Ислом ва Эронзамин (15)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (3)

Низоми фикрӣ ва эътиқодӣ

Мақсуд, баёни афкор ва ақоиди мазҳабии оммаи мардуми Эрон дар давраи муқорини зуҳури ислом аст. Мо феълан дар афкор ва ақоиди фалсафии он аср дар Эрон баҳсе надорем, ки оё аввалан як мактаби фалсафии муҷаззо аз ақоиди динӣ ва мазҳабӣ дар Эрони соcонӣ вуҷуд доштааст ё на? Ва ба фарзи вуҷуд, чӣ навъ мактабе будааст? Зеро бар фарз бигӯем, мактаб ё макотиби фалсафӣ вуҷуд доштааст ва фалосифае ба мафҳумӣ воқеии калима дар он аср вуҷуд доштаанд, дар руҳияи оммаи мардум таъсире надоштааст. Ва мо барои ин ки афкор ва ақоиди оммаро баррасӣ кунем, бояд мазоҳиб ва адёни он асрро баррасӣ намоем.

Ислом бидуни шак як низоми фикрӣ ва эътиқодии ҷадид ба Эрон дод. Ва ҳамон тавр, ки қаблан зикр кардем, мардуми Эрон ба шакли бесобиқае низомоти фикрӣ ва эътиқодии исломро пазируфтанд ва афкор ва мӯътақадоти пешини худро дур рехтанд ва ин пазириш, дафъӣ ва фаврӣ набуд, тадриҷӣ буд ва махсусан бештар дар давраи истиқлол ва қудрати эрониён дар муқобили аъроб сурат гирифт.

Ин баҳс аз ин ҷиҳат дилкаш аст, ки аз тарафе ислом аз як имтиёзи хосс бархӯрдор аст, ки ҳеч ойине монанди он ин андоза натавонистааст руҳи мардуми мағлубро таҳти таъсир ва нуфузи маънавии худ қарор диҳад.

Густов Ле Бун  (Gustave Le Bon) дар “Торихи тамаддуни ислом ва араб” мегӯяд:

Шариат ва ойини ислом дар ақвоме, ки онро қабул намуда таъсире басазо бахшидааст. Дар дунё хеле камтар мазҳабе пайдо шуда, ки ба қадри ислом дар қулуби пайравонаш нуфуз ва иқтидор дошта, балки ғайр аз ислом шояд мазҳабе ёфт нашавад, ки то ин қадр ҳукумат ва иқтидораш давом карда бошад; зеро Қуръон, ки маркази аслӣ аст, асараш дар тамоми афъол ва одоти мусалмонон аз куллӣ ва ҷузъӣ зоҳир ва ошкор мебошад”.

Ва аз тарафи дигар, мардуми Эрон дар миёни ҳамаи милале, ки исломро пазируфтанд, аз як имтиёзи хосс бархӯрдоранд, ва он ин ки: ҳеч миллате монанди Эрон ба ин суҳулат низоми фикрии пешини худро раҳо накард ва он чунон бо ҷиддият ва ишқу алоқа дари дили худро ба рӯйи афкор ва ақоиди дини ҷадид боз накард, ва ба қавли Дузӣ (Reinhart Dozy), мусташриқи маъруф:

Муҳимтарин қавме, ки тағйири мазҳаб дод, эрониён буданд, зеро онҳо исломро нерӯманд ва устувор намуданд, на араб”.

Бинобар ин, бояд низоми фикрӣ ва ё низомоти фикрии ҳоким бар ҷомеаи он рӯзи Эронро мавриди баррасӣ қарор диҳем ва бо низомоти фикрӣ ва эътиқодии ислом муқоиса кунем, то маълум шавад ислом аз назари низомоти фикрӣ чӣ чиз аз Эрон гирифт ва чӣ чиз ба Эрон дод? Барои ин ки ба низоми фикрӣ ва эътиқодии он рӯз пай бибарем, бояд бибинем Эрон он рӯз чӣ дин ва чӣ мазҳабе, балки чӣ адён ва мазоҳибе доштааст?

* * *

Адён ва мазоҳиб

Дар Эрони соcонӣ, бар хилофи он чӣ ибтидо ба назар мерасад, танҳо ойини зартуштӣ ҳукумат намекардааст. Дини Зартушт албатта дини расмии кишвар будааст, вале адёни дигар, ки ба сурати ақаллият будаанд фаровон буда, хоҳ адёне, ки Зартуштро пайғамбар медонистаанд ва навъе иншиъоб аз дини зартуштӣ талаққӣ мешавад, ва хоҳ адёне, ки ҳеч гуна иртиботе бо дини Зартушт надошта ва аҳёнан мункири паёмбарии Зартушт будаанд.

Марҳум Саъиди Нафисӣ дар ҷилди дуввуми “Торихи иҷтимоии Эрон” дар мақоми тавзеҳи сабаби ошуфтагии авзоъ дар давраи Соcониён, муҳимтарин сабабро ихтилофоти мазҳабӣ медонад ва муддаист, ки иҷҳофоти (ситамҳои) мӯбадони зартуштӣ омили муҳимме барои норизоӣ ва пайдоиши иншиъобот будааст. Вай мегӯяд:

Бино бар ташкилоти он замон, руҳониён, ки мӯбадон ва ҳирбадон бошанд, ихтиёроти номаҳдуд доштанд ва махсусан мӯбадон ва пешвои бузургашон “Мӯбадони мӯбад” дар дарбори соcонӣ муҳимтарин мақомро дошта ва эшон ҳаққи ҳар гуна таъбир ва тафсир ва ҷарҳу таъдил ва нақзу ибром ва носиху мансух дар аҳкоми маданӣ яъне заношӯӣ ва ирс ва моликият доштаанд ва андак-андак ҳар чӣ тамаддуни соcонӣ бештар русух меёфта, бар қудрат ва ихтиёрашон бештар афзуда мешуд. Ночор мардуми Эрон аз фишори эшон ва таҷовузоте, ки ба онҳо мешуд, безортар мешуданд ва мекӯшиданд, ки аз зери бори гарони ин номулоимот худро берун оваранд. Ба ҳамин ҷиҳат, дар муқобили тариқаи расмии маздаяснии зартуштӣ, ки мазҳаби давлат ва дарбор буд ва ба он “беҳдин” мегуфтанд, ду тариқаи дигар дар миёни зартуштиён пайдо шуда буд: яке, тариқаи зарвониён, ки мӯътақид буданд Урмазд ва Аҳриман ҳар ду аз мавҷуди қадимтар ва болотаре ба вуҷуд омадаанд, ки “Зарвони акрона” яъне замони бекарон ном доштааст. Ва дигар тариқаи каюмарсиён, ки мӯътақид буданд Аҳриман вуҷуди мустақилле набуда, балки замоне, ки Урмазд дар кори худ шак карда, Аҳриман аз шакки ӯ падид омадааст. Зарвониён ва каюмарсиён ҳар ду бо зартуштиёни маздаяснӣ ихтилофи шадид доштанд ва бештари ин ихтилоф ҷанбаи душманӣ ба худ мегирифтааст ва бегонагон аз он баҳраманд мешудаанд…

Панҷ фирқаи дигар низ дар Эрон будаанд, ки на танҳо бо зартуштиён ва зарвониён ва каюмарсиён ихтилоф доштаанд, балки бо худ низ носозгор будаанд:

Нахуст, яҳуди Эрон буданд, ки дар замони Ҳахоманишиён дар натиҷаи тасарруфи Бобил ба дасти Куруш, аз асорат раҳоӣ ёфта ва гурӯҳе аз эшон ба Эрон омада ва бештар дар мағриби Эрон яъне Хузистон ва Икботон сокин шуда ва дар давраи Соcониён бар шумораи онҳо афзуда шуда буд ва дар дохили Эрон пеш рафта ва ҳатто дар ноҳияи Исфаҳон ҷамъияти касире аз эшон ҷамъ шуда буд.

Дуввум, насорои Эрон буданд, ки дар давраи Ашконӣ аз ҳамон оғози давраи исавият иддае аз саканаи ноҳияҳои ғарби Эрон ба дини тарсоён гаравида ва калисоҳои махсусан мӯътабар дар ноҳияҳои шарқӣ ва ғарбии Фурот доир карда ва тариқаи хоссеро, ки ба тариқаи настурӣ маъруф аст писандида ва бад-он имон оварда буданд ва кам-кам дар дохили Эрон пеш рафта, то дуртарин ноҳияҳои шимоли шарқи Эрон дар Мовароуннаҳр рафта ва аз он ҷо ба Чин ҳам рафта ва тариқаи настуриро бо худ ба Чин бурда буданд…

Севвум, тариқаи монавӣ аст, ки дар соли 228 мелодӣ ошкор шуда ва ба зудӣ дар Эрон пешрафти бисёр карда ва чун тариқаи бепирояе буда ва монавиён кӯшиши умда дар тасфияи ахлоқ ва тазкияи нафс ва таҳорати зоҳир ва ботин дошта ва ҷанбаи ирфонӣ ва таҷриди хоссе ба тариқаи худ медодаанд ва аз миёни ҳамаи мазоҳиби қадим, ҳисси зебоиписандӣ ва ҷамолпарастӣ ва ҷустуҷӯи рифоҳ ва осоиши моддӣ ва маънавӣ дар он бештар будааст, мардуми Эрон ба суръати фавқулъода бад-он гаравидаанд ва касоне, ки бад-он имон овардаанд, ақидаи росих бад-он доштаанд ва бо ҳамаи сахтгириҳо, ки Соcониён дар баробари он кардаанд, натавонистаанд онро аз миён бардоранд.

Чаҳорум, тариқаи маздакӣ аст, ки дар ҳудуди соли 497 мелодӣ дар Эрон эълон шуда ва чун иттилооте, ки аз он ба мо расида, аз касонест, ки бо он мухолиф будаанд, наметавон ба ин нукта эътимод кард, ки маздакиён тарафдори иштироки зану мол ва ҳатто тақсими дороӣ ва ба истилоҳи исломӣ “ибоҳӣ” буда бошанд. Ва бо он ки махсусан Хусрави Нӯшинравон мунтаҳои сахтгириро бо онҳо карда ва ҳамаро дар ҷое муҳосира карда ва куштааст, боз маздакиён аз миён нарафта ва дар Эрон пинҳонӣ зиндагӣ кардаанд…

Панҷум, будоиён, ки дар ноҳияҳои шимоли шарқи Эрон, аз як тараф ҳамсояи Ҳиндустон ва аз тарафи дигар ҳамсояи Чин будаанд ва — дар Эрон ба онҳо “бадаҳӣ” мегуфтанд — чандин маркази умда фароҳам сохта ва махсусан дар Бомиён ва Балх бутхонаҳои муҷаллал доштаанд ва маъбади маъруфи “Навбаҳор”-и Балх, ки дар давраҳои исломӣ онро оташкада ва маркази дини Зартушт донистаанд, муҳимтарин маъбади будоии он сарзамин будааст ва хонаводаи бармакиён, ки дар давраи Ҳорунаррашид дар торихи Эрон мақоми бисёр баланде ба даст овардаанд, бозмондагони касе будаанд, ки мансаби ӯ “пармака” яъне мутаваллӣ ва сарпарасти бутхонаи Навбаҳор будааст…

Монавиён ва будоиёни шимоли шарқи Эрон бар хилофи дигарон (зартуштиён, масеҳиён, яҳудиён) дар ҳамлаи тозиён ба Эрон пойдории сахт карда ва беш аз бист сол дар дифоъ аз сарзамини худ ҷангида ва онро дар баробари тозиён посбонӣ кардаанд”.

Саъиди Нафисӣ он гоҳ мегӯяд:

Дар давраи соcонӣ муҳимтарин ноҳияи шоҳаншоҳии Эрон, сарзамини Ироқ ва Байнаннаҳрайни имрӯз буда, ки ҳамеша майдони ҷанг дар миёни Соcониён ва Румиён мешудааст. Бештари мардуми ин сарзамин аз нажоди сомӣ будаанд ва ба забонҳои сомӣ сухан мерондаанд ва хидмати бузурге, ки ба Эрон кардаанд ин аст, ки улуми юнонӣ ва ба истилоҳ “улуми авоил”-ро аз забони юнонӣ ба забони сурёнӣ, ки забони эшон будааст тарҷума мекарда ва тибб ва риёзиёт ва нуҷум ва фалсафаро дар Эрон интишор дода ва донишмандон низ бисёр аз эшон бархостаанд.

Забонашон дар дарбори соcонӣ низ ривоҷи бисёр ёфта буд ва пеш аз он махсусан дар давраи Ҳахоманишиён, забони оромӣ тақрибан забони идории Эрон шуда буд. Дар миёни эшон низ чанд фирқа будаанд, ки ақоиди хоссе доштаанд ва пайравони тариқаи махсус будаанд, аз он ҷумла пайравони “Ибни Дайсон”, ки урупоиён ба ӯ “Бордойсон” (Bardaisan) мегӯянд ва пайравони “Марқиюн”, ки урупоиён ӯро “Морсиюн” (Marcion) меноманд. Фирқаи дигаре низ будааст, ки ҳамон “Собеин” бошад, ки дар Қуръон гоҳе номашон дунболи номи яҳуд ва насоро омадааст”.

Ҳамаи касоне, ки роҷеъ ба мазоҳиби Эрони соcонӣ баҳс кардаанд, вуҷуд ва шуюъи мазоҳиби фавқуззикрро дар Эрон ёд кардаанд. Кристенсен (Arthur Christensen), муҳаққиқи маъруфи донморкӣ, дар китоби муҳаққиқонаи худ “Эрон дар замони Соcониён” мукаррар ба мазоҳибе, ки дар боло зикр кардем, ишора кардааст. Вай дар муқаддимаи китоби худ ишорае ба мазоҳиби қадими Эрон мекунад ва дар матни китоб фаслҳое таҳти ановини “Ойини зартуштӣ, дини расмии кишвар”, “Монӣ ва кеши ӯ”, “Исавиёни Эрон” ва “Наҳзати маздакия” меоварад ва ба тафсил баҳс мекунад. Дар китоби “Тамаддуни эронӣ”, таълифи ҷамъе аз ховаршиносон, тарҷумаи дуктур Исо Беҳном низ мукаррар дар ин бора баҳс шудааст. Толибон метавонанд ба ин китобҳо ва китобҳои дигар дар ин мавзӯъ муроҷеа намоянд.

Нуктаи ҷолиб ин аст, ки мазҳаби зартуштӣ дар аҳди Соcониён бо ин ки мазҳаби расмии кишвар буд ва давлати соcонӣ ва ташкилоти азими руҳонии он аср ҳомӣ ва пуштибон ва мудофеи сарсахт ва бегузашти он буданд, натавонист аксарияти қотеъе дар Эрон ба вуҷуд оварад. На танҳо масеҳият, ҳатто яҳудият ва будоӣ рақибҳои сарсахте барояш ба шумор мерафтанд ва махсусан масеҳият дар ҳоли пешравӣ буд. Адён ва мазоҳиби дигаре, аз дохили Эрон ва дар миёни нажоди ориё аз қабили монавӣ ва маздакӣ нашъат мегирифт ва сахт дар ҳоли пешравӣ ва костан аз пайравони зартуштӣ буд.

Дар ҳамаи торихи чанд ҳазорсолаи ин кишвар, танҳо ислом аст, ки тадриҷан аксарияти қотеъе ба даст овард ва мазҳабҳо ва маслакҳое аз қабили монавӣ ва маздакиро пас аз ду се қарн ба куллӣ решакан сохт, басоти будоигариро дар машриқи Эрон ва дар Афғонистон барчид ва масеҳият ва яҳудият ва зартуштигариро дар ақаллияти ночизе қарор дод.

Соcониён сиёсати кишвардории худро бар асоси мазҳаб ниҳоданд. Ардашери Бобакон, сарсилсилаи Соcониён, худ аз як хонадони руҳонӣ буд, ки ба салтанат расид. Ардашер аз як тараф ба хотири алоиқи мазҳабӣ ва аз тарафи дигар ба хотири сиёсати кишвардорӣ, ки ниёзманд ба як мабнои эътиқодӣ буд, ба эҳё ва ишоъа ва таҳкими мазҳаби зартуштӣ пардохт. Вай дастур дод, китоби муқаддаси зартуштиён Авасторо тадвин кунанд ва мураттаб созанд, ташкилоти муназзами руҳонӣ ба вуҷуд овард ва дар натиҷа руҳониёни зартуштӣ соҳиби қудрати фавқулъода шуданд.

Оқои дуктур Муҳаммади Муъин дар китоби “Маздаясно ва адаби порсӣ” мегӯяд:

Пас аз инқирози силсилаи ашконӣ навбати подшоҳӣ ба Ардашери Бобакон (226-241 мелодӣ) сардудмони соcонӣ расид. Зуҳури вай дебочаи китоби саодати Эрон ба шумор меравад. Миллати Эрон аз партави кӯшишҳои ӯ равнақе махсус ёфт! Ин подшоҳ асоси салтанати хеш ва ахлофро бар ойини “Маздаясно” бунёд ниҳод. Вай алоқа ба динро ба ирс бурда буд. Сосон, падарбузургаш, дар Истахр мутаваллии маъбади Ноҳид (Оноҳит) буд. Аз ин рӯ Ардашер бо ҳиммате махсус дар эҳёи ойини бостонӣ кӯшид. Дар рӯйи сиккаҳо оташкада ба унвони аломати миллӣ муаррифӣ гардид. Ӯ худро дар катибаҳо “Маздаясно” яъне ситояндаи Маздо хонда. Он чӣ муаррихон дар хусуси диндорӣ ва иртиботи подшоҳӣ бо руҳоният бад-ӯ нисбат додаанд, Фирдавсӣ дар Шоҳнома зимни андарзҳои вай ба писараш Шопур талхис карда, гӯяд:

Чунон дину давлат ба якдигаранд,

Ту гӯӣ, ки дар зери як чодаранд.

На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба пой,

На бе дин бувад шаҳриёрӣ ба ҷой.

Ба қавли динкарт (донишномаи маздаяснӣ), Ардашер ҳирбадони ҳирбад Тансарро ба дарбори хеш хонд ва вайро фармуд, то Авасторо мураттаб созад”.

Оқои дуктур Муъин сипас чунин мегӯяд:

Ба таври куллӣ, аҳди Соcониён бузургтарин давраи равнақи ойини маздаясно буд. Руҳонияти зартуштӣ дар ин аср ба камоли иқтидор расид, чунонки гоҳе мӯбадон ва ашроф зидди шоҳ муттаҳид мешуданд. Нуфузи мӯбадон дар ҷомеа ба ҳадде мусаллам буд, ки ҳатто дар зиндагонии фардии шаҳриён (шаҳриёрон) низ дахолат мекарданд. Тақрибан ҳамаи масоил мебоист тавассути ҳамин табақа қатъу фасл шавад”.

Он гоҳ аз Кристенсен (Arthur Christensen), эроншиноси маъруф ва мӯътабар, чунин нақл мекунад:

Нуфузи мӯбадон фақат бар пояи қудрати руҳонии эшон ва ҳамчунин довариҳои урфӣ, ки аз тарафи давлат мувофиқат шуда буд, ва низ қудрати онон дар табаррук бахшидани вилодатҳо, издивоҷҳо ва ғайра… ва иқдом ба татҳир ва қурбониҳо муттакӣ набуд, балки доро будани амлоки арзӣ ва манобеи саршоре, ки аз тариқи ҷароими динӣ ва ушрия ва садақот ва ҳадоё вусул мешуд, таъйидкунандаи нуфузи онон буд. Ба илова, руҳонияти зартуштӣ дорои навъе истиқлоли васеъ буд ва метавон гуфт, ки мӯбадон тақрибан давлате дар миёни давлат эҷод карда буданд”.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: