Хайём аз нигоҳи Аллома Ҷаъфарӣ

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Ҳаким Умари Хайём (28 урдибиҳишт мусодиф бо 18 май)

Ишора: Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ машҳур ба “Аллома Ҷаъфарӣ” (1923-1998), аз уламои барҷастаи ҷаҳони ислом, ҳаким, файласуф, мутакаллим, фақеҳ ва усулии номдор аст. Ӯ саросари умри худро дар таҳсил, тадрис ва таҳқиқу пажӯҳиш сипарӣ кардааст. Вай беш аз 80 ҷилд китоб таълиф карда. “Ҷабр ва ихтиёр”, “Шарҳи Наҳҷул-балоға”, “Шарҳи Маснавии Маънавӣ” ва “Виҷдон”, аз маъруфтарини осори ӯст. Аллома Ҷаъфарӣ чандин бор бо Бертронд Росел дар мавриди масоили фалсафӣ номанигорӣ доштааст.

* * *

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 хуршедӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт. Ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст.

Ба далели шӯҳрати оламгири Ҳаким Умари Хайём, китобҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои бисёре дар бораи вай ба таҳрир даромадааст, аммо дар ғолиби ин осор умдатан ба ҷанбаи шоирӣ ва рубоиёти ӯ пардохта шуда ва буъди фалсафӣ, каломӣ ва динии таълифоти ӯ мағфул монда ва ё ба сурати боиста мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор нагирифтааст.

Аз ин рӯ, Хайём дар рӯзгори мо, бештар ба унвони шоир ва рубоисаро шинохта шуда, то ҳаким ва файласуф ва донишманди динӣ, ҳол он ки вай дар асри хеш ба унвони файласуф ва мунаҷҷим ва риёзидон ва фақеҳ ва олими динӣ шинохта мешуд, на ба унвони шоир, чунонки лақаби Имом, Ҳаким, Ҳуҷҷатулҳақ ва ғайра, ки дар китобҳои муосирони Хайём дар бораи ӯ ба кор рафтааст, гувоҳи чунин иштиҳорест. Ҳам Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нависандаи китоби “Чаҳор мақола” — ки бино ба тасреҳи худаш, дар соли 506 ҳ.қ дар шаҳри Балх бо вай дидор доштааст — чунин алқоберо дар бораи вай ба кор мебарад (1) ва ҳам Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ муаллифи “Татиммату савонил-ҳикма”. (2)

Бештари касоне, ки дар асри мо ба баҳсу пажӯҳиш дар бораи Хайём пардохтаанд, рубоиёти ӯро дар меҳвари таҳқиқот ва довариҳои худ қарор додаанд ва бидуни таваҷҷӯҳ ба осори дигари Хайём — ки дарбаргирандаи дидгоҳҳои фалсафӣ ва каломии ӯст — ба табйини муҳтаво ва дарунмояи рубоиёти вай бархостаанд. Ва ба ҳамин сабаб, афкореро ба вай нисбат додаанд, ки бо муҳтавои дигар осори бозмонда аз вай созгорӣ надорад.

Дар ин миён, зиндаёд Устод Аллома Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ аз ҷумлаи пажӯҳишгаронест, ки кӯшидааст бар мабнои китобҳо ва рисолаҳои фалсафӣ ва каломии Хайём, ба баррасӣ ва таҳлили рубоиёти мансуб ба ӯ бипардозад.

Шеваи Аллома Ҷаъфарӣ дар таҳлили рубоиёти Хайём, дар навъи худ, шеваест илмӣ ва роҳгушо, ки дастовардҳои он метавонад дар равшан сохтани ибҳомоти мавҷуд дар бораи шеър ва шахсияти Хайём судманд ва таъсиргузор бошад. Дар ҳақиқат, Устод Ҷаъфарӣ бештар аз тариқи баррасии орои фалсафӣ, каломӣ ва ишороти динии мавҷуд дар каломи Хайём, ба таҳлили шахсияти вай ва бозшиносии мазомини рубоиёти ӯ пардохта. Ва ба ҳамин далел, ба натоиҷи мутафовите дар Хайёмшиносӣ даст ёфтааст, ки дар навъи худ беназир аст. Устод Ҷаъфарӣ бар ин ақида аст (3), ки наметавон рубоиёти Хайёмро бидуни таваҷҷӯҳ ба тафаккуроти фалсафӣ ва дидгоҳҳои каломӣ ва эътиқодоти динии вай мавриди баррасӣ қарор дод. Агар аз манзари таълифоти фалсафӣ ва каломии вай, ба таъаммул дар рубоиёти ӯ бипардозем, ногузир танҳо бахше аз рубоиёти мансуб ба ӯро бо низоми эътиқодӣ ва биниши фалсафии вай созгор хоҳем ёфт.

Устод Ҷаъфарӣ дар оғози пажӯҳиши хеш дар бораи шахсияти Хайём, мекӯшад то рубоиёти ӯро бар асоси дарунмояи фалсафӣ ва фикрии онҳо дастабандӣ кунад. Аз ин рӯ, эшон рубоиёти мансуб ба Хайёмро ба чаҳор дастаи муҳим тақсим мекунад.

Дастаи аввал муштамил бар рубоиётест, ки муҳтавои онҳоро бевафоии дунё, суръати гузари солиёни умр ва мунтаҳӣ шудани ҳамаи тароватҳо ва шодобиҳо ба пажмурдагӣ ва афсурдагӣ ташкил медиҳад.

Дастаи дуввум дарбаргирандаи он гурӯҳ аз рубоиёт аст, ки таъйидгари маҳдудияти маърифати башарӣ ва нотавонии инсон аз кашфи асрори ҳастӣ ва номаҳдуд будани розҳои офариниш аст.

Дастаи севвум, он даста аз рубоиётеро шомил мешавад, ки мураввиҷи лаззатпарастӣ, дамғаниматшуморӣ ва хушбошӣ аст.

Ва билохира, дастаи чаҳорум муштамил бар рубоиётест, ки мутазаммини мафоҳими пучгароёна ва мураввиҷи беасос ва беҳадаф будани офариниш аст.

Ба эътиқоди Устод Ҷаъфарӣ, бо таваҷҷӯҳ ба дидгоҳҳои фалсафӣ ва каломӣ ва ҳам бо иноят ба алқоб ва ановине, ки муосирони Хайём дар бораи ӯ ба кор бурдаанд, рубоиёти гурӯҳи севвум ва чаҳорумро ба сабаби таноқузи онҳо бо шахсияти илмӣ ва эътиқодоти каломӣ ва мазҳабии Хайём, наметавон дар шумори сурудаҳои вай қаламдод кард.

Барои исботи чунин муддаъое лозим аст ба иҷмол тафаккуроти фалсафӣ ва каломии Хайёмро бар асоси истинботи Устод Ҷаъфарӣ аз назар бигузаронем.

* * *

Андешаҳои фалсафӣ ва каломии Хайём

Чунонки пеш аз ин ишора кардем, дар торихи фалсафа ва илм, номи Хайём ба унвони файласуф ва донишманд сабт шудааст. Агар аз порае рубоиёти ӯ, ки фоқиди андешаҳои фалсафист бигузарем, ӯро дар қомати як файласуф ва донишманд хоҳем ёфт. Дидгоҳҳои фалсафии вай ҳамонанди дигар фалосифа, мубтанӣ бар пазириши усули куллӣ ва мабодии бунёдии ҳастишиносӣ аст. Дар ин ҷо бо мурур ба таълифоти фалсафӣ ва каломии вай, ба порае аз ҷавониби нигариши фалсафӣ ва эътиқодии ӯ ишора мекунем:

1. Хайём дар осораш ва ба таври хосс аз рисолае, ки дар посухи Қозӣ Абӯнасри Насавӣ навишта ва зимни китоби “Алкавну ват-таквин”-и вай омадааст (4), ба сароҳат бар ин асли фалсафӣ таъкид мекунад, ки: вуҷуди Худованд эҳтиёҷ ба иллат надорад; бад-ин маънӣ, ки агар касе, ки мафҳуми воҷибулвуҷудро ба дурустӣ дарёбад, ҳукми қатъӣ ба ҳастии ӯ (ба дунболи он мафҳум) менамояд ва ниёзе ба иқомаи бурҳон ва овардани иллат нахоҳад буд, зеро ӯ заруриюззот аст.

2. Хайём ба гувоҳии осори фалсафии худ, бар ин ақида аст, ки ҳамаи хайрот аз файзи худовандӣ бар мавҷудот ҷорӣ мегардад, чунонки ҳастии ҳамаи мавҷудот мустанад ба вуҷуди он зоти ақдас аст. Хайём дар рисолаи “Алкавну ват-таквин” ба сароҳат бад-ин нукта таъкид варзидааст. Бар асоси он чӣ дар ин рисола омадааст, ин файз иборат аст аз: вуҷуди Ҳаққи маҳзи комил, ки ҳар мумкине файзи худро аз ӯ мегирад, пас вуҷуд ва файзи илоҳӣ сабаби ба вуҷуд омадани ин мавҷудот аст. Агар аз мо посухи суол аз иллати вуҷуди ӯ мутолиба шавад, мегӯем: барои вуҷуди ӯ иллате нест, зеро вуҷуд аз они Худованд аст ва чунонки зоти воҷибулвуҷуд иллат надорад, ҳамчунин вуҷуди ҷамиъи сифоти худовандӣ иллате надорад. (5)

3. Хайём дар осори фалсафии худ нисбати шаррро ба Худованд дафъ мекунад ва ҳастиро саршор аз хайрот муаррифӣ менамояд. Вай маншаи бурузи шаррро тазодд медонад, ва бар ин ақида аст, ки исноди тазодд ба зоти Худованд мунтафӣ аст. Ҳосили қавли Хайём — бар асоси истинботи Устод Ҷаъфарӣ — ин аст, ки аввалан, равобит ва умуре, ки аз лавозими вуҷуди махлуқот аст, нисбати мустақим ба Худованд надорад ва тазодд ва шарр ва адам аз ин қабил умуранд.

Сониян, агар ҳам нисбати ғайримустақимро монанди нисбати мустақим бидонем, ин посух вуҷуд дорад, ки нисбати шарр ба хайр дар олами ҳастӣ, нисбати бисёр-бисёр андак ба бисёр-бисёр зиёд аст. Хайём дар зимни ин посух ва сухан, монанди дигар фалосифаи илоҳӣ, ба дафъи ишколи шарр мекӯшад ва нисбат додани онро ба Худо мунтафӣ эълом мекунад; гарчӣ пазириши шарри бисёр андак аз сӯи ӯ, ки ба таври ғайримустақим ва бидуни иртибот бо зоти Худованди дар ҳастӣ вуҷуд дорад, метавонад мавриди таъаммул ва нақд қарор гирад. Аммо он чӣ ҳаст, таъкиди ӯ бар нафйи шарр ва эътиқод ба хайроти касир аст, ки қатъан бо мазомини он даста рубоиёти мансуб ба вай, ки ҷаҳонро саршор аз шарр ва беҳудагӣ медонад, дар таъорузи ошкор қарор мегирад.

4. Хайём дар ҳамон рисолае, ки дар посух ба суолоти Қозӣ Абӯнасри Насавӣ нигоштааст, таклифро дастуре содиршуда аз тарафи Худованди Мутаъол барои таҳрики инсонҳо дар ҷиҳати камол медонад ва меафзояд, таклиф инсонҳоро аз зулму ҷавр манъ мекунад ва аз иртикоби зиштиҳо ва фурӯ рафтан дар ифрот ва зиёдаравӣ дар бархӯрдорӣ аз қувваҳои баданӣ бозмедорад.

Ӯ бад-ин тартиб ба зарурати таклиф ва мукаллаф будани инсон дар иҷтиноб аз зиштиҳо ва ношоистҳо таъкид мекунад ва одамиро ба фалоҳ ва парҳез аз гуноҳ фаро мехонад. Чунин назаре бо он чӣ аз порае аз рубоиёти мансуб ба ӯ дар бораи ишратталабӣ, бодагусорӣ ва лаззатҷӯӣ бармеояд, ба таври бунёдӣ носозгор ва мутаъориз аст.

5. Он чӣ низ, ки Хайём дар рисолоти худ дар бораи зарурати беъсати анбиё ва манофеи амру наҳйҳои илоҳӣ ва набавӣ баён доштааст (рисолаи “Алкавну ват-таквин”, с.79, 80, 81), ба вузуҳ ӯро мутакаллиме мӯътақид ба мабонии динӣ нишон медиҳад, ки дидгоҳи каломӣ ва фалсафии вай муғойир бо муҳтавиёти порае аз рубоиёти мансуб ба ӯст.

6. Устод Ҷаъфарӣ пас аз баҳс дар бораи тафаккури фалсафии Хайём нуктаи дигареро низ дар бораи вай мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад, ки барои шинохти абъоди шахсияти Хайём шоистаи эътиност. Ва он, алқоб ва ановини пуразаматест, ки муосиронаш дар бораи вай ба кор бурдаанд, алқобе назири: Имом, Алимомул-аҷалл, Ҳуҷҷатул-ҳаққ ъалал-халқ, файласуф ва назоири онҳо.

Истифода аз ин алқоб дар бораи Ҳаким Умари Хайём таъйидгари он аст, ки муосиронаш ӯро ба унвони фарде ҳаким, вораста ва бархӯрдор аз мақомоти динӣ ва аҳёнан ирфонӣ мешинохтанд. Итлоқи чунин алқоб ва ановине ба касе, ки мубаллиғи пучгароӣ ва мӯътақид ба лаззатпарастӣ ва беҳудагии низоми офариниш ва мункири ҷаҳони дигар бошад, на бо мавозини фарҳанги рӯзгори ӯ созгор аст ва на метавонад қобили тавҷеҳ бошад. (6)

Таваҷҷӯҳ ба машраби фалсафӣ, дидгоҳи каломӣ ва динии Хайём ва низ талаққии муосирон аз вай, ҳар пажӯҳандаи беғаразеро мулзам мекунад, то рубоиёти мансуб ба ӯро дар партави мабонии фалсафии каломӣ ва динии ӯ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор диҳад.

Аз маҷмӯи мабоҳис ва пажӯҳишҳои Устод Ҷаъфарӣ дар бораи Хайём, ки дар фусули мухталифи китоби “Таҳлили шахсияти Хайём” ба тафсил омадааст, метавон ба ҷамъбандии зер даст ёфт:

1. Он даста аз рубоиёти Хайём, ки мутазаммини мафоҳими пучгароёна ва муғойир бо эътиқодоти фалсафӣ ва каломии ӯст, дар адвори баъд ба ӯ нисбат дода шудааст.

2. Рубоиёте, ки мураввиҷи ишратталабӣ ва лаззатҷӯист, ба далели муғойират бо мабонии эътиқодии Хайём ба вижа он чӣ вай дар бораи “таквин” ва манофеи амру наҳйҳои Худованд ва ҳадаф аз беъсати паёмбарон гуфта созгорӣ надорад ва наметавонад сурудаи вай бошад.

3. Рубоиёти ёдшуда эҳтимолан ё аз они Хайёмҳои дигарест, ки ба далели ташобуҳи исмӣ ва шӯҳрати Ҳаким Умари Хайём, ба вай нисбат дода шудааст ва ё аз они шоирони дигарест, ки баъдҳо ба номи вай навишта шудааст. Пажӯҳишҳои Хайёмшиносон низ таъйидгари он аст, ки танҳо теъдоде аз ин рубоиёт, ки имрӯза ба номи вай иштиҳор ёфта, дар шумори сурудаҳои ӯ қарор дорад.

4. Саранҷом, танҳо ду гурӯҳ аз рубоиётро, ки баёнгари гузари умр, бевафоии дунё ва ё маҳдудияти маърифати башарӣ дар шинохти ҳақоиқи ҳастӣ ва ҳайрати инсон дар баробари танаввуъ ва азамати воқеиёти ҷаҳони офариниш аст, метавон аз сурудаҳои Ҳаким Умари Хайём донист.

Каломи охир ин ки: ҳар шеъре, ки бо мабонии фалсафӣ ва эътиқодии Хайём дар таъоруз набошад, мумкин аст аз ҷумлаи сурудаҳои вай бошад, ва ҳар он чӣ бо мусалламоти фикрӣ ва бунёнҳои эътиқодии вай созгор нест, аз они дигарон аст ва ба вай нисбат дода шудааст.

Муҷассамаи Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ дар Донишгоҳи Уклоҳумои Омрико

* * *

Пайнавишт:

1) Низомии Арӯзии Самарқандӣ, “Чаҳор мақола”.

2) Байҳақӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Зайд: Татиммату савонил-ҳикма, с.66.

3) Ҷаъфарӣ, Муҳаммадтақӣ: “Таҳлили шахсияти Хайём”.

4) Алкавну ват-таквин, с.74-75.

5) Ҳамон маъхаз, с.62.

6) Ҳамон маъхаз, с.32 то 37.

Farsnews



Рубрики:Забон ва адабиёт, Инсони муваффақ, Машоҳир, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: