Шарҳи Маснавӣ (193)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (19)

* * *

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай (4)

* * *

Ғайрат он бошад, ки ӯ ғайри ҳама-ст,

Он кӣ афзун аз баёну дамдама-ст.

Ғайрат иборат аст аз он ки Худо ғайри ҳамаи мавҷудот аст. Ҳам ӯст, ки аз ҳадди тавсиф ва баён берун аст, ва ин калимот ва ибороти маъмулии мо наметавонад ҳаққи матлабро адо кунад.

Нукта: Ғайрат дар луғат ба маънои “нописанд донистани ширкати дигарон дар ҳаққи худ” аст. Ва ғолибан итлоқ мешавад дар ҳимояти мард аз зану фарзанду номуси худ. Аммо дар истилоҳи сӯфия, ғайрат ду навъ аст: яке, ғайрати Худо бар банда, ва дигаре, ғайрати банда бар Худо. Ғайрати Худо бар банда бад-ин маъност, ки Худо мехоҳад бандаро аз халоиқ бигирад ва танҳо ба худ машғулаш дорад. Вале ғайрати банда бар Ҳақ ин аст, ки аҳволу анфоси худро ба ғайри Ҳақ машғул надорад. (Тарҷумаи рисолаи Қушайрия, с.421) Итлоқи ғайрат дар мавриди Ҳақ Таъоло бад-он ҷиҳат аст, ки ба эътиқоди сӯфиён, ӯ ошиқ ва маъшуқи биззот аст ва ба ҳукми:

يُحِبُّهُم وَيُحِبُّونَه

(“Худо ононро дӯст дорад ва онон низ Худоро дӯст доранд”), ӯ нахуст шӯри ишқ барангехт ва ба ҷамоли бениҳояти хеш ишқ варзидан оғоз кард ва ҷаҳонро мазҳари ҷамоли лам язалӣ сохт ва тухми ошиқӣ ва маъшуқпарастӣ дар мазраъаи дилҳо афканд ва одами хокиро сабақи муҳаббат омӯхт. Ва медонем, ки ғайрат ва ишқ, ҳамзодон ва мусоҳибони деринаанд. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.681)

Эй дареғо, ашки ман, дарё будӣ,

То нисори дилбари зебо будӣ.

Кош ашки чашмонам дарё мебуд, то онро нисори дилбари зебоям менамудам!

Тӯтии ман, мурғи зираксори ман,

Тарҷумони фикрату асрори ман.

Ҳар чӣ рӯзе доду нодод оядам,

Ӯ зи аввал гуфта, то ёд оядам.

Эй тӯтии ман! Эй парандаи зираки ман! Эй он, ки бозгӯкунандаи афкор ва асрори ниҳони ман ҳастӣ! Ҳар чи аз адлу зулм бар сарам меомад, ӯ аз аввал мегуфт ва ман ба хотир меовардам.

Нодод: Зулм, манъ ва имсок.

Нукта: Акбарободӣ гӯяд: “Ҳар чи рӯзи ғинову фақр аз роҳату ранҷ маро пеш меомад, тӯтӣ қабл аз вуқӯъ мегуфт”. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.115)

Тӯтие, к-ояд зи ваҳй овози ӯ,

Пеш аз оғози вуҷуд оғози ӯ.

Он тӯтии зираку зебоандом овояш аз тариқи ваҳй мерасад ва оғози вуҷудаш пеш аз ҳар оғозе будааст ва пеш аз ҳамаи коинот ва мумкинот вуҷуд доштааст.

Нукта: Байти фавқ нозир аст ба ин матлаб, ки Мавлоно ва ҷамъе аз орифон ва ҳукамо, руҳро ҷисмониятул-ҳудус намедонанд (яъне ҳудуси руҳро аз ҷисм намедонанд), балки вуҷуди ӯро муқаддам бар ин ҷаҳон донанд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.543)

Андаруни туст он тӯтӣ ниҳон,

Акси ӯро дида ту бар ину он.

Он тӯтӣ яъне ҷони қудсӣ, дар даруни ту махфист ва ту акс ва ҷилваи онро рӯйи ину он мебинӣ.

Нукта: Ин байт, ҳам метавонад бад-ин масъала ишорат дошта бошад, ки ҷисм ва ҳамаи аъзои он, дар ҳукми сояи руҳ аст, ва ҳам метавонад ҳокӣ аз ин ҳақиқат бошад, ки ҳамаи олам сояест аз Ҳақ Таъоло.

Итлоқи паранда бар зоти илоҳӣ ва низ руҳи инсонӣ, ҳар ду дар мутуни ирфонӣ собиқа дорад. Лоҳиҷӣ симурғро таъбире аз зоти илоҳӣ дониста. (Шарҳи Гулшани роз, с.130) Низ Бӯалӣ Сино дар қасидаи маъруфи “Айния”-и худ аз нафси нотиқаи инсонӣ бо номи Варқо (кабӯтар) ёд мекунад. Лекин гоҳ инсон ҷилваҳоро мебинад, вале соҳиби ҷилваҳоро ҳаргиз. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.543)

Мебарад шодитро, ту шод аз ӯ,

Мепазирӣ зулмро чун дод аз ӯ.

Ҷилваҳои тӯтии ҷон шодиву сурури туро аз ту меситонад, бо ин ҳол боз ту аз ӯ шодмон ва хурсандӣ, ва низ ситами ӯро айни адл талаққӣ мекунӣ ва аз он зулм хушнудӣ.

Нукта: Фоъили “мебарад” ҳамон “акси ӯ” дар байти пешин аст. Ва мурод аз “акси ӯ” ҷилваҳои машҳуд ва маҳсуси ҷон аст. Манзури ду байт: Тӯтии ҷон, ки дар зебоӣ ва малоҳат беназир аст, акси он дар олами маҳсусот дар мазоҳир таҷаллӣ мекунад ва инсон бад-он мазоҳир моил мешавад ва бад-онон ишқ меварзад; ҳол он ки он маъшуқҳо тамоман маҷозӣ аст. Ва ҳамон маъшуқҳои маҷозӣ туро дучори сахтӣ ва ҳиҷрон мекунад ва бар ту ҷафо раво медорад ва шодмонии туро маҳв мекунад ва дар айни ҳол ту аз ӯ розӣ ва хурсандӣ. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.544)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: