Ислом ва Эронзамин (21)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (9)

Ислоҳоти Зартушт

Ҳамаи касоне, ки Зартуштро як шахсияти ҳақиқӣ ва торихӣ медонанд, эътироф доранд, ки Зартушт дар ҷомеаи худ ислоҳоти иқтисодӣ ва эътиқодӣ ва иҷтимоӣ ба амал овард.

Ислоҳоти Зартушт яке дар ноҳияи манъи парастиши девон аст. Зартушт танҳо ба парастиши Аҳуромаздо даъват мекардааст ва девонро палид ва малъун ва ғайриқобили парастиш медонистааст. Зартушт қурбонии гов ва ҳар ҳайвони дигарро манъ кардааст.

Думезил (Georges Dumézil) дар мақолае, ки дар китоби “Тамаддуни эронӣ” дорад менависад:

Ислоҳи Зартушт тамому камол аст. Вай тариқаи ҷадиде барои ташкилоти иҷтимоӣ наёварда, вале ҷанбаи иқтисодии ислоҳи ӯ бисёр қавист. Дар ҳоли ҳозир умуман ақида доранд, ки ислоҳоти Зартушт мавқеъе сурат гирифта, ки иддае аз ақвоми ориёӣ аз ҳолати саҳрогардӣ ба ҳолати шаҳрнишинӣ ва деҳнишинӣ дармеомаданд ва чаридани галаҳо дар рӯйи маротеъи (алафзорҳои) номаълумро ба чаридан дар рӯйи заминҳои махсус ба ҳар қавму қабила мубаддал намуда буданд. Ба ҳамин далел, барои гови нару мода як навъ эҳтироми махсус, эҳтироми мазҳабӣ қоил шуда буданд. Масалан, куди (саргини) ҳайвоне дар ташкилоти ҷадиди шаҳрнишинӣ ва деҳнишинӣ аҳаммияти хосс пайдо карда ва ҳатто идрори гов ба дараҷаи маводди пок ва поккунанда иртиқо ёфтааст”.

Ҳамчунин Думезил мегӯяд:

Зартушт дар шашсад ё ҳазор сол қабл аз мелоди Масеҳ, қурбонӣ кардани ҳайвон ва хӯрдани шароби сукровари “сума”-ро, ки назди ҳинду эрониён беандоза аҳаммият дошт ва дар мазҳаби қадими ҳиндиҳо низ маъмул буд ҳазф кард. Барои Зартушт ибодат “андешаи нек ва гуфтори нек ва пиндори нек” буда. Ва ин кӯшиши дохилӣ ва хориҷии инсон аст, ки ӯро пирӯзмандона дар пайкори абадӣ миёни хайру шарр ширкат медиҳад, бақия хурофот ва гуноҳ аст. Зартушт мегӯяд: “Машруби сукровар ва касиф чӣ тавр мумкин аст ба некӣ мадад кунад, оё беҳтар нест, ки гови деҳқони шаҳрнишин ба ҷойи қурбонӣ барои Худованде, ки ҷисм надорад ва мӯҳтоҷ ба ғизо нест, ба корҳои муфиди мазореъ гумошта шавад?

Шароби “сума” ё “ҳум”, ки Зартушт ба шиддат онро маҳкум кардааст, иборат будааст аз усорае масткунанда аз як гиёҳи хосс, ки ба дурустӣ маълум нест чӣ навъ гиёҳе будааст, ва ориёиёни қадим дар маросими парастиш аз он истифода мекардаанд.

Оқои дуктур Муин мегӯяд:

Дар назари ӯ (ориёӣ)… фидяҳо дар ҳукми зиёфатҳоест, ки барои меҳмонони олимақом ва азиз таҳия мекунанд. Худоён дӯстона даъвати дӯстони худро мепазиранд. Ҳамон тавр, ки инсон аз ғизо қувват мегирад, онон низ ба воситаи ин зиёфатҳо қавӣ мешаванд. Махсусан ин асар дар шираи гиёҳи муқаддаси “сума” ё “ҳума”, ки руҳро фараҳ мебахшад мавҷуд аст… Ин гиёҳи кӯҳистон (сума) дорои соқаи нарм ва пуралёф аст ва ширае сапед ба ранги шир дорад ва онро дар китобҳои тиббӣ “ҳумул-маҷус” гӯянд… Усораи ин гиёҳро меҷӯшонанд ба ҳадде, ки дорои ранг шавад. Истеъмоли ин мойеъ дар мавқеи қурбонӣ яке аз куҳантарин ва беҳтарин  расмҳои ибодати ориёӣ аст. Ин нӯшобаро рӯйи оташ мерехтанд, алкуле, ки дар он мавҷуд буд, сабаби иштиъоли оташ мегардид. Руҳониён низ дар мавқеи иҷрои маросими ибодат ба қадри кифоят аз он менӯшиданд. Ин нӯшоба на танҳо муқаддас ва гиромӣ буд, балки аз ғароиби мӯътақадоти ориёӣ ин аст, ки барои ин гиёҳ дараҷаи худоӣ қоил буданд”.

Зартушт ин хурофаро мансух сохт, вале бори дигар ин хурофа дар давраи соcонӣ эҳё шуд ва ҷузъи сунани зартуштӣ қарор гирифт. Мегӯянд, дар Авастои соcонӣ дар “ҳуми яшт” (яснои 10 банди 8) чунин омадааст:

Оре, ҳамаи майҳои дигарро хашми хунини силоҳ дар пай аст, аммо он майи “ҳум”-ро ромиши (оромиши) ростӣ ҳамроҳ аст. Мастии “ҳум” сабук созад. Ҳар он мардуме, ки ҳумро чун писари (фарзанди) хурдсоле навозиш кунанд, ҳум худро барои онон омода сохта ба танашон дармон мебахшад”.

Бори дигар баргардем ба масъалаи ислоҳоти Зартушт. Дар китоби “Торихи адён” таълифи Ҷон Нос (John Boyer Noss), тарҷумаи Алиасғари Ҳикмат менависад:

Хайр ва савоб (дурустӣ) аз мадди назари амалии Зартушт он аст, ки заминро кишту заръ кунанд ва ғаллоту сабзиҷот бипарваронанд, гиёҳони музирра ва алафҳои ҳарзаро решакан созанд, арозии бойерро (фосидро) обод кунанд ва заминҳои хушкро об диҳанд, ҷонварони судманд ва ба вижа говро, ки барои кишоварзӣ ҳайвони муфид аст, ба меҳрубонӣ ва шафқат нигоҳ доранд ва улуфа диҳанд. Хулоса он ки одами хубу хайр ҳамеша ростгӯ ва аз дурӯғ безор аст, бар хилофи одами бад ва ширрир, ки хилофи ин аъмолро пешаи худ месозад ва абадан перомуни амали кишоварзӣ ва зироат намегардад, зеро Ангро Майню (Angra Mainyu, Аҳриман) ҳамеша бо аъмоли фалоҳатии судбахш душман аст”.

Ва ҳам ӯ менависад:

Зартуштиёни қадим дар муноҷотҳои худ мегуфтаанд: ман девро душман медорам ва Маздоро мепарастам. Ман пайрави Зартушт ҳастам, ки душмани девон ва паёмбари Яздон буд, равонҳои муқаддаси “амшосапандӣ”-ро меситоям ва назди Худованди доно паймон мебандам, ки ҳамеша некӣ ва некӯкорӣ пеша кунам, ростиро баргузинам, бо фарраи эзадӣ беҳтарин корро дар пеш гирам, дар бораи гов, ки аз атоҳои хайри фард аст меҳрубон бошам, қонуни адолат ва анвори фалакӣ ва партавҳои осмонӣ, ки манбаи файзи яздонианд мӯҳтарам шуморам. Ман фариштаи армитӣ (сипанди Урмуз), ки пок ва некӯст бармегузинам. Умед, ки ӯ аз они ман бошад. Аз дуздӣ ва нобакорӣ ва озор ба ҷонварон ва вайронӣ ва нобудии деҳҳо ва шаҳрҳо, ки маздопарастон манзил дорад бипарҳезам”.

Муҳимтарин масъала дар ислоҳоти Зартушт, ба масъалаи Худо ва ҷаҳон ва хилқат марбут аст. Оё Зартушт чӣ тасаввуре дар бораи худои ҷаҳон доштааст? Оё даъвати Зартушт як даъвати тавҳидӣ будааст ва ё ғайри тавҳидӣ? Мо ин баҳсро дар фасли ҷудогонае таҳти унвони “санавият” таъқиб хоҳем кард.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: