Ислом ва Эронзамин (17)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (5)

Ойини монавӣ

Дини Монӣ яке дигар аз адёни мутаҳаррик ва зиндаи аҳди соcонист. Роҷеъ ба ақоиди Монӣ ва одоби монавият, ки чӣ будааст, сухан фаровон аст. Қадри мусаллам ин аст, ки кеши Монӣ чӣ аз лиҳози ақида ва чӣ аз лиҳози одоб ва маносик, бисёр печида ва ту дар туст. Умуман мӯътақиданд, ки кеши Монӣ иборат аст аз як силсила аносури зартуштӣ ва масеҳӣ ва будоӣ ба иловаи ибдоъот ва ибтикороте, ки аз худи ӯ будааст. Оқои Сайидҳасан Тақизода дар ду хитобаи муҳаққиқонае, ки дар Анҷумани Эроншиносӣ эрод карда мегӯяд:

Ҷамъе аз муҳаққиқон моил ба ин ақида шуданд, ки ақоиди қадимии эронӣ ва махсусан ақидаи зарвонӣ ва баъзе тариқаҳои ғайрирасмӣ ва бидъатомези зартуштиён дар давраи охирҳои Ашкониён ва аввалҳои Соcониён, дар таркиб ва бунёни ақоиди Монӣ саҳми муҳимме доранд. Лекин дар натиҷаи таҳқиқоти амиқтар, маълум шуд ин шабоҳат зоҳирӣ аст ва ношӣ аз он аст, ки Монӣ дар баёни матолиби худ истилоҳоти ҳар қавм ва умматеро иқтибос ва таълимоти худро ба қолаби мӯътақадоти ҷамоате мерехт, ки дар миёни онҳо даъвати худро нашр мекард. Баъдҳо ба ҷанбаи ақоиди масеҳӣ дар таркиби монавият бештар аҳаммият дода шуд ва махсусан муҳаққақ гардид, ки Монӣ аз дини исавӣ бештар иттилоъ дошт то аз адён ва мӯътақадоти эронӣ ва ҳиндӣ. Вале албатта манбаи иттилооти ӯ дини расмии масеҳӣ набуд, балки бештар тариқаҳои “ганусӣ”-и масеҳӣ буда, ки таҳти таъсири “ҳелинизм” яъне ақоид ва фалсафаи юнонии ишроқимашраби роиҷ дар машриқ (Сурия ва Байнаннаҳрайн) дар давраи баъд аз Искандар — ки бо фалсафаи қадим ва аслии Юнон ихтилоф дошт — омехта ба фалсафаи шарқӣ шуда ва ранги шарқӣ ба худ гирифта буд ва аз қуруни билофасли қабл аз торихи масеҳӣ дар он ноҳияҳо нашъу намо карда ва ба вуҷуд омада буд ва махсусан “Марқиюн” ва “Бордисон”, ки ҳар ду “ганусӣ” ва дорои ақидаи “санавӣ” будаанд”.

Ва ҳам оқои Тақизода мегӯяд:

Роҷеъ ба ақоиди муҳаққиқон дар асл ва маншаи дини Монӣ бояд гуфта шавад, ки бар ҳасби таҳқиқи саҳеҳ агарчӣ Монӣ аз ҳамаи мазоҳиб ва адёни маъруф назди ӯ каму беш (масалан аз будоӣ хеле кам ва аз зартуштӣ ва зарвонӣ қадре бештар ва аз насроният боз бештар) ва аз тариқаҳои “ганусӣ” беш аз ҳама (ва махсусан аз Марқиюн) афкоре ахз намуда лекин дини ӯ фақат таркиби иқтибосот набуда, балки асос ва руҳи он аз худи Монӣ буда ва муассиси ин бинои азим ва резандаи пайи он, худи он шахси аҷиб буда ва рангҳои адёни маъруфи дигар оризӣ ва умда барои суҳулати нашри дини Монӣ дар мамолики дигар ва байни ақвоми ҳиндӣ ва зартуштӣ ва исавӣ будааст”.

Муҳтаваёти дини Монӣ ҳар чӣ буда ва худи Монӣ ҳар ки будааст, ба баҳси феълии мо марбут нест. Дар фаслҳои баъд, ки роҷеъ ба “санавият” ва ғайра баҳс хоҳем кард, лоақал қисмате аз мӯътақадот ва одоб ва шаройеъи монавиятро шарҳ хоҳем дод. Он чӣ ба ин баҳс марбут аст ин аст, ки ин дин муқорини зуҳури ислом чӣ вазъе доштааст, чӣ қадр пайрав дошта ва чӣ гуна ҷозиба ва нуфузе доштааст? Оё дар ҳоли рушд ва тавсиъа буда ва ё дар ҳоли инҳитот ва завол?

Қадри мусаллам ин аст, ки ин дин доияи ҷаҳонӣ дошта ва Монӣ муддаии пайғамбарӣ буда ва худро охирин паёмбар ва дини худро комилтарини адён мехондааст. Монавият мубаллиғони забардасте дар давраҳои баъд дошта ва тавонистааст — бар хилофи зартуштигарӣ — аз марзҳои Эрон бигузарад ва мардуми кишварҳои зиёдеро таҳти нуфузи худ қарор диҳад.

Монавият алорағми фишорҳо ва тазйиқоте, ки аз ноҳияи руҳониёни зартуштӣ дид, то зуҳури ислом боқӣ буд ва монавиҳо беш аз зартуштиён дар муқобили ҳамалоти мусалмонон муқовимат нишон медоданд. Ва дар давраи исломӣ низ то чанд қарн вуҷуд доштаанд ва тадриҷан мунқариз шудаанд.

Зуҳури Монӣ дар аввалҳои аҳди соcонӣ будааст. Таваллуди Монӣ дар Байнаннаҳрайн воқеъ шуда, вале худи ӯ эронинажод аст. Монӣ замони Ардашер сарсилсилаи Соcониёнро дарк кардааст ва зоҳиран иддаои пайғамбариаш дар замони Шопури аввал писари Ардашер будааст. Ва мегӯянд, Шопур таҳти таъсири даъвати Монӣ қарор гирифт ва лаҳзае мураддад шуд, ки дини мониро ба ҷойи дини Зартушт дини расмии кишвар қарор диҳад, аммо баъд аз ин андеша пушаймон шуд. Ва гӯянд, то ҳудуди қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ бақоёе аз монавиён будаанд. Бинобар ин, аз тулӯъ то инқирози монавият дар ҳудуди ҳазор сол тӯл кашидааст.

Дини Монӣ дар оғоз, интишори сареъ ва фавқулъода ёфт. Оқои Тақизода мегӯяд:

Торихи монавиён ва даъватгарони онҳо ва пайравонашон то туғёни муғул, худ достоне дароз мешавад ва фусули намоёни он интишори сареъи монавият аст дар олам ба ҳадде, ки дар ҳудуди санаи 300 масеҳӣ, яъне қариб як рубъ қарн баъд аз вафоти Монӣ, дини вай дар Сурия ва Миср ва Офриқои шимолӣ то Испонӣ ва мамлакати Гол ҷилавтар рафта”.

Ҳамчунин менависад:

Дар Тахористон ва дар Марв ва Балх дини Монӣ пайравони зиёде дошт ба ҳадде, ки Ҳуин Тсунг, сайёҳи чинӣ дар рубъи дуввуми қарни ҳафтуми масеҳӣ гӯяд, ки монавият дини мутлақи Эрон аст, ки мақсуд, он ноҳияҳои Эрон буда, ки дар ҳудуди Тахористон буд, ки дини Монӣ дар онҷоҳо хеле қувват дошт ва дар аввалҳои қарни ҳаштуми масеҳӣ як халифаи монавӣ дар Тахористон мустақар буд”.

Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Бо вуҷуди фишор ва сахтгирӣ, ки дар кишвари Эрон аз ҷониби руҳониюни зартуштӣ нисбат ба фирқаи монавӣ ба амал меомад, ин ойини ҷадид дар сарзамини Эрон боқӣ монд, вале камобеш пинҳонӣ ва сиррӣ буд. Ривоёте роҷеъ ба таъқиб ва озори монавиён дар аҳди Нарсӣ ва Ҳурмузди дуввум дар матнҳои қибтии монавия мастур аст. Амр ибни Удай, подшоҳи араби Ҳира, ин фирқаро ҳимоят мекард. Дар иёлати Бобил, ки маншаи ин эътиқод буд ва дар пойтахти шоҳаншоҳии Тисфун басе аз монавия мезиистанд, аммо ба сабаби фишор ва таъаддии аҳли замон гурӯҳе ба самти машриқ ва шимол, ки маскани тавоифи эронинажод буд ҳиҷрат карданд. Дар Суғд ҷамоате азим аз монавия сокин шуданд. Ин монавиёни шарқӣ рафта-рафта иртиботи худро бо ҳамкешони ғарбӣ аз даст доданд…

Мазҳаби Монӣ натавонист пойдор бимонад ва мунқариз шуд. Мусалламан ислом омили аслии шикасти монавият аст. Монавият як кеши сад дар сад санавӣ аст ва табъан чунин ойине дар муқобили ойини тавҳид, ки пуштвонаи фитрӣ ва фикрӣ дорад ва беҳтар қодир аст афкори мустақим, махсусан афкори табақаи донишманд ва файласуфро ҷазб кунад, наметавонад пойдорӣ кунад. Ба илова, кеши Монӣ мубтанӣ бар навъе зуҳд ва риёзат аст, ки табъан ғайриамалӣ аст; махсусан ақоиди ӯ дар бораи палидии таносул ва тақдиси таҷарруд омили умдае барои рӯй гардондан аз ӯст, хусусан он гоҳ, ки бо мактабе мувоҷеҳ мешавад, ки дар айни маънавияти вофир, аз ин навъ зуҳд ва риёзатҳо безор аст, издивоҷро муқаддас ва таволуд ва таносулро “суннат” мешуморад.

Агар мусалмонон монавияро монанди зартуштиён ва яҳудиён ва масеҳиён аз аҳли китоб мешумурданд ва решаи осмонӣ барои монавият қоил мешуданд, мумкин буд монавиён низ — ки муқорини зуҳури ислом дар қаламрави ислом зиёд буданд — монанди зартуштиён ва яҳудиён ва масеҳиён ба сурати як ақаллияти мазҳабӣ ба ҳаёти худ идома диҳанд, аммо зандақа шумурдани монавият аз тарафи мусалмонон, имкони идомаи ҳаётро барои онҳо ҳарчанд ба сурати як ақаллияти мазҳабӣ аз миён бурд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: