Ислом ва Эронзамин (19)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (7)

Ойини будоӣ

Дар ҳудуди 2500 сол пеш дар Ҳиндустон, дар пойи кӯҳҳои Ҳимолиё, дар миёни мардуме, ки ба Шокё маъруф буданд, шоҳзодае ба дунё омад ва дар ҳудуди сӣ сол дар нозу неъмат зист. Дар хилоли он айём, бо улуми замони худ ва ба хусус бо таълимоти китоби муқаддаси ҳиндуҳо — ки ба номи “Ведоҳо” маъруф аст — ошно шуд. Пас аз он, дар асари як инқилоби руҳӣ муддати ҳафт сол аз тахту тоҷ ва нозу неъмат канорагирӣ кард ва ба хилват ва инзиво ва риёзат ва тафаккур пардохт. Он чизе, ки ӯро ранҷ медод ин буд, ки ранҷу дард аз куҷо барои одамизодагон фуруд омадааст ва чӣ гуна одамиён метавонанд зиндагии саодатмандонае пеша созанд. Пас аз солҳо ранҷу риёзат ва тафаккуру хилват, оқибат дар зери як дарахти анҷир андешаеро кашф кард, ки ба ақидаи худи ӯ, рози зиндагӣ ва саодат аст. Ва аз он пас, хилват ва инзиворо тарк кард ва мункири риёзат шуд ва ба иршоду таълими халқ пардохт. Он чӣ ӯ кашф кард, як қонуни содда ва табиӣ буд. Ва он ин ки: бар ҷаҳон қонуни подошу кайфар ҳукмфармост, аз некӣ некӣ ва аз бадӣ бадӣ мезояд.

Ин шоҳзода, ки ба номи Сидорото хонда мешуд ва баъдҳо лақаби “Будо” ёфт, пас аз кашфи ин қонун мункири қурбонӣ ва дуо ва зорӣ ва парастиши худоён ва таъсири ин аъмол дар сарнавишти инсон шуд. Худоёнро инкор кард ва ба қонуни азалии ҷаҳон имон овард. Китоби муқаддаси “Ведо”-ро, ки даъват ба қурбонӣ ва дуо ва ғайра карда ва ҳам инсонҳоро ба ҳасби асли офариниш мутафовит фарз карда низ мавриди инкор ва интиқод қарор дод.

Ойин ва маслаки Будо беш аз он ки ба як дин шабоҳат дошта бошад, ба як фалсафа шабеҳ аст, вале пайравони ӯ тадриҷан ойини ӯро ба сурати як ойини мазҳабӣ дароварданд ва худи ӯро, ки мункири ибодат ва парастиши худоён буд, то ҳадди як маъбуд боло бурданд, маъобид сохтанд ва муҷассамаи Будоро дар маъобид барпо карданд ва гуфтаҳои ӯро пас аз худаш гирд оварда номи “Се сабади дониш” ба он доданд.

Будо дар замони худаш пайравони зиёд пайдо кард. Ду иёлат аз иёлоти Ҳинд, ки яке аз онҳо мақарри подшоҳии падари вай буд, ба ӯ гаравиданд ва тадриҷан тавсиъа ёфт. Дар давронҳои баъд, яке аз салотини маъруф ва муқтадири Ҳинд ба номи “Ошуко” дар қарни чаҳоруми қабл аз мелод ба дини Будо гаравид ва таъолими ӯро эҳё кард ва савмаъаҳои бисёр ба амри ӯ бино карданд.

Дини Будо дар саросари Ҳинд шӯҳрат ва азамат ва пайравони фаровон пайдо кард, вале тадриҷан, ба хусус пас аз нуфузи ислом дар Ҳинд, ин дин аз мавлид ва ватани худ рахт барбаст ва дар иваз дар кишварҳои муҷовир нуфуз ёфт. Дар ҳоли ҳозир дини будоӣ яке аз адёни бузурги олам аст ва пайравони Будоро акнун мардуми Сийлон (Шри Ланка) ва Бирма ва Сиём (Таиланд) ва Ветном ва ҷазоири Фурмуз (Тайван) ва Жопун ва Куре ва Чин ва Таббат ва Муғулистон ташкил медиҳанд.

Дини Будо аз Ҳинд ба Эрон нуфуз кард. Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Дар давраи тасаллути юнониён (пас аз ҳамлаи Искандар) диёнати будоӣ дар вилоёти шарқи Эрон нуфуз ёфт ва подшоҳи Ҳинд мавсум ба “Осуко”, ки дар ҳудуди 260 сол қабл аз мелод дини будоӣ гирифта буд, даъватгароне ба аёлати Гандора (дараи Кобул) ва Бохтар гусел дошт… Будоиён дар қуруни нахустини мелодӣ дар вилояти Гандора виҳорҳо яъне савмаъаҳои бисёр сохтанд ва имрӯз дар вайронаҳои он маъобид нуқуши барҷастае ба сабки омехтаи юнонӣ ва ҳиндӣ ёфтаанд… Дар Бомиён муҷассамаҳои азиме аз Будо ҳаст, ки дар кӯҳ кандаанд… Аз сафарномаи Ҳюн Тсонг маълум мешавад, ки то қарни ҳафтуми мелодӣ савмаъаҳои будоӣ дар Эрон вуҷуд доштааст. Ва низ бино бар ривояти ӯ, аз атбои соири диёнатҳои ҳиндӣ ҳам ҷамооте муқими иёлоти шарқи Эрон будаанд”.

Ва ҳам ӯ гӯяд:

Дар охирҳои қарни дуввум ва аввалҳои қарни аввали мелодӣ “Манондар” подшоҳи дараи Кобул ва Ҳиндустон, ки дар Ҳиндустон ба тасхири мамолике муваффақ шуд, дини Будо гирифт ва дар миёни пайравони он ойин шӯҳрате азим ёфт”.

Низ мегӯяд:

Дар соли 125 мелодӣ кишвари Қандаҳор ва Панҷоб ба подшоҳе таъаллуқ гирифт “Кониско” ном, ки дар адабиёти будоӣ шӯҳрате ба камол дорад ва аз мубаллиғони бузург ва мӯътақидин ба диёнати Будо ба шумор аст”.

Мазҳаби Будо тадриҷан аз ин минтақа рахт барбастааст. Қаблан нақл кардем, ки будоиён ва монавиён, ки ҷузъи ақаллиятҳои мазҳабии Эрон буданд, бар хилофии аксарияти зартуштӣ фаъолона дар муқобили мусалмонон муқовимат карданд. Ва ҳам нақл кардем, ки хонадони Бармакӣ қабл аз мусалмонӣ, хидматкори маъбади будоӣ дар Балх будаанд.

Дини Будо пас аз ислом натавонист дар Эрон тоб биёварад. Тадриҷан аз ин минтақа рахт барбаст ҳамчунон ки аз маҳди таваллуди хеш Ҳиндустон низ ақибнишинӣ кард, ва албатта инҳитот ва заволи будоӣ аз Эрон тадриҷӣ будааст.

Дар китоби “Тамаддуни эронӣ” менависад:

Ободӣ ва аҳаммияти биноҳои мазҳабии Бомиён (ноҳияе аз Афғонистон наздики Кобул) дар қарни ҳафтум (мелодӣ) ба қалами Ҳюн Тсонг барои мо нақл шудааст. Роҳибе аз аҳли Куре дар қуруни баъд аз он ҷо гузашта ва нақл мекунад, ки подшоҳи он маҳалл як эронии пайрави мазҳаби Будо будааст ва қӯшуни нерӯманде дар ихтиёр дорад, вале каме баъд дар қарни севвуми ҳиҷрӣ Яъқуби Лайси Саффорӣ он ноҳияро мутасарриф шуд”.

Авзоъ ва аҳвол нишон медиҳад: дини Будо, ки аз машриқи Эрон яъне Ҳиндустон омада ва дар Эрон нуфуз карда буд, тадриҷан пешравӣ мекард, ҳамчунон ки мазҳаби Масеҳ, ки аз ғарби Эрон ва Байнаннаҳрайн омада буд, дар ҳоли пешравӣ буд. Дини Будо ба тарафи ғарб пеш мерафт ва дини Масеҳ ба тарафи шарқ. Ва албатта давлати шоҳаншоҳии Эрон, ки дини зартуштиро дини расмӣ қарор дода ва аз он ҳимоят мекард ва ба руҳониюни зартуштӣ қудрати фавқулъода дода буд, монеи пешравии ин ду дин буд ва то ҳудуди зиёде намегузошт ин ду дин пешравӣ кунанд. Қаблан катибаи мӯбад Критарро нақл кардем, ки сареҳан навиштааст:

Иддае аз мубаллиғони мазоҳиби хориҷиро, ки мондани онҳо дар Эрон салоҳ набуд, аз ин кишвар берун карданд монанди яҳудиҳо, шаманҳо ё руҳбонони будоӣ, браҳмоиҳо, носириҳо, масеҳиён…

Вале он чизе, ки ба фаъолияти будоӣ дар Эрон хотима дод ва масеҳиятро дар ақаллияти ночизе қарор дод, ҷилави пешравии будоиро ба самти ғарб ва ҷилави пешрафти масеҳиятро ба самти шарқ гирифт — ки ҳанӯз ҳам кишишон ва мусташриқони кашишмаслак оҳи ҳасрати онро мекашанд — ислом буд.

Ба ҳар ҳол, яке аз адёни он рӯзи Эрон будоӣ будааст, вале будоӣ монанди яҳудӣ, бар хилофии масеҳӣ ва монавӣ ва маздакӣ, нақши фаъоле аз назари сиёсӣ надоштааст ва аз ин рӯ камтар мутаарризи онҳо шудаанд.

* * *

Ақоиди ориёӣ

Иҷмолан аз вазъи мазҳабии Эрони он рӯз огоҳ шудем. Маълум шуд, адён ва мазоҳиби мухталифе дар Эрон вуҷуд доштааст ва дар Эрон аз назари мӯътақадоти мазҳабӣ иттиҳод ва иттифоқи калима вуҷуд надоштааст. Агарчӣ дақиқан наметавон ҳадс зад, ки дарсади ҳар як аз ин мазоҳиб чӣ буда, вале қадри мусаллам ин аст, ки бо он ки пайравони соири адён ва мазоҳиб низ фаровон будаанд, аксарият бо зартуштиён будааст, ки пайрави дини расмии кишвар будаанд.

Аз назари мо, ки мехоҳем бидонем, ислом аз назари фикрӣ ва эътиқодӣ, чӣ аз Эрон гирифт ва чӣ ба Эрон дод, фарқ намекунад, ки атбои ҳар як аз он мазоҳиби гуногун чӣ нисбате бо маҷмӯи ҷамъияти мардуми Эрон аз назари ададӣ доштаанд. Он чӣ лозим аст бидонем ин аст, ки ин мардум чӣ гуна ақоид ва афкоре дар бораи ҷаҳон ва хилқат ва ғайра доштаанд?

Аз мӯътақадоти яҳуди Эрон иттилои дурусте дар даст надорем; қоидатан вазъи мушобеҳе бо соири яҳудиён дошта, тобеи Таврот ва Талмуд будаанд. Мӯътақадоти онҳо ҳар чӣ буда, дар ақаллияти ночизе ба сар мебурдаанд ва шаъне аз лиҳози мазҳабӣ ё сиёсӣ дар ҷомеаи эронии он рӯз надоштаанд. Вале масеҳият шаъне азим доштааст ва чунонки медонем, як ойини таслисӣ буда ва улуҳияти Исоро таблиғ мекардааст. Мо ниёзе намебинем, ки дар бораи таслиси масеҳӣ ва ин ки масеҳият аз тавҳид бегона аст, дар ин ҷо баҳсе бикунем. Зеро аввалан матлаб возеҳ аст ва ниёзе ба баҳс надорад. Сониян масеҳият ба ҳар ҳол ақаллиятеро дар Эрон ташкил медодааст ва агарчӣ пас аз ислом бештар ба сӯйи ақаллият гароид, вале ба ҳар ҳол касоне, ки дар Эрон аз масеҳият ба ислом гаравидаанд, он қадрҳо зиёд нестанд. Аксарияти эрониёнро зартуштиён ташкил медодаанд. Монавиён ва маздакиён низ аз ин назар ақоиде шабеҳи зартуштиён доштаанд. Аз ин рӯ мо баҳси худро ба усули ақоиди зартуштиён ва то андозае монавиён ва маздакиён ва ба иборате дигар ба ақоиди ориёӣ ва таҳаввулоти он ихтисос медиҳем.

Оё зартуштиён муқорини зуҳури ислом ва монавиён ва маздакиён, дар бораи мабдаи ҳастӣ ва парастиши он чӣ ақидае доштаанд? Оё Худошинос ва муваҳҳид ва ягонапараст будаанд ё Худонашинос ва санавӣ ва дугонапараст?

Бидуни шак, зартуштиён муқорини зуҳури ислом ва ҳамчунин монавиён ва маздакиён санавӣ будаанд ва ин санавиятро дар давраҳои баъд аз тулӯи ислом низ ҳифз карданд ва дар давраи ислом бо уламои мусалмонон дар ин замина мубоҳиса мекарданд ва аз он дифоъ менамуданд. Танҳо дар ним қарни ахир аст, ки зартуштиён даъвои тавҳид доранд ва гузаштаи худро якбора инкор мекунанд.

Албатта аз назари мо, ҷойи хушвақтӣ аст, ки зартуштиён хурофоти санавиро якбора канор бигузоранд ва Худои якторо бипарастанд, вале лозимаи Худопарастӣ илтизом ба ростӣ ва дурустӣ ва дур афкандани таассубот аст. Бинобар ин, шоиста нест мардуме, ки даъвои Худопарастӣ доранд, торихи гузаштаи худро бар хилофи он чӣ будааст ҷилва диҳанд.

Иштибоҳ нашавад, мо муддаӣ нестем, ки дини Зартушт ҳатман аз асл як дини санавӣ будааст ва бинобар ин, Зартушт, ки қатъан муддаии паёмбарӣ аст, козиб будааст. Хайр! Мо чунин иддаое надорем. Мусалмонон аз садри аввал ғолибан бо зартуштиён ба равиши “аҳли китоб” амал кардаанд. Яъне муддаӣ будаанд, ки ин ойин дар асл ва реша як дини тавҳидӣ ва осмонӣ будааст ва дар адвори баъд, ҳамчунон ки масеҳият мунҳариф шуд ва ба таслис гароид, ойини зартуштӣ ба санавият гароид. Ба ҳамин ҷиҳат, шахси Зартушт назди мо мӯҳтарам аст. Он чӣ мавриди иддаои мост ин аст, ки дини зартуштӣ муқорини зуҳури ислом сад дар сад санавӣ буда ва ба ҳеч ваҷҳ бо ойини тавҳид созгор набудааст, ва ин равиш то ним қарни ахир идома доштааст.

Дар ин ҷо лозим аст мо баҳси худро дар се қисмат дунбол кунем:

1) Ақоиди ориёӣ қабл аз зуҳури Зартушт чӣ буда ва чӣ вазъе доштааст?

2) Зартушт чӣ ислоҳоте кард ва чӣ таҳаввулоте ба вуҷуд овард?

3) Дини Зартушт дар асрҳои баъд то зуҳури ислом дастхуши чӣ таҳаввулот ва инҳирофоте шуд?

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: