“Омрико ба дунболи даргирии шиъа ва суннӣ аст”

Як нависандаи мисрӣ навишт: “Омрико дар садади барқарории оромиш барои тавсиъаи минтақа нест, балки ба дунболи даргирӣ байни шиъа ва суннӣ аст”.

Рӯзномаи Akhbar дар мақолае ба қалами Муҳаммад Ассайид Ид бо унвони “Паймони омрикоӣ-исломӣ” унвон мекунад: “Омрико бо таблиғи афкори худ дар садади пӯшондани либосу пӯшиши ҷадиде ба афкораш барои гумроҳ ва мунҳариф кардани мо арабҳо аз ҳақоиқ ва дур кардани арабҳо аз меҳвари низоъ ва даргирии аслӣ дар минтақа яъне даргирии арабӣ-исроилӣ аст. Бо ин тафовут, ки Омрико ин бор моро на аз густариши кумунизм, балки аз пешравии Эрон метарсонад, то моро нисбат ба зарурати вуруд ба паймони суннӣ дар муқобила бо Эрони шиъӣ қонеъ созад. Ва табъан ин ба маънои ҷойгузинии душмани ҷадид яъне Эрон ба ҷойи душмани кунунӣ яъне Исроил аст”.

Вай дар идома меафзояд: “Рӯйкарди Омрико ба раҳбарии Тромп, тафовуте бо Омрикои даврони Убомо надорад. Омрико дар садади барқарории оромиш барои тавсиъаи минтақа нест, балки дар садади табдили низоъ ва даргирии кунунӣ байни низомҳои арабӣ ва созмонҳои теруристӣ ба даргирӣ ва низоъи ҷадид ва шадидтаре яъне даргирии суннӣ ва шиъа аст”.

Нависандаи ин мақола хотирнишон мекунад: “Умедворам арабҳо ва мусалмонони суннӣ, ки дунболарави Омрико ҳастанд, ҳушёр бошанд ва бидонанд, ки шиъаён мисли аҳли суннат мусалмон ҳастанд ва намоз мехонанд ва закот медиҳанд ва дар рамазон рӯза мегиранд ва ҳаҷ ба ҷой меоваранд. Ҳеч ихтилофе байни суннӣ ва шиъа дар мавриди аркони асосии ислом вуҷуд надорад. Ихтилоф байни мо ва онҳо бар сари масоилест, ки қобили баҳсу баррасӣ ва тафоҳум аст. Фирқаҳои шиъа мисли шиъаёни зайдӣ ихтилофе бо аҳли суннат надоранд ва хилофати Абӯбакр ва Умарро алорағми ҳузури Алӣ ибни Абӯтолиб муҷоз медонанд. Аз назари фиқҳӣ, муштаракоти зиёде байни фиқҳи аҳли суннат ва шиъа (имомия) вуҷуд дорад, ба ҳадде ки Алазҳар амал тибқи фатвоҳои фиқҳии шиъаро муҷоз донистааст”.

Дар идомаи ин мақола омадааст: “Гумон мекунам, Омрико ва дунболаравҳои он дар минтақа, дар садади эъмоли фишор бар Миср бо баргаҳои мухталиф барои пайвастани Миср ба ин сохтор ва низоми ҷадид дар минтақа ҳастанд, аз ҷумлаи ин баргаҳои фишор:

Аввал, кӯмакҳо бар ин асос, ки Миср дар шароити сахти иқтисодӣ ба сар мебарад ва ниёз ба кӯмакҳо ва сармоягузорӣ барои тақвияти иқтисоди худ дорад.

Дуввум, ишораи зимнӣ ба ҳалли мушкили Фаластин, аммо ин роҳи ҳал мавҳум аст, зеро мо ваъдаҳо ва қавлҳои Тромп ба Исроил барои мувофиқат бо интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудс ба унвони пойтахти Исроилро ба ёд дорем, ки ба маънои ихроҷи фаластиниҳои сокин дар марзҳои 48 аст.

Севвум, қавлу ваъдаи таваққуфи иқдомоти хасмонаи Туркия ва Қатар алайҳи Миср ва аз ин рӯ даъват аз Миср ва Қатар ва Туркия барои ҳузури ҳамзамон дар иҷлоси Риёз аҷиб набуд”.



Рубрики:Таҳлилот, Шиъа ва суннӣ, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: