Ислом ва Эронзамин (16)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (4)

Ойини зартуштӣ дини расмии кишвар

Соcониён чун сиёсати кишварро бар асоси мазҳаб ниҳода буданд ва ойини зартуштиро мазҳаби расмӣ эълом карданд ва ба руҳониюни зартуштӣ қудрати фавқулъода доданд, бо пайравони соири мазоҳиб ғолибан ҳусни сулук надоштанд ва аҳёнан таҳти таъсири руҳониюни зартуштӣ, мардумро маҷбур ба тарки мазҳаби худ ва пайравӣ аз мазҳаби зартуштӣ мекарданд ва ин мазҳабро бо зӯри шамшер ба мардум таҳмил менамуданд.

Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Руҳониёни зартуштӣ бисёр мутаассиб буданд ва ҳеч диёнатеро дар дохили кишвар таҷвиз намекарданд, лекин ин таассуб бештар мубтанӣ бар иллатҳои сиёсӣ буд. Дини Зартушт диёнати таблиғӣ набуд ва руасои он доияи наҷот ва растгории куллияи абнои башарро надоштанд, аммо дар дохили кишвар муддаии тасаллути томму мутлақ буданд, пайравони соири диёнатҳоро, ки раияти Эрон ба шумор меомаданд, маҳалли итминон қарор намедоданд, хосса агар ҳамкешони онҳо дар яке аз мамолики хориҷа дорои азамате буданд”.

Саъиди Нафисӣ мегӯяд:

Муҳимтарин сабаби ошуфтагии авзои Эрон дар давраи Соcониён ин будааст, ки пеш аз подшоҳии ин хонадон, ҳамаи мардуми Эрон пайрави дини Зартушт набуданд ва Ардашери Бобакон чун мӯбадзода буд ва ба ёрии руҳониёни дини Зартушт ба салтанат расид, ба ҳар васила, ки буд, дини ниёгони худро дар Эрон интишор дод. Ва чун пояи тахти Соcониён бар пуштибонии мӯбадон қарор гирифт, аз оғоз руҳониён нерӯи бисёре дар Эрон ёфтанд ва муқтадиртарин табақаи Эронро ташкил доданд ва ҳатто бар подшоҳон бартарӣ ёфтанд, чунонки пас аз марги ҳар подшоҳе, то аз миёни касоне, ки ҳаққи салтанат доштанд касеро барнамегузиданд ва ба дасти худ тоҷ бар сараш намегузоштанд, ба подшоҳӣ намерасид. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки аз миёни подшоҳони ин силсила танҳо Ардашери Бобакон писараш Шопурро ба валиаҳдӣ баргузидааст ва дигарон ҳеч як ҷонишини худро ихтиёр накарда ва валиаҳд надоштаанд. Зеро агар пас аз маргашон “мӯбадон мӯбад” ба подшоҳии вай тан дарнамедод, ба салтанат намерасид. Дар тамоми ин давра подшоҳон ҳама дастнишондаи “мӯбадон мӯбад” буданд. Ва ҳар як аз эшон, ки фармонбардор набуд, дучори мухолифати мӯбадон мешуд ва ӯро бадном мекарданд, чунонки Яздгирди дуввум, ки бо тарсоён бадрафторӣ накард ва ба дастури мӯбадон ба куштори эшон тан дарнадод, ӯро “базаҳкор” (гунаҳкор) ва “базаҳгар” номиданд. Ва ҳамин калима аст, ки тозиён “асим” тарҷума карданд ва вай пас аз ҳашт соли подшоҳӣ ночор шуд монанди падарони худ бо тарсоёни Эрон бадрафторӣ кунад”.

Ҳамчунин мегӯяд:

Дар Арманистон — ки аз замони ташкили давлати “Мод” чӣ дар давраи ҳахоманишӣ ва чӣ дар давраи ашконӣ ва соcонӣ, ҳамеша аз иёлоти мусаллами Эрон буда ва муддатҳои мадид шоҳзодагони ашконӣ дар он ҷо подшоҳӣ кардаанд — соcониён сиёсати хашине пеш гирифта буданд ва ба зӯри шамшер мехостанд дини зартуштиро дар он ҷо ривоҷ диҳанд. Арманиён дар натиҷаи ҳамин хунрезиҳо, қарнҳо пойдорӣ ва лаҷоҷат карда, нахуст дар мазҳаби бутпарастии худ по фишурда ва сипас дар ҳудуди соли 302 мелодӣ андак-андак бинои гаравидан ба дини исавиро гузоштанд ва тариқаи махсусе ихтиёр карданд, ки ба калисои арманӣ маъруф аст. Ва дар натиҷаи ҳамин ихтилофи мазҳабӣ, дар тамоми давраи Соcониён кашмакаш бар сари Арманистон дар миёни Эрон ва Рум боқӣ буд. Ва ин ихтилоф низ на танҳо Эронро дар баробари имперотурони Рум ва Безантия (Бизонс) ва Руми суғро ё Руми ғарбӣ ва шарқӣ заъиф мекард, балки кори бегонагони дигар ва аз он ҷумла тозиёнеро, ки ба Эрон ҳамла бурданд, осон кард”.

Ҳамчунин мегӯяд:

Аз Критар, мӯбадон мӯбади замони Шопури аввал, ки пас аз ӯ низ муддате бар сари кор буда, се катиба дар Нақши Рустам ва Сармашҳад ва Каъбаи Зартушт боқӣ аст ва ҷузъиёти иқдомотеро, ки ба зӯри шамшер барои интишори дини Зартушт дар ноҳияҳои мухталиф ба кор бурдааст, баён мекунад”.

Дар китоби “Тамаддуни эронӣ”, фасли панҷум дар бораи катибаи мӯбади собиқуззикр чунин менависад:

Дар соли 1939 мелодӣ, дар Нақши Рустам, наздики Тахти Ҷамшед, ҳайъати ҳаффории бунгоҳи ховарии Шикогу (Чикаго), дар самти машриқи биное, ки “Каъбаи Зартушт” ном дорад, катибаи тавиле ба даст овард, ки дар он мӯбад “Критар” шарҳ медиҳад, ки чӣ гуна аз 242 то 293 баъд аз мелод кам-кам риёсати руҳониюни мазҳаби Зартуштро ишғол кардааст. Яке аз ин катибаҳо ҳикоят мекунад, ки чӣ гуна иддае аз мубаллиғони мазоҳиби хориҷиро, ки мондани онҳо дар Эрон салоҳ набуд, аз ин кишвар берун карданд, монанди яҳудиҳо, руҳбонони будоӣ, браҳмоиҳо, носириҳо, масеҳиён, муктакоҳо ё наҷотёфтагон (ки эҳтимолан аз ҳиндиҳо будаанд) ва билохира зиндиқҳо яъне пайравони Монӣ…

Албатта ҳамаи давраи соcонӣ аз назари сахтгириҳои мазҳабӣ яксон набудааст, ҳамчунонки қудрати руҳониюни зартуштӣ ҳама вақт яксон набуда ва ҳамаи салотини Эрон таҳти нуфузи мутлақи онон набудаанд. Шопури аввал, Яздгирди аввал, Хусрав Анушервон лоақал дар қисмате аз даврони зимомдории худ равиши нисбатан озодманишонае нисбат ба атбои соири мазоҳиб доштаанд.

Дар китоби “Тамаддуни эронӣ” мақолаи “Вазъи мазҳаб дар Эрони ғарбӣ дар замони Соcониён” пас аз нақли катибаи мӯбад Критар ва сахтгириҳое, ки дар замони ӯ мешудааст, мегӯяд:

Аз тарафи дигар, вақойеънигори арманӣ Элизе Вортобид (Elisee Vartabed), аз дастхатте ёд мекунад, ки марбут ба Шопур аст ва дар он амр дода шуда, ки муғҳо ва яҳудиҳо ва пайравони Монӣ ва тарафдорони тамоми мазоҳиби дигарро дар ҳар нуқта аз Эрон, ки бошанд озод бигузоранд ва монеи анҷоми маросими мазҳабии онҳо нагарданд. Катибаи аввал марбут ба озорест, ки дар замони подшоҳии Баҳроми дуввум байни 277 ва 293 мелодӣ нисбат ба ақаллиятҳо анҷом гирифта. Ва дастури дуввум роҷеъ ба озодии мазоҳиб аст, ки ифтихори онро бояд ба Шопури аввал (242-273) нисбат дод”.

Кристенсен (Arthur Christensen) дар фасли шашуми китоби хеш, ки роҷеъ ба исавиёни Эрон баҳс мекунад, вазъи куллии исавиёнро дар он аҳд чунин шарҳ медиҳад:

Барои тавзеҳи равобит байни исавият ва диёнати расмии Эрон дар қуруни чаҳорум ва панҷум, ба зикри ибороте чанд аз “Зоху” мубодират меварзем: исавият дар аҳди соcонӣ ҳамеша ҳатто дар сахттарин давраҳои заҷру таъаддӣ, муҷоз будааст, агарчӣ гоҳе баъзе маҷомеи исавӣ дар шаҳрҳо ва деҳот дастхуши озори уммоли эронӣ мешудаанд. Исавиён усули дини худро дар анҷуманҳое, ки дар санавоти 410 ва 420 дар пойтахти кишвари Эрон ташкил ёфт, бо ҳузури ду нафар намояндаи давлати имперотурии Бизонс барқарор намуданд, ки яке “Морусо” усқуфи Миёфорқин буд ва дигар ”Окос” усқуфи Омидо. “Фаръат” хутаб ва мавоъизи худро дар сахттарин айёми ҷавру таъаддӣ, ки нисбат ба исавиён дар замони Шопури дуввум ҷорӣ буд навиштааст. Ва бо вуҷуди ин, асаре дар ин рисолот дида намешавад ҳокӣ аз ин ки иҷрои маросими диёнати исавӣ дар он аҳд ба таври оддӣ ва бидуни монеъ ҷараён надошта бошад. Фишор ҳамеша мутаваҷҷеҳи уламои дини Масеҳ буда, аммо ҳеч гуфта нашудааст, ки оммаи масеҳиёнро заҷр ё маҷбур ба иртидод намуда бошанд. Зоҳиран, исавиён чӣ дар кишвари Эрон, чӣ дар давлати имперотурии Рум, дар равобити ҳуқуқӣ байни худ тобеи қонуни сурёнӣ ва румӣ буданд, ки зоҳиран онро бо урфи маҳал вифқ медодаанд. Кушторҳои бузург нудратан иттифоқ меафтод ва ғолибан исавиён метавонистанд ба оромӣ таҳти ҳидояти маънавии ҷосалиқон ва усқуфони худ зист кунанд”.

Ба таври куллӣ, мазҳаби Масеҳ ба унвони як ақаллияти мазҳабӣ озод будааст ва дар айни ҳол мукаррар аз озори масеҳиён дар фавосили мухталифи торих ёд мешавад ва зоҳиран бештар решаи сиёсӣ доштааст. Яъне ақаллияти масеҳии Эрон ғолибан дар кашмакашҳои Эрон ва имперотурии Рум ба ҳукми вобастагии мазҳабӣ ҷониби ҳаммазҳабони худро нигоҳ медоштаанд, ва ба ҳамин ҷиҳат мавриди хашми салотини Эрон қарор мегирифтаанд.

Кристенсен (Arthur Christensen) дар бораи Яздгирди аввал мегӯяд:

Мусолимате, ки Яздгирди аввал дар равобити худ бо исавиён изҳор мекард, билошак маълули ҷиҳоти сиёсӣ буд, зеро бо устувор кардани бунёни сулҳи Эрон ва Рум метавонист масоъии ҷамила дар таҳкими иқтидори салтанати хеш ба кор барад, вале илова бар ин зарурати сиёсӣ метавон гуфт, ки табъан Яздгирд моил ба мусомиҳа дар умури диёнатӣ будааст”.

Дар бораи Хусрав Анушервон мегӯяд:

Хусрав бо руҳониёни зартуштӣ муттаҳид шуд, то маздакиёнро чора кунад, лекин на табақаи руҳониён ва на табақаи ашроф дар аҳди ӯ ба қудрати собиқи худ даст намеёфтанд. Хусрави аввал билошак зартуштӣ буда ва аз соири подшоҳони соcонӣ ин имтиёзро дорад, ки дар масоили мазҳабӣ ҷумуд ва таассуб надошта ва нисбат ба ақоиди мухталифаи динӣ ва мазоҳиби фалсафӣ вусъати машрабӣ нишон медодааст. Исавиёнро дар муассисоти оммулманфиа истихдом мекард ва дар ин кор тардиде ба хеш роҳ намедод”.

* * *

Ойини масеҳӣ

Масъалаи пайдоиши мазҳаби исавӣ дар Эрон ва аҳёнан таҳти фишор қарор гирифтани он ва муқовимати сарсахти масеҳиён ва сипас нуфуз ва тавсиъаи он мазҳаб дар Эрон, то он ҷо, ки дар охирҳои аҳди соcонӣ бархе салотини соcонӣ тамоюл ба ин мазҳаб пайдо карданд ва бисёре аз хонадонҳои асили зартуштӣ ба он гаравиданд, достоне дилкаш ва ибратомӯз аст ва нишондиҳандаи заъфи маънавии дини Зартушт алорағми қудрати руҳониёни он дин, дар миёни эрониён аст.

Агар ислом ба Эрон наомада буд, масеҳият Эронро мегирифт ва ойини Зартушт ба дасти исавият табоҳ мешуд, ҳамчунонки кешҳои монавӣ ва маздакӣ низ, ки аз дохили Эрон зуҳур карда буданд, рақибҳои сарсахти дигаре барои ойини зартуштӣ буданд ва зартуштиён кинаи шадиде нисбат ба онҳо доштанд. Ва ба ҳамин далел аст, ки зартуштиёни Эрон монавиҳо ва маздакиҳо ва ҳатто масеҳиҳоро беш аз мусалмонон душман медоштанд. Дар давраи ислом мукаррар мебинем, ки зартуштиён ва махсусан руҳониёни зартуштӣ, бо мусалмонон алайҳи монавиҳо ва маздакиҳо ҳамкорӣ мекунанд. Ва аз он сӯ мебинем, ки исавиёни Эрон низ дар асари озорҳо ва маҳдудиятҳо ва аҳёнан қатли оммҳо (дар замони Шопури дуввум), ки аз ноҳияи зартуштиён дида буданд, мусалмононро бар зартуштиён муқаддам медоранд ва мақдами мусалмононро ба Эрон гиромӣ мешуморанд.

Нуфузи масеҳият ва тавсиъаи он дар Эрон бисёр оддӣ ва табиӣ будааст. Роҷеъ ба иллат ва маншаи пайдоиши исавият дар Эрон, Кристенсен (Arthur Christensen) менависад:

Дар мавқеъе, ки силсилаи соcонӣ ҷонишини ашкониён шуд, исавиён маркази таблиғии муҳимме дар шаҳри “Арраҳо” (дар Осиёи сағир, Туркияи феълӣ) доштанд… Давлат дар ҷангҳои бузурге, ки бо Рум кард, асиронро дар ноҳияҳои дурдасти кишвари Эрон маскан дод. Подшоҳони Эрон дар лашкаркашиҳои худ ба Сурия гоҳе тамоми саканаи як шаҳр ё як ноҳияро кӯч дода, дар яке аз нуқоти дохилии кишвар муқим мекарданд. Чун қисмати аъзами ин муҳоҷирин исавимазҳаб буданд, диёнати Масеҳ дар ҳар гӯшае аз Эрон андаке ривоҷ гирифт”.

Дар китоби “Тамаддуни эронӣ” ба қалами ҷамъе аз ховаршиносон менависад:

Дар ҳақиқат, мазҳаби Масеҳ дар Эрон ба дасти оромиҳо, ки дар Сурия иқомат доштанд ё мубаллиғоне, ки аз Эдес (Урфе, ё ҳамон Арраҳои собиқуззикр) омаданд ва ё ба дасти усарои ҷангӣ вориди ин сарзамин шуд. Аз соли яксади мелодӣ дастаҳое аз масеҳиён дар “Арбил” буданд ва байни соли 148 то 191 дар Каркуки феълӣ осоре аз вуҷуди онҳо ҳаст. Агарчӣ ҳанӯз дар Эрон мазҳаби Масеҳ ташкилоти расмӣ ба худ надода буд, вале масеҳият таваҷҷӯҳи бисёре аз эрониён хусусан шахси Мониро ба худ ҷалб кард”.

Ҳамчунин дар ҳамон китоб таҳти унвони “Дини Масеҳ дар Эрони аҳди соcонӣ” менависад:

Дар Бизонс имперотур ва дарбор ва тамоми ҷомеа масеҳӣ буданд. Дар Эрон, гузашта аз ин ки амалан қудрат дар дасти зартуштиён буд, усулан аз ибтидои аҳди соcонӣ давлат ҳам аз дини Зартушт, ки дини расмӣ буд, ҳимоят мекард. Адами таассуб дар бораи масеҳиён аз ибтидои зуҳури дини Масеҳ ба вуҷуд наомада буд. Дар замони Шопури дуввум, ки аз назари сиёсӣ бо Константин душманӣ дошт, вазъи масеҳиёни Эрон бисёр сахт буд… Дар ибтидо масеҳиён ба шиддат мавриди озор қарор гирифтанд, бидуни муҳокима ё баъд аз муҳокимаи мухтасаре, онҳоро ба шаҳодат мерасонданд ё ба тариқи бисёр шадиде азоб медоданд. Шарҳи шиканҷаи шуҳадои масеҳӣ, ба забони шомӣ ба дасти мо расида ва нишон медиҳад, чӣ гуна ин масеҳиён, ки имрӯз номи онҳоро фаромӯш кардаем, бо қудрат ва шуҷоат шаҳид шудаанд. Вале ба зудӣ мақомоти расмӣ ба ин матлаб пай бурданд, ки ин масеҳиёни пуртаҷриба аз атбои манотиқи фаръӣ ва хориҷиҳои нофармон, ки ҳар соат хиёнат мекарданд набуданд, балки аз эрониёни ҳақиқӣ буданд, ки дар замони собиқ, аз тарафдорони ҷиддии мазҳаби Зартушт маҳсуб мешуданд ва баъзе аз онҳо аз ашхоси бисёр барҷаста ва машҳур буданд, ки дар меҳанпарастии онҳо шакке набуд, фақат дар ҳифзи ақидаи худ бисёр собитқадам буданд. Аз он ба баъд, қувваҳои интизомӣ тасмим гирифт, ба ҷойи танбеҳ, гумроҳшудагонро ба роҳи рост ҳидоят намояд, вале аз ин низ натиҷаи муфиде ба даст наомад. Бинобар ин, бо вуҷуди муддати чиҳил сол озору шиканҷа, дини Масеҳ дар Эрон мавқеияти мутмаинне ба даст овард. Вақте айёми озор ба иллати ишколоте, ки дар натиҷаи ҳамалоти ҳунҳо ва ҳаётила дар машриқ пеш омада буд, ба поён расид, мавқеъ барои эҷоди ташкилот ва вазъи собити масеҳиён дар Эрон ба даст омад… Масеҳиёни Эрон ба зудӣ соҳиби ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии нерӯманде гардиданд, ки ҳатто озорҳое, ки дар қарни панҷум ба василаи Яздгирди дуввум ва Баҳроми панҷум ба амал омад, натавонист шикасте бар онҳо ворид оварад. Дар Салуқия (Тисфун) ва хусусан дар Насибин, мактабҳои руҳонӣ ва мазҳабӣ ба сурати дурахшонтарин мактабҳои машриқ ба вуҷуд омад. Таъсиси савмаъаҳо боис шуд, ки иддаи зиёде муаллимини усули мазҳабӣ дар он савмаъаҳо тарбият шуданд ва ин суннат ҳанӯз дар савмаъаҳо идома дорад. Ҳаёти воқеии масеҳияти Эрон бештар аз натиҷаи таблиғоти он зоҳир мешавад”.

Нависандаи мақолаи фавқуззикр сипас ба мавзӯи ҳаёти масеҳият дар он аср ва қудрати таблиғоти масеҳӣ дар он замон ва дар охир ба шикасте, ки дар машриқ аз ноҳияи ислом бар масеҳият ворид шуд, ишора мекунад ва мегӯяд:

Бо як назари сареъ ба нақшае, ки ахиран оқои Ж.Дуилия, устоди донишкадаи ҳуқуқи Нулуз, зимни интишори ҳосили заҳмати зиёд ва пурфоидаи хеш нашр карда, равшан мешавад, ки чӣ гуна мубаллиғоне аз иёлти Калда ба кишварҳои Медитарона ва дарёи Чин рафта ва то Ҳиндустони ҷанубӣ ва Таббат ва кишвари Муғулистон, иддаи зиёдеро ба дини Масеҳ даровардаанд. Ин таблиғ дар миёни кишварҳо нашуда, балки дар миёни милали саҳрогарде ба амал омадааст, ки ҳар рӯз дар як кишвар ба сар мебурданд. Ба ин тариқ, дини Масеҳ дар ин нуқоти бисёр дур то қарни сездаҳум ҳанӯз побарҷо буд ва ҳангоме, ки мубаллиғони Фронсискан аз қабили Жон Дуплон Корпан ва Рубрук ва мусофирине монанди Морку Пулу (Марко Поло) ба он кишвар мусофират карданд, онро дар ҳоли ҳаёт ёфтанд. Дар миёни урдуҳои сайёри руасои тавоифи муғул, ки ба дунболи пирӯзӣ ба тарафи мағриб равон буданд ва ҳанӯз дар бораи ихтиёри адёни мухталифе монанди будоӣ ва монавӣ ва ислом, ки дар миёни роҳашон буд тардид доштанд, мазҳаби настурӣ тарафдори зиёд пайдо кард ва ҳангоме расид, ки эҳтимол мерафт тамоми руқабои худро шикаст диҳад. Қабули дини ислом аз тарафи муғул, шикасти бузурге барои масеҳият дар ин ноҳияҳо буд”.

Дар замони Хусрави Парвиз, масеҳият дар Эрон беш аз ҳар вақти дигар қувват гирифт. Бисёре аз наздикони шоҳ, ки аз эрониёни асил буданд исавӣ шуданд. Чунонки медонем, Хусрави Парвиз дар асари қиём ва инқилоби Баҳроми Чӯбин, сардори маъруфи эронӣ маҷбур шуд Эронро тарк кунад ва ба рақиби қудратманди хеш Мурикиюс, қайсари Рум паноҳ бибарад ва аз ӯ истимдод кунад ва бо додани имтиёзоте ба ӯ ва бо кӯмаки ӯ ба пойтахт баргардад. Гӯянд, Хусрав дар муддате, ки дар Рум монда буд, тамоюле ба масеҳият пайдо карда буд.

Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Мӯбадон чандон аз бозгашти Хусрав, ки дар соли 581 мелодӣ иттифоқ афтод, шодмон нашуданд, зеро ки ин подшоҳ аз Рум ин армуғонро ҳамроҳ дошт, ки нисбат ба авҳом ва хурофоти насоро майле ҳосил карда буд ва кӯмаккори ӯ дар ин ақоид зане исавӣ “Ширин” ном буд, ки сугилии ҳарами ӯ гардид”.

Баъзе иддао кардаанд, ки Хусрави Парвиз кеши зартуштиро раҳо карда ва расман ба кеши масеҳӣ даромадааст, вале Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Муҳаққақан қавли Утикиюс, ки гӯяд Хусрави Парвиз ойини насоро гирифт, асле надорад, вале равобити ин подшоҳ бо қайсар Мурикиюс, ки ӯро дар гирифтани тоҷу тахт ёрӣ кард ва музоваҷати ӯ бо шоҳзодахонуми румӣ мавсум ба Мориё ва нуфузи маҳбубаи ӯ Ширин, ки кеши исавӣ дошт, ӯро водор кард, ки лоақал зоҳиран нисбат ба раиятҳои исавии худ назари марҳамате дошта бошад. Аммо шахси Хусрав ҳам мумкин аст баъзе аз хурофоти исавиёнро бар мавҳумоти собиқи худ афзуда бошад…

Кристенсен (Arthur Christensen) сипас аз қудрат ёфтани ду фирқаи масеҳии яъқубӣ ва настурӣ дар дарбори Хусрави Парвиз ва кашмакашҳои онҳо бо якдигар ва масеҳӣ шудани бархе аз сардорони эронӣ аз қабили Меҳрони Гушнасп, ки настуриён ӯро ғусли таъмид доданд ва ба номи Гиоргиюс номиданд ва ҳамчунин чанд тани дигар аз ин қабил ёд мекунад. Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Меҳрони Гушнасп чун ба дини Масеҳ гаравид, худро ба биёбон кашид, то дар он ҷо ҳақоиқи дини ҷадидро аз руҳбонон таълим бигирад. Рӯзе аз хоҳари худ пурсид, ки баъд аз интиқоли ман ба кеши насоро дар дарбор чӣ мегуфтанд? Хоҳараш ҷавоб дод: Биё, барои ту ҳеч хатаре нест! Шоҳ вақте ки хабари танассури туро шунид, фақат фармуд: Меҳрони Гушнасп ба дӯзах шитофт! Ҳол роҳи худро пеш гир. Мумкин аст подшоҳ муқаррар фармояд, ки амлокатро низ пасбидиҳанд. Чанде баъд Меҳрони Гушнасп хоҳари худро мулоқот кард дар вақте ки ба ақди яке аз ашроф даромада буд. Пас чанд қадаме пеш рафта, бо камоли эҳтиром ба ӯ намоз бурд ва таъзим кард. Хоҳар аз маснади худ бархоста, бо камоли меҳрубонӣ дастро ба ҷониби ӯ дароз кард. Он гоҳ хандон ба ӯ гуфт: Шодбош, ман низ исавӣ ҳастам”.

Аз он чӣ то кунун гуфтем, маълум шуд: аввалан, исавият ба таври табиӣ дар Эрони зартуштӣ дар ҳоли пешравӣ будааст, ва агар ҳол бар ҳамин минвол боқӣ мемонд, хатари бузурге барои дини зартуштӣ буд. Сониян, исавият бар хилофи зартуштигарӣ, доияи ҷаҳонӣ дошт. Яъне мубаллиғони масеҳӣ барои исавият марз намешинохтанд, фаъолона кӯшиш мекарданд, ки исавиятро дар Эрон ва хориҷи марзҳои Эрон густариш диҳанд ва дар ин роҳ муваффақиятҳое ҳам касб карда буданд. Солисан, ислом, ки ба Эрон омад, беш аз он ки ба зартуштигарӣ, ки дар ҳоли инҳитот буд зарба бизанад, ба масеҳият, ки дар ҳоли рушд ва тавсиъа буд зарба зад, бозорашро шикаст ва онро аз майдон бадар кард. Агар ислом наомада буд, масеҳият дар саросари машриқ реша медавонид. Ва танҳо нуфузи маънавии ислом буд, ки монеи густариши масеҳият дар Шарқи наздик ва Шарқи дур шуд.

Попҳои масеҳӣ ҳамвора беш аз мӯбадони зартуштӣ аз тавсиъа ва нуфузи маънавии ислом дар Эрон ранҷ мебурдаанд, зеро онҳо беш аз инҳо эҳсоси ғабн мекардаанд. Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки имрӯз ҳам, ки қарнҳо аз он торих мегузарад, вақте ки як нависандаи нопоксиришт зери номи Эрон ва эроният қалам ба даст мегирад, то он ҷо, ки метавонад, ба ислом ҳамла мекунад ва он кас, ки аз ӯ тақдир ва ташаккур мекунад ва ба ӯ медол медиҳад, олиҷаноб Поп аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: