Ислом ва Эронзамин (20)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (8)

Ақоиди ориёӣ қабл аз Зартушт

1. Аммо қисмати аввал:

Ақоиди тоифаҳои ориё дар давраҳои қадим, бар навъе табиатпарастии санавӣ мубтанӣ будааст. Яъне ин тоифаҳо дар оғози кор авомили табиатро — аъамм аз авомили муфид ва судбахш ё авомили музир ва зиёнбахш – мепарастидаанд. Масалан, об, хок, оташ, борон ва ғайра аз як тараф, ва раъд, барқ, соиқа, ҷонварони зиёнкор аз тарафи дигар, мавриди парастиш воқеъ мешудаанд. Авомили муфид барои ин ки назарашон ҷалб шавад ва хайре бирасонанд парастиш мешудаанд, ва авомили бад барои ин ки аз шарри онҳо дар амон бошанд.

Дар ин давра, ин тоифаҳо гӯӣ барои худи авомили табиӣ руҳу шуъур ва идроку эҳсосот қоил будаанд. Ба ҳар ҳол, авомили табиӣ, ки мавриди парастиш будаанд, дар ин давра ду даста будаанд: авомили нек ва авомили бад. Авомили нек ба ангезаи раҷо ва авомили бад ба ангезаи хавф парастиш мешудаанд. Дар ҳақиқат, аз ҳамон оғоз ба навъе дугонагӣ миёни худоён қоил будаанд ва ба ду гуна онҳоро мепарастидаанд.

Дар давраи баъд, барои ҳар як аз ин анвои муфид ё музир худоён ва арбоби анвоъ қоил будаанд ва ба ҷойи мавҷудоти табиӣ, худоён ва арбоби анвоъ мавриди парастиш қарор мегирифтаанд: худои оташ, худои бод, худои борон, худои раъд, худои соиқа ва ғайра… Дар ин давра, худи худоён, ки ба сурати арвоҳ ва ашбоҳ тасаввур мешудаанд, ба ду даста тақсим мешудаанд: худоёни некхоҳ ва хайррасон ва худоёни бадхоҳ ва зиёнрасон, ё арвоҳи нек ва арвоҳи палид. Яъне дар ин давра низ навъе санавият бар ақоиди ориёӣ ҳукумат мекардааст.

Марҳуми Саъиди Нафисӣ менависад:

Пас аз он ки ориёҳои Эрон аз давраи муҳоҷират осуда шуданд ва шаҳрнишин гардиданд, ба тадриҷ ба як идда авомили хубу бад, хайру шарр ва зишту зебоии табиат мӯътақид шуданд. Дар миёни авомили хуб аз ҳама муҳимтар рӯшноӣ ва борон, ва дар миёни авомили бад аз ҳама муҳимтар шаб ва зимистон ва хушксолӣ ва қаҳтӣ ва бемориҳо ва марг ва офоти дигар буд. Ночор авомили хайр ва зебоиро, ки мепарастиданд, барои онҳо намозу дуо ва назру ниёз мекарданд. Барои раҳоӣ аз авомили шарр, вирдҳое мехонданд ва кам-кам ин аъмол ба ҷодугарӣ ва сеҳру тилисм мунтаҳӣ гашт. Ва пайдост, ки ин ақоид (ҷодугарӣ ва тилисм) ёдгори давраест, ки бо ақвоми сомии бобилӣ ва осурӣ ҳамсоя шудаанд, зеро ақвоми сомии бобилӣ ва осурӣ ба сеҳру тилисм ва ҷоду ақидае росих доштанд ва ин эътиқодро эрониён аз онҳо касб карданд. Ва дар ҳамин замон аст, ки Зартушт аз миёни эрониён бархоста ва бо ин хурофот дарафтодааст”.

Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Дини қадими ориёҳо бар парастиши қувваҳои табиат ва аносур ва аҷроми самовӣ устувор буд. Бо вуҷуди ин, аз замони бисёр қадим худоёни умдаи табиат дорои хусусиёти ахлоқӣ ва иҷтимоӣ мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки қабл аз ҷудо шудани ду тираи ҳиндӣ ва эронӣ аз якдигар, тафовуте миёни ду даста аз худоёни умдаи онҳо будааст. Як дастаро “девҳо” мехонданд ва дар раъси онҳо худои ҷангҷӯе ба номи “Индро” қарор дошт ва дастаи дигарро “Осуроҳо” (ба эронӣ “Оҳур”) мегуфтаанд ва сардастаи онҳо “Варун” ва “Митар” буд. Аксари донишмандон бар онанд, ки “Маздоҳ”-и эрониён, ки ба маънии доно ва бузургтарин Оҳур мебошад, ҳамон “Варун”-и қадим аст, ки номи аслиаш дар назди ақвоми эронӣ фаромӯш шудааст”.

Санавият ба маънии эътиқод ба ду мабдаи хайру шарр, аз дуртарини замонҳо дар фикри мардуми ориё будааст ва дар ҳақиқат муҳимтарин чизе, ки аз дерзамон фикри ин мардумро машғул мекардааст, ду гуна будани мавҷудот ва хубу бад будани онҳост. Оқои дуктур Муҳаммади Муин мегӯяд:

Ориёиён аз дербоз ба ду мабдаи хайру шарр қоил буданд. Аз як сӯ худоён ва аз сӯйи дигар аҳриманон қарор доштанд. Умури неку хайр монанди рӯшноӣ ва боронро ба худоён нисбат медоданд ва умури баду шарр ҳамчун торикӣ ва хушкиро ба аҳриманон.

Оташ писари осмон дар шакли ибтидоии худ, ки барқ бошад, дар муборизаи арвоҳи мунаввар — ки ҳомили равшанӣ, гармо ва зиндагонӣ ҳастанд — бо равонҳои палиди торикӣ ва хушкӣ, омили муассир шумурда мешавад. Думезил (Georges Dumézil) дар унвони “Адёни Эрони бостон” менависад: “Дар муқобили Худо ва малакут (рӯшноӣ ва фаровонӣ ва тараққӣ) дунёи шарр ва торикӣ, ки дар он девон (девҳо) фармонравоӣ мекунанд, қарор дорад. Эътиқод ба санавият аз хусусиёти тарзи тафаккури эронист. Дар ин ҷо ҷуз торикӣ, шарорат, гандидагӣ ва инҳидом чизе ба чашм намехӯрад. Дунёи шарр таҳти фармони руҳи палидест ба номи “Ангра-Майню” ё Аҳриман”.

Оқои дуктур Муин сипас ба суханони худ чунин идома медиҳад:

Майдони ин мубориза байни осмону замин дар ҷавв (фазо) аст. Инқилобҳое, ки дар назари мо маъмулан дар қолиби тазоҳуроти ҳавоӣ ҷилвагар мешаванд ва мо ба нудрат дар онҳо таъаммуқ мекунем, барои ориёиёни қадим, ки дорои руҳи ҳассос ва фикри мусаввир буданд, мазҳари муборизаи шадиде буд, ки байни мавҷудоти фавқи башар ва қодир бар хайру шарр ба амал меояд, ва ин намоишро дар пардаҳои мухталифи хаёли худ муҷассам мекарданд…

2. Ислоҳоти Зартушт

Қабл аз он ки дар бораи ин мавзӯъ баҳсе бикунем, муқаддиматан бояд бигӯем, дар бораи Зартушт, пайғамбари Маздаясно ва китоби Авасто, ки китоби муқаддаси Маздаясно ба шумор меравад, маҷҳулот бисёр аст:

Оё Зартушт як шахсияти афсонаӣ аст монанди Рустам ва Исфандёр, ё як шахсияти воқеӣ?

Ва бар фарзи ин ки як шахсияти воқеӣ ва торихӣ аст, дар чӣ замон мезистааст?

Дар бораи замони Зартушт аз шашсад сол пеш аз Масеҳ то шаш ҳазор сол пеш аз Масеҳ ихтилоф аст.

Ӯ бо чӣ подшоҳе муосир будааст? Оё воқеан муосири Виштосб (Гуштосб) будааст?

Маҳалли таваллуди ӯ куҷо будааст? Озарбойҷон ё Балх ё Форс ё Рай ё Хоразм ё Марв ё Ҳирот ва ё ҳатто Фаластин?

Дар чӣ нуқтае зуҳур кардааст?

Инҳо ҳама масоилест, ки аз назари торихӣ қобили таваҷҷӯҳ аст, вале муҳаққиқон ғолибан ӯро як шахсияти торихӣ ва воқеӣ медонанд ва ғолибан маҳалли таваллуди ӯро Озарбойҷон ва замонашро дар ҳудуди шашсад сол қабл аз Масеҳ медонанд.

Оқои Тақизода менависад:

Занни қавӣ меравад, ки Зартушт 258 сол қабл аз истилои Искандар бар Эрон ва қатли Доро (330- 331 қабл аз мелод) буда, ё 272 сол қабл аз вафоти Искандар (223 қабл аз мелод). Ва лизо мавзӯи қобили баҳс иборат аз он хоҳад буд, ки ин фосила чунонки гуфта шуд, то таваллуди Зартушт аст ё беъсати ӯ ё имони Гуштосб? Ва бинобар ин, бояд таваллуди Зартуштро дар санаи 568 қабл аз Масеҳ ё 618 ва ё 630 қабл аз Масеҳ донист. Ва агар фосилаи 272 то вафоти Искандарро ҳақиқӣ фарз кунем, аъдоди фавқ 595 ва 625 ва 637 мешавад”.

Дар бораи Авасто низ маҷҳулот фаровон аст:

Оё асосан Авасто, ки китоби муқаддаси Маздаясност ва мансуб ба Зартушт аст, ҳеч гоҳ тадвин нашуда ва ҳамеша сина ба сина нақл шудааст ва фақат дар давраи исломӣ зартуштиён барои он ки худро расман дар зумраи аҳли китоб қарор диҳанд, ба тадвини Авасто пардохтанд, ё қаблан тадвин шуда ва ба сурати мудавван даромада буд? Агар қаблан тадвин шуда буд, дар чӣ замоне ин тадвин сурат гирифтааст?

Баъзе мӯътақиданд, ки Авасто дар давраи ҳахоманишӣ мудавван буд ва бо ҳамлаи Искандар аз миён рафт ва ё Искандар онро сӯхт. Албатта маъруф миёни муаррихони шарқӣ ҳамин аст, ки Искандар Авасторо сӯхтааст, вале масъалаи сӯзонидани Искандар аз назари муҳаққиқони имрӯзи ғарбӣ мусаллам ва мавриди иттифоқ нест. Иддае ҳамин қадр мегӯянд, ки бо ҳамлаи Искандар Авасто дучори парешонӣ ва парокандагӣ гардид. Дар давраи ашконӣ муҷаддадан дар садади ҷамъоварии Авасто баромаданд, вале қадри мусаллам ин аст, ки дар оғози зуҳури Соcониён Авасто мураттаб ва мудавван набудааст ва ба дастури Ардашер яке аз руҳониёни зартуштӣ аз нав Авасторо мураттаб месозад, аммо он руҳонӣ бар асоси чӣ мадраке ин корро кард? Албатта маълум нест. Авастои соcонӣ бо Авастои аслӣ чӣ қадр интибоқ дорад ва чӣ қадр ихтилоф дорад? Боз ҳам маълум нест. Он чӣ маълум аст ин аст, ки ихтилофоти фаровоне миёни онҳо будааст. Чаро ҳамаи Авастои соcонӣ боқӣ нест ва фақат қисмате аз он боқист? Ин низ маълум нест. Кристенсен (Arthur Christensen) дар бораи матлаби ахир мегӯяд:

Гоҳе шахс ба фикр меафтад, ки чаро қисмати бештари Авастои соcонӣ дар замонҳои исломӣ нобуд шудааст? Медонем, ки мусалмонон зартуштиёнро аҳли китоб мешумурдаанд, бинобар ин нобуд шудани китобҳои муқаддаси он тоифаро наметавон ба таассуби исломиён мансуб кард. Ва чунонки дидем, бештари қисматҳои Авастои соcонӣ дар қарни нӯҳуми мелодӣ (севвуми ҳиҷрӣ) ҳанӯз мавҷуд буда ё лоақал тарҷумаи паҳлавии онҳо ба инзимоми тафсири маъруф ба “Занд”-ро дар даст доштаанд. Мусалламан, суъубати (душвории) зиндагонии моддӣ, ки дар он торих гиребонгири зартуштиён шуда буд, маҷол намедод, ки наслан баъди насл ин маҷмӯаи бузурги муқаддасро рӯнавис кунанд. Ва аз ин ҷо пай мебарем, ки чаро нусукҳои (аҳкоми) ҳуқуқӣ ва назоири он дар тоқи нисён мондааст, зеро ки дар он замон давлати зартуштӣ вуҷуд надошт ва нусукҳои ҳуқуқӣ бефоида ва холӣ аз аҳаммият ва эътибор менамуд. Аммо чаро нусукҳоеро, ки шомили илми мабдаъ ва маод ва таквин ва соири улуми асосӣ буд, ҳифз накарданд? Қароине дар даст дорем, ки аз рӯйи он метавон гуфт, шариати зартуштӣ дар қарни нахустини тасаллути араб то ҳадде ислоҳ шуда ва тағйир пайдо кардааст ва зартуштиён худ моил будаанд, ки баъзе аз афсонаҳо ва асотири оммӣ ва баъзе аз эътиқодотеро, ки дар фусули Авасто сабт шуда буд ҳазф кунанд”.

Кристенсен (Arthur Christensen) афсонаи хилқатро тибқи мундараҷоти Авастои соcонӣ чунин нақл мекунад:

Умри дунё болиғ бар 12000 сол аст. Дар се ҳазор соли нахустини олам, Урмазд (Аҳуромаздо, ё олами равшанӣ) ва Аҳриман (ё олами торикӣ) дар ҷивори якдигар ором мезистаанд. Ин ду олам аз се ҷониб номутаноҳӣ буда, фақат аз ҷониби чаҳорум ба якдигар маҳдуд мешудаанд. Дунёи равшан дар боло ва олами зулмонӣ дар зер қарор дошта ва ҳаво фосилаи онҳо будааст. Махлуқоти Урмазд дар ин се ҳазор сол дар ҳоли имконӣ буданд, сипас Аҳриман нурро дида дар садади нобуд карданаш баромад. Урмазд, ки аз оянда огоҳӣ дошт, масоффе ба муддати нӯҳ ҳазор сол бо вай тарҳ афканд. Аҳриман, ки фақат аз мозӣ огоҳ буд, ризо дод. Он гоҳ Урмазд ба ӯ пешгӯӣ кард, ки ин ҷидол бо шикасти олами зулмат хотима хоҳад ёфт. Аз истимои ин хабар Аҳриман сахт мутаваҳҳиш шуд ва муҷаддадан ба олами торикӣ дарафтод ва се ҳазор сол дар он ҷо беҳаракат бимонд. Урмазд дар ин фурсат даст ба офариниши ҷаҳон зад. Ва чун кори хилқат ба поён расид, говеро биёфарид, ки мавсум ба гови нахустин аст. Пас он гоҳ инсони бузург халқ кард ба номи Гевмард (Каюмарс), ки намунаи навъи башар буд. Он гоҳ Аҳриман ба офаридагони ӯ ҳамла бурд ва аносурро биёлуд ва ҳашарот ва ҳавомми зорраро биёфарид. Урмазд дар пеши осмон хандақе канд. Аҳриман мукаррар ҳамла кард ва оқибат гов ва Гевмардро бикушт, аммо аз тухмаи Гевмард, ки дар дили хок нуҳуфта буд, чиҳил сол баъд гиёҳе раст, ки аввалин завҷи одамӣ ба исми Машяг ва Машёнаг (Машй ва Машёна) аз ӯ берун омад. Давраи омезиши нуру зулмат, ки онро гумизшан гӯянд шурӯъ шуд. Инсон дар ин ҷанги хайру шарр ба нисбати аъмоли нек ё бади худ аз ёрони нур ё аз аъвони зулмат шумурда мешавад”.

Акнун бозгардем ба ислоҳоти Зартушт.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: