Шарҳи Маснавӣ (194)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (20)

* * *

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай (5)

* * *

Эй ки ҷонро баҳри тан месӯхтӣ,

Сӯхтӣ ҷонрову тан афрӯхтӣ.

Эй дӯстдори ҳавову ҳавас, ки ҷонро барои парвор кардани ҷисмат фидо кардӣ! Ту руҳу ҷонатро ба оташи табоҳӣ даркашидӣ, то ҷисмат ороста ва фурӯзон гардад.

Нукта: Ҷонро ба сабаби пардохтан ба тимори тан ва парвардани бадан ва саргарм шудан ба ҷилваҳо ва мазоҳир, аз шинохти зоти худ, ки дар ҳақиқат шуҳуди қалбии зоти Рабб аст, дар оташи ҳиҷрон ва ахгари фироқ сӯзондӣ. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.544)

Сӯхтам ман. Сӯхта хоҳад касе?

То зи ман оташ занад андар хасе?

Ман дар ишқи Ҳақ сӯхтаам. Оё касе ҳаст, ки ин ошиқи оташинро бихоҳад, ки бо он бар хасу хошоки ҷисмоният ва ҳавову ҳавас оташ дарафканад?

Сӯхта: Фатила ва панба, ки ба василаи он, чароғро равшан мекарданд, маҷозан ошиқи дилсӯхта.

Сӯхта чун қобили оташ бувад,

Сӯхта бистон, ки оташкаш бувад.

Фатила, ки қобили иштиъол аст, чунин фатилаеро бигир, ки оташро ба худ ҷазб мекунад.

Оташкаш: Ҷазбкунандаи оташ.

Нукта: Инсоне, ки ба шӯълаи ишқ сӯхта шуда, чунин фарде, оташи ишқро ба худ мегирад. Вале он ки орӣ аз ишқ аст, диле сард ва афсурда дорад ва ахгари ишқро ба худ намегирад. Ҳаким Сабзаворӣ гӯяд: “Ишорат бад-ин матлаб аст, ки ноқисони камолҷӯ бояд аз комилон истимдод ҷӯянд ва аз оташу сӯзу дарди эшон ахгаре баргиранд”. (Шарҳи асрор, с.56)

Эй дареғо, эй дареғо, эй дареғ!

К-он чунон моҳе ниҳон шуд зери меғ.

Аз ин ҷо ба баъд, гӯӣ ки Мавлоно аз қиссаи тӯтӣ ба ёди пиру муродаш Шамси Табрезӣ ва рӯзгори висоли ӯ меафтад ва беихтиёр ва бо забоне оташин, ба шарҳи ҳиҷрон ва беқарории хеш мепардозад. Ин абёт, бар ҳасби зоҳир, аз забони бозаргон гуфта шудааст: дареғо, дареғо, дареғо, ки он тӯтӣ монанди моҳи тобон дар зери абр пинҳон шуд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.545)

Меғ: Абр.

Чун занам дам? К-оташи дил тез шуд,

Шери ҳаҷр ошуфтаву хунрез шуд.

Чӣ гуна сухан бигӯям дар ҳоле ки оташи дилам тунду тезу фурӯзон гаштааст ва шери ҳиҷрону фироқ ошуфтаву хунрез шудааст?

Ҳаҷр: Дурӣ, ҳиҷрон.

Нукта: Акбарободӣ гӯяд: “Шери ҳаҷр” дар ин ҷо иборат аз ҷудоӣ нест, балки киноя аз вусъат ва истеъдоди комилан аст, зеро ӯ ин байтро сухани Мавлоно медонад, ки аз фироқи он бозаргон ба ёди фироқи худ афтодааст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.116)

Он ки ӯ ҳушёр, худ тунд асту маст,

Чун бувад чун ӯ қадаҳ гирад ба даст?

Ба унвони мисол, касе ки ба гоҳи ҳушёрӣ ва ҳузури ақли худ, шӯрида ва сармаст аст, бибин вақте ки қадаҳе шароб ба даст гирад ва даркашад, чӣ ҳоле пайдо мекунад?!

Шери масте, к-аз сифат берун бувад,

Аз басити марғзор афзун бувад.

Мисоли дигар, шери масте, ки ҳоли ӯ аз ҳадди тавсиф ва баён хориҷ аст, ҳар гоҳ паҳнаи марғзори сарсабзро мушоҳида кунад, равнақу сабзиву хуррамии он, шери мастро масттар месозад.

Басит: Фарох, васеъ, гушода, паҳн.

Нукта: Ҳамин тавр ҳар гоҳ чун мане, ки ҳолати шӯридагӣ ва мастиам дар ҳудуд ва мавозини марсум дарнамегунҷад, агар ба ризвони ҳақиқат низ восил шавам, мусалламан мастиам афзунтар мегардад. Пас, ҳазрати Мавлоно ҳолати хешро ба шери масте ташбеҳ мекунад, ки аз расидан ба марғзори зебо мастиаш афзунтар мегардад. (Шарҳи кабири Анқуравӣ, ҷ.2, с.696)

Қофия андешаму дилдори ман,

Гӯядам: мандеш ҷуз дидори ман.

Бо ин ки дар андешаи қофиясозӣ ҳастам, то ашъорамро ба сомон орам, вале чунон дар ҷилваи ҷамоли маҳбубам мустағрақ шудаам, ки гӯӣ ба ман чунин хитоб мекунад: қофиясозиро раҳо кун ва танҳо ба дидори ҷамоли ман андеша кун!

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: