Ислом ва Эронзамин (18)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (6)

Ойини маздакӣ

Мазҳаби дигаре, ки дар охирҳои аҳди Соcониён тулӯъ кард ва пайравони зиёде пайдо кард, маздакӣ буд. Мазҳаби Маздакро иштиқоқе аз монавият донистаанд. Маздак дар аҳди Қубод, падари Анушервон, муддаии навъе раҳбарии мазҳабӣ шуд ва Қубод дар ибтидо аз рӯйи ақида ва алоқа ё ба унвони як нақшаи сиёсӣ барои кӯбондани табақаи ашроф ва руҳониюни зартуштӣ, ба ӯ гаравид ва кори Маздак сахт боло гирифт, вале ба фосилаи андаке дар ҳамон замон Қубод ба дастёрии фарзандаш Анушервон ва ё дар замони салтанати худи Анушервон маздакиён қатли омм шуданд ва аз он пас ба сурати як фирқаи сиррӣ даромаданд.

Маздакиён дар давраи ислом низ лоақал то ду се қарн вуҷуд доштаанд. Дар давраи ислом наҳзатҳои эронии зидди хилофат ва аҳёнан зидди исломиро ғолибан маздакиён раҳбарӣ мекардаанд. Ба ҳамин ҷиҳат, зартуштиён бо онҳо ҳамроҳӣ накарда, бо мусалмонон алайҳи онҳо ҳамкорӣ мекарданд.

Мегӯянд, бонии аслии ойини маздакӣ марде Зартушт ном аз аҳли Фасои Шероз буд ва ба навъе монавият даъват мекард мухолифи кеши расмии монавӣ. Ин мард даъвати худро дар Рум зоҳир кард ва сипас ба Эрон сафар кард ва ба даъват пардохт. Дар Рум ин шахс ба номи “Бундас” маъруф будааст. Кристенсен (Arthur Christensen) пас аз зикри матлаби боло мегӯяд:

Бинобар ин, дини Маздак ҳамон ойини “дурустдин” аст, ки Бундас интишор дод. Агар ин шахси монавӣ, яъне Бундас, пас аз шурӯъ ба даъвати ҷадид дар Рум, ба Эрон раҳсипор шуд, то ақоиди худро таблиғ кунад, метавон ҳадси қариб ба яқин зад, ки асли ӯ эронӣ будааст. Калимаи “Бундас” шабоҳате ба аъломи эронӣ надорад, вале метавон онро лақаби ин шахс донист. На танҳо китобҳои исломӣ, ки маъхуз аз “Худой номаг” ҳастанд, балки “Алфеҳрист” ҳам, ки манбаи дигар дошта муассиси фирқаи маздакияро шахсе дониста муқаддам бар Маздак, ва дар “Худой номаг” исми ӯро Зартушт қайд кардаанд, ва аз ин ҷо номи фирқаи “Зартуштгон” пайдо шудааст… Бинобар ин, ба таври таҳқиқ метавон гуфт, ки Бундас ва Зартушт исми як шахс будааст ва Зартушт номи аслии оварандаи ин дин аст, ва ин шахс бо паёмбари маздаяснон ҳамном будааст. Пас натиҷа ин мешавад, ки фирқаи мавриди баҳси мо яке аз шӯъбаҳои монавия буда, ки қариб ду қарн қабл аз Маздак дар кишвари Рум таъсис ёфта ва муассиси он як нафар эронӣ “Зартушт” ном писари “Хӯргон” аз мардуми “Пасо” будааст… Аз ишороти мундариҷа дар китобҳои арабӣ чунин мустафод мешавад, ки Зартушт (-и Фасоӣ) пешвое буда, ки даъвати ӯ фақат ҷанбаи назарӣ доштааст, аммо Маздак, ки марди амал буда ва ба қавли Табарӣ, дар назди табақаи омма халифаи Зартушт ба шумор меомадааст, рафта-рафта номи муассиси аслиро таҳтушшуъо қарор дод ва дар ҳамон аҳди худ, фирқаро ба исми Маздакия машҳур намуд. Аз ин рӯ, дар адвори баъд мардумон пиндоштаанд, ки бонии ҳақиқии фирқа низ Маздак ном дошта.”

Дар бораи моҳияти ақоиди маздакӣ ва иллатҳои зуҳури Зартушт (-и Фасоӣ) ва Маздак, суханони зиёде ҳаст. Аз назари усули ақоид, мусалламан Маздак низ монанди Монӣ “санавӣ” будааст, бо тафовутҳое, ки дар фасли баъд дар борааш сухан хоҳем гуфт. Ва аз назари одоб ва муқаррарот, бар навъе зуҳд ва бадбинӣ ба ҳаёт ва зиндагӣ мубтанӣ будааст. Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Назди ин тоифа — чунонки назди монавия — асл он аст, ки инсон алоқаи худро аз моддиёт кам кунад ва аз он чӣ ин алоқаро мустаҳкамтар месозад иҷтиноб варзад. Аз ин рӯ, хӯрдани гӯшти ҳайвонот назди маздакия мамнӯъ буд. Ва дар бораи ғизо ҳамвора тобеи қоидаҳои муайяне буданд ва риёзатҳое мекашиданд… Шаҳристонӣ ривоят мекунад, ки Маздак амр ба қатли нуфус медод, то ононро аз ихтилот бо зулмат наҷот бахшад. Мумкин аст мурод аз ин қатл, куштани хоҳишҳо ва шаҳватҳо бошад, ки садди роҳи наҷотанд. Маздак мардумонро аз мухолифат ва кину қитол бозмедошт. Ба ақидаи ӯ, чун иллати аслии кина ва носозгорӣ, нобаробарии мардумон аст, пас бояд ночор адами мусовотро аз миён бардошт, то кина ва нифоқ низ аз ҷаҳон рахт барбандад. Дар ҷомеаи монавӣ, “баргузидагон” боисте дар таҷарруд бимонанд ва беш аз ғизои як рӯз ва ҷомаи як сол чизе надошта бошанд. Аз он ҷо, ки назди маздакия низ майл ба зуҳд ва тарки дунё мавҷуд буда, метавон ҳадс зад, ки табақаи олияи маздакиён ҳам қоидаҳое шабеҳи баргузидагони монавӣ доштаанд, вале пешвоёни маздакия дарёфтанд, ки мардумони оддӣ наметавонанд аз майл ва рағбат ба лаззот ва таматтуъоти моддӣ — аз қабили доштани сарват ва тамаллуки занон ва ё даст ёфтан ба зани махсусе, ки мавриди алоқа аст — раҳоӣ ёбанд, магар ин ки битавонанд ин амёли худро ба озодӣ ва биломонеъ иқноъ кунанд. Пас, ин қабил афкорро мабнои ақоид ва назариёти худ қарор доданд ва гуфтанд, Худованд куллияи васоили маишатро дар рӯйи замин дар дастраси мардумон қарор додааст, то афроди башар онро ба тасовӣ байни худ қисмат кунанд, ба қисме, ки касе беш аз дигар ҳамнавъони худ чизе надошта бошад. Нобаробарӣ ва адами мусовот дар дунё ба ҷабру қаҳр, аз он ба вуҷуд омадааст, ки ҳар кас мехоста тамоюлот ва рағбатҳои худро аз кисаи бародари худ иқноъ кунад, аммо дар ҳақиқат ҳеч кас ҳаққи доштани хоста ва молу зан беш аз соири ҳамнавъони худ надорад. Пас бояд аз тавонгарон гирифт ва ба тиҳидастон дод, то бад-ин васила мусовот дубора дар ин ҷаҳон барқарор шавад”.

Дар бораи шахсияти Маздак ва доияи ӯ иттилооти дуруст ва қобили қабуле дар даст нест. Шӯҳрати бештари Маздак ба афкори иштирокӣ ва кумунистии ӯст. Кристенсен (Arthur Christensen) решаи ин гуна афкори Маздакро андешаҳои ахлоқӣ ва навъдӯстӣ медонад.

Муҳаррики Маздак ҳар чӣ бошад ва ӯ ҳар ҳадафе аз пешниҳодҳои иштирокии худ дошта бошад, он чӣ аз ноҳияи торихӣ қобили баррасӣ аст, заминаи муносиби пазириши андешаи иштирокӣ (сусиёлистӣ) дар ҷомеаи он рӯзи эронӣ аст. Кристенсен (Arthur Christensen) дар фасли “Наҳзати Маздакия” дар китоби худ ба шарҳи аҷиби низоми табақотии он рӯзи Эрон, ки заминаи ривоҷ ва тавсиъаи даъвати маздакиро фароҳам кард пардохтааст. Мо дар баҳс аз низомоти иҷтимоии он рӯзи Эрон бад-он ишора хоҳем кард. Низомоти иҷтимоии он рӯз заминаи бисёр муносибе барои рушди он гуна андешаҳо будааст.

Оқои Саъиди Нафисӣ дар “Торихи иҷтимоии Эрон” пас аз баёне машрӯҳ дар бораи низоми ирс ва издивоҷ ва талоқ ва ҳуқуқи зан дар аҳди соcонӣ мегӯяд:

Имтиёзи табақотӣ ва маҳрум будани иддаи касир аз мардуми Эрон аз ҳаққи моликият, ночор авзои хоссе пеш оварда буд ва ба ҳамин ҷиҳат ҷомеаи эронӣ дар давраи соcонӣ ҳаргиз муттаҳид ва муттафиқулкалима набуда ва тӯдаҳои азим аз мардум ҳамеша норозӣ ва нигарон ва маҳрум зистаанд. Ин аст, ки ду инқилоб, ки пояи ҳар ду бар ин авзоъ гузошта буд ва ҳар ду барои ин буд, ки мардумро ба ҳаққи машрӯи худододии худ бирасонад, дар ин давра рӯй додааст: нахуст дар соли 240 мелодӣ дар рӯзи тоҷгузории Шопури аввал, яъне чаҳордаҳ сол пас аз таъсиси ин силсила ва ниҳодани ин асос, Монӣ дини худро, ки паноҳгоҳе барои ин гурӯҳи маҳрум будааст эълон кард ва пеш бурд. Тақрибан панҷоҳ сол пас аз ин воқеа “Зародушт” ном аз мардуми Фасои Форс усули дигаре, ки маълум нест то чӣ андоза иштирокӣ будааст эълон кард. Ва чун вай коре аз пеш набурд, дивист сол пас аз он бори дигар “Маздак” писари “Бомдод” ҳамон усулро ба миён овард. Саранҷом мебоист ислом, ки дар он замон маслаке озодманиш ва пешрав ва хостори баробарӣ буд, ин авзоъро дарҳам навардид ва маҳрумон ва нокомони иҷтимоъро ба ҳаққи худ бирасонд”.

Маслаки маздакӣ ба ҳукми ин ки тарафдори табақаи маҳрум буд ва дар ҷомеае табақотӣ зуҳур кард, ривоҷ ва шуюъи фавқулъода ёфт. Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Агарчӣ кеши Маздак пас аз вуруд ба табақоти софилаи иҷтимоъ, тадриҷан сурати як маслаки сиёсии инқилобӣ гирифт, вале асоси диёнатии он боқӣ буд ва пайравони ин ойин дар миёни табақоти олия ҳам вуҷуд доштаанд. Оқибат маздакиён худро ба андозае қодир ёфтанд, ки шурӯъ ба тартиби маротиби руҳонии худ намуда, як нафар раиси руҳонӣ интихоб карданд”.

Мегӯянд, Маздак ва атбоъаш тарафдори писари дигари Қубод ба номи “Ковус” буданд ва мехостанд алорағми тасмимоти Қубод, ба василаи тавтиъа ва таҳрик ӯро, ки маздакӣ буд, бар тахти Эрон ҷой диҳанд ва Хусрав Анушервонро маҳрум кунанд. Ин буд, ки нақшае васеъ барои қалъу қамъи онон кашида шуд.

Кристенсен (Arthur Christensen) менависад:

Давлатиён тариқаеро, ки борҳо таҷриба шуда буд, пеш гирифтанд: анҷумане аз руҳониён даъват карданд ва андарзгари маздакиёнро бо соири руасои фирқа ба он ҷо хонданд ва гурӯҳе азим аз он тоифаро даъват ва ҷалб карданд, то дар маҷлиси мубоҳисаи расмӣ ҳозир бошанд. Кувоз (Қубод) шахсан маҷлисро идора мекард, аммо Хусрав, ки ба вилояти аҳд муайян шуда буд ва ҳуқуқи худро дастхуши тавтиа ва дастабандии маздакиён ва Ковус медид, тамоми ҳиммат ва ҳамагии ҷаҳди худро масруф дошт, то кор тавре ба поён расад, ки зарбате ҳавлнок ва қатъӣ ба фирқаи маздакӣ ворид ояд. Пас, чанд тан аз муҷодилин ва мубоҳисини корафтода ва озмударо аз миёни мӯбадон пеш овард… “Мӯбади мӯбадон”, “Гулӯнозис” ва “Бозонс” усқуфи масеҳиёни Эрон, ки дар ин пешомад бо зартуштиён ҳамдостон шуда буданд, дар анҷуман ҳузур доштанд. Бозонс мавриди таваҷҷӯҳи хосси Кувоз (Қубод) буд, зеро ки аз табобат сарришта дошт. Табъан мудофеъини кеши маздакӣ муҷоб ва мағлуб шуданд. Ва дар ин асно, афвоҷи мусаллаҳе, ки посбони майдони махсуси маздакиён буданд, теғ дар каф бар сари он тоифа рехтанд. Андарзгар (ки зоҳиран худи Маздак буд) ба ҳалокат расид. Иддаи ҳақиқии маздакиён, ки дар ин дом мақтул шуданд, маълум нест. Аъдоде, ки муаррихони Эрон ва араби овардаанд, мабнои саҳеҳ надорад, вале зоҳиран ҳамаи руасо дар ин макон арзаи ҳалок шуданд. Чунонки пас аз ин воқеа, ки ҳукми куштори умуми маздакиён содир шуд, афроди ин фирқа чун раиси мутоъ надоштанд, пароканда гаштанд ва дар муқобили душманони худ истодагӣ наёфтанд, ҳама музмаҳил шуданд, дороии онҳо забт ва китобҳои динӣ сӯхта шуд… Аз ин вақт ба баъд маздакия ҳукми фирқаи сиррӣ пайдо кард ва ба ин сурат ҳаёти худро давом дод ва баъд аз Соcониён ҳам дар аҳди ислом борҳо худнамоӣ кард”.

Дини Маздак ба василаи нерӯи низомӣ ва эъмоли зӯр ва хушунати фавқулъода, бар ҳасби зоҳир дарҳам кӯбида шуд, вале монанди оташе дар зери хокистар ҳамчунон боқӣ буд. Мусалламан, агар ислом зуҳур намекард, ойини маздакӣ ба воситаи хоссияти иштирокӣ (сусиёлистӣ) бори дигар буруз мекард ва забона мекашид, зеро иллатҳо ва мӯҷиботе, ки мӯҷиби пайдоиши он мазҳаб ва гароиши сареъ ва аҷиби мардум ба он буд, ҳамчунон боқӣ буд. Дини Маздак аз назари усули фикрӣ ва эътиқодӣ дар бораи ҷаҳон ва хилқат ва инсон, аз дини зартуштӣ чизе кам надошт. Дар ҳамон сатҳ, балки андаке болотар буд. Аз ин назар, ҷозибааш аз соири адёни мавҷуд камтар набуд. Ва аз назари таълимоти иҷтимоӣ, дар ҷиҳати акси ойини зартуштӣ буд — ки ҳамвора тарафдори ақвиё ва соҳибони қудрат аст — ва аз ин ҷиҳат дар миёни тӯдаи мардум ҷозибае нерӯманд дошт.

Асари зӯр ва эъмоли хушунат муваққат аст. Омили аслии инқирози маздакиён ислом буд. Ислом, ки дини тавҳидӣ буд, як силсила усул ва мабонии хосс дар бораи Худо ва хилқат ва инсон ва ҳаёт овард, ки бо ақоиди маздакӣ қобили қиёс набуд ва дар таълимоти иҷтимоии худ бар адл ва мусовот ва баробарии афрод ва нажодҳо такя кард, бидуни он ки ифроткориҳои маздакиро дарбар дошта бошад. Қаҳран, ҳам аз ҷанбаи фикрӣ ва ҳам аз ҷанбаи иҷтимоӣ, аз тариқаи маздакӣ ҷозибаи бештаре дошт. Тӯдаи мардуми Эрон ба ҷойи гароиш ба тариқаи маздакӣ, ба ислом, ки мунодии тавҳид ва адл буд, гаравиданд.

Дар замони хулафои ҷаври умавӣ ва аббосӣ, ки равиши қайсарӣ ва касроиро эҳё карданд, бори дигар замина барои маздакигарӣ фароҳам шуд, вале таваҷҷӯҳи тӯдаи мардум, ки ҳисоби исломро аз ҳисоби хулафо ҷудо мекарданд ва мӯътақид буданд исломро бояд аз шарри хулафои ҷавр наҷот дод, маҷоле ба маздакигарӣ надод.

Аз ин рӯ мебинем, ки масалан дар охирҳои аҳди умавиён дар шавволи соли 129 ҳиҷрии қамарӣ аввалин рӯзе, ки сиёҳҷомагони эронӣ наҳзати хешро дар “Сафизанҷ” аз ноҳияҳои Марв расман эълом карданд ва парчами хешро барафроштанд, бар парчами онҳо ин оят ба чашм мехӯрд:

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا وَإِنَّ اللَّهَ عَلَى نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ

(“Ба касоне, ки ҷанг бар онон таҳмил шуда рухсати ҷиҳод дода шудааст, чаро ки мавриди зулм қарор гирифтаанд, ва албатта Худо бар пирӯзии онон сахт тавоност”. (Сураи Тавба, ояти 39)

Дар он рӯз, ки рӯзи иди фитр буд, Сулаймон ибни Касир — ки як тан аз раҳбарони наҳзати ҷадид буд — ба дастури Абӯмуслими Хуросонӣ ба иқомаи намози иди фитр ва эроди хутба пардохт ва инқилоб алайҳи дастгоҳи хилофати умавиро дар хутбаи намози ид эълом кард. Агар ойини Маздак дар он рӯз дар миёни эрониён ҷозибае қавӣ медошт, ҳеч фурсате аз он фурсат беҳтар барои зуҳуру буруз ва гароиши эрониён пайдо намешуд. Вале мо вақте, ки ба торих муроҷиа мекунем, мебинем, ки наҳзатҳои адолатхоҳии эрониён дар давраи ислом муттакӣ ба ислом будааст, на маздакигарӣ ва ғайра.

Иллати ин ки маздакигарӣ низ монанди монавият ба куллӣ мунқариз шуд ва ҳатто ба сурати як ақаллият монанди зартуштигарӣ боқӣ намонд, ҳамон аст, ки дар иллати инқирози монавиён гуфта шуд, ки: мусалмонон маздакиёнро аҳли китоб намешумурданд ва барои мазҳаби онҳо решаи осмонӣ қоил набуданд ва маздакигариро монанди монавигарӣ навъе “зандақа” ба шумор меоварданд. Ин буд, ки ойини маздакӣ натавонист лоақал монанди зартуштигарӣ ба сурати як ақаллият боқӣ бимонад. Албатта ҷанбаҳои ифротии маздакигарӣ, чӣ аз ҷанбаҳои ахлоқӣ ва зуҳд ва риёзат ва чӣ аз ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва иштирокии мутлақ, омили дигаре аст барои инқирози куллии ин ойин ва ин маслак.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: