Оё илм метавонад маншаи ҳастиро дақиқ кунад?!

Пурсиш: Чанд рӯз пеш дар ин саҳифа баҳси доғ байни ба истилоҳ Худонобоварон ва Худобоварон дар авҷ буд. Ҳоло, ки вазъ як каме ором шудааст, хостам матлаберо инҷо бикорам ва суолеро матраҳ бикунам, то шояд ба баъзе чизҳо равшанӣ биандозад.

Чанде пеш вақте мақолаеро устод Сайидюнуси Истаравшанӣ дар мавриди Ғазолӣ навишта буд, ки муҳтавояш ин буд, Худобовар дар сурати ботил будани ақидааш, чизеро аз даст намедиҳад, вале вой бар ҳоли Худонобовар агар воқеан Худо вуҷуд дошта бошад. Ин мақола каме зеҳнамро машғул кард ва суоле бароям пайдо шуд. Маъмулан агностикҳо ва атеистҳо барои исботи ақидаи худ такя мекунанд ба илм. ВАЛЕ ОЁ ИЛМ МЕТАВОНАД МАНШАИ ҲАСТИРО ДАҚИҚ КУНАД?!

Хуб, қабл аз пурсиши ин суол лозим аст ба чанд нукта ишора бикунам, ки бисёр муҳиманд.
Пурсиши маншаи ҳастӣ барои башар аз қадимулаём яъне аз замоне, ки «Инсони Доно» ё ҳамон «Homo Sapiens» такомул ёфт пайдо шуд. Яъне инсон дар ҷустуҷӯи мақсад ва сабаби пайдоиши худ шуд. Дар ибтидо пайдоиши олам рабт дода мешуд ба назарияҳое, ки бештар ҷанбаи асотирӣ доштанд. Бо рушд ёфтани дониши инсон назарияҳои илмӣ пайдо шуданд, ки ҳар кадом дар замони худ барои посух ба пурсиши асосии инсон истифода мешуданд. Thales донишманди юнонӣ обро маншаи ҳастӣ медонист, донишманди дигаре ададро ва ғайра…. Ҳамзамон Худо ба унвони қувваи асосӣ ва офарандаи ҳастӣ дар канори дигар назарияҳои илмӣ қарор дошт ва ҳанӯз ҳам дорад.

Ба назари ман, иштибоҳи Худонобоварон дар ин аст, ки вуҷуди Худоро на ҳамчун офаранда, балки усули офариниш қабул мекунанд. Манзурам ин аст, ки агар Худованд офаридгори ҳастӣ бошад, пас илм хамчун восита яъне яке аз қудартҳои Ӯ барои офариниш аст. Барои ин гуфтаҳо лозим аст фақат пурсиши маншаи ҳастиро аз нигоҳи метафизикаи Конт нигоҳ бикунем. Яъне барои исботи дақиқи маншаи ҳастӣ аз нигоҳи илм муваққатан дин ва Худоро аз ин суол ҷудо кунем. Ва дунболи суоли дигаре яъне «Ман чиро метавонам бидонам» биравем. Вақте инсон барои пайдо кардани пурсишҳои худ дар бораи табиат ва маншаи пайдоиши хастӣ зина ба зина пеш меравад, дучори мушкил мешавад. Чун ин суол посухи ниҳоӣ надорад. Хар донишманде иддио кунад, ки посухро ёфтааст, аз илм хориҷ шудааст. Ҳоло инҷо боз бар мегардам ба суол. ОЁ ИЛМ МЕТАВОНАД МАНШАИ ҲАСТИРО ДАҚИҚ КУНАД?!

Ҷавоб ба ин суол манфӣ аст! Яъне илм ҳеҷ вақт наметавонад! Чун ҳар назарияи илмие, ки то ба ҳол омадааст баъдан ё инкор шудааст ё такомул ёфтааст. Нютон бар ин ақида буд, ки дар дақиқ будани ситораву сайёраҳо кувваи аз берун саҳим аст. Яъне онҳоро дасти қударатманде бо салиқаи воло чида аст, манзур Худованд. Назарияе, ки баъдан аз тарафи Пьер-Симон, Маркиз де Лаплас рад карда шуд. Ё назарияҳо олимон дар мавриди ҳамвор будани шакли Замин пеш аз ренессанс, ки баъдан рад карда шуд. Ҳарчанд назарияи такомули Дарвин ба илм хусусан биология хизмат кард, вале бозёфтҳои ҷадиди скелетҳои азимҷуссаи инсон ҳарфу ҳадисҳоеро гирди ин теорӣ ба вуҷуд овардааст. Ҳатто суолҳои гирди назарияи таркиши бузурги А. Энштейн вуҷуд дорад. Инсон ҳанӯз намедонад пеш аз ин таркиш чи будааст?! Чаро ин таркиш ба вуҷуд омадааст?! Чи мешуд агар ин таркиш ба вуҷуд намеомад?! Оё ғайр аз ин ҳастӣ (univers) ҳастиҳои дигар (multivers) вуҷуд доранд ва ғайра…. Танҳо чизе, ки барои донишмандон ҷолиб аст, ин дақиқ ва бе нуқс будани тамоми доимиҳои физикӣ аст. Ингор ба қавли Нютон дасте аз берун ин ҳамаро сохта бошад!

Дар ҳоле, ки илм дар исботи ин пурсиш оҷиз аст, оё ба қавли Ғазолӣ инкор кардани Худо риски бузург нест?! Шумо чӣ фикр доред? ОЁ ИЛМ МЕТАВОНАД МАНШАИ ҲАСТИРО ДАҚИҚ КУНАД?!

Vatandor Vatan

* * *

Посух: Ба номи Худо. Дар оғоз, хидмати шумо арз кунам, ки илм наметавонад ба маншаи ҳастӣ пай бибарад, балки ӯҳдадори посух ба ин муаммо, дониши фалсафа аст. Чаро?

Барои ёфтани посухи ин “чаро”, ночорем баҳсе нисбатан муфассал биёройем. Пас, зимни тавзеҳи матолиби зерин, масъала бароямон равшан хоҳад шуд:

1. Илм чист?

2. Фалсафа чист?

Инак, баёни ин ду матлаб:

* * *

Илм чист?

Имрӯза, вақте вожаи “илм” ба кор бурда мешавад, манзур “донистаҳое аст, ки аз роҳи таҷрибаи ҳиссӣ ба даст меоянд”, ки дар ангилисӣ муъодили он Science аст. Масалан, илми физик ё шимӣ ва ё зистшиносӣ ва ғайра. Ва илм ба ин маъно, дорои як силсила хусусиятҳо мебошад, бад-ин шарҳ:

1) Падидае, ки мавриди ковиши илмӣ қарор мегирад, бояд чунин бошад, ки ҳама битавонанд онро озмоиш кунанд. Аз ин рӯ, чизҳое, ки танҳо як бор рух медиҳад ё чизҳое, ки таҷрибаи онҳо ҳамагонӣ нест (мисли таҷрибаҳои ирфонӣ), аз қаламрави ковишҳои илмӣ берун меравад. Бо ин ҳисоб, вақте аз такрори падидае маҳрумем ва фақат имкони як бор дидан ё чашидани онро дорем, танҳо метавон гуфт, мо бо он рӯ ба рӯ шудаем. Аммо вақте битавонем онро борҳо такрор кунем ва битавонем бо тағйир ва ҳазфи омилҳои дахлдор, саҳми ҳар омилро дар эҷоди он падида баррасӣ намоем, он гоҳ аст, ки мо ба таҷриба пардохтаем.

Масалан, гузаштани барқ аз сим ва пайдоиши ҳарорат дар сим, як мушоҳида аст, аммо такрори он ва муайян кардани миқдор ва шиддати ҷараён, муайян кардани муқовимати сим ва муайян кардани замон дар эҷоди ҳарорат, як таҷриба аст. Ин таҷриба ба ин сурат анҷом мегирад, ки ҳар кадом аз омилҳои дахлдори зикршударо бояд як бор ҳазф кард ва миқдори онро тағйир дод, то ҳам саҳми он омил ва ҳам микдори саҳмаш дар эҷоди ҳарорат маълум шавад.

Бинобар ин, падидаҳое, ки ҳазф ва тағйири омилҳои дахлдор дар эҷоди он мумкин набошад, имкони таҷрибаи онҳо вучуд надорад, барои ҳамин аз қаламрави илм берун мемонанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, метавон ба хубӣ дарёфт, ки чаро кайҳоншиносӣ (cosmology, яъне илме, ки дар он чигунагии пайдоиши замин ва коинот баҳс мешавад) аз назари илмӣ, он қадр бо шакку тардид рӯ ба рӯ шудааст. Ин шакку тардидҳо ба хотири он аст, ки шароити пеш аз пайдоиши коинот, чунон торик ва дур аз дастраси гумон аст, ки омилҳои дахлдор дар эҷоди он барои касе маълум нест, то бо ҳазфу тағйири ин омилҳо битавон онро баррасӣ кард. Аз ин рӯ, таҷрибаи илмиро ба он дастрасӣ нест ва ба ғайр аз ҳадсу гумон, чизи дигаре наметавон дар борааш гуфт.

Ҳамчунин ба равшанӣ метавон фаҳмид, ки чаро мавҷудоти моварои табиатро (мисли Худо, фаришта ва ғайра…) наметавон аз роҳи ковишҳои илмӣ найф ё исбот кард. Яъне, аз назари илмӣ, на метавон вуҷуди онҳоро исбот кард ва на метавон вуҷуди онҳоро инкор намуд. Зеро таъсиргузории Худо ё фариштаҳоро наметавон бо ҳифзи шароити бадан ё ҷаҳон ҳазфу изофа кард, то бишавад таъсироти моддии онҳоро санҷид. Ҳамин аст сирри ин ки дар мавриди Худо ё руҳ, ковиши таҷрибӣ ғайримумкин аст. Чӣ гуна метавон Худоро аз ҷаҳон ҳазф кард, то асари ҳазфи Худоро битавон дид? Ё чӣ гуна метавон бо ҳифзи тамоми шароити бадан, фақат руҳро аз бадан берун кард, то асари набудани руҳ маълум шавад?

2) Тафсирҳои илмӣ ҳамеша дар сояи теорияҳо ва қонунҳои илмӣ сурат мегирад ва бидуни доштани як теория, наметавон аз падидае тафсири илмӣ кард. Масалан, агар бигӯем, “ҳамеша гармо аз ҷисми гарм ба ҷисми сард гузар мекунад”, дар ин ҷо як назми омми табиатро баён кардаем, ва агар мушоҳида кардем, ки дар ин ҷо ҷисми сарде бо гирифтани гармо аз як ҷисми гарм, гармтар шуд, ин падидаро дар партави он қонуни куллӣ тафсир кардаем. Бинобар ин, тафсирҳои илмӣ ҳамеша дар гарави қонунҳо ва теорияҳои илмӣ мебошанд. Қонунҳо ва теорияҳои илмӣ барои он ки илмӣ бошанд, бояд таҷрибапазир бошанд, ва барои таҷрибапазир будан бояд такрорпазир бошанд.

Аз ҳамин хотир гуфтаанд, ки “ҳар қонуни илмӣ қазияи куллие аст, ки як назми мукаррар (такрорӣ)-ро баён мекунад.” Ин сухан чунин натиҷа медиҳад, ки ҳодисае, ки фақат як бор рух додааст, қобилияти тафсири илмӣ надорад. Чаро? Чун таҷрибапазир нест. Ба ин хотир, барои он наметавон як қонуни куллӣ баён кард.

Маҷмӯи ҳастӣ воқеае аст, ки беш аз як бор рух надодааст, маҷмӯи торихи башар ҳам ҳамин тавр воқеае аст, ки фақат як бор иттифоқ афтодааст. Ин ду ҳодиса ба хотири бе назир будан, бе тафсир ҳам ҳастанд. На фақат ин ду, балки ҳар чизе, ки бе назир аст, бе тафсир хоҳад буд. Масалан, зеботарин шеър ва ё зеботарин мусиқӣ (агар бошад) аз он ҷиҳат, ки монанд надорад, тафсири илмӣ ҳам надорад.

3) Ба таври куллӣ, ҳар назария ва қонуни илмӣ аз се хусусият бархӯрдор аст, ки набудани ҳар як аз онҳо, он назарияву қонунро аз илмӣ будан берун мекунад:

а) Куллӣ: Ҳар қонун ва нузарияи илмӣ як назми ҳамешагӣ ва пойдорро баён мекунад ва аз назари мантиқӣ шакли куллӣ дорад, ки бо калимаҳое монанди “ҳеч“, “ҳамеша“ ё “ҳама” оғоз мешавад. Масалан: “Ҳар гоҳ нур бар сатҳи софе битобад, бо ҳамон зовияи тобиш мунъакис хоҳад шуд” , ё “Ҳамеша ҳарорат суръати вокунишҳои шимиёиро афзоиш медиҳад“, ё “Ҳамеша пенсилин бактерияҳои муқовимнашударо мекушад“ ва ғайра…

б) Пешбинӣ: Қонунҳо ва назарияҳои илмӣ тавони пешбинии машрутро доранд ва бо кӯмаки онҳо метавон ояндаи як ҳодисаро маълум кард; ба ин баён ки масалан, ҳамаи мо аз рафтани сафинаҳо ба фазо ва аз гардиши спутникҳо ба даври замин огоҳем ва ё барои дармони беморӣ дору масраф мекунем, ё аз чанд навъ техника дар зиндагии худ истифода мебарем. Эътимоди мо ба ҳамаи инҳо ба хотири он аст, ки мо ба пешбинии илмӣ итминон дорем. Зеро вақте ки қонуни ҳаракат ба мо мегӯяд, ки агар ҷисме бо шитоби муайян ва бо зовияи муайян ва дар иртифоъи муайян дар ҳаво партофта шавад, чӣ масири муайянеро тай хоҳад кард, танҳо дар он сурат аст, ки мо масири спутникро метавонем пешбинӣ ва контрол намоем. Бо сухани ғайриилмӣ наметавон заррае ба маърифати оянда наздик шуд. Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки сӯҳбат аз дурустӣ ё нодурустии сухане нест, балки сӯҳбат аз илмӣ будан ва ғайриилмӣ будан аст. Масалан, агар бигӯем, мумкин аст доруи ҳамаи бемориҳои саратон ёфт шавад, бо ин сухан тавони ҳеч гуна пешбиние дар бораи ояндаи ҳеч беморе нахоҳем дошт, дар натиҷа ҳеч таҷрибаи озмоишгоҳӣ ҳам нахоҳем дошт, дар айни ин ки худи ин сухан мумкин аст дуруст бошад, аммо дурустии он, эҳтимолӣ аст.

Бинобар ин, ҳар сухани дурусте лузуман илмӣ нест, аммо ҳар сухани илмӣ бояд дуруст бошад. Доираи дурусту нодуруст бузургтар аз доираи илмиву ғайриилмист. Зеро ин сухан, ки бемории саратон ҳатман далел ва иллате дорад, қатъан сухани дурусте аст, вале яқинан илмӣ нест; ба далели он ки ҳеч пешбинии хоссе бо он намешавад кард, чаро ки иллати саратон чи вирус бошад, чи микроб, чи моддаи шимиёӣ, чи саммҳои хӯрокӣ ва чи ғайри он, ҳамаи онҳо бино бар сухани боло, эҳтимолаш меравад. Аммо ин сухан роҳнамоӣ намекунад, ки ба дунболи кадом як бигардем ва ҳатто пешбинӣ намекунад, ки он иллат ёфт хоҳад шуд ё на, бо ин ки медонем иллате дорад.

в) Ибтолпазирӣ: Қонунҳо ва назарияҳои илмӣ вуқӯи баъзе падидаҳоро дар ҷаҳон номумкин эълом мекунад ва ҳар чи як қонун бештар манъ кунад, бештар илмӣ аст. Яъне қонунҳои илмӣ бо вуқӯи ҳар ҳодисае созгор нест ва ба падидаҳо рухсати ҳар гуна ҷиҳатеро намедиҳад. Ба иборати дигар, қонунҳои илмӣ нисбат ба ҷиҳатгирии ҳодисаҳо бетафовут нестанд, бо тағйир ва ҷиҳати падидаҳо зеру рӯ мешаванд. Масалан, қонуни баробарии тобиши нур ва бозтоби он, эълом мекунад, ки агар нуре бо зовияи 10% битобад, маҳол аст, ки бо зовияи 25% мунъакис шавад. Мутобиқи ин қонун, бозтоби нур як роҳи хосс дар пеш дорад, на чанд роҳе ва агар фаразан нур бо зовияи бештар ё камтар аз 10% мунъакис шавад, ин қонун аз эътибор меафтад.

Бинобар ин, вақте қонуне вуқӯи падидаеро номумкин эълом мекунад, маънояш ин аст, ки дар сурати вуқӯи он падида, қонун аз сиҳҳат меафтад ва ибтол мешавад. Ҳамаи қонунҳои илмӣ чунин ҳастанд, ки дар сурати иттифоқ афтодани баъзе ҳодисаҳо ботил мешаванд. Чунин нест, ки бо ҳама чиз ва ҳамаи эҳтимолот созгор бошанд. Хоссияти муҳимми қонунҳои илмӣ ҳамин бетафовут набудани онҳо нисбат ба ҳаводиси ҷаҳон аст ва ҳамин вижагӣ аст, ки ин қонунхоро refutable, яъне ибтолпазир мекунад.

Қонуни ибтолпазир яъне қонуне, ки битавон барои он тасаввур кард, ки дар сурати вуқӯи баъзе аз падидаҳо ботил хоҳад шуд. Ба таъбири дигар, ҳар қонуне бояд нишон диҳад, ки дар чӣ сурате аз сухан ва иддаои худ даст мекашад. Масалан, баробарии тобиши нур ва бозтоби он, як қонуни ибтолпазир аст (агарчи ботил нест), яъне метавон тасаввур кард, ки агар нуре бо зовияи 10% битобад ва бо зовияи 20% дараҷа мунъакис шавад, дар он сурат ин қонун ботил хоҳад шуд. Ё масалан, қонуни дуввуми термадинамик ҳам як қонуни ибтолпазир аст, яъне агар касе мошине бисозад, ки бо истифода аз кори ҳосил аз худаш, битавонад барои ҳамеша кор кунад (ҳамон мошине, ки ин қонун сохта шуданашро маҳол эълом мекунад) дар ин сурат он қонун ботил хоҳад шуд. Ҳамчунин қонуни нисбияти Эйнштейн низ ибтолпазир мебошад, яъне агар касе бо таҷриба нишон диҳад, ки дар ҷое суръати нур тобеи суръати манбаи эҷоди нур аст ва ё агар ҷисме бо суръатҳои мухталиф ҳаракат кунад, аммо ҷирмаш дар ҳамаи маворид яксон бошад, дар ин сурат Эйнштейн назари худро пас хоҳад гирифт.

Пас маълум шуд, ки тамоми ин назарияҳо дар сурати вуқӯи баъзе аз ҳаводис, дучори сустӣ ва шикаст мешавад ва фақат дар қаламрави хоссе саҳеҳ мебошад. Ибтолпазирӣ ба маънои ин нест, ки ин қонунҳо ҳатман рӯзе ибтол хоханд шуд, балки агар дурустии қонуне 100% таъйид ҳам шуда бошад, боз ҳам ибтолпазир хоҳад буд, яъне метавон таҷрибаеро фарз кард, ки нақзкунандаи он бошад. Ба иборати дигар, ибтолпазирӣ ба маънои таҷрибапазирӣ аст. Қонуне ибтолпазир аст, ки таҷрибапазир бошад ва вақте таҷрибапазир аст, ки ибтолпазир бошад ва вақте ибтолпазир аст, ки нисбат ба ҳодисаҳои гуногуни табиат бетафовут набошад.

Ҳол, барои рӯшан шудани ин матлаб мисоле мезанем, дар назар бигиред ин суханро: “Ҳар кас вақти маргаш бирасад мемирад“. Оё метавон ҳатто дар олами хиёл таҷрибае ташкил дод, ки вуқӯи он мояи ибтоли ин сухан гардад? Ин сухан аз ду ҳол хориҷ нест: шахсе ё мурда аст ё намурдааст. Агар мурда бошад, ин сухан мегӯяд ҳатман вақти маргаш расида буд. Ва агар ҳанӯз намурда бошад, ин сухан мегӯяд, ки маълум мешавад вақти маргаш нарасида буд. Ба хотири ҳамин аст, ки ин сухан нисбат ба ҷиҳати ҳодисаҳо бетафовут аст ва мурдану намурдани шахс, барои он фарқе намекунад ва дар ҳар ду ҳол ба қуввати худ боқист. Ба иборати дигар, ба назар мерасад дар сурати вуқӯи ду ҳолат ин сухан ботил хоҳад шуд:

1 — Ин ки касе бо вуҷуди расидани вақти маргаш намирад, аммо чӣ гуна метавон таҷриба кард, ки касе вақти маргаш расида вале ҳанӯз намурдааст?

2 — Касе вақти маргаш ҳанӯз нарасида бимирад.

Вақте миқёси мустақилле барои донистани замони марг дар даст нест, замони мурданро аз рӯи худи мурдан бояд фаҳмид. Яъне бояд мунтазир буд то шахс бимирад, он гоҳ аст, ки аз вақти марг бохабар мешавем. Ҳамин масъала аст, ки ин суханро осебнопазир ва ибтолнопазир мекунад, ба ҳамин далел ин сухан илмӣ нест. Чун сухани илмӣ он суханест, ки роҳе барои санҷидани дурустӣ ё нодурустиаш вуҷуд дорад. Вақте сухане ибтолнопазир буд, аз пешбинӣ ҳам оҷиз мемонад. Масалан, ҳамин сухани боло, ба ҳеч ваҷҳ наметавонад на маргу ҳаёти касеро, на ҳеч ҳодисаи дигареро пешбинӣ кунад, бинобар ин ибтолпазирӣ ва қудрати пешбинӣ ҳаммаъноянд ва ҳар ҷо ин ҳаст, он ҳам ҳаст.

Боз дар назар бигиред, масалан ин суханро ки: “Ранги ашё дар асари нигоҳи мо ба онҳо пайдо мешавад”, ё “Маззаи ашё дар асари забон задани мо ба он пайдо мешавад“, гӯяндаи ин сухан метавонад тамоми ашёи рангин ё маззадорро гувоҳи дурустии ин иддаои худ қаламдод кунад. Зеро то чизе надидаем, аз рангин буданаш наметавонем сухан бигӯем ва ҳамин ки ба он нигоҳ кардем ва рангашро дидем, соҳиби ин сухан хоҳад гуфт, ин нигоҳи шумо буд, ки сабаби пайдоиши ранги он шайъ гашт. Ба ҳамин тартиб, дар бораи маззаҳо метавонад бигӯяд, ки ин забон задани шумо буд, ки маззаи он шайъро эҷод кард. Бинобар ин, ин сухан ҳамеша исбот мешавад ва агар қарор бошад танҳо исботпазирии таҷрибиро меъёри илмӣ будан бигирем, илмитар аз ин гуна суханҳо, сухане пайдо намешавад.

Аммо чаро эҳсос мекунем, ки як навъ фиреб ва халале дар ин суханон вуҷуд дорад? Чаро ин суханон бо вуҷуди ин ки ҳамеша исбот мешаванд, вале моро қонеъ намекунанд? Чӣ тафовуте байни ин гуна суханон ва қонунҳои илмӣ вуҷуд дорад?

Тафовут дар ин ҷост, ки қонунҳои илмӣ ибтолпазиранд, яъне агар қонуне рафту хато буд, роҳе барои санҷидани он вуҷуд дорад, метавон ботил будани онро бо таҷриба ошкор кард (маънои дақиқи ибтолпазирӣ). Вале ин суханон чунин нестанд, ин суханон агар ҳам нодуруст бошанд, нодурустии худро аз таҷриба пинҳон медоранд ва наметавон таҷрибаеро пайдо кард ва ҳатто тасаввур кард, ки бутлони онҳоро нишон диҳад. Вақте роҳи мустақилле барои донистани ранги ашё ғайр аз нигоҳ кардан ва барои донистани маззаи ашё ғайр аз забон задан вуҷуд надошт, роҳе ҳам барои санҷиши дурустӣ ё нодурустии ин сухан вуҷуд надорад.

Пас маълум мешавад, ки ибтолпазирӣ баробари нақдпазирист, суханоне, ки ибтолнопазиранд, нақду баррасии онҳо ҳам аз роҳи таҷриба имконнопазир аст ва ҳамин онҳоро осебнопазир мекунад, бинобар ин осебнопазирӣ сабаби ғайриилмӣ шудани сухан мегардад. (Талхис аз китоби «Илм чист? Фалсафа чист?» таълифи дуктур Абдулкарими Суруш. Талхискунанда: Маҳмудхон Бурҳонов)

* * *

Фалсафа чист?

Фалсафа (ба маънои хосси он, ки имрӯза бештар мавриди назар аст, яъне ҳамон мобаъди табиат) маърифате аст, ки дар он, аз ин ё он мавҷуди хосс баҳс намешавад, яъне сифатҳо, вижагиҳо ва ҳолатҳои хосси мавҷудот ва ё дастае аз сифатҳои хосси мавҷудот мавриди ковиш ва баррасӣ қарор намегирад, балки аз худи “будан” ва аҳкому лозимаҳои он гуфтугӯ мекунад. Ба сухани дигар, мобаъди табиат ё ҳамон метофизика, яъне ҳастишиносӣ (онтология).

Метофизика на инсоншиносӣ аст, на ҷонваршиносӣ, на гиёҳшиносӣ, на ситорашиносӣ ва на ҳатто Худошиносӣ ва монанди он, балки метофизика нигарише аст ба ҳастӣ пеш аз он ки дар қолибе рехта шавад. Ҷонваршиносӣ илмест мутаъаллиқ ба ҷонварон, яъне ҳастиҳои ҷондор, аз ин рӯ ҳар чӣ берун аз ҷондор бимонад, аз ҷонваршиносӣ ҳам берун мемонад. Гиёҳшиносӣ низ ба ғайри гиёҳон намепардозад, ҳамчунин ҳар илми дигар. Ҳеч кадом аз ин улум ба худи “ҳастӣ” намепардозад, балки бо ҳастиҳои хосс ва қолибгирифта сару кор дорад. Вақте ҳастӣ ҷомаи гиёҳ мепӯшад, гиёҳшинос ба суроғаш меравад, вақте ҷомаи булӯр ба тан мекунад, булӯршинос ба он мепардозад, вақте ҳам ки шакли адад пайдо кунад, риёзидон аз он сухан мекунад.

Аммо ҳанӯз ҳастӣ ҷомае бар тан накарда бошад ва урёну беранг, озод аз ҳар қолибу шакле дар назар гирифта шавад, чӣ касе аз он хабар хоҳад гирифт ва чӣ касе аз он сухан хоҳад кард? Файласуф ва метофизик.

Гиёҳшинос аз сифатҳо ва вижагиҳои гиёҳон ва қонунҳои ҳоким бар рушду рафтори он ковиш мекунад ва риёзидон аз ададҳо ва муъодилот ва шаклҳои ҳандасӣ ва робитаҳои гуногуни шаклҳо ва ададҳо ҷустуҷӯ мекунад. Филсуф ва ҳастишинос ҳам, дар аҳком ва вижагиҳои ҳастӣ таҳқиқу таъаммул мекунад ва ба ёфтан ва табйини онҳо мепардозад.

Аз ин рӯ, мавзӯи маърифати фалсафа ва мобаъди табиат “ҳастии мутлақ” аст; чунон ки масалан мавзӯи шимӣ “аносур” (элементҳо) ва мавзӯи зистшиносӣ “мавҷуди ҷондор” аст.

Аз тавзеҳоти боло ду нуктаи муҳим ва гаронбаҳо равшан мешавад:

1. Мобаъди табиат ё метофизика маърифат аст, на ҷаҳон, яъне мобаъди табиат ба маънои ҷаҳоне бартар аз табиат нест ва ё моварои табиат нест, ҳамон тавре ки баъзе пиндоштаанд. Мобаъди табиат донишест, ки аз манзари баланд маҷмӯи ҳастиро наззора мекунад ва дар ин наззора пастиҳоеро мебинад ва мешиносад ва қуллаҳову доманаҳои ҳастиро шиносоӣ мекунад ва робитаҳо ва аҳкоми онҳоро тавсифу тафсир мекунад.

2. Мобаъди табиат ба таври яксон, ҳам ба мавҷудоти маҳсус ва табиӣ таъаллуқ мегирад, ҳам ба мавҷудоти номаҳсус ва моварои табиӣ. Мобаъди табиат мунҳасир ба дониши шинохти мавҷудоти моварои табиӣ нест, балки чун ба маҷмӯи ҳастӣ таъаллуқ дорад ва аҳкоми вуҷудро шиносоӣ мекунад, ҳар ҷо пойи ҳастӣ боз шавад ва вуҷуд ҳар ҷома ва қолибе ба худ бигирад ва ба ҳар сурате таҷаллӣ намояд (холиқ ё махлуқ, иллат ё маълул, табиӣ ё моварои табиӣ, ҳодис ё қадим, инсон ё ҷамод, фаришта ё ҳайвон, замон, макон, басит, мураккаб, билқувва, билфеъл, собит, мутағайир ва дигару дигар) мобаъди табиат дар он ҷо сухан ва ҳукме дорад.

Сухани Ибни Сино (раҳматуллоҳ алайҳ) дар китоби “Шифо” дар ин маврид бисёр равшангар аст. Ӯ мегӯяд, ба ин маърифат, ҳам дониши “моқабли табиат” метавон гуфт ва ҳам “мобаъди табиат”. Моқабли табиат аст, ба ин хотир, ки ба ҳастӣ таъаллуқ мегирад, вақте ки озод аз қайди табиист. Ва мобаъди табиат аст ба хотири ин ки донишомӯз барои шинохтани ҳастӣ, ибтидо аз шинохти табиат оғоз мекунад ва пас аз омодагии зеҳнӣ ва ошноӣ бо ҳастиҳои табиат, ба шинохти ҳастии урён мепардозад.

Аз ин рӯ, дар ҳамин ҷаҳони маҳсус ва табиӣ ва дар бораи ҳар падидаи моддӣ ду гуна тавсиф ва тафсир метавон дошт: яке тафсири илмӣ, дигарӣ тафсири метофизикӣ.

Тафсири илмӣ ба хусусиёти падида дар дохили марзҳои хосси он мепардозад, дар ҳоле ки тафсири метофизикӣ ба тафсири ҳамон падида аз назари ҷойгоҳи он дар маҷмӯи ҳастӣ ва аз назари ин ки дар он падидаи хосс бар бистари ҳастӣ чӣ мегузарад, мепардозад.

Масалан: қитъаи хокеро дар назар бигиред ва ҳадду андозаи он ва сохтмони шимёӣ ва физикии онро баррасӣ кунед, ин як баррасии илмӣ аст. Аммо ба ҳамин қитъаи хок зимни як тасвири бузургтар ва фарогиртар назар афканед, биёбонеро дар назар оваред, бо теппаҳо ва доманаҳо ва ин қитъаи хокро дар ин маҷмӯа аз назари огоҳии баланд наззора кунед, тасвири дигар аз он хоҳед дошт. Ин дуввумӣ аст, ки то ҳудуде ба биниши метофизикӣ монанд аст.

* * *

Муҳтавои фалсафа

Ҳол бояд дид, метофизика аз чӣ роҳе ва бар асоси чӣ пояҳое ҳастиро тавсифу тафсир мекунад. Инҷо лозим аст нигоҳи кӯтоҳе ба сохтмони маърифати башарӣ биандозем.

Ҳар маърифат дастгоҳе аст аз тақсимбандиҳо ва зикри робитаҳои мобайни бахшҳои ин дастгоҳ. Масалан: дар шимӣ ҳамаи маводдро ба моддаи содда ва мураккаб тақсим мекунанд, мураккабҳо ҳам худ аз моддаҳои содда сохта мешаванд, моддаҳои содда (унсурҳо) низ ба навбати худ ба саду чанд унсур тақсим мешаванд, байни ин тақсимоти гуногун робитаҳое барқарор аст. Шинохтани робитаҳои мобайни ин тақсимот қонунҳои шимиро меомӯзонад.

Вақте мо бо ҷаҳон, бо торих, бо инсон ва ғайра, ки тӯдаҳои парокандае аз воқеиятҳо ва ҳодисаҳо ва нерӯҳо ҳастанд рӯ ба рӯ мешавем, агар натавонем ба кӯмаки тақсимбандиҳои гуногун аҷзо ва аъзои мухталифи онҳоро аз ҳам ҷудо кунем ва ҳукми ҳар якро ба даст оварем, то абад дар ҳайрат ва зулмат боқӣ хоҳем монд. Ин тақсимбандиҳо (класификатция) оғози илм, ҳамроҳи илм ва ҳадафи илм аст. Дар ҳар маърифате аз тақсимбандиҳое шурӯъ мекунем ва дар охир ҳам ба тақсимбандиҳои дигаре даст меёбем. Ҳар маърифат то ҷое пеш меравад, ки битавонад табақабандӣ ва тақсимбандии наве нишон диҳад ва ҳамин ки аз ин кор оҷиз монд, аз рушд низ боз истода аст.

Барои ҳамин метофизика ҳам, ки як низоми маърифатӣ аст, устухонбандии он бар асоси як дастгоҳи муназзам тақсимбандӣ мешавад. Тафовути метофизика бо илми таҷрибӣ дар қаламрави тақсимбандии онҳост. Метофизика дар маҷмӯи ҳастӣ даст ба табақабандӣ мезанад, дар ҳоле ки илми таҷрибӣ дар қаламрави маҳсусоти таҷрибапазир тақсимбандӣ мекунад. Метофизика ҳастии урён ва беқайдро ба иллиату маълул, воҷибу мумкин, ҷавҳару араз, воҳиду касир, айну зеҳн, билфеълу билқувва, моддаву ғайри модда ва ғайра тақсим мекунад. Илми таҷрибӣ ҳастиҳои маҳсус ва моддиро ба мавҷу зарра, мусбату манфӣ, ҷирму энержӣ, гозу мойеъу ҷомид, соддаву мураккаб, атому молекула ва ғайра тақсим мекунад.

Қонунҳои илмӣ қазияҳои куллӣ ҳастанд, ки робитаҳои каммӣ ё кайфии тақсимоти мухталифро баён мекунанд, масалан, робитаи ҷирм ва энержӣ ва табдили ин ду ба якдигар ва ё ҳамроҳии зарра бо мавҷи хосс намунаҳое аз қонуни илмӣ аст. Қонунҳои метофизикӣ робитаҳои кайфии (на каммӣ) тақсимоти мухталифи дастгоҳи метофизикро табйин мекунанд, қонунҳои зер намунае аз қавонини метофизикаанд:

Ҳамеша ҳузури иллати томм, пайдоиши маълулро боис мешавад.

Ҳамеша вуҷуди ҳар маълуле вобаста ба иллати хосси худаш аст.

Ҳеҷ амре, ки тамоман билқувва бошад, вуҷуди мустақил пайдо нахоҳад кард.

Ҳаргиз аз як шайъи холис, ду намуна вуҷуд нахошад дошт.

Ҳеҷ мавҷуди ғайри моддӣ, машмули замон нест.

Ҳамон тавре ки мебинед, метофизика як дастгоҳи маърифатӣ аст, ҳамон қадре ки илми таҷрибӣ як дастгоҳи маърифатист. Аз назари маърифат будан, байни ин ду тафовуте нест, тафовути онҳо дар қаламрави онҳо ва дар равиш ва ҳадафи онҳост.

Қаламрави фалсафа ва метофизика маҷмӯи ҳастӣ аст, вақте ки ҳастиро урён ва беомехтагӣ дар назар бигирем. Равиши фалсафа равиши таъаққулӣ ва мантиқӣ аст, на равиши таҷрибӣ. Роҳе, ки як филсуф мепаймояд, чунин аст, ки аз тани падидаҳо ҷомаҳои хосси онҳоро барканад ва решаи ҳамаи намудҳоро дар асли ҳастӣ ҷустуҷӯ кунад. Ба сухани дигар, кори филсуф ин аст, ки тақсимбандиҳои танги илмӣ ва ҳиссиро пора кунад ва ба фарохтарин тақсимбандиҳои мумкин даст ёбад, ки чизе аз он берун намонад.

Масалан: гарм шудани об падидаест дарбардорандаи тағйири ҳолат, пухтани себи хом низ падидаест дар тағйири ҳолат, парвози тир низ падидаест дарбардорандаи тағйири макон. Ҳар як аз ин падидаҳо дар илм ҷойи хоссе доранд. Аввалиро физик ва термодинамик баррасӣ мекунанд, дуввумиро дар шимӣ ва биошимӣ ва севвумиро дар меконик.

Аммо агар вижагиҳои ин падидаҳоро як сӯ гузорем ва таваҷҷӯҳ кунем, ки дар ҳамаи ин маворид тағйир рух медиҳад ва он гоҳ аз худ бипурсем, ки тағйир агар мутаъаллиқ ба вуҷуд шавад, чӣ ҳукме хоҳад ёфт? Асосан ин тасаввур саҳеҳ аст, ки ҳастӣ дигаргунӣ пазирад? Ин ҷост, ки ковиши фалсафӣ мекунем, таъаллуқи тағйир ба об ё себ ва масофати парвози тир, умуре ҳастанд, ки табйини онҳо бар ӯҳдаи илми таҷрибӣ аст. Аммо таъаллуқи тағйир ба “ҳастӣ” пеш аз ин ки либоси себ ё об ё ҷисми мутаҳаррик бар тан кунад, амрест, ки тавзеҳаш шаън ва кори фалсафа аст.

Бинобар ин, филсуф аз ҳар амре то он ҷо решаёбӣ мекунад, ки ба вуҷуди урён мунтаҳӣ шавад ва ҳукмашро дар ин паҳнои фарох ба даст биёрад.

Сармо дар баробари гармо, хомӣ дар баробари пухтагӣ ва ҳаракат дар баробари сукун, намунае аз тақсимбандиҳои илмианд. Аммо тағйир дар баробари субот, як тақсимбандии фалсафӣ аст, ки аз ҳамаи тақсимбандиҳои илмии боло фарохтар ва фарогиртар аст. Субот ва тағйир ду сифатанд, ки ба тамоми мавҷудияти падида мутаъаллиқ мешаванд, яъне як мавҷуди мутағаййир (бо мафҳуми фалсафӣ) саропо мутағаййир аст ва як мавҷуди собит саропо собит аст. Суботу тағйир вақте ба мафҳуми фалсафӣ ба кор мераванд, ба сурати сифате дар канори сифатҳои дигари падида қарор намегиранд, балки нишондиҳандаи ҳамаи ҳувияти шайъанд.

Аз ин рӯст, ки мегӯем тақсимоти фалсафӣ, ки ба равиши таъаққулӣ ба даст меояд, чунон густарда ва фарогиранд, ки ҳеч ҷанба аз ҷанбаҳои шайъ аз он берун намемонад.

Ба таври хулоса, равиши метофизикӣ бар ин мубтанӣ аст, ки сифатҳои падидаҳои хоссро дар назар гирад ва бибинад, оё онҳо аз вижагии падида бармехезанд, монанди туршӣ ва ширинӣ ва ё метавонанд ба худи ҳастӣ ҳам мутаъаллиқ шаванд? Ва агар ба ҳастӣ мутаъаллиқ шуданд, чӣ чеҳрае аз ҳастӣ нишон хоҳанд дод?

Натиҷаи суханони фавқ ин аст, ки фалсафа ва илми таҷрибӣ ду маърифатанд, бо ду равиш ва ду ҳадаф. Фалсафа он гуна ки ҷамъе ҷоҳил гумон кардаанд, илми ноқис нест. Фалсафа даврони кӯдакии илм нест ва илм даврони булуғи ин кӯдак намебошад. Ин ду маърифат аз ҳам мустақил ҳастанд, ба маънои ин ки набояд яке аз ин дуро мартабаи поинтари дигарӣ пиндошт.

* * *

Оё метавон аз фалсафа бениёз буд?

Ҳақиқат ин аст, ки ҳеч касро аз ба кор гирифтани навъе фалсафа дар гуфторҳо ва довариҳо гурезе нест. Худи ҳамин суолро, ки аз бениёзӣ аз фалсафа мепурсад, таҳлил кунем. Бениёзӣ яъне чӣ? Ниёз чист? Куҷо чизеро ба чизи дигаре ниёзманд медонем ва куҷо онро бениёз? Гунаҳои ниёзмандиҳо кадоманд? Оё ду мафҳум, ки ба ҳам ниёзманданд, ниёзашон монанди ду мавҷуди хориҷӣ аст? Оё байни ду мавҷуд, ки яке ниёзманд ба дигарист, робитаи тавлид барқарор аст?

Равшан аст, ки посух ба ин суол муяссар нест, магар ин ки суолоти дигарро посух диҳем ва рӯшан кунем, ки ниёз чист ва чи гуна робитаест? Ҳамин матлаб худаш як амри метофизикист ва дарбардорандаи ковишест дар бораи робитаи ҳастиҳо ба таври куллӣ, ки яке аз он робитаҳо шакли ниёз ба худ мегирад. Яъне, чӣ бихоҳем бениёзӣ аз фалсафаро исбот кунем ва чӣ бихоҳем онро инкор кунем, дар ҳар ду сурат мӯҳтоҷ ба фалсафа ҳастем.

Ин ҷост, ки сухани Арасту ба дил менишинад, ки гуфт: “Агар бояд филсуфӣ кард, бояд филсуфӣ кард ва агар набояд филсуфӣ кард, боз бояд филсуфӣ кард.” Яъне радди фалсафа ҳам фақат бо фалсафа имкон дорад.

* * *

Масоили муҳимми фаслафӣ

Гуфтем, ки вақте ҷомаҳои махсуси падидаҳоро бармеканем ва решаи сифатеро дар ҳастии холис ва урён ҷустуҷӯ мекунем, машғули ковиши фалсафӣ шудаем. Аз падидаҳои табиӣ чӣ мебинем? Мебинем, ки баргҳо зард мешаванд, ҷавонҳо пир мешаванд, чӯбҳо месӯзанд ва хокистар мешаванд (таҳаввул).

Мебинем, ки бе оташ обро наметавон гарм кард, бе ғизо зиндагӣ наметавон кард, бе нерӯ дарро боз наметавон кард (вобастагӣ).

Мебинем, ки бо буридани як қитъа чӯб, ду қитъа хоҳем дошт, барои рафтан ба бом чандин пилларо мепаймоем (таъаддуд — чандтоӣ).

Мебинем, ки ҳам санг ҳаст, ҳам чӯб, ҳам тилло ва ҳам мис ва ҳам алкул, ҳам инсон ва ҳам ҳайвон (танаввуъ — чандгунагӣ).

Мебинем, ки санг вуҷуд дорад, об вуҷуд дорад, замин вуҷуд дорад, осмон вуҷуд дорад, фикри мо вуҷуд дорад (вуҷуд — будан).

Саккуи париши метофизика ҳамин падидаҳои табиист, аммо фаротар аз он меравад ва авҷ мегирад. Дар метофизика аз сангу чӯбу тиллову мис ба таври хосс сухан намеравад, аммо вақте аз таҳаввул ё танаввуъ, аз он назар, ки ба ҳастӣ таъаллуқ мегирад сухан мегӯем, аҳкоми ҳосил аз он, ба ҳама чиз аз ҷумла сангу чӯб ҳам таъаллуқ мегирад.

Дар падидаҳои табиӣ танаввуъ дида мешавад, вобастагии падидае ба падидаи дигар дида мешавад, таҳаввул ёфт мешавад, вуҷуди воқеӣ дарк мегардад. Бо дидани ин падидаҳо, суолҳои як филсуф ин гуна аст: вуҷуд чӣ гуна чизест, ки метавонад дар мартабае пазирои таҳаввул шавад?

Чӣ гуна танаввуъ бар вуҷуд ориз мегардад?

Решаи танаввуъ ва таъаддуд чист?

Оё метавон минтақаеро дар ҳастӣ пайдо кард, ки дар он танаввуъ ва таъаддуд набошад?

Вобастагии ду мавҷуд ба ҳам, чӣ маъние дорад?

Иллият оё дар мутлақи ҳастӣ ҷорист?

Вуҷуди маълул чӣ гуна вуҷудест, ки ниёзманди иллат шуда аст?

Чаро маълул наметавонад бидуни иллат ба вуҷуд биёяд?

Асосан вуҷуд худаш чист?

Чаро ба ҷойи ин ки чизе набошад, чизе ҳаст?

Чаро ҷаҳон холӣ нест?

Чӣ шуда, ки ҳастиҳо зуҳур кардаанд?

Маншаи ин ҳастиву зуҳур куҷост?

Оё асосан метавон маншаи ҳастиро пайдо кард?

Оё асосан лозим аст, ки ҳастӣ маншаъ ва мабдаъ дошта бошад?

Оё ҳастӣ ҳар ҷо ёфт шавад, каммиятпазир аст, ё каммият махсуси дастае аз ҳастиҳост?

Дар ин сурат хусусияти ин дастаи хосс чист?

Оё маълумоти мо худ навъе вуҷуд нестанд?

Чи навъе аз вуҷуд?

Тафовуташон бо мавҷутоти дигар чист?

Чӣ шуда, ки як мавҷуд аз ҷинси огоҳист ва мавҷудоти дигар чунин нестанд?

Оё ҳар мавҷуде, ки аз ҷинси огоҳӣ бошад, лузуман дар зеҳн аст, ё дар хориҷ аз зеҳн ҳам метавон чунон мавҷудотеро ёфт?

Оё асосан ҳастӣ ҳамеша дар ҷомаи модда зуҳур мекунад, ё метавон мавҷуди ғайри моддӣ ҳам пайдо кард?

Ин суолҳо ва даҳҳо суоли аз ин қабил, навъи суолҳои фалсафиро равшан месозанд, барои посух ба тамоми ин суолҳо саъй мешавад, ки аҳком ва хислатҳои худи ҳастӣ ёфт шавад ва бар мабнои онҳо қазоват сурат гирад.

Масалан: дар посух ба ин суоли муҳим, ки чаро ба ҷойи ин ки чизе набошад, чизе ҳаст?, кӯшиш мешавад, ки парда аз рози ҳастӣ бардоранд, ки оё ҳастӣ худ ба худ фаварон мекунад ва ё фавворае дорад? Агар ин сифати аслии ҳастӣ кашф шавад, посухи он пурсиш ёфт хоҳад шуд.

Дар посух ба суоли муҳимми моддӣ будани ҳамаи ҳастӣ ё набудани он, ибтидо бояд равшан гардад, ки оё иқтизои вуҷуд моддӣ будан аст ва ё ин ки ҳастӣ фақат дар мартабае аз маротиби худ ҷомаи моддият мепушад? Бар ҳамин минвол аст ҳалли соири пурсишҳо ва кашфи ҷавоби онҳо.

Масоили муҳимми метофизикиро инак метавон ҳадс зад кадоманд:

1. Маншаи ҳастӣ (Худованд);

2. Ғояти ҳастӣ;

3. Қаламравҳои ҳастӣ (модда ва моварои модда);

4. Решаи таҳаввулпазирӣ (ҳаракати ҷавҳарӣ);

5. Решаи танаввуъ (маротиби ҳастӣ, ташкик дар ҳастӣ, иллият, ҷавҳару араз, ваҳдату касрат);

6. Иллият (иллату маълул, воҷибу мумкин);

7. Вуҷуд (асолати вуҷуд, асолати моҳият, пучгароӣ, воқеъгароӣ);

8. Ҳақиқат (дуруст, нодуруст, огоҳӣ, идрок, вуҷуди зеҳнӣ);

9. Табиати модда ва ҷисм (қувва, феъл, моддатул-мавод, миқдор);

10. Иртиботи бахшҳои мухталифи ҳастӣ (руҳу ҷисм, Худо ва ҷаҳон, имкони ашраф, ваҳй, илҳом, ирода ва феъл).

* * *

Иртиботи илм ва фалсафа

1. Аввалин сухан ин аст, ки ин иртибот тӯлӣ аст, на арзӣ, яъне метофизика фарохтар аз илми таҷрибӣ аст ва минтақаи илм тамоман дар дохили минтақаи мобаъди табиат қарор мегирад. Ба сухани дигар, тақсимбандиҳои метофизика чунон фарох аст, ки ҳамаи тақсимбандиҳои илмро дарбар мегирад, на баръакс. Боз ҳам бояд таъкид кард, ки аҳкоми метофизикӣ нозир ба ҳамаи ҳастианд. Ба ҳамин лиҳоз аҳкоми илмиро наметавон аз аҳкоми метофизикӣ ба даст овард. Барои мисол: агар хусусиятҳои марбут ба ҳандаса (геометрия)-ро баён кунем, сарфи назар аз чандкунҷа будан ё мунҳанӣ (кривая) будан, ин хусусиятҳои ҳандаса барои шакли чоркунҷа содиқ хоҳад буд, ҳамон гуна ки барои секунҷа ва шаклҳои дигар ҳам содиқ аст. Агар ҳар мавҷудеро шакли хоссе дар сатҳи ҳастӣ бидонем, метофизика масоҳати ин сатҳ ва хусусиятҳои онро медиҳад ва ба ҳеч ваҷҳ ба маҳдудаи он шакл кор надорад.

2. Нукта дуввум ин ки қонунҳои илмӣ ба кори метофизика меоянд. Яъне метофизика онҳоро барои исботи мақсадҳои худ истифода мекунад. Барои мисол: ҳамин ки дар ҷаҳон таҳаввуле рух медиҳад (чӯбҳо хокистар ва ҷавонҳо пир мешаванд), муқаддимае мешавад дар дасти як филсуф. Ин муқаддима илмӣ ва таҷрибӣ аст. Муқаддимаи дуввум аз метофизика меояд ва тавзеҳ медиҳад, ки таҳаввул беиллат намешавад. Муқаддимаи севвумро ҳам боз метофизика медиҳад, ки ҷисм наметавонад иллат (ба маънои фалсафӣ) воқеъ шавад. Ин маҷмӯа нишон медиҳад, ки иллате бар болои ҷаҳони моддӣ ҳаст, ки ҳамаи ҷаҳони модда дар тасхири ӯст ва ҳамаи таҳаввулот ба ифозаи ӯ ва аз тариқи ҷисмҳо (ҳамчун васила) сурат мегирад.

Ин мисол нишон медиҳад, ки ҳеч назария ё сухани илмӣ агар бо сухани фалсафӣ ҳамроҳ нашавад, худ ба танҳоӣ наметавонад натиҷаи фалсафӣ диҳад. Ба иборати дигар: ҳеч матлаби илмӣ мустақиллан ҳеч матлаби фалсафӣ нест. Ва боз ба сухани дигар: ҳеч сухани илмӣ ба танҳоӣ посухи ҳеч пурсиши фалсафӣ нест. Акси ин матлаб низ саҳеҳ аст. Яъне, ҳеч посухи фалсафӣ нозир ба як пурсиши хосси илмӣ нест ва бо ҳеч матлаби фалсафӣ наметавон мустақиман як масъалаи илмиро натиҷа гирифт ва ё онро ҳал кард.

Инҳо аз муҳимтарин нукоти тафаккуранд ва бетаваҷҷуҳӣ ба онҳо мояи хатоҳои бисёре будааст ва даромехтани аҳкоми илму фалсафа ва бо абзори илм ба ковишҳои фалсафӣ пардохтан ва ё бо абзори фалсафӣ дар ҷустуҷӯи посухи пурсишҳои илмӣ будан, чӣ осебҳо ва гумроҳиҳои зиёде ба ҳамроҳ доштааст.

3. Илм наметавонад ҳеч масъалаи фалсафиро ҳал намояд, инро омӯхтем. Аммо илм метавонад барои фалсафа масъалаофарин бошад. Як кашфи илмӣ, як кашфи фалсафӣ нест, аммо метавонад ангезаи як кашфи фалсафӣ шавад, яъне метавонад филсуфро раҳнамун шавад, ки дар бораи он кашфи нав таъаммул кунад ва решаи хоссияти ҷадидро дар вуҷуд ҷустуҷӯ кунад.

3. Ҳамчунин, кашфҳои илмӣ гоҳе баъзе аз иштибоҳҳои фалсафиро мумкин аст равшан созад. Ба иборати саҳеҳтар: як кашфи илмӣ мумкин аст нишон диҳад, ки мисдоқе, ки як филсуф барои сухани худ дар назар гирифтааст, мисдоқи воқеӣ набудаааст. Масалан: Ибни Сино дар баробари мутакаллимон исрор меварзад, ки ҷисм як чизи мунқатеъ ва бурида-бурида нест, балки як ҳақиқати якпорчаи мумтадд ва дорои буъд аст. Ин сухан саҳеҳ аст, яъне дуруст аст, ки ҷисм воқеан дорои имтидод аст ва наметавонад аз аҷзои бебуъд ва беимтидод ба вуҷуд омада бошад. Аммо сухани баъдии Ибни Сино дуруст нест, ки мегӯяд, ҳамин ҷисмҳои маҳсус, ҳамин гуна ки назди ҳисс тикка-тикка нестанд, дар воқеъ ҳам тикка-тикка нестанд. Назариям атомӣ нишон медиҳад, ки ҷисмҳои маҳсус воқеан дорои мафосиланд, яъне бурида-буридаанд. Он ки имрӯз мисдоқи сухани Ибни Сино аст, электронҳо ва протонҳо ҳастанд. Ба иборати дигар: ин дуруст аст, ки ҷисм билохира имтидоддор аст ва дар он зотан буридагӣ нест, аммо мисдоқи ин ҳукм ин ҷисмҳои зоҳирӣ нестанд, балки инҳо худ мураккаб аз он аҷзои дорои буъди бебуридагианд. Намунаи ахир намунаест аз мавориди бисёре, ки дахолати номуҷози фалсафаро дар илм ошкор мекунад, ки бояд ҳушмандона ва филсуфона аз он парҳез кард.

* * *

Фарқи қонунҳои илмӣ ва фалсафӣ

1. Ҳеч қонуни метофизикӣ каммӣ нест, дар ҳоле ки бештари қонунҳои илмӣ каммианд.

2. Ҳеч қонуни метофизикиро наметавон аз роҳи таҷриба ботил кард, аммо қонунҳои илмӣ аз роҳи таҷриба қобили ибтоланд, яъне фарзи ибтоли онҳо аз роҳи таҷриба маъқул аст.

3. Қонунҳои илмӣ гузинишӣ мебошанд, яъне ба яке аз чеҳраҳои мавҷудот ва ҳодисаҳо нозиранд, на ба кулли онҳо ва табиати онҳо. Дар ҳоле, ки қонунҳои метофизикӣ нозир ба кулли падидаҳо ва ба табиати як мавҷуданд.

4. Бо қонунҳои илмӣ метавон ҳодисаи хоссеро пешбинӣ кард, аммо бо қонунҳои метофизикӣ пешбении амалӣ муяссар нест.

5. Нафйи як қонуни метофизикӣ мусталзими як маҳоли ақлист, аммо нафйи як қонуни илмӣ мусталзими маҳол нест. Барои мисол: қонуни бақои энержиро дар назар мегирем. Касоне ки тасаввур кардаанд, ки ин қонун чун омм аст ва барои ҳамаи ҷаҳон аст, пас аз қабили қонунҳои метофизикӣ мебошад ва аз он натиҷаҳои метофизикӣ гирифтаанд. Ва ҳатто касоне дар радди ин матлаб, ки қонунҳои омми метофизикӣ қодир ба пешбинӣ нестанд, қонуни бақои энержиро мисол овардаанд. Барои ҳамин ҳам ин қонунро баррасӣ мекунем:

а) Ошкор аст, ки ин қонун каммӣ аст, яъне асосан дар бораи бақои каммияти энержӣ аст.

б) Метавон тасаввур кард, ки ин қонун ибтол шавад, яъне метавон таҷрибаеро дар назар овард, ки агар воқеъ шавад, қонуни бақои энержӣ ботил хоҳад шуд. Кофист дар як системаи изолированный дар ҷое миқдоре энержӣ сарф шавад, вале дар ҷои дигар муъодилаи он эҷод нашавад, то бутлони ин қонун маълум гардад.

в) Ин қонун фақат нозир ба каммияти хоссе аст, ки энержӣ ном дорад, дар бораи ҳамаи абъоди падидаҳо нест, намегӯяд вақте энержӣ ҳифз шуд, ҳама чиз ҳифз мешавад. Равшан аст, ки ҳифзи энержии кулли як система мулозимае бо ҳифзи шитоб, ҳифзи суръат, ҳифзи ранг, ҳифзи фишор, ҳифзи ҳаҷм ва ғайри он система надорад, барои ҳамин ин қонун як қонуни гузинишӣ аст.

г) Қодир ба пешбинии ҳодисаҳои хосс аст, метавон миқдоре яхро сойид ва аз рӯи энержии масрафшуда ҳисоб кард, ки чӣ қадр об бояд тавлид шавад.

д) Адами бақои каммияти энержӣ амре нест, ки ақлан маҳол бошад, он чӣ маҳол аст, маъдум шудани як мавҷудест дар ҳамон замони мавҷуд буданаш. Аммо каммияти хоссе бо таърифи хос агар маҳфуз намонад, бо ҳеч қоъидам ақлие таноқуз надорад. Яъне қонуни ақлие ба номи асли бақои нерӯ, ё асли бақои шитоб ҳам дар ҷаҳон нест ва мусталзими маҳоле ҳам нест. Аз ин рӯ асли бақои энержӣ як асли илмист.

Аз он тараф, ин қонуни фалсафиро дар назар бигиред: “Бо ҳузури иллати томм, маълул заруратан вуҷуд хоҳад дошт.”

а) Ин қонун каммӣ нест.

б) Ибтолпазир ҳам нест, чун агар иллат ҳозир буд ва маълул ҳозир набуд, намегӯем қонун ботил аст, балки мегӯем иллат ҳануз томм нашудааст ва агар маълул ҳозир буд ва иллатро наёбем, мегӯем иллат ҳозир аст, вале мо пайдо накардем.

в) Маълулият сифате аз маълул нест, балки ҳама чизи маълул аст. Маълул чизе надорад ҷуз маълулият. Ба иборати дигар: маълулият саропои шайъро дарбар мегирад, на фақат ҷанбае аз онро. Иллати томма эҷодкунандаи ҳамаи вуҷуҳ ва ҷанбаҳо ва ҳамаи сифот ва осори маълул аст, на баъзе аз вуҷуҳи он (ба мафҳуми дақиқи фалсафии иллият таваҷҷӯҳ шавад).

в) Бо ин қонуни куллӣ наметавон пешбинӣ кард, ки дар як мавриди хосс чӣ пеш хоҳад омад. Агар обро бар болои оташ ниҳем, ин қонун мегӯяд: агар оташ иллати томмаи гарм шудани об бошад, об гарм мешавад, вагарна, намешавад.

г) Тахаллуф аз қонунҳои фалсафӣ маҳол аст. Масалан: агар вуҷуди чизе вобаста ба иллате бошад, маҳол аст, ки бидуни он иллат ба вуҷуд ояд. Чун ки дар ин сурат як мавҷуди вобаста истиқлол пайдо мекунад, (яъне мавҷуде, ки аз назари вуҷудӣ ба иллате вобаста буд, аз он иллат бениёз мешавад), ин айни таноқуз ва хилофи фарз аст.

Фарқҳои зикршуда фарқҳое ҳастанд, ки метавон онҳоро ба унвони озмун ба кор баст ва дар таъйини илмӣ будан ё метофизкӣ будани як сухан ё як қонун аз онҳо кӯмак гирифт. Аммо бояд донист, ки тафовути қонунҳои илмӣ ва метофизикӣ фақат инҳо нест, фарқҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки баъзе аз онҳо дар зимни бархе матлабҳои гузашта баён шуд.

6. Роҳи дастёбӣ ба қонунҳои фалсафӣ ақл ва таъаққули сирф аст, дар ҳоле ки роҳи кашфи қонунҳои илмӣ таҷрибаи мустақим мебошад.

7. Қонунҳои фалсафӣ ба ҳастии маҳз ва урён тааллуқ мегирад, дар ҳоле ки қонунҳои илмӣ ба ҳастиҳои моддӣ таъаллуқ дорад.

8. Қонунҳои фалсафӣ бар пояи куллитарин тақсимбандиҳо бино мешавад, аммо тақсимбандиҳои илмӣ, ки худ пояи қонунҳои илмӣ ба шумор мераванд, дар шиками тақсимбандиҳои фалсафӣ қарор мегиранд.

9. Ҳеч сухани илмӣ посухи ҳеч пурсиши фалсафӣ нест ва ҳеч сухани фалсафӣ ҳам посухи ҳеч пурсиши илмӣ.

10. На илму таҷриба мустақиман ва мустақиллан як қонуни фалсафӣ меофарад ва на таъаққулу ковиши мантиқии маҳз як қонуни илмӣ бавуҷуд меоварад.

11. Илм аз фалсафа чорчӯби фикрӣ ва ҷаҳонбинӣ меомӯзад ва дар муқобил, барои фалсафа метавонад масъалаи ҷадид пешниҳод кунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба суханони боло ва бо тамрини кофӣ, метавон ба ҳадафи тафкик (ҷудо кардани) аҳкоми илм аз фалсафа наздик шуд ва зеҳнро аз осеби хато ва дар ҳам омехтани ин ду гуна маърифат нигоҳ дошт. Чун ки ин халт ва хато бештари вақтҳо домангирӣ афрод шуда ва мешавад ва дар натиҷа сабаби иштибоҳот ва лағзишҳои бузурге гашта ва хоҳад гашт. (Талхис аз китоби «Илм чист? Фалсафа чист?» таълифи дуктур Абдулкарими Суруш. Талхискунанда: Маҳмудхон Бурҳонов)

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Посух ба пурсишҳо, Посух ба шубаҳот, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: