Фалсафа ва равиши реализм (80)

Идрокоти эътиборӣ (11)

Матни китоб:

4. Асли истихдом ва иҷтимоъ

Мо дар хориҷ, ба ҳар падидаи моддӣ, ки мерасем, таркибе ё ҳамроҳи таркибест, ки барои ҳифзи бақои худ, аз хориҷ ба наҳве истифода менамояд. Ва ин хоссият дар ҳамаи мавҷудот ва ба вижа дар як даста аз мавҷудот, ки ҷонварони зиндаро ташкил медиҳанд, бисёр равшан мебошад. Ин даста масалан обро нӯшида ва гиёҳ ё меваро хӯрда ва бо ба кор андохтани ҷиҳози тағзия ва ҳозимаи махсуси худ аҷзоеро, ки барои бадани худ лозим дорад, аз вай гирифта ва бозмондаро пас медиҳад. Ва порае аз ҷонварон бо порае аз онҳо чун гург бо гӯсфанд ва боз бо кабӯтар тағзия менамоянд ва ҷонварони бошуъуртар ва ба вижа инсон ин равишро на танҳо дар хоссиятҳои табиӣ ва лавозими моддӣ ба кор мебаранд, балки дар ҳар коре, ки вобаста ба эҳтиёҷот аст, агарчи ба васоити зиёд низ буда бошад, равиши онҳо ҳамин аст.

Инсони аввалӣ барои раҳоӣ аз шарри дарандагон ва душманони худ, миёни об зиндагӣ мекард ва болои дарахтон ё дар шикофи кӯҳҳо менишаст ва ҳар маҳзуреро бо зидди он (тақрибан) посухи амалӣ медод.

Инсон эҳтиёҷоти синоъии худро нахуст бо сангҳои тези буранда, пас аз он бо филизот, пас аз он бо бухор, пас аз он бо барқ ва меғнотис, сипас бо шикофтани атом таъмин мекарда ва мекунад ва пас аз он…

Инсон ҳама гуна баҳрабардории хӯрокӣ ва давоӣ ва пӯшокӣ ва нишеманӣ аз гиёҳ ва дарахт ва чӯб мекунад.

Инсон ҳар ҷур тасарруф дар гӯшт ва устухон ва хун ва пӯст ва шир ва пашм, ҳатто дар мадфуъоти ҳайвонот менамояд.

Инсон натиҷаҳои гуногун аз кори ҳайвонот мегирад; ба аспу улоғ савор мешавад ва бор мебандад ва бо саг пос медиҳад ва шикор мекунад, бо гурба муш мегирад ва бо кабӯтар пайк мефиристад ва…

Ростӣ, агар танҳо куллиёти тасарруфоти инсон дар хориҷ шумурда шавад, як рақами сарсомовари хориҷ аз пиндор пайдо мешавад.

Акнун, оё ин мавҷуди аҷиб бо нерӯи андешаи худ агар бо як ҳамнавъи худ (инсони дигар) рӯ ба рӯ шавад, ба фикри истифода аз вуҷуди ӯ ва аз афъоли ӯ нахоҳад афтод? Ва дар мавриди ҳамнавъони худ истисно қоил хоҳад шуд? Бе шубҳа чунин нест. Зеро ин хӯйи ҳамагонӣ ё вогирро, ки пайваста домангири афроди инсон мебошад, наметавон ғайритабиӣ шумурд ва хоҳ нохоҳ ин равиш мустанад ба табиат аст.

Вале сухан ин ҷост, ки: оё равиши истихдом мустақиман ва биловосита муқтазои табиат мебошад ва ин андеша нахуст дар мағзи инсон ҷойгир шуда ва дар дунболи вай, андешаи дигаре ба номи андешаи иҷтимоъ (гирди ҳам омадан ва зиндагии дастаҷамъӣ кардан) пайдо мешавад? Ё ин ки инсон бо мушоҳидаи ҳамнавъони худ аввал ба фикри иҷтимоъ ва зиндагии дастаҷамъӣ афтода ва афроди навъ ба ҳамдигар гароида ва зиндагонии таъовуниро пайҷӯӣ намуда ва ҳама аз ҳама бархӯрдор мешаванд, ва зимнан гоҳе ё бештари авқот, иҷтимоъ аз маҷрои табиии худ мунҳариф шуда ва мубаддал ба як тӯдаи ҳарҷу марҷ ва судбарӣ ва ранҷкашӣ ва билохира бардагӣ ва истисмор мешавад?

Мо гумон мекунем, ки як баррасӣ ё тамошои фаъолиятҳои ибтидоии навъи инсон ва равишҳои соддаи бештари анвоъи дигар ҳайвон ва ҳамчунин баррасии таҷҳизоти табиат, посухи ҳақиқии ин пурсишро мушаххас месозад.

Дуруст аст, ки сохтмони колбади инсон бо ҷиҳози тағзияи – нисбатан — иҷтимоӣ муҷаҳҳаз мебошад, фарди модаи инсон пистон дорад, ки дақиқан барои берун додани шир омода аст ва пушти сар ин дастгоҳ дастгоҳи дақиқи дигаре барои сохтани шир дуруст шуда ва бадан бо вай муҷаҳҳаз гардида. Ва аз тарафи дигар, фарди дигар (кӯдак) бо лаб ва даҳон муҷаҳҳаз мебошад, ки комилан бо макидани пистон ва гирифтани шир тавофуқ дошта ва созгор мебошад. Ва ҳамчунин маҷмӯъи ду фарди зукуру инос рӯйи ҳам рафта бо як дастгоҳи дақиқ ва борики тамоюли ҷинсӣ ва таҳияи моддаи аслии навзоди инсонӣ ва ба қолаб задан ва берун додан ва билохира сохтани як фарде монанди худ бо ҳамаи лавозим ва эҳтиёҷот (ва шояд шумораи воҳидҳо ва аҷзои аввалии ин дастгоҳ аз андоза берун буда бошад) муҷаҳҳаз аст, ва албатта ин таҷҳизот (таҷҳизи тағзия ва тавлид) ба ҷуз бо иҷтимоъ сар намегирад.

Назири ин вазъро дар ҷонварони пистондори дигар ғайри инсон ва дар бештари мурғон чун кабӯтар ва боз ва монанди онҳо, ва ҳамчунин ҷиҳози таволуду таносулро дар бештар ё ҳамаи ҷонварони зинда метавон ёфт.

Вале (бо дар назар гирифтани ин ки ғарази табиат ва таквин аз ин таҷҳизот ҳамон тавлид ва тағзия ва танмия мебошад) оё роҳе, ки табиат барои таъмини ормон ва ҳадафи худ барои инсон мушаххас месозад, ҳамон иҷтимоъ ва таъовун аст, ё ин ки андешаи истихдомро ба мағзи инсон ворид месозад, ки ҷинси нару мода ва навзоду модар барои ирзои қувваҳои фаъола ва посухи хоҳиши ғаризии худ ба ин корҳо даст бизананд? Мард аз рӯйи хоҳиши ғаризии худ омезиши вижаеро аз зан мехоҳад ва зан низ коре, ки посухдиҳандаи ҳамин кор аст мехоҳад, навзод аз пистони модар рафъи гуруснагӣ мехоҳад ва модар низ аз навзод холӣ кардани пистон аз шир ва рафъи нороҳатӣ, ки дар худ меёбад мехоҳад. Гувоҳи ин сухан ин аст, ки ин таҷҳизот дар бештар ё ҳамаи ҳайвонот, ҳамагонӣ ва ҳамешагӣ (куллӣ ва доимӣ) нест, зеро тасаввур надорад, ки ҳамаи афрод аз шир тағзия намоянд ва низ ҳамон табиат, ки инсонро ба анҷоми ин гуна корҳо даъват мекунад, даъвати худро бо як силсила улум ва эҳсосоти идрокӣ чун шаҳвати ҷинсӣ ва иштиҳои тағзия ва отифа ва раҳм феълият медиҳад, вале ҳамин эҳсосотро пас аз чанде нигоҳдорӣ, дер ё зуд, аз дасти инсон мегирад, дигар мард ё зан эҳсоси тамоюли ҷинсиро надоранд. Дигар инсон, ки як рӯз номи “навзод” дошт, шефтаи пистони модар набуда ва хобу бедориро бо андешаи шир намегузаронад. Гузашта аз ин ки даҳонаш низ аз дандон пур шуда ва ба сӯйи ғизои ҷавиданӣ ҳидоят мешавад, ва аз дигар сӯ, пистони модар низ хушк шуда ва дигар шир надорад. Пас, дар ҳақиқат ин гуна иҷтимоъ, фаръи истихдом буда ва дар асари пайдоиши тавофуқи ду истихдом аз ду тарафи мутақобил мебошад, на ин ки табиат инсонро мустақиман ба чунин андешае раҳбарӣ намояд.

Гузашта аз ин суханон, усулан наметавон бовар кард, ки инсон бо ҳамаи падидаҳои ҷаҳон кор дорад ва ба ҳар мавҷуде, ки аз роҳи ҳисс ё хиёл ё ақл роҳ пайдо мекунад, тамоси зиғаразона бо вай мегирад (лоақал тамошои идрокӣ ва иқноъ ва ирзои ғаризаи шуъур), дар ҳамаи ин дастаҳои берун аз андоза ва шумор савдои истифода ва истихдом дошта бошад ва дар дараҷаи аввал суди худро бихоҳад, танҳо дар як даста аз онҳо (ҳамнавъони худ) бо ҳамон қувваҳои фаъола ва иродаи ғаризӣ истисноъан иҷтимоъро хоста ва истихдомро табдил ба истифодаи иштирокӣ намояд.

Бале, ҳар падида аз падидаҳои ҷаҳон ва аз он ҷумла ҳайвон ва ба вижа фарди инсон, ҳубби зотро дошта ва худро дӯст дорад ва ҳамнавъи худро ҳамон худ мебинад ва аз ин роҳ эҳсоси унс дар даруни вай падид омада ва наздик шудан ва гароиш ба ҳамнавъони худро мехоҳад ва ба иҷтимоъ феълият медиҳад. Ва чунонки пайдост, ҳамин наздик шудан ва гирди ҳам омадан (тақоруб ва иҷтимоъ) як навъ истихдом ва истифода аст, ки ба суди эҳсоси ғаризӣ анҷом мегирад ва сипас дар ҳар маврид, ки як фард роҳе ба истифода аз ҳамнавъони худ пайдо намояд хоҳад паймуд. Ва чун ин ғариза дар ҳама ба таври муташобеҳ мавҷуд аст, натиҷаи иҷтимоъро медиҳад. Ва ин ҳамон иҷтимоъ аст, ки мавриди баҳс ва назари мост (иҷтимоъи таъовунӣ, ки эҳтиёҷоти ҳама бо ҳама таъмин шавад) ва тааммул ва мутолеа дар фаъолиятҳои мутаҳаввили навзоди инсон ва ҷонварони зиндаи дигар ин назарро таъмин менамояд.

Аз баёни гузашта натиҷа гирифта мешавад:

1) Инсон дар нахустин бор “истихдом”-ро эътибор додааст;

2) Инсон маданӣ биттабъ (яъне табиатан иҷтимоӣ) аст;

3) Адли иҷтимоӣ “хуб” ва зулм “бад” мебошад.

Ва албатта набояд аз калимаи “истихдом” суистифода кард ва тафсири нораво намуд. Мо намехоҳем бигӯем, инсон табиатан равиши истисмор ва ихтисосро дорад, чунонки як миллате дар паси пардаи озодибахшӣ ва илғои бардафурӯшӣ, ба номи “истеъмор” ва “истимлок” ва “қаймумат” ва “таҳтулҳимоя” ва ҳазор номи дигар, дигаронро зин ба пушт ва лагом ба даҳон зада ва савор шаванд ё ҷинси дупоро монанди чорпоён хариду фурӯш бинамоянд ва маънии бардагӣ ва бадбахтӣ ва пастиро бо алфози ширини “озодӣ” ва “хушбахтӣ” ва “пешрафт” адо кунанд ва ба рӯйи ҳар ҳақиқате исми “кӯҳна” ва “пӯсида” гузошта ва ба дур андозанд.

Ва ҳамчунин, намехоҳем бигӯем, чун инсон табиатан маданӣ ва иҷтимоӣ аст, ба дастовези ин ки ҳамаи замин ва офаридаҳои заминӣ аз они ҳама аст, тане чанд дар паси пардаи фиребандаи интернатсионалисм ба номи “рафъи тазоддҳои дохилӣ” афкори инсониро кушта ва як галаи инсони бефикри беирода бор оваранд, ки кучактарин дахолате дар хубу бад ва бояду набояди ҷаҳон надошта бошанд, ва ба иттиҳоми иртиҷоъ ахлоқи фозилаи иффат ва исмат ва ғайрат ва ҳаё ва сабрро поймол намоянд, ва ба унвони ин ки мароми кумунизм ва созмони иштирок бар пояи таҳаввул ва такомули умумӣ устувор аст, вожаи инсоф ва раҳм ва утуфат ва садоқат ва сидқ ва сафо ва ҳамчунин биму умед ва орзу ва афсӯсро аз қомуси башарият шуста ва чароғҳое, ки сунъ ва эҷод дар даруни торики инсон равшан намуда хомӯш карда ва як инсони лоинсон, оре инсони лоинсон, бор оваранд.

Муроди мо инҳо нест, балки мо мегӯем, инсон бо ҳидояти табиат ва таквин, пайваста аз ҳама суди худро мехоҳад (эътибори истихдом) ва барои суди худ суди ҳамаро мехоҳад (эътибори иҷтимоъ) ва барои суди ҳама адли иҷтимоиро мехоҳад (эътибори ҳусни адолат ва қубҳи зулм) ва дар натиҷа фитрати инсонӣ ҳукме, ки бо илҳоми табиат ва таквин менамояд, қазовати умумӣ аст ва ҳеч гуна кинаи хусусӣ бо табақаи мутароқия надорад ва душмании хоссе бо табақаи пойин намекунад, балки ҳукми табиат ва таквинро дар ихтилофи табақоти қариҳаҳо ва истеъдодот таслим дошта ва рӯйи се асли номбурда мехоҳад ҳар касе дар ҷойи худаш биншинад.

4) Озодии инсон, ки мавҳибате табиист, дар ҳудуди ҳидояти табиат мебошад ва албатта ҳидояти табиат баста ба таҷҳизотест, ки сохтмони навъӣ дорои онҳо мебошад ва аз ин рӯй ҳидояти табиат (аҳкоми фитрӣ) ба корҳое, ки бо ашкол ва таркиботи ҷиҳозоти баданӣ вифқ медиҳад, маҳдуд хоҳад буд. Масалан, аз ин роҳ мо ҳеч гоҳ тамоюли ҷинсиро, ки аз ғайри тариқи заношӯӣ анҷом мегирад (мард бо мард, зан бо зан, зану мард аз ғайри тариқи заношӯӣ, инсон бо ғайри инсон, инсон бо худ, таносул аз ғайри тариқи издивоҷ) таҷвиз нахоҳем намуд.

Масалан, тарбияти иштирокии навзодон ва илғои насаб ва виросат ва ибтоли нажод ва ғайра…ро таҳсин нахоҳем кард, зеро сохтмони марбут ба издивоҷ ва тарбият бо ин қазияҳо вифқ намедиҳад.

5) Эътибороти сегонаи номбурда аз эътибороти собита мебошанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: