Миллати шеъргӯем, ё ҳақоратгӯ?

Ба қалами Хайриддини Абдуллоҳ

Орифону шоирони бузурги тоҷик аз огоҳиву ҳушёрӣ, аз ноитифоқӣ, дурӣ аз душманиву дашном ва дигар амалҳои ғайриахлоқиву ғайриинсонӣ ҷилду ҷилд китобҳову осорҳо навиштаанд. Шояд дар ҷаҳон эҷодгароне ба андозаи эҷодгарони тоҷикон дар бораи адабу тамизу мутаҳидӣ нанавишта бошанд. Пас беадабтарин, дашномкунандатарин, ноитифоқтарин, бегонапарасти худкуштарин, маҳалгаротарин дар ҷаҳон шояд мо тоҷикон будаем. Агар ба зиндагии гузаштагони бузурги худ нигарем, ин ҳама худ як бурҳони зинда аст. Шикасти давлати бузурги Сомониён аз чӣ сабаб буд? Сӯҳроби писари Рустам аз дасти кӣ кушта шуд? Рӯдакиву Аҳмади Дониш ба дасти кӣ ва ба чӣ гуна азоб нобуд шуданд? Дарбадарии Абӯалии Синоро медонед? Онҳоро аз дасти кӣ дар гурезу ҳукм бар куфраш карданд? Мавлоно Ҷомӣ ки яке аз уламои бузург, ки дар фиқҳ пойбанд ба ҳанафимазаб ва дар тариқат нақшбандия буда, аммо аз дасти кӣ ҷонаш ба лаб расида, ки мегӯяд:

Эй муғбачаи даҳр бидеҳ ҷоми маям, 

К-омад зи низои шиаву суннӣ қаям. 

Гӯянд, ки Ҷомиё, чӣ мазҳаб дорӣ, 

Сад шукр, ки сагсуннию харшиа наям.

Ҳазрати Ҷомиро чӣ маҷбур кард, ки ин суханро гуфт? Осимӣ аз дасти кӣ кушта шуд? Имрӯзҳо ҳам аз миёни муҳоҷироне, ки дар кишвари Русия нобуд мешаванд, аз 100% қариб 70% онҳо оё чунин нест, ки аз дасти тоҷики худ кушта мешаванд? Дар ватан бошад аксари мардум писар бо падар, бародар бо бародар, ҳамсоя бо ҳамсоя, деҳа бо деҳа дар хуни як дигар ташна буда, дар шикасти якдигар хурсанд ва дар хурсандии якдигар ғамгин нестанд? Зинову хиёнат ба занҳои шавҳардор расида, ки агар зани хиёнаткори шавҳардор дар ҳолати зинокориаш дастгир шавад пулис ба ҷои он занро зиндону ҷарима кардан баръакс хонаи шавҳарашро аз дасти шавҳараш гирифта, ба он зан медиҳад. Оё ин ҳама гом ба гом ба сӯйи фасодравии миллату кишвар нест?

Ин ҳама як сӯ ва дар кӯчаҳои шаҳр пастарин дашном аз забони бисёрии хурду бузург шунида мешавад ва макони шунидани ҳақорату дашном ин аз забони ронандагони нақлиёти мусофирбар дар маркази кишвар, дар ҳолати пур аз мусофирони зану мард, хурду калон дар дохилаш, пастарин дашному ҳақорат гуфта мешавад. Оё хатарноктар аз ин ҳам ҳаст, ки ин ҳақорату дашном натанҳо дар миёни авбошу фаҳҳоши ҷомиъа ҷӯш мезанад, балки дар миёни бархе мазҳабиҳо садо медиҳад ва дар масҷидҳо ғайбат ва ҳақорату дашному ҷанҷолу обурӯрезии якдигар дар миёни намозгузорони бархе масҷидҳои кишвар мегузарад?

Дар миёни бархе аз коркунони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз забони аксари коркунони ваҳшии пулис бадтарин дашном, ки ба модар аст шунида мешавад. “Фалони ача, ачаша фалон кунам….”

Ин гаппартоӣ ва масхараву бо чашми ҳаром нигоҳ кардан ба духтарону занони роҳгузар, ин одитарин кори бархе пиру ҷавони марди тоҷик, ки ҳатто бо зану духтари ҳамсояи дар ба девораш назари ҳаром дорад.

Дар миёни бисёре аз ҷавонони деҳаву шаҳр фарҳанги ноинсонӣ рахна кардааст, ки якдигарро ба номҳо ва лақабҳои зишт хонда ва боз дар баробараш як чанд фаҳши беномусии қабеҳро якҷо карда, обӯрезии якдигар мекунанд? Пас бо чунин фисқу ноинсониҳои худ, Худо ҳоли ҷунин тоифаро куҷо хуб кунад? Оё дар миёни чунин ноинсонниҳо зиндагӣ карда мешавад?

Дар ҷомеае, ки дар аксари авлод як ё ду нафарашон ҳатман зиндонӣ ва ё зиндондидааст, ё аз рӯи қочок ва ё дуздиву авбошӣ, оё зиндагӣ дар миёни чунин афрод бадтарр аз ин ҳам мешавад ки чунин ҳаст? Ба Худо, ки фарҳанги аксарияти насли имрӯзи мо дашному ҳақорату беҳаёӣ шудааст.

Чунин тоифа касон, ки пардаи шарм ва ҳаё медаранд ва бепарво фаҳш мекунанд ва обу рӯи инсонҳоро мавриди таҷовуз қарор медиҳанд, бояд бидонанд, бо доштани чунин ахлоқ ва сифати палидӣ, ботин ва сифаташон шайтонӣ аст.

* * *

Дидгоҳи қурону суннат дар бораи фаҳш ва носазо

Паёмбараш(с) бар асоси фармудаҳои Худованд ҳаргиз дар ҳеҷ шароиту ҳолате бар ҳеҷ касе дашномро раво надошта балки як кори зишту ноинсонӣ донистааст. Худованд мефармояд: “ Эй мӯъминон, дашном надиҳед касонеро ки ғайри Худоро мехонанд…”( Сураи Анъом, ояти 108)

Агар мо ба аҳволи бархе мусалмоннамоёни тоҷик нигарем дар шабакаҳои интернети як дигарро шиаву суфиву муртад гуён чунон туҳмат, ғайбат, бадгуйи, обурурезии якдигару дашноми якдигар мекунанд, ки шайтон дар кори онҳо ҳайрон мемонад зеро шайтон ҳатто ба худ иҷозаи базе гуноонро нораво дониста намекунад монанди туҳмат задан баркасеро.

Ҷаноби Расулаллоҳ (с) мефармояд: “ Биҳишт бар фаҳҳош ва ҳарзагӯ, камҳаё, ки парво надорад чӣ мегӯяд ва чӣ мешунавад, чӣ ба ӯ гуфта мешавад парвое накарда, нороҳат намешавад, ҳаром аст” (Иршодул қулуб.ҷ.1.с143).

Ва инчунин боз Паёмбари гиромӣ(с) дар дигар ҳадиси шарифи хеш мефармояд: “Носазо гуфтан ба мумин фисқ аст ва ҷанг бо Ӯ куфр ва хӯрдани гӯшти Ӯ (ғайбат кардан аз вай) маъсияти Худост”.

Яке аз наберагони ҷаноби Паёмбари бузаргвор(с) Ҳазрати имом Содиқ (р.ҳ), ки эшон устоди имоми Аъзам (р.ҳ) мебошад, мефармояд: “Ҳар гоҳ мардеро дидед, ки боке аз он чи гӯяд ва он чи бо Ӯ гуфта шавад надорад, пас ба дурустӣ, ки ё аз зино аст, ё аз ширкати шайтон (дар нутфааш)”.

Эй кош як қонуни наве аз тарафи ҳукумат мебаромаду ҳар як дашному ҳақораткунандаеро, ки дар ҷойҳои ҷамъитӣ дашному ҳақорат мекунанд, як ҷаримаи хуб ва ҷазои хубе дода мешуд ва зуд ин фаҳошони беҳаёи дур аз одамият буда даст кашида бас мекарданд аз чунин кирдори палидиашон. Зеро дар миёни чунин афрод зистани инсонҳои бо маърифати бузург як дӯзахест дар ин дунё.

Реклама


Рубрики:Ахлоқи зишт

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: