Фалсафа ва равиши реализм (81)

Идрокоти эътиборӣ (12)

Матни китоб:

5. Асли мутобиати илм

Пурравшан аст, ки қувваҳои фаъола дар модда чунонки худ моддӣ ҳастанд, фаъолияти онҳо низ дар модда мебошад ва як қувваи фаъола ҳамин ки моддаеро муносиби фаъолияти худ ёфт, шурӯъ ба фаъолият карда ва асари худро ба сӯи мутаассири худ равона хоҳад сохт ва инсон ва ҳар ҷонвари зинда дар фаъолияти худ аз ин ҳукм мустасно нестанд.

(Тавзеҳ он ки:) мо дар саҳнаи фаъолияти худ бо воқеияти хориҷ кор дорем, воқеияти хориҷро мехоҳем. Бо касе, ки сухан мегӯем бо шунавандаи хориҷӣ розгӯӣ менамоем, ба сӯи мақсаде, ки равона мешавем мақсадро меҷӯем, ва агар мехӯрем ё меошомем ё бармехезем ва агар чашм боз мекунем ё гӯш фаро мегирем ё мечашем ё мебӯем ё даст мемолем ё пой мегузорем, ва агар механдем ё мегирйем, ва агар шод мебошем ё андӯҳгин мешавем, ва агар дӯст мегирем ё душман медорем, ва агар ва агар… дар ҳамаи ин мароҳил, сару кори мо бо худи хориҷ ва воқеияти ҳастӣ аст, зеро ба ҳасби фитрат ва ғариза реалист ва воқеъбин ҳастем (чунонки дар мақолаи 2 ва 3 равшан гардид).

Пас, ночор ба илм эътибори воқеият додаем, яъне сурати идрокиро ҳамон воқеияти хориҷ мегирем ва осори хориҷро аз они илм ва идрок мешуморем.

Ва дар миёни ҳолоти гуногуни идрокӣ (илм, занн, шакк, ваҳм), танҳо илм метавонад ин хоссаро дошта бошад, зеро дар ҳолоти дигар (ғайри ҳоли илм) чун идрок дуҷониба буда ва мутазалзил аст, наметавон ба як ҷониб гароида ва мустақар шуд. Мавҷудеро, ки вуҷудаш мазнун ё машкук ё мавҳум аст, наметавон гуфт, мавҷуд аст. Вале мавҷуде, ки маълумулвуҷуд буда ва ҳеч гуна тардиде дар вуҷудаш надорем, мавҷуд аст (бе қайди илм), агарчи ба ҳасби диққат маълумулвуҷуд аст. Вале вақте, ки ба ин ҷо мерасем (мавҷуде, ки пеши мост, ба ҳасби диққат мавҷуд нест, балки маълумулвуҷуд яъне сурати илмӣ аст, на худи мавҷуди хориҷӣ) боз мебинем маълумулвуҷуд маълумулвуҷуд аст, на маълуми маълумулвуҷуд. Ва боз ҳар чӣ пеш биравем, дасти худро ба рӯйи воқеияти хориҷ (яъне рӯйи илм ба номи маълуми хориҷӣ) хоҳем гузошт, на рӯйи илм ба воқеияти хориҷ.

Пас, бояд қазоват кард, ки инсон ва ҳар мавҷуди зинда ҳеч гоҳ аз эътибор додан ба илм (муқобили мутлақи тардид) мустағнӣ нест ва ба ҳукми изтирори ғаризӣ, ба илм эътибор хоҳад дод. Яъне сурати илмиро ҳамон воқеияти хориҷ хоҳад гирифт. (“Эътибори воқеияти илм” ба истилоҳи ин мақола, “ҳуҷҷияти қатъ” ба истилоҳи фанни усул.)

Ва аз ин рӯй, мо наметавонем дахолати тозае — исботан ва нафян — дар эътибори илм бикунем. Мо ҳеч гоҳ наметавонем ин эътиборро аз дасти илм бигирем, зеро ҳар гоме, ки дар ин роҳ бармедорем, дар хатти илм роҳпаймоӣ намудаем ва ҳеч гоҳ наметавонем дубора ба илм эътибор бидиҳем. Зеро хоҳу нохоҳ ин эътиборро дар нахустин бархӯрде, ки бо хориҷ намудаем, ба вай додаем ва инсон наметавонад дар доираи зиндагии худ ба як нуқта бирасад (барои намуна), ки аз амал ба илм холӣ буда бошад.

Масалан, як раис ё ҳар мофавқ метавонад газофагӯӣ карда ба зердасти худ бигӯяд: “Аз ин пас, дар фармонҳои ман он чиро, ки илм дорӣ тарк гуфта ва мавориди машкукаро анҷом деҳ”, вале боз бо ин бозӣ ба орзуи худ (илғои эътибори илм) нахоҳад расид. Зеро зердасти номбурда агар фармонбардорӣ ҳам бикунад, тоза дар ҳамаи мавориди амал ба шакк ба фармони нахустини вай итоати илмӣ карда ва ҳамаи мавориди шаккро низ бо илм ташхис дода.

Ва масалан инсон дар мавориди маҳзуроти эҳтимолӣ истинкоф карда ва ворид намешавад (қоидаи дафъи зарари муҳтамал): оберо, ки ростӣ эҳтимоли масмумият дорад, намехӯрад, ба ҷое, ки эҳтимоли чоҳ меравад, пой намегузорад, ба моддае, ки эҳтимоли инфиҷор дорад, даст намезанад, вале инҳо мавориде аст, ки инсон дар сари ду роҳ истода: яке мақтуъуламн ва дигаре ғайри мақтуъ. Ва бо ғаризаи амал ба илм, роҳи мақтуъуламнро интихоб менамояд, гузашта аз ин ки эҳтимоли маҳзурро низ бо илм ташхис медиҳад.

Аз баёни гузашта натиҷа гирифта мешавад:

1) Яке аз эътибориёт “ҳуҷҷияти илм” аст;

2) Ин эътибор аз эътибороти умумӣ аст (қабли иҷтимоъ).

* * *

Нукоте чанд:

1) Назар ба қареҳаи мусомиҳа, ки дар инсон аз қоидаи интихоби ахафф ва асҳал истиқрор ҷуста, инсон дар марҳилаи амал ҳар чизи ғайри муҳимро ба адам мулҳақ менамояд, ва мо рӯзона ин равишро дар ҳазорҳо маврид ба кор мебарем, ки яке аз онҳо идроки заннӣ аст. Дар ҷое, ки ҷониби марҷуҳи тарафайни занн беаҳаммият буда бошад, ба ҳисобаш намеоварем ва дар натиҷа занни қавиро ба ҷои илм гузошта ва номи “илм” ба вай медиҳем. Ва ин ҳамон “занни итминонӣ” аст, ки мадори амали инсон мебошад, ва ин худ яке аз эътибороти умумӣ аст.

Пӯшида намонад, ки донишмандони моддӣ чунонки дар илми назарӣ каҷравӣ намуда ва илм (идроки монеъ аз нақиз)-ро мункир шудаанд, ҳамчунон дар илми амалӣ (мавриди баҳс) низ иштибоҳ карда ва дуруст дар нуқтаи муқобили мо қарор гирифта мегӯянд, инсон ҳамеша ба занн амал менамояд ва илме дар кор нест.

Ин назар аз ду ҷо сарчашма мегирад: яке, инкори асли идроки илмӣ, ва мо дар мақолаҳои гузашта бутлони ин назарро равшан намуда ва ба субут расонидем, ки ин назар ҷуз равиши шаккокон (намедонам) ҳақиқате дарбар надорад. Дуввум, хатт миёни эътибори занни итминонӣ ва миёни илғои эътибори илм. Донишманди моддӣ бояд бидонад, ки сухан дутост, ки аз ҳамдигар ҷудо мебошанд.

Як бор мегӯем, инсон биногузорӣ намуда, ки ғайри илмро (занни итминонӣ) илм шинохта ва бо вай муомилаи илм кунад. Албатта дар ин сурат эътибори ҳақиқӣ аз они илм буда ва илми эътиборӣ (занни итминонӣ) танҳо зиндаи исми илм мебошад. Ва як бор мегӯем, инсон ба илм амал намекунад, балки пайваста пайрави занн аст, яъне инсон дар амал мустақиман ба сӯи руҷҳон ва авлавият мегарояд. Ва ин суханест бепоя ва андешаест хом, зеро инсон дар эътибориёти амалии худ маҳкуми табиат ва пайрави ҳидояти фитрат ва ғаризаи худ мебошад, ва чунонки дар оғози сухан гуфта шуд, табиат ва фитрат барои найл ба ҳадафи худ, инсонро ба сӯи воқеияти хориҷ мекашонад ва қувваҳои фаъола ва мудрикаро бо воқеияти хориҷ иртибот медиҳад ва идроке, ки хориҷ ба таври итлоқ метавонад дар зарфи вай бигунҷад, ҳамон илм асту бас.

Ҷойи басе шигифт аст агар чунончи инсон дар мавриди амал, танҳо занн яъне тарафи роҷеҳро гирифта ва интихоб мекунад, оё худи руҷҳонро низ бо руҷҳон ташхис медиҳад? Ва ҳамчунин ин руҷҳонҳои мутараттиб, ило ғайри ниҳоя мераванд ва билохира як тараф наметавонад тарҷеҳ (на занни тарҷеҳ) пайдо кунад? Ё билохира ба илм мерасад, зеро агар дар ҷое гуфтем, ки “ростӣ роҷеҳ аст” илмро ба кор бурдаем?

Нуктаи 2

Инсон агар ба вуҷуди чизе илм дошта бошад, то илм ба бутлони вуҷуди вай нарасонида илми нахустинро мӯътабар медорад ва мутолеаи ҳолоти мухталифи ҳайвоноти дигар вуҷуди ин равишро дар онҳо низ таъйид мекунад.

Ва агар вуҷуди чизе, ки карданӣ аст ё накарданӣ, дар миёни ду чиз мураддад шавад, ба феъли ҳар ду тараф ё тарки ҳар ду тараф мубодарат меварзад.

Ва агар вуҷуди чизеро надонад, тартиби осори вуҷуди вайро ба маврид намедиҳад.

Ва агар чизе миёни карданӣ ва накарданӣ (хайру шарр) мураддад шавад, таваққуф хоҳад кард.

(Чаҳор асли “истисҳоб, эҳтиёт, бароат, таваққуф” ба истилоҳи фанни усул).

Ва чун дар ҷоҳои дигар дар атрофи ин чаҳор асл баҳсҳои вофӣ шуда аз домана додани гуфтугӯ дар ин мақола дар бораи онҳо худдорӣ мешавад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: