!

Аз ҳамин рӯст, ки донишмандони исломӣ иродаи Худоро ба ду навъ тақсим кардаанд: иродаи таквинӣ ва иродаи ташреъӣ, ва дар таърифи ин ду гуфтаанд:

а) Иродаи таквинӣ он аст, ки шайъи иродашуда, дар ҷаҳони ҳастӣ таҳаққуқ пайдо мекунад, ва вуқӯи он қатъӣ ва ҳатмист, ва ҳеч чиз наметавонад монеи он шавад;

б) Иродаи ташреъӣ он аст, ки Худованди Мутаъол, ба унвони шореъ ва қонунгузор, як силсила чизҳоеро хостааст, ки мардум бо ихтиёри худ анҷом бидиҳанд, ва ин навъ ирода тахаллуфпазир аст. Яъне, мумкин аст баъзе одамҳо аз дастуроти Худо итоат накунанд ва ҳатто хилофи онро анҷом диҳанд ва Худо монеи онҳо намешавад.

Ҳол, бояд дид, иродаи таквинии Худо ҷояш куҷост ва чаро тахаллуф намепазирад? Яъне чаро таҳаққуқ ва воқеъ шудани он ҳатмист?

* * *

2. Аз дидгоҳи Қуръон, дар ҷаҳони ҳастӣ, ҳеч падидае мавҷуд намешавад ва ҳатто ҳеч барге намеҷунбад, магар ба хост ва иродаи Худо (иродаи таквинӣ), ва ҳатто афъоли ихтиёрии мо инсонҳо низ бидуни машиат ва иродаи Худо таҳаққуқ намепазиранд:

وَمَا تَشَاؤُونَ إِلَّا أَن يَشَاءَ اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ

Ва то Худо, парвардигори ҷаҳонҳо, нахоҳад, шумо низ намехоҳед”. (Сураи Таквир, ояти 29)

وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ وَمَا تَعْمَلُونَ

Ва Худованд шуморо ва низ он чиро анҷом медиҳед офарид”. (Сураи Соффот, ояти 96)

Яъне, Худованд на танҳо холиқ ва офаридгори шумост, балки корҳоеро ҳам, ки ба ихтиёри худ анҷом медиҳед, дар воқеъ холиқаш Худост. (Аммо ин ки оё ин, ба маънои салби ихтиёр аз инсон нест, дар ин бора ба зудӣ баҳс хоҳем кард.)

Хулоса, ҳамаи падидаҳои ҷаҳони ҳастӣ — бидуни истисно, ва ҳатто корҳои ихтиёрии мо инсонҳо — воқеъ намешавад, магар ба хост ва иродаи Худо. Ва то замоне ки иродаи Худо (иродаи таквинӣ) ба чизе таъаллуқ нагирад, он чиз мавҷуд намешавад. Ва дар ҷаҳони ҳастӣ, ҳар чи аз мавҷудот, ки падид меояд ва ҳар чи аз корҳо, ки ба вуқӯъ мепайвандад, инҳо ҳама ба иродаи Ҳақ Таъоло падид омада ва ба вуқӯъ пайваста, ва ҳеч чиз аз доираи иродаи Худо берун нест. Ва дар як сухан, дар ҷаҳони ҳастӣ, фоъили ҳақиқие ба ҷуз Худованд надорем.

Аммо, тамоми баҳс, дар фаҳми ин масъалаи дақиқ ва нозук аст. Фалосифаи ғарбӣ, ки аслан ба ин масъала ворид нашудаанд, то бифаҳманд. Ва аммо дар ҷаҳони ислом, баъзеҳо дар натиҷаи адами фаҳми саҳеҳи он, ҷабргаро гардиданд ва барои ихтиёр ва иродаи инсон ҳеч нақше қоил нашуданд, ва баъзеҳо (мисли Мӯътазила) низ, ба хотири дифоъ аз ихтиёри инсон, нохоста, барои ҷаҳони ҳастӣ, ду холиқ мӯътақид шуданд.

Ҳол, барои фаҳми ин масъалаи бисёр нозук ва дақиқ, ду мисол мезанам, то худатон доварӣ кунед. Як донаи гандум, ки падид меояд, чӣ гуна падид меояд? Оё якдафъа аз осмон парт мешавад, ё Худованд барои падид омадани он, роҳ ва тариқае хосс (ва ба иборати дигар, қонуне) вазъ карда, ки гандум тибқи он ба вуҷуд меояд? Посух равшан аст. Қатъан, аз як тариқи хоссе: яъне, донае дар замин кошта мешавад, обёрӣ мегардад, хуршед ба он метобад ва ғайра аз садҳо авомил ва асбоб, ки агар ин асбоб ва авомил ва ҳатто яке аз онҳо набуд, гандум падид намеомад. Фалосифа (чӣ Худобовар ё атеист) номи ин қонунро “қонуни сабабият” (ё иллият) номидаанд. Яъне, тамоми мавҷудот ва падидаҳо ва ҳаракот ва афъол, ки дар ҷаҳони ҳастӣ таҳаққуқ мепазиранд, тибқи ин қонун аст ва ҳеч чиз аз доираи ин қонун берун нест. Ин як мисол:

Як мисоли дигар. Як инсон, бо ихтиёри худ, дареро боз мекунад. “Боз шудани дар”, як падида аст, ки дар ҷаҳони ҳастӣ воқеъ шуда. Хуб, ин падида низ аз тариқи як силсила асбоб ва авомили хоссе ба вуқӯъ пайваста. Асбоб ва авомили он иборатанд аз: инсон (ки дарро боз карда), тавоноӣ ва қудрати ӯ (ки агар нотавон буд ва масалан шал буд, наметавонист дарро боз кунад), набудани монеъе дар сари роҳ, ва ҳамчунин ирода ва хости инсон (ки агар тавоноӣ дошт ва монеъе ҳам вуҷуд надошт, вале агар нахост ва ирода накард, боз ҳам дар боз намешуд) ва ғайра аз авомил ва асбоб, ки агар яке аз онҳо набуд, дар боз намешуд.

Ҳол, хуб диққат кунед! Оё “боз шудани дар” ба унвони як падида, ки ба ин ҳама асбоб ва авомил вобаста аст ва агар набуданд ё ҳатто яке аз онҳо набуд, боз намешуд, дар маҷмӯъ кори кист? Оё “дар маҷмӯъ” кори инсон аст? Қатъан, на. Зеро, асбоб ва авомиле, ки барои ба вуқӯъ пайвастани он дахил ва саҳим буданд, бисёре аз онҳо, дар дасти инсон нест. Масалан, худи инсон, ки яке аз асбоби он аст, аз худи ӯст? Яъне худаш худашро падид оварда? Ва ё масалан тавоноӣ ва қудрат, ки яке дигар аз асбоби “боз шудани дар” аст, оё дар дасти худи инсон аст? Дар миёни ин ҳама асбоб ва авомил, фақат ин нерӯи “ирода” аст, ки инсон бо ба кор андохтани он, барои “боз шудани дар” саҳим шуд. Вагарна, ин падида “дар маҷмӯъ”, кори ӯ нест. Балки кори Худост. Мунтаҳо, иродаи Худо дар ба вуқӯъ пайвастани ин падида (яъне, боз шудани дар), чунин будааст, ки аз тариқи як силсила асбоб ва авомили хоссе (вуҷуди инсон, вуҷуди тавоноӣ, адами монеъ, иродаи инсон ва ғайра…) таҳаққуқ биёбад; чунон ки дар падид омадани гандум, иродааш ин буд, ки аз тариқи асбоб ва авомиле мисли: кошта шудани дона дар замин, тобиши хуршед, обёрӣ шудан ва ғайра… таҳаққуқ биёбад.

Шумо агар вуқӯъи тамоми падидаҳои ҷаҳони ҳастиро, бидуни истисно, таҷзия ва таҳлили ақлонӣ кунед, мебинед, ҳамаи онҳо ин гуна воқеъ мешаванд ва таҳаққуқ меёбанд, ҳатто афъоли ихтиёрии мо инсонҳо. Ин аст маънои “иродаи таквинӣ”-и Худо, ки ҳеч чиз дар ҳастӣ бе иродаи Худо воқеъ намешавад. Мунтаҳо чунонки гуфтем, Худо иродааш (иродаи таквинии ӯ) чунин аст, ки тамоми падидаҳои ҳастиро аз як тариқа ва роҳи хоссе ба вуҷуд оварад (қонуни сабабият).

* * *

3. Ҳол, суоле, ки ин ҷо худнамоӣ мекунад ин аст, ки оё ин, ба маънои маҷбур будани инсон нест агар гуфта шавад, ҳама чиз (ҳатто корҳои ихтиёрии инсон) ба иродаи илоҳӣ таҳаққуқ меёбанд? Посух манфист. Агар дар мисоли боло хуб таваҷҷӯҳ карда бошед, посух бароятон равшан мешавад. Зеро гуфтем, ки дар таҳаққуқи корҳои ихтиёрии инсон (ки дар маҷмӯъ, бо тамоми асбоб ва авомилаш кори Худост), аммо иродаи худи инсон яке аз сабабҳои воқеъ шудани он аст. Яъне, агар тамоми асбоб ва авомил фароҳам бошанд, вале инсон ирода накунад, боз ҳам воқеъ намешавад. Дар ҳамин мисоли боло, агар тамоми асбоб ва авомили “боз шудани дар” фароҳам оянд, вале яке аз асбоби он, ки “иродаи худи инсон” аст набошад, дар боз намешавад.

Ин ҷо, ин эрод ворид нест, ки фарз кардем, Худо ирода кунад, ки “дар боз шавад”, вале инсон ирода кунад, ки “боз нашавад”, пас чӣ хоҳад шуд? Посух ин аст, ки иродаи Худо дар ин ҷо (ва дар ҳамаи маворид) ин аст, ки корҳояш “аз тариқи асбоб ва авомили хоссе” эҷод шаванд. Худо худаш чунин ирода карда ва хоста. Ва яке аз ин асбоб ҳам, “иродаи инсон” аст.

Ва ба сухани дигар, иродаи Худо дар мавриди корҳои ихтиёрии инсон ин аст, ки “бо иродаи инсон анҷом шаванд”; чунонки масалан иродаи Худо дар мавриди падид омадани гандум ин буд, ки “аз тариқи обёрӣ” падид ояд.

Аз ин рӯ, дар мавриди корҳои ихтиёрии инсон, агар фарз кардем, ки ирода ва ихтиёри инсон дахил набошад, ин ба маънои он хоҳад буд, ки Худо чизеро хоста, ки нашуда. Зеро Худо хоста буд, ки корҳои ихтиёрии инсон аз тариқи “иродаи инсон” воқеъ шаванд.

Ин аст тамоми баҳс дар бораи “иродаи таквинии Худо”.

Ҳол, мепардозем ба посухи суоли шумо.

* * *

4. Ин ки мефармоед: “Марги нафари дуюм марги маҷбурӣ (бе хости Худо) аст ва ё баръакс?”, посухаш, бо таваҷҷӯҳ ба баёне, ки доштем, возеҳ аст. Ҳеч чиз бидуни иродаи Худо (иродаи таквинӣ) дар ҷаҳони ҳастӣ воқеъ намешавад, ҳатто корҳои бад ва зишт ва ба истилоҳ шарр.

Хуб, агар бигӯед, пас оё Худо хостааст, ки як одам як одами дигареро бикушад? Посух ин аст, ки ҳаргиз! Худо мефармояд, қатли нафс бидуни далел як гуноҳ аст, касе касеро бе ҷиҳат накушад! Аммо ин ирода, иродаи таквинӣ нест, балки иродаи ташреъӣ аст, ки гуфтем тахаллуф мепазирад. Масалан, Худо мегӯяд, ғайбат накунед, вале афроде ҳастанд, ки аз ин дастури Худо итоат намекунанд. Худо мефармояд, касе касеро бе ҷиҳат накушад, вале як бадҷинс пайдо мешавад ва ба ин дастури Худо эътино намекунад ва даст ба қатлу куштор мезанад. Яъне хилофи дастури Худо гом бармедорад; дуруст мисли ин ки Худо фармуда, ғайбат накунед, вале бадсиголон ғайбат мекунанд.

Аммо ин ки як нафар як нафари дигареро бикушад ва дуввумӣ бимирад, ин ҳодиса (мурдан), ба унвони як падида дар ҷаҳони ҳастӣ, бале, бидуни иродаи Худо воқеъ нашуда (иродаи таквинӣ). Зеро қонун ва суннати илоҳӣ (ва ба таъбири дигар, “қазо ва қадари илоҳӣ”) дар ҷаҳони ҳастӣ ин аст, ки “вақте як инсон чоқу ва кордеро ба даст бигирад ва ба шиками инсони дигаре бизанад, он дуввумӣ хоҳад мурд”. Зеро Худованд ба инсон ихтиёр дода, ва инсон ба воситаи ин нерӯ (нерӯи ирода) метавонад ҳам корҳои хуб ва нек анҷом диҳад ва ҳам корҳои бад ва зишт ва нописанд. Ва агар як нафар инсон ба ихтиёри худ як нафари дигареро бикушад, Худо монеъи ӯ намешавад. Бале, “иродаи ташреъӣ”-и Худо ин аст, ки мегӯяд, ин корро макун! Вале он бадсигол агар ин корро кард, тибқи қонуни иллият (ки Худо гузошта), он дуввумӣ мемирад ва ин амали зишт дар ҷаҳони ҳастӣ воқеъ мешавад.

Хулоса, агар мо фарқ байни “иродаи таквинӣ” ва “иродаи ташреъӣ”-ро нек дарк кунем, ҳамаи суолҳои инчунинӣ посухи худро меёбанд. Ҳол, барои он ки боз ҳам возеҳтар ва равшантар шавад, як мисоли дигар ҳам мезанам.

Ва мисол ин аст: Худованд намехоҳад (яъне ирода надорад), ки инсонҳо худро ба куштан бидиҳанд:

وَلاَ تُلْقُواْ بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ

Худро ба дасти худ ба ҳалокат маяфканед…” (Сураи Бақара, ояти 195)

Ин як “иродаи ташреъӣ” аст; дуруст мисли он ки мефармояд, дурӯғ нагӯед, ғайбат накунед, риё макунед ва ғайра… Хуб, возеҳ аст, ки иродаи ташреъии Худо тахаллуфпазир аст. Яъне, касоне пайдо мешаванд, ки бо вуҷуди ин наҳйи сареҳ, худро ба куштан медиҳанд. Масалан, як нафар танобе бармедорад ва худро меовезад.

Ҳол, ин овехта шудан ва дар натиҷаи он мурдан – ки як кори зишт ва нописанд аст – ба унвони як падида, дар ҷаҳони ҳастӣ бидуни иродаи Худо (иродаи таквинӣ) воқеъ нашуда. Барги дарахте ҳам бидуни ирода ва хости ӯ намеҷунбад.

Хуб, ҳоло, дар ин маврид, оё Худо ҳам хост ва ҳам нахост?

Посух ин аст, ки: нахост ба “иродаи ташреъӣ” (он ҷо ки фармуд: “Худро ба дасти худ ба ҳалокат маяфканед…”), аммо вақте як нафар инсон таноберо бардорад ва худро биёвезад, тибқи иродаи таквинии Худо (ё ҳамон “қазо ва қадари илоҳӣ, ва ё ба таъбире, тибқи қонуни иллият ва сабабият), ин кори зишт ва нописанд дар олами ҳастӣ воқеъ мешавад. Зеро, ин кор, дар маҷмӯъ ва бо тамоми асбоб ва авомилаш, чунонки дар мисоли “боз шудани дар” баён кардем, кори Худост; коре, ки аз тариқи асбоб ва авомили хоссе, аз ҷумла иродаи худи инсон, ба вуқӯъ пайваста. Ва ҳамин омили “иродаи инсон” аст, ки биҳишту дӯзах, савобу ҷазо, подошу кайфар ҳаст.

Ба назарам, ба ҳамин андоза басанда кунам.

Саломат бошед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Омӯзаҳои қуръонӣ, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: