Рӯшанфикр кист?

Нақди дидгоҳи Комили Бекзода дар баёни рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикр

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар таърифи ин ки рӯшанфикр кист ва ба чӣ касе рӯшанфикр гуфта мешавад, таърифҳои мухталиф ва аҳёнан зидду нақизе ироа шуда. Ин таърифҳо бештарашон таърифҳои зеҳнӣ ҳастанд ва ба назарам, ба иловаи хастакунанда будан, сардаргумкунанда ҳам ҳастанд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки муҳаққиқони муосир, ба ҷойи ироаи таъриф аз рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикр, ба баёни вижагиҳо ва хусусиятҳои рӯшанфикр рӯй оварда ва меоваранд, ки роҳи дуруст ҳам, ба назарам, ҳамин роҳ аст.

Аммо суол ин аст, ки дар баёни вижагиҳо ва хусусиятҳои як рӯшанфикр, оё муҳаққиқон ҷониби бетарафиро бармегиранд ва ё тарафдорона қазоват мекунанд?

Воқеият ин аст, ки бисёре аз муҳаққиқони муосир, қазоватҳояшон дар ин замина комилан тарафдорона аст. Ба унвони мисол, инон “адами боварӣ ба дин”-ро яке аз боризтарин вижагии як рӯшанфикр баён медоранд. Албатта, “дин”-ро бо “хурофа” яке мепиндоранд. Дар ҳоле ки чунин нест.

Ҷаноби Комил Бекзода, файласуфи тоҷик, дар мусоҳибаи ахири худ, бо ин ки тасреҳ мекунад, ки: “рисолати равшанфикр бисёр маъсумона ва бетарафона аст, ба ин маъно, ки танҳо ҳадафаш огоҳӣ додан ба мардум аст, дигар аз ин зиёд нест”, аммо билофосила мегӯяд: “Равшанфикр нафарест, ки аслан ба дину хурофоту ҳамин сиёсатҳои музахрафу бофтаи иҷтимоӣ билкул боварӣ надорад. Хоҳ вайро атеист мегӯед, мулҳидаш мегӯед, кофираш мегӯед ё зиндиқ, ҳарчи гуфта бошед, шарти якуми равшанфикрӣ ин аст, ки инсон бояд аз хурофотҳои динӣ озод бошад”. Сипас, чанд мисол меоварад ва мегӯяд: “Равшанфикрони ҷаҳон билкул озодандеш буданд, равшанфикр буданд, аз хурофоту дин берун буданд”.

Таъбири “билкул” аз сӯйи ҷаноби Бекзода дар ин гуфтор, агар нисбат ба эшон хушбин бошем ва нагӯем, ки дурӯғ мегӯяд, қатъан ношӣ аз адами огоҳии эшон аст. Зеро, аввалан, бар мабнои ин дидгоҳ, дигар на Форобиро метавон рӯшанфикр шумурд, на Ибни Синоро, на Баҳманёрро, на Ҳаким Умари Хайёмро, на Ҳофизро, на Саъдиро, на Мавлоноро ва на ҳеч як аз донишмандони бархоста аз ин марзу бумро, ки ҳамагӣ ба Худо ва дин боварманд буданд, ва дар айни ҳол, рӯшанфикр ба тамоми маънои калимаи он буданд (ва анқариб меъёрҳои рӯшанфикр буданро низ баён хоҳем кард.) Яъне, бар мабнои назари ҷаноби Бекзода, ҳамаи инон “хурофапараст” ва дар натиҷа, аз ҷумлаи рӯшанфикрон шумурда намешаванд.

Ва сониян, бар асоси изҳори назари ҷаноби Бекзода, гузашта аз донишмандони шарқӣ ва худамон, ҳамчунин фалосифае назири Суқрот, Афлотун, Арасту, Декорт, Эспинузо (Спиноза), Поскол, Эмонуил Конт ва даҳҳо донишманди ғарбии дигар, ки ҳамагӣ Худобовар ва пойбанд ба дин ва дар айни ҳол, дар ҷаҳони ғарб ба унвони рӯшанфикрони замони худ матраҳ ҳастанд низ, аз ҷиргаи рӯшанфикрон берун хоҳанд шуд.

Аз ин рӯ, ин ки гуфта бишавад, яке аз вижагиҳои рӯшанфикр он аст, ки “боварманд ба дин набошад”, комилан як ҳарфи бе мабно ва асос ва як изҳори назари тарафдорона аст. Бале, аз вижагиҳои барҷастаи рӯшанфикр ин аст, ки ӯ зидди хурофа аст ва рисолаташ пайкор бо ҳар навъ хурофот ва решакан кардани онҳост. Дар ин тардиде нест. Аммо оё дин ҳамон хурофа, ва хурофа ҳамон дин аст, чунонки ҷаноби Бекзода мегӯяд? Қатъан чунин нест. Ва ҳар касе ҳам, ки чунин мепиндорад, ба иштибоҳ роҳ дода.

* * *

Ин ки ҷаноби Бекзода мегӯяд, ки: “Рисолати равшанфикр бисёр маъсумона ва бетарафона аст, ба ин маъно, ки танҳо ҳадафаш огоҳӣ додан ба мардум аст, дигар аз ин зиёд нест”, ин ҳарф комилан дуруст аст, аммо ин “огоҳӣ додан”, муқайяд ба ҳеч қайду шарте нест. Яъне, агар мо соҳиби ин “огоҳӣ”-ро — ки рӯшанфикр бошад — аз аввал пояшро бибандем ва бигӯем, ки ӯ “бояд ба дин боварманд набошад”, дар воқеъ ӯро муқайяд кардаем ва пояшро бастаем. Ва ин, ба ҳеч ваҷҳ бо “бетараф” донистани ӯ созгор нест. Зеро, чунин касе аз аввал мавзеи худро мушаххас кардааст.

Ба сухани дигар, бар фарз агар ҷаноби Бекзода ва амсоли эшон, “диндорӣ”-ро навъе “қайду банд” шуморанд (ки эътиқодашон ҳам ҳамин аст), “бединӣ” ҳам навъе “қайду банд” аст. Зеро, ҳар як аз ин ду дидгоҳ бархоста аз навъи нигоҳи соҳиби он аз ҳастӣ ва ҷаҳон аст. Яке бо такя ба далел ва бурҳон атеист шуда, ва яке ҳам бо истинод ба бурҳон ва далел Худобовар ва диндор гардида. Магар фарқе миёни ин ду ҷаҳонбинӣ — аз назари ҷаҳонбинӣ будан ва ин ки тафсир аз ҳастӣ ва ҷаҳон аст – вуҷуд дорад? Оё “Худобоварӣ” нигоҳе тарафдорона ва “адами эътиқод ба Худо ва дин” нигоҳе бетарафона аст? Ба чӣ далел?

Асосан, ин дидгоҳ сарчашма дар ин дорад, ки пиндоштаанд (ва бештар рӯшанфикрони ғарбӣ бар ин пиндор ҳастанд), ки асл дар инсон, ин атеист будан аст, ва агар касе Худобовар ва диндор шуда, аз ин асл берун гардида. Дар ҳоле ки қазия дуруст акси ин аст. Зеро воқеият он аст, ки (ба эътиқоди бисёре аз донишмандон ва фалосифа мисли Бӯалии худамон), асл дар инсон, Худобовар будан аст, ки агар касе атеист шуд, аз ин асл берун гардида. Дуруст мисли ин ки асл дар инсоният ин рост гуфтан аст, яъне бинои ҳамаи мо инсонҳо, чӣ диндор бошем ё атеист, ин аст, ки инсонҳо рост мегӯянд, ва агар касе дурӯғ гуфт, биноро бар ин мегузорем, ки дурӯғгӯ аз ҷодаи инсоният хориҷ ва мунҳариф гардида. Яъне, қазия дуруст баръакс аст. Ва албатта, далелҳои фаровоне бар ин муддао вуҷуд дорад, ки феълан роқими сутур дар ин мақола дар мақоми баёни он далелҳо нестам.

Аз ин рӯ, ин дуруст нест, ки аз аввал рӯшанфикриро муқайяд ба як қайди хосс – масалан, бедин будан – кунем. Рӯшанфикр, ҳам метавонад диндор ва боварманд ба Худо бошад, ва ҳам ба истилоҳ, атеист. Ин, бармегардад ба нигоҳи вай ба ҳастӣ ва ҷаҳон.

* * *

Ҳол, бояд дид, рӯшанфикр ба чӣ касе гуфта мешавад ва ӯ кист? Марҳум дуктур Алии Шариатӣ, яке аз касонест, ки ба назарам, вижагиҳо ва хусусиятҳои як рӯшанфикр ва рисолати ӯро хуб баён карда. Ӯ мегӯяд:

Рӯшанфикр, дар як калима, касест, ки нисбат ба “вазъи инсонӣ”-и худаш дар замон ва макони торихӣ ва иҷтимое, ки дар он аст, худогоҳӣ дорад, ва ин “худогоҳӣ” ҷабран ва заруратан ба ӯ эҳсоси як масъулият бахшидааст.” (Чӣ бояд кард? с.255).

Дар ҷойи дигар мегӯяд:

Рӯшанфикр рисолаташ раҳбарӣ кардани сиёсии ҷомеа нест, рисолати рӯшанфикр худогоҳӣ додан ба матни ҷомеа аст, фақат ва фақат ҳамин ва дигар ҳеч. Агар рӯшанфикр битавонад ба матни ҷомеа худогоҳӣ бидиҳад, аз матни ҷомеа қаҳрамононе бархоҳанд хост, ки лаёқати раҳбарӣ кардани худи рӯшанфикро ҳам доранд. Ва то вақте ки аз матни мардум қаҳрамон намезояд, рӯшанфикр вуҷуд надорад.” (Чӣ бояд кард? с.499)

Ҷойе ҳам мегӯяд:

Рӯшанфикр – ба маънои мутлақ – “Худогуна будан” аст дар “ҷаҳон”, ва “паёмбаргуна будан” аст дар “ҷомеа”, ва “имомгуна будан” аст дар торих. Рӯшанфикрӣ на фалсафа аст, на илм, на фиқҳ ва на адабу ҳунар, балки дар як калима, “илми ҳидоят” аст ва навъе “нубувват”, ки на чун фалсафа зеҳниятсозӣ аст ва на чун илм нақши сурати ашё ва равобиташон аст дар зеҳн он чунон ки ҳастанд, балки илми “шудан” аст ва хабар додан аз “роҳ”, ки аз “худогоҳии вуҷудӣ”-и одамӣ сарчашма мегирад ва бинобар ин дар зоти худ “даъват”-ро ба ҳамроҳ дорад ва бинобар ин “масъулият”-ро.” (Маҷмӯаи осори Шариатӣ, ҷ 20 с 367).

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

Рӯшанфикр иборат аст аз як инсони огоҳ нисбат ба ниёзи ин қарн ва ин насл ва масъул дар ироаи роҳи наҷот барои ҷомеа… ва бахшидани як ишқ ва имони муштараки ҷӯшон ба мардум дар матни сард ва мунҷамиди иҷтимои мунҳатти суннатияш… ва ҳаракат эҷод кунад ва огоҳӣ ва худогоҳии хешро ба мардумаш мунтақил намояд. Ва дар як калима, барои ҷомеааш пайғамбарӣ кунад, идомадиҳандаи роҳи паёмбарони торих…” (Ҳамон)

Аммо некӯтарин ва расотарин баён аз Шариатӣ дар ин замина, ҳамон аст, ки дар яке аз суханрониаш ба он ишора карда ва рӯшанфикрро бо баёни мисдоқи рӯшанфикр дар берун аз зеҳн таъриф намуда. Ӯ мегӯяд:

Рӯшанфикр файласуф, олим, ориф, зоҳид, адиб ва ҳунарманд нест (гарчи мумкин аст бошад, аммо айни ӯ нест, балки рӯшанфикр) кораш паёмбарона аст, масъул аст, рисолат дорад, паём дорад, идомаи кори Афлотун, Арасту, Ҷолинус, Буқрот, Батламюс, Ҳофиз, Мавлавӣ, Ҳаллоҷ, Постер, Росел, Пикассо ва… аст. Кори рӯшанфикр, идомаи кори Иброҳим, Зартушт, Будо, Мӯсо, Исо, Муҳаммад (с), Алӣ (р) ва Ҳусайн (р)… аст.” (Баргузидаи осор ва андешаҳои дуктур Шариатӣ, с 408).

* * *

Бо таваҷҷӯҳ ба баёни Шариатӣ аз рӯшанфикрӣ, наметавон ҳар файласуф, донишманд, мулло, рӯзноманигор, ҳунарманд ва ғайраро, модоме ки рисолати худро рӯшангарӣ намедонад, рӯшанфикр донист, ҳатто агар аз навобиғи замон ва дар ноҳияи дониш ба мартибаи Бӯалӣ Сино расида бошад.

Рӯшанфикр, дар матни ҷомеа қарор мегирад. Ӯ тамошобин нест, балки саъю талошаш ҳамеша ислоҳи ҷомеа ва баёни инҳирофҳоест, ки домангири ҷомеа шуда, ҳатто агар аксарияти мардумон ба он гирифтор ва ин инҳорофот ба навъе “воқеият” дар ҷомеа табдил шуда бошанд.

Рӯшанфикр дар ҳар сурат ба рисолати худ амал мекунад, ҳатто он ҷо, ки тамоми ақшори ҷомеа ба мухолифати ӯ бархезанд. Муҳим барои вай, баёни ҳақиқат аз ботил, роҳ аз чоҳ, каҷӣ ва инҳироф аз ростӣ ва истиқомат аст. Рӯшанфикр ҳаргиз таслими “воқеиятҳое”, ки бо ҳақиқат созгор нест, намешавад.

Ин ки марҳуми Шариатӣ мегӯяд, кори рӯшанфикр идомаи кори паёмбарон ва идомаи кори Иброҳим (а), Мӯсо (а), Исо (а) ва Муҳаммад (с) аст, бе ҷиҳат чунин нагуфтааст. Ҳол, ин ҷо мехоҳам ба бархе аз вижагиҳои Иброҳими Халил (а) ишора кунам:

а) Пайкор ва мубориза бо суннатҳои ғалат дар ҷомеа:

Яке аз боризтарин вижагиҳои Иброҳими Халил (а), ҷилавгирӣ аз ривоҷу густариши андешаҳои ботил, суннатҳои ғалат, одатҳои нописанд ва хӯйҳои зишт дар ҷомеа ва пайкори хастагинопазир бо падидаҳое буд, ки қавми ӯро ба навъе ба ақаб меронд, ҷилави пешрафти онҳоро мегирифт ва сабаби инҳитот ва таназзули онон шуда буд. Набуди пайравон ва ҳамроҳон, ҳаргиз боис нашуд ӯ таслими “воқеият” шавад ва баҳонае гардад, то даст аз гуфтани сухани ҳақ ва пайкор бо он падидаҳои зишт бардорад.

Қавми Иброҳим қавме буданд асири хурофот, асири андешаҳои ботил, асири одатҳои нописанд ва зишт. Онон подшаҳи худро “Худо” мепиндоштанд. Қавме буданд бутпараст ва гумон мекарданд, бутон ҳамакораи онҳоянд.

Мо василаи рушди Иброҳимро аз пеш ба ӯ додем ва аз (шоистагии) ӯ огоҳ будем; он ҳангом ки ба падараш ва қавмаш гуфт: “Ин муҷассамаҳои бе руҳ чист, ки шумо ҳамвора онҳоро парастиш мекунед?” Гуфтанд: “Мо падарони худро дидем, ки онҳоро ибодат мекунанд.” Гуфт: “Ҳатман, ҳам шумо ва ҳам падаронатон, дар гумроҳии ошкоре будаед…” (Анбиё, 51-55).

Иброҳим (а) барои баёни ҳақиқат ва бедор кардани ҷомеа аз ин хоби ғафлат, ки дар он фурӯ рафта буданд, аз ҳар фурсати муносибе баҳра мегирифт. Боре, қавм барои баргузории маросиме мазҳабӣ, беруни шаҳр рафтанд ва шаҳр тамоман аз аҳолӣ холӣ шуд. Иброҳим (а) фурсатро ғанимат шумурд ва табаре бардошт ва равонаи буткада шуд. Тамоми бутонро ба василаи табар пора-пора кард, магар бути бузуреро, ки қавм мепиндоштанд, он бут “бути бутон” аст.

Саранҷом, Иброҳим ҳамаи бутҳо – ҷуз бути бузург – ро пора-пора кард, шояд суроғи ӯ биёянд (ва ӯ ҳақоиқро бозгӯ кунад). (Ҳангоме ки қавм манзараи бутҳоро диданд), гуфтанд: “Ҳар кас бо худоёни мо чунин карда бошад, ҳатман аз ситамгарон аст (ва бояд кайфари сахт бибинад!)” (Гурӯҳе) гуфтанд: “Шунидем навҷавоне аз (мухолифат бо) бутҳо сухан мегуфт, ки ӯро Иброҳим мегӯянд”. (Қавм) гуфтанд: “Ӯро дар баробари дидагони мардум биёваред, то гувоҳӣ диҳанд”. (Ҳангоме ки Иброҳимро оварданд), гуфтанд: “Ту ин корро бо худоёни мо кардаӣ, эй Иброҳим?” (Анбиё, 58-62).

Ин ҷо буд, ки Иброҳим фурсати пешомадаро беҳтарин фурсат барои баёни ҳақиқат ва бедор кардани қавм аз хоби гаронашон ёфт.

Гуфт: “Балки ин корро бузургашон кардааст, аз худи бутон бипурсед, агар сухан мегӯянд”. (Анбиё, 63).

Ин ҷоҳост, ки кори Иброҳим ва ҳар рӯшанфикре, ҳатто агар танҳост, натиҷа медиҳад. Дар идомаи оят мехонем:

Онҳо ба виҷдони худ бозгаштанд ва (ба худ) гуфтанд: “Ҳаққо, ки шумо ситамгаред!” Сипас бар сарҳояшон вожгуна шуданд (ва ҳукми виҷдонро ба куллӣ фаромӯш карданд ва гуфтанд:) “Ту медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд.” (Иброҳим) гуфт: “Оё ҷуз Худо чизеро мепарастед, ки на камтарин суде барои шумо дорад ва на зиёне ба шумо мерасонад? (На умеде ба судашон доред ва на тарсе аз зиёнашон!) Уф бар шумо ва бар он чи ҷуз Худо мепарастед! Оё андеша намекунед (ва ақл надоред?)”. Гуфтанд: “Иброҳимро бисӯзонед ва худоёни худро ёрӣ кунед, агар коре аз дасти шумо барояд”. (Саранҷом ӯро ба оташ афганданд, вале мо) гуфтем: “Эй оташ! Бар Иброҳим сарду солим бош!” Онҳо мехостанд Иброҳимро бо ин нақша нобуд кунанд, вале мо онҳоро зиёнкортарини мардум қарор додем.” (Анбиё, 64-70).

б) Озодандешӣ:

Яке дигар аз вижагиҳои Иброҳими Халил (а), ки ҳар рӯшанфикре бояд ба он ороста бошад ва марбут ба ноҳияи тафаккур ва андеша аст, озодандешии ӯст. Иброҳими навҷавон вақте хост роҳи худро пайдо кунад, ба андешаи роиҷ дар ҷомеа нигоҳ накард. Дар ин масир ӯ ба хиради худ такя кард, дид ақли ӯ чӣ мегӯяд. Ӯ ҳаргиз ба андешае, ки ҷомеа аз рӯйи тақлид ба он пойбанд буд, нагаройид, балки ба мактабе гаравид, ки онро ҳақ ёфт:

Ва бад-ин сон ба Иброҳим малакути осмонҳо ва заминро нишон додем (то гумроҳии қавми худ ва ягонагии Парвардигорашро дарёбад) ва то аз аҳли яқин бошад. Пас, чун торикии шаб бар вай даромад, ситорае дид, гуфт: ин Худои ман аст. Ва чун фурӯ шуд, гуфт: фурӯшавандагонро дӯст надорам. Ва чун моҳро бароянда дид, гуфт: ин Худои ман аст. Вале чун фурӯ шуд, гуфт: агар Парвардигорам маро роҳ нанамояд, бе гумон аз гумроҳон бошам. Пас, чун хуршедро бароянда дид, гуфт: ин Худои ман аст, ин бузургтар аст, ва чун фурӯ шуд, гуфт: эй қавми ман! Ман аз он чи (аз худоёни дурӯғине, ки бо Худо) шарик месозед, безорам. Ман яксара рӯ (-и дил)-и хеш ба сӯйи зоте, ки осмонҳо ва заминро офаридааст кардам дар ҳоле ки ҳақгароям ва аз мушрикон нестам. Ва қавми ӯ бо вай гуфтугӯ ва ситеза карданд. Гуфт: оё бо ман дар бораи Худо ситеза мекунед ва ҳол он ки ӯ маро роҳи рост намудааст; ва ман аз ончи бо Худо шарик месозед, ҳеч наметарсам...” (Анъом, 75-80).

Барои Иброҳим муҳим набуд, ки қавмаш ба чӣ ойин ва мактабе пойбанд ҳастанд, ӯ дар ин маҷол таслими “воқеияте”, ки дар баробари худ медид нашуд, балки хештанро пойбанди мактабе месозад, ки хирадаш ӯро ба он раҳнамун мешавад; ба ойине мегарояд, ки худаш меёбад.

Реклама


Рубрики:Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: