Фалсафа ва равиши реализм (79)

Идрокоти эътиборӣ (10)

Матни китоб:

Решаи эътибориёт ва оғози пайдоиши онҳо

Чунонки аз баёни гузашта дастгир мешавад, қувваҳои фаъолаи инсон чун фаъолияти табиӣ ва таквинии худро рӯйи асоси идрок ва илм устувор сохтааст, ночор аст барои мушаххас кардани феъл ва мавриди феъли худ, як силсила эҳсосоти идрокӣ чун ҳуббу буғз ва ирода ва кароҳат ба вуҷуд оварда ва дар мавриди феъл ба воситаи татбиқи ҳамин суратҳои эҳсосӣ, мутааллақи фаъолияти худро аз ғайри он тамйиз дода ва он гоҳ мавриди татбиқро мутааллақи қувваи фаъола қарор дода (маънои боистиро ба вай дода, вуҷуб миёни худ ва миёни ӯ гузашта) ва феълро анҷом диҳад. Ва озмоиш мумтадд дар афроди инсон ва соири ҷонварони зинда ҳамин назарро таъйид мекунад.

* * *

Шохаҳои эътибориёт (инқисомот)

Чунонки аз натиҷаи 6, ки дар оғози сухан гирифтем равшан аст, дар мавриди эътибориёт наметавон дасти таваққӯъ ба сӯи бурҳон дароз кард, зеро мавриди ҷараёни бурҳон, ҳақоиқ мебошаду бас.

Ва аз роҳи дигар дар навъи инсон масалан, ки рӯзгорҳои дароз ва садаҳои мутароким аз таърихи пайдоиши вай, ки ба мо торик аст гузашта ва ба воситаи такосури тадриҷии ҷиҳоти эҳтиёҷи фардӣ ва навъӣ, ки рӯз ба рӯз кашф шуда ва ҳар рӯз эътибориёте ва афкоре тозатар ва печидатар ба гузашта афзуда, наметавон аз миёни анбӯҳи тӯдаҳои мутарокими эътибор, решаҳои аслиро пайдо намуд.

Вале чизе, ки ҳаст ин аст, ки иҷтимои имрӯзаи мо бо маълумоти эътиборӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ва ба мурури замон рӯйи ҳам чида шуда, ва аз ин рӯй мо метавонем бо сайри қаҳқаро ба ақиб баргашта ва ба сарчашмаи аслии ин зояндарӯд агар ҳам нарасидем, дастикам наздик шавем.

Ва ҳамчунин, бо кунҷковӣ дар иҷтимоъ ва афкори иҷтимоии милали ғайри мутараққӣ, ки иҷтимоъот ва афкоре – нисбатан — содда доранд ва ё баррасии иҷтимоъоти соири ҷонварони зинда маълумоте ба даст оварем.

Ва ҳамчунин, дар фаъолиятҳои фикрӣ ва амалии навзодони худамон борик шуда ва решаҳои соддаи афкори иҷтимоӣ ё фитриро таҳсил намоем.

Пас аз ин муқаддима, чунонки гузашт, сохтани улуми эътиборӣ маълули иқтизои қувваҳои фаъолаи табиӣ ва таквинии инсон мебошад, ва пурравшан аст, ки фаъолияти ин қувваҳо ё порае аз онҳо маҳдуд ва баста ба иҷтимоъ намебошад. Масалан, инсон қувваҳои мудрика ва ҳамчунин ҷиҳози тағзияи худро ба кор хоҳад андохт, хоҳ танҳо бошад ва хоҳ дар миёни ҳазор. Оре, як даста аз идрокоти эътиборӣ, бе фарзи “иҷтимоъ” суратпазир нест, монанди афкори марбут ба иҷтимои издивоҷӣ ва тарбияти атфол ва назоири онҳо, ва аз ин ҷо натиҷа гирифта мешавад: эътибориёт бо нахустин тақсим, ба ду қисм мунқасим мешаванд:

1) Эътибориёти пеш аз иҷтимоъ;

2) Эътибориёти баъд аз иҷтимоъ.

Албатта маълум аст, ки афъоле, ки мутааллақи қисми аввал ҳастанд, бо ҳар шахс қоиманд ва афъоле, ки мутааллақи қисми дуввум мебошанд, бо навъи муҷтамеъ қоиманд. (Албатта набояд феъли муштаракро ба феъли иҷтимоӣ иштибоҳ кард. Мо афъоле дорем, ки шахси феъл ба шахси фард қоим аст, чун тағзия, ва афъоле дорем, ки шахси феъл ба иҷтимоъ қоим аст чун издивоҷ ва такаллум).

* * *

Қисми аввал: Эътибориёти пеш аз иҷтимоъ

1. Вуҷуб

Чунонки аз баёни гузашта равшан шуд, инсон дар нахустин бори ба кор андохтани қувваҳои фаъолаи худ, нисбати зарурат ва вуҷуб (бояд)-ро миёни худ ва миёни сурати эҳсосии худ, ки ба натиҷаи амал татбиқ менамояд мегузорад. Ва ҳол он ки ин нисбат, ба ҳасби ҳақиқат, дар миёни қувваҳои фаъола ва ҳаракоти ҳақиқии содираи онҳо ҷой дорад, пас нисбати номбурда “эътиборӣ” хоҳад буд. Ва аз ин ҷо равшан мешавад:

1) Нахустин идроки эътиборӣ аз эътибориёти амалӣ, ки инсон метавонад бисозад, ҳамон нисбати “вуҷуб” аст, ва ин аввалин ҳалқаи доме аст, ки инсон дар миёни фаъолияти худ бо таҳрики табиат гирифтори вай мешавад;

2) Эътибори вуҷуб, эътиборест умумӣ, ки ҳеч феъле аз вай истиғно надорад. Пас, ҳар феъле, ки аз фоиле содир мешавад, бо эътиқоди “вуҷуб” содир мешавад.

Ва ин назария, агарчи бо мушоҳидаи мавориди афъоли мухталифа ғайри қобили қабул ба назар мерасад, чӣ бисёр меафтад, ки инсон корҳоеро ба воситаи одат ё нодонӣ ё асабият ва монанди онҳо анҷом медиҳад, дар ҳоле, ки худ медонад коре ғайри лозим ё бехуд ва ё ношоиста ва накарданӣ мебошад.

Вале борикбинӣ дар ҳамин маворид, сиҳҳат ва дурустии назарияи номбурдаро таъйид менамояд; зеро мо мебинем касоне, ки ин гуна корҳои пасти нобоиста ё ношоистаро бо эътиқод ва эътироф ба адами лузум ё бо имон ба лузуми адам анҷом медиҳанд, гоҳе, ки аз онон пурсида шавад, ки: “Бо ин ки медонед ва мегӯед, ки ин гуна корҳо накарданӣ аст, пас чаро мекунед?”, ба унвони узр ва пӯзиш посух медиҳанд, ки чора надорем, чун оддатӣ ҳастем, ё дар накардан фалон маҳзурро дорем, ё маҷбур будем ва аз накардан тарсидем ва монанди ин пӯзишҳо.

Равшан аст, ки мафҳуми пӯзишашон ин аст, ки вуҷуби феъл муқайяд ба адами таҳаққуқи узр буда. Яъне, феъл дар сурати таҳаққуқи узр вуҷуб надошта, яъне феъл бо эътиқоди вуҷуб анҷом гирифта. Ва пӯшида намонад, ки авсофи дигаре, ки гоҳе афъол аз қабили авлавият ва ҳурмат ва монанди онҳо пайдо мекунанд — чунонки фуқаҳо афъолро ба панҷ қисми воҷиб ва ҳаром ва мустаҳаб ва макруҳ ва мубоҳ қисмат кардаанд — дахле ба ин вуҷуб, ки мавриди баҳси мо мебошад надоранд. Зеро вуҷуби мавриди баҳси мо нисбат ва сифати феъл дар марҳилаи судур аз фоил мебошад ва умумӣ аст, ва авсофи номбурда сифати феъл фӣ нафсиҳи (ба худии худ) мебошанд ва хусусӣ ҳастанд, ва агарчи онҳо низ монанди вуҷуби умумӣ, эътиборе амалӣ буда ва аз маҳсулоти корхонаи фаъолияти инсон мебошанд, вале эътибори онҳо басе мутааххир аз эътибори вуҷуби омм аст.

2. Ҳусну қубҳ (хубӣ ва бадӣ)

Эътибори дигаре, ки метавон гуфт, зоидаи билофасли эътибори вуҷуби омм мебошад, эътибори ҳусну қубҳ аст, ки инсони қабли иҷтимоъ низ изтироран онҳоро эътибор хоҳад намуд.

Тардид нест, ки мо бисёре аз ҳаводиси табииро дӯст дорем ва чун “хуб” медонем, дӯст дорем, ва ҳаводиси дигареро душман дорем ва чун “бад” медонем, душман дорем. Бисёре аз андомҳо ва маззаҳо ва бӯйҳоро аз роҳи идроки ҳиссӣ на аз роҳи хиёл, “хуб” мешуморем, ва бисёре дигарро монанди овози улоғ ва маззаи талхӣ ва бӯи мурдор “бад” мешуморем ва тардид надорем. Вале пас аз тааммул, наметавон хубӣ ва бадии онҳоро мутлақ ангошта ва ба онҳо воқеияти мутлақ дод, зеро мебинем ҷонварони дигаре низ ҳастанд, ки равиши онҳо ба хилофи равиши мо мебошад. Улоғ овози худро дилнавоз пиндошта ва аз вай лаззат мебарад ва ҷонвароне ҳастанд, ки аз фосилаҳои дур ба бӯи мурдор меоянд, ва ё масалан аз маззаи ширинӣ нафрат доранд. Пас, бояд гуфт, ду сифати “хубӣ” ва “бадӣ”, ки хоссиятҳои табиии ҳиссӣ пеши мо доранд “нисбӣ” буда ва марбут ба кайфияти таркиби силсилаи аъсоб ё мағзи мо масалан мебошанд.

Пас, метавон гуфт, ки хубӣ ва бадӣ, ки дар як хоссаи табиӣ аст, мулоимат ва мувофиқат ё адами мулоимат ва мувофиқати вай бо қувваи мудрика мебошад. Ва чун ҳар феъли ихтиёрии мо бо истеъмоли нисбати “вуҷуб” анҷом мегирад, пас мо ҳар феълеро, ки анҷом медиҳем, ба эътиқоди ин ки ба муқтазои қувваи фаъола аст анҷом медиҳем, яъне феъли худро пайваста мулоим ва созгор бо қувваи фаъола медонем ва ҳамчунин таркро носозгор медонем. Дар мавриди феъл, феълро “хуб” медонем ва дар мавриди тарк, феълро “бад” медонем.

Аз ин баён натиҷа гирифта мешавад:

Хубу бад (ҳусну қубҳ дар афъол) ду сифати эътиборӣ мебошанд, ки дар ҳар феъли содир ва кори анҷомгирифта, аъамм аз феъли инфиродӣ ва иҷтимоӣ, мӯътабаранд. Ва пӯшида намонад, ки “ҳусн” низ монанди “вуҷуб” бар ду қисм аст: ҳусне, ки сифати феъл аст фӣ нафсиҳи, ва ҳусне, ки сифати лозим ва ғайри мутахаллифи феъли содир аст чун вуҷуби омм, ва бинобар ин, мумкин аст, ки феъле ба ҳасби табъ бад ва қабеҳ буда ва боз аз фоиле содир шавад, вале судураш ночор бо эътиқоди “ҳусн” сурат хоҳад гирифт.

3. Интихобти ахафф ва асҳал (сабуктар ва осонтар)

Қувваҳои фаъолаи мо, ки корҳои худро бо фикр анҷом медиҳанд ва ё ҳар қувваи фаъолаи табиӣ ҳар гоҳ бо ду феъл мувоҷеҳ шавад, ки аз ҷиҳати навъ муташобеҳ, вале аз ҷиҳати сарфи қувва ва энержӣ, мухталиф, яъне яке душвор ва пурранҷ ва дигаре осон ва беранҷ буда бошад, ночор қувваи фаъола ба сӯи кори беранҷ тамоюл карда ва кори пурранҷро тарк хоҳад гуфт. Ва албатта иллаташ ин аст, ки кори пурранҷ дар айни ҳол, ки муқтазои қувваи фаъола аст, мақрун ба мавонеъе аст, ки бо қувваи фаъола созгор нестанд ва гоҳе, ки қувваи фаъола чунин кореро анҷом медиҳад, худи корро мехост ва аз кашидани ранҷ ва дафъи монеа чора надошт, пас вуҷуби чунин кор ва феъле пеши қувваи фаъола муқайяд ба фуқдони кори беранҷ ё камранҷ буда. Пас, дар мавриде, ки ду феъли беранҷ ва боранҷ фарз шавад, интихоби беранҷ, муайян хоҳад буд.

Ва рӯйи ин асл мебошад, ки татаввур ва таҳаввуле дар ҳамаи эътибориёт, дар ҷамиъи шуъуни инфиродӣ ва иҷтимоии инсон, мавҷуд мебошад (ва мумкин аст афкори соири ҷонварони зинда ба вижа афкори инфиродии онҳо каму беш баҳрае аз ин татаввур ва таҳаввул дошта бошанд) чунонки таъсири ин асл дар одот ва русум ва луғот дар инсон бисёр равшан аст. Инсон пайваста мехоҳад бо сармояи кам суди бисёр барад ва бо талоши сабуктар, коре сангинтар анҷом диҳад.

Ва агар чунончи гоҳе натиҷаи маъкус пеш омада ва сайри татаввурӣ аз шакли осонтар ба ҳолати душвортаре табдил мешавад ва ё одат ва расми соддатаре ба як марҳилаи печидатаре мерасад, на аз роҳи татаввури танҳост, балки ағрози дигаре замима ва пайванди асл шуда ва сангинӣ бор оварда чунонки зиндагии содда ва басити инсони аввалӣ феълан ба шакли бисёр душвор ва сахте афтода, вале истифодаҳои бисёр дигаре манзур шуда, ки ба асл афзуда шуда ва ҳолати буғранҷе пайдо карда. Масалан, инсони аввалӣ танҳо гуруснагӣ эҳсос карда ва танҳо барои серӣ алаф ё гӯшти хом мехӯрда, вале инсони имрӯз, аз тағзия танҳо серӣ намехоҳад ва мақосиди дигаре низ дорад ва ҳамчунин…

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: