Малик Салмон дар паёме ба Натонёҳу: “Замони таҳаққуқи сулҳ фаро расидааст!”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дирӯз дар дидор бо Бенёмин Натонёҳу, паёмеро аз подшоҳи Арабистон ба нахуствазири “Исроил” додааст.

Ба гузориши Раъюл-явм ба нақл аз Маъорив, Дунолд Тромп ин паёмро аз Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Арабистон ба Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири “Исроил” интиқол дода, ки «Замони таҳаққуқи сулҳ фаро расидааст”.

Бар асоси гузориши Раъюл-явм, Тромп ба Натонёҳу гуфтааст, ки “ҷаҳони араб ба таҳаққуқи сулҳ тамоюл дорад” ва вай мӯътақид аст, ки Маҳмуд Аббос низ хоҳони сулҳ аст.

Ин рӯзнома навишт, Тромп аз раҳбарони араб ва подшоҳи Арабистон ин масъаларо интиқол дод, ки онҳо “ба пешбурди раванди сиёсӣ миёни Исроил ва фаластиниҳо тамоюл доранд”.

Баёнияи Кохи сафед

Кохи сафед рӯзи сешанбе ҷузъиёти нишасти Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрикоро мунташир кард.

Бар асоси ин баёния, тарафайн дар дидори рӯзи душанбе бар лузуми “беҳбуди равобити Телавив бо кишварҳои арабӣ ва дар айни ҳол, талош барои муқобила бо фаъолиятҳои минтақаии Эрон” таъкид кардаанд.

Дар бахше аз ин баёния омадааст: “Тарафайн бар лузуми муқобила бо Эрон ва ноибонаш, аз ҷумла аз тариқи эҷоди тавонмандиҳои низомии қудратманд барои ҳифозат аз Исроил ва минтақа дар баробари таҷовузгарии Эрон, тавофуқ карданд.”

Натонёҳу ва Тромп дар ин нишаст ҳамчунин аз “маҳкум кардан теруризм дар нишасти Риёз” тамҷид кардаанд.

Ин баёния меафзояд: “Раисиҷумҳур Тромп ишора кард, ки манофеи муштарак миёни Исроил ва кишварҳои арабӣ, имкони широкатҳои тозаро афзоиш додааст. Нахуствазир Натонёҳу ҳам дар мавриди майлаш ба доштани равобити беҳтар бо кишварҳои арабӣ сӯҳбат кард.”

Натонёҳу: “Ба хотири набарди муштарак бо Эрон, сулҳ бо аъроб ва Фаластин мумкин аст”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ва Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ имрӯз (сешанбе) бо ҳузур дар Қудси ишғолӣ, дар бораи масоили мухталифе суханронӣ карданд.

Натонёҳу дар ибтидои ин суханронӣ, бо бисёр муҳим хондани иттиҳоди Омрико ва режими саҳюнистӣ, таъкид кард, “Исроил ҳеч вақт дӯсте беҳтар аз Омрико надоштааст”.

Вай гуфт: “Ба хотири таҳдиде, ки аз сӯи Эрон мутаваҷҷеҳи Исроил ва кишварҳои арабист ва ҳамчунин набарди муштарак бо Ҷумҳурии Исломӣ, тавофуқи сулҳи бодавоме бо аъроб ва фаластиниён метавонад ҳосил шавад”.

Раисиҷумҳури Омрико ба унвони суханрони баъдӣ, бо ишора ба иртиботи ногусастанӣ миёни Вошингтун ва Телавив, гуфт: “Бояд бо ҳам ҷиҳати аз байн бурдани эътиқодоти такфирӣ ва тафаккуроте, ки боиси ҳамлаи теруристӣ монанди инфиҷори Манчестер мешавад, талош кард”.

Тромп таъкид кард, давлати ӯ ҳамвора дар канори Исроил хоҳад истод.

Вай бо ишора ба дидори чанд рӯзи қаблаш бо Малик Салмон дар Риёз афзуд: “Бояд эътилофе аз шариконро эҷод кард, ки бо ифротигарӣ мубориза кунад, ва ин ҳадаф муҳаққақ нахоҳад шуд магар замоне ки ҷаҳон мавҷудияти Исроилро ба расмият бишносад”.

Раисиҷумҳури Омрико бо терурист хондани ҷунбишҳои муқовамати Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос, тасреҳ кард: “Ин ки сарони Эрон мукарраран хостори нобудии Исроил ҳастанд, дар давлати Дунолд Тромп иттифоқ нахоҳад афтод.”

Тромп бо таъкид бар ин ки давлаташ исрор дорад эътилофи “НАТО”-и исломиро ташкил диҳад, изофа кард: “Шахсан ӯҳдадор ҳастам исроилиҳо ва фаластиниҳо ба як тавофуқи сулҳ бирасанд ва ба шумо мегӯям, фаластиниён омода ҳастанд ба ин тавофуқ бирасанд”.

Вай бо баёни ин ки албатта расидан ба сулҳ осон нест, гуфт: “Барои сулҳ бояд кишварҳоямонро қавӣ кунем ва ин кор бо мутаваққиф кардани ҳаракати Эрон ба сӯи силоҳи ҳастаӣ ва ҳимоят аз теруризм дар дунё иттифоқ хоҳад афтод. Эрон ҳаргиз силоҳи ҳастаӣ нахоҳад дошт”.

 Вокуниши раиси Маҷлиси Эрон ба нишасти Риёз

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, дуктур Алӣ Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон (порлумон), бо ишора ба сафари Тромп ба Арабистон изҳор кард: “Ин ки раисиҷумҳури Омрико дар ибтидои сӯҳбаташ гуфтааст, ки чӣ қадр пул аз давлати саудӣ гирифта то қабул карда дар ин иҷлос ширкат кунад, нуктаи ҷолибест”.

Вай идома дод: “Аз аҷоиби рӯзгор ин аст, ки саудиҳо ва Омрико аламдори мубориза бо терурист шудаанд. Аз ишғоли Афғонистон тавассути Шӯравии собиқ то имрӯз анвоъу ақсоми гурӯҳҳои теруристӣ эҷод шудааст, ки дасти саудиҳо дар пушти саҳна ва рӯи саҳна, дар эҷоди ин гурӯҳҳои теруристӣ машҳуд аст”.

Лориҷонӣ афзуд: “Дар мавриди Толибон фақат кофист, ки ба мусоҳибаи хонум Беназир Буту, нахуствазири фақиди Покистон, таваҷҷӯҳ кунем, ки дар ҷавоби хабарнигоре, ки суол карда буд, чаро Покистон Толибонро эҷод карда, изҳор кард, ки ин қадр Покистонро сарзаниш накунед, Толибон аз як мусалласи ҳамкорӣ ба вуҷуд омад, ки тарроҳӣ ва ҳидояти он бо Омрико ва Ангилис буд, пули онро Саудӣ ва Аморот доданд ва иҷрои он тавассути Покистон буд”.

Лориҷонӣ изҳор дошт: “Аз гузориши ахири масъулони Омрико дар мавриди 11 сентябр дар мавриди Алқоъида, ҳанӯз чанд моҳ намегузарад. Дар ин гузориш онҳо мақомоти саудиро дар моҷарои 11 сентябр дахил дониста буданд, оё тардиде вуҷуд дорад, ки ДОЪИШ ва Аннусра бо кӯмаки саудиҳо ва бархе кишварҳои кучаки минтақа эҷод шудаанд, ҳамин тавр гурӯҳҳои дигари теруристӣ ҳама аз ҳимоятҳои саудӣ бархӯрдоранд?

Лориҷонӣ тасреҳ кард: “Ҳукумати Арабистон аз оғози кор даргири ҷангу терур, он ҳам фақат бо мусалмонони араб будааст. Саудиҳо ҳатто як тир ҳам ба сӯи саҳюнистҳо шиллик накарданд”.

Лориҷонӣ идома дод: “Уламо ва равшанфикрони зиёде аз мазоҳиби аҳли суннат аз саудиҳо осеби фаровон диданд. Режими саудӣ чандин бор ба Яман ҳамла кард ва ба баҳонаҳои гуногун мардуми ин кишварро ба хоку хун кашид, аммо Оли Сауд дар ҳеч набарде дар баробари Исроил ҳозир ба ҳазина ва фидокоӣ нашуд”.

Вай баён кард: “Наздики 60 сол аст давлати Арабистон ба номи густариши ислом бо эҷоди масоҷид ва омӯзиши ҷавонон идеулужии хушунатро дар ҷаҳон густариш додааст”.

Лориҷонӣ идома дод: “Аз тарафе давлати саудӣ талош кард, ки Алазҳарро, ки мазҳари фикри эътидолтар ва амиқтар аст, ба ҳошия барад ва онро мунзавӣ кунад. Чунин кишваре бо чунин идеулужии ифротӣ, муддаӣ шудааст, ки Эрон аз тариқи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақа дар садади густариши теруризм аст”.

Лориҷонӣ идома дод: “Мо бо ироаи интихобот, раъй ва сандуқи раъй, дар ҳоли густариши демукросӣ дар минтақа ҳастем. Шумо ҳанӯз ба занон иҷозаи ронандагӣ намедиҳед, қонуни асосӣ ва интихобот надоред, он вақт муддаии Эрон шудаед!

Вай тасреҳ кард: “Он чизе, ки боис шуд шумо аз Инқилоби Исломии Эрон битарсед, улгу шудани Эрон ба унвони як кишвари озод аст, ки бо раъйи мардум идора мешавад”.

Раиси порлумони Эрон таъкид кард: “Ин мояи нанги як кишвари исломист, ки дар пойтахти худ садои Омрикоро мунташир кунад ва ду гурӯҳи муҷоҳиди араб яъне Ҳизбуллоҳ ва Ҳамосро, ки дар роҳи мубориза бо режими саҳюнистӣ талош кардаанд, ба унвони терурист бихонад”.

Лориҷонӣ унвон кард: “Агар шумо кинаи ноаҳлонае нисбат ба шиъаён доред, Ҳамос, ки як гурӯҳи суннимазҳаб ва мубориз дар муқобили саҳюнистҳост, оё ин барои шумо хиҷолатовар нест?!

Лориҷонӣ таъкид кард: “Зимнан бояд ба ҳоли шоҳи Арабистон, ки муддаӣ шуда Эрон дар масоили дохилии кишварҳои минтақа дахолат мекунад, таассуф хӯрд. Шумо намунае аз таҷовузи Эрон ба як кишвар суроғ доред?! Ҷуз ин аст, ки шумо ва бархе кишварҳои минтақа Саддомро таҳрик ба таҷовуз ба Эрон кардед, аммо вақте Саддом ба Кувайт ҳамла кард, мо дар канори шумо будем. Мо ба мардум ва давлати Кувайт дар муқобила бо Саддом кӯмак кардем”.

Вай тасреҳ кард: “Оё Эрон ба Баҳрайн лашкари зиреҳӣ эъзом кард, ё тонкҳои шумо Баҳрайнро ишғол кард? Оё ба Яман Эрон таҷовуз кард, ё ду сол аст ҳавопаймоҳои саудӣ ин миллати фақир аммо шуҷоъро бомбборон мекунад?! Мо бо ҳеч кишвари ҳамсоя мушкил надорем, ҳатто бо саудиҳо ҳам мушкил надорем, аммо ин шумо ҳастед, ки солҳо алайҳи Эрон душмании ошкор ва ниҳон роҳ андохтаед”.

Лориҷонӣ изҳор дошт: “Ба раисиҷумҳури асбақи Омрико пайғом додаед, ки сари аждаҳоро, ки мақсуд Эрон буд бизанед, албатта Эрон бо рафтори шумо дар ҳимоят аз теруристҳои одамкуш мухолиф аст ва барои як кишвари исломӣ нанг медоданд, ки дар ҳини ҷанги 33-рӯза бо Ҳизбуллоҳи Лубнон, ба кӯмаки режими саҳюнистӣ биштобед ва ҳамкории иттилоотӣ бо ин режим бикунед”.

Вай гуфт: “Эрон бо ҷангафрӯзии саудиҳо алайҳи мусалмонони Яман мухолиф аст ва онро навъе наслкушӣ медонад. Эрон бо лашкаркашии Саудӣ ба Баҳрайн ва махсусан бо иқдомоти вақеҳонаи ахир дар бораи Оятуллоҳи муҷоҳид Шайх Исо Қосим мухолиф аст”.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: