Тромп: “Бояд Эронро мунзавӣ кунем!”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бо ишора ба ин ки “Эрон давлатест, ки аланан аз қатли омм сӯҳбат мекунад, қавл медиҳад, ки Исроилро аз байн бибарад ва марг бар Омрико мегӯяд” гуфт: “То вақте, ки режими ҳоким бар Эрон тамоюле барои мушорикат дар эҷоди сулҳ нишон надиҳад, ҳамаи кишварҳо бояд барои инзивои он ҳамкорӣ кунанд ва дуо кунем, ки ҳар чӣ зудтар давлате одил, ки мардуми Эрон шоистагии онро доранд, дар ин кишвар шакл бигирад”.

Дунолд Тромп дар нишасти омрикоӣ-исломӣ дар ҳузури Малик Салмон, подшоҳи Арабистон, ибтидо аз меҳмоннавозии саудиҳо таъриф кард ва гуфт, ки “забон аз тавсифи ин меҳмоннавозӣ қосир аст”.

Вай дар бахше аз суханони худ гуфт: “Ховари Миёна зебост ва ганҷҳои торихӣ ва фарҳангии ғанӣ дорад. Ин ҷо набояд минтақае бошад, ки паноҳҷӯён аз он фирор кунанд, балки бояд ҷое бошад, ки тозаворидҳо даста-даста ба самти он ҳуҷум оваранд.”

Дунолд Тромп афзуд: “Кишварҳои Ховари Миёна наметавонанд мунтазири Омрико бимонанд, то мо биёем ва душманонашонро дарҳам бикӯбем. Миллатҳои Ховари Миёна бояд тасмим бигиранд, ки чӣ ояндаеро мехоҳанд. Ин интихобе нест, ки Омрико битавонад барои шумо анҷом диҳад.”

Вай афзуд: “Миллатҳои Ховари Миёна танҳо дар сурате метавонанд ояндаи худро тазмин кунанд, ки теруристҳо ва ифротгароҳоро берун биронанд. Онҳоро берун биронед! Онҳоро аз парастишгоҳҳои худ берун биронед! Онҳоро аз ҷомеа ва сарзамини муқаддаси худ берун биронед!

Дунолд Тромп гуфт: “Барои дӯстони мо, дар хусуси ҳимояти Омрико аз онҳо, ҳеч суоле вуҷуд надорад ва барои душманони мо ҳам дар хусуси мусаммам будани Омрико ҳеч шакку шубҳае вуҷуд надорад.”

Тромп афзуд: “Муфтахирам эълом кунам, ки имрӯз санади ҷилавгирӣ аз таъмини молии теруристҳоро имзо кардем. Ташаккур мекунам аз кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷ (-и Форс) барои таваққуфи истифода аз хоки онҳо ба унвони маркази таъмини молии теруризм ва эъломи Ҳизбуллоҳ ба унвони як гурӯҳи теруристӣ”.

Тромп гуфт: “Раҳбарони мазҳабӣ бояд ба сурати шаффоф эълом кунанд, ки ваҳшигарӣ ифтихор нест.”

Раисиҷумҳури Омрико сухан аз Эрон кард ва гуфт: “Ҷилавгирӣ аз таъмини молии теруристҳо масире аст ба сӯи шикасти осони онҳо, вале шакке нест, ки аз байн бурдани ин таҳдид мумкин нахоҳад шуд ҷуз бо ном бурдан аз давлате, ки ба теруристҳо паноҳ медиҳад, аз онҳо пуштибонии молӣ мекунад ва пойгоҳи иҷтимоӣ барои онҳо эҷод мекунад; ҳамон давлате, ки масъули бесуботии шадид дар минтақа аст, яъне Эрон”.

Тромп идома дод: “Аз Лубнон гирифта то Ироқ ва Яман, Эрон ба теруристҳо, шибҳинизомиён ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро силоҳ ва омӯзиш медиҳад, ва ин боиси густариши ҳарҷу марҷ дар минтақа шудааст”.

Дунолд Тромп гуфт: “Эрон чанд даҳа аст, ки ба оташи даргириҳои қавмӣ ва теруризм ҳезум мерезад”.

Тромп ба зиддияти Ҷумҳурии Исломӣ бо режими саҳюнистӣ ишора кард ва гуфт: “Эрон давлатест, ки аланан аз қатли омм сӯҳбат мекунад, қавл медиҳад, ки Исроилро аз байн бибарад ва марг бар Омрико мегӯяд”.

Дунолд Тромп сипас муддаӣ шуд, ки “яке аз ғамбортарин намунаҳои дахолати низомии суботзудои Эрон, моҷарои Сурия аст” ва гуфт, ки “Башшор Асад бо ҳимояти Теҳрон, ҷиноёти ғайри қобили бозгӯӣ муртакиб шудааст”.

Вай афзуд: “То вақте, ки режими ҳоким бар Эрон тамоюле барои мушорикат дар эҷоди сулҳ нишон надиҳад, ҳамаи кишварҳо бояд барои инзивои он ҳамкорӣ кунанд ва дуо кунем, ки ҳар чӣ зудтар давлате одил, ки мардуми Эрон шоистагии онро доранд, дар ин кишвар шакл бигирад”.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: