Ҳуқуқ дар шариати ислом

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Ҳуқуқ дар шариати ислом бар чаҳор қисм тақсим мешавад:

1. Ҳаққуллоҳ: яъне ҳаққи Худованд бар гардани банда, ки ба он истилоҳан “ибодот” гуфта мешавад. Ибодат яъне парастиш, ки фақат Худои Мутаъол ҳаққи парастида шудан дорад;

2. Ҳаққуннос: яъне ҳаққи ҳар кадом аз инсонҳо бар гардани дигарӣ. Дар ин ҷо бештарин ҳаққро падару модар бар гардани инсон доранд. Бинобар ин, дар Қуръони Карим ҳамеша баъд аз ҳаққуллоҳ (ширк наварзидан ба Худо), ба ҳаққи падару модар супориш шудааст. Баъд аз ҳаққи падару модар, ҳаққи хар кадом аз аъзои ҷомеа бар якдигар бо тафсил баён шудааст;

3. Ҳуқуқи инсон бар гардани худаш: монанди он, ки инсон ҳақ надорад ба худаш зараре ворид кунад, ҳақ надорад худкушӣ кунад, ҳақ надорад вақташро талаф кунад ва ғайра;

4. Ҳаққи соири офаридаҳо бар гардани инсон: мисли ҳаққи хайвонот, ҳаққи табиат, ҳаққи хона, ҳақи масҷид, ҳаққи шабу рӯз ва ғайра;

Дар фиқҳи исломӣ тамоми ин ҳуқуқ ба тафсил баён шудааст, ки тавзеҳи он фаротар аз ин мақол аст.

* * *

Фарқи ҳуқуқи исломӣ ва ҳуқуқи урфӣ

Фарқи асосӣ байни ҳуқуқи исломӣ ва ҳуқуқи урфӣ (ҳуқуқе, ки мардум худ вазъ мекунанд) дар ин аст, ки фалсафаи ҳуқуқ дар қавонини урфӣ бармегардад ба асли ҳамзистӣ. Бинобар ин, ҳуқуқи урфӣ фақат дар доираи иҷтимоъ маънӣ пайдо мекунад. Вале дар доираи фард ҳеч ҳаққе қобили тасаввур нест, яъне агар касе бихоҳад ба худаш зарар занад ва ё бихоҳад худкушӣ кунад, аз назари фалсафаи ҳуқуқи урфӣ ҳаққи касеро зойеъ накарда ва табиатан маҳкум намешавад.

Аммо фалсафаи ҳуқуқи исломӣ фақат бар асли ҳамзистӣ устувор нест. Балки бархоста аз ҷойгоҳ ва рисолати инсон дар кулли олами хилқат аст. Ба иборати дигар, инсонро Худо дар ин дунё бо як ҳадаф ва рисолате халқ карда ва барои анҷоми он рисолат ба инсон неъмати ақл, ишқ, биноӣ, шунавоӣ ва ғайра додааст, то битавонад рисолаташро хуб анҷом диҳад. Бинобар ин, тибқи фалсафаи ҳуқуқи исломӣ, инсон ҳамон тавре ки ҳақ надорад ба дигар инсонҳо зараре бизанад, хамин тавр ҳақ надорад ба худаш ҳам зараре ворид созад ва ҳамчунин ҳақ надорад ба ҳеч офаридае зараре ворид кунад. Зеро тибқи ин фалсафа, инсон молики худаш нест, асосан ҳеч махлуқе молики ҳеч чизе нест, молики ҳама кас ва ҳама чиз Худои Мутаъол аст.



Рубрики:Ислом, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: