Чаро Арабистон ва Аморот расонаҳои қатариро филтер карданд?

Шабакаи Аларабия (вобаста ба хонадони Оли Сауд) ба нақл аз Вазорати хориҷаи Аморот эълом кард, ин кишвар ҳамаи пойгоҳҳои хабарии қатарӣ аз ҷумла пойгоҳи интернетии шабакаи Алҷазира-ро масдуд ва филтер кардааст. Ҳамчунин, пойгоҳи арабистонии Ашшарқул-авсат низ гузориш дод, ки Арабистон низ расонаҳои қатариро дар вокуниш ба изҳороти амири Қатар дар мавриди Эрон ва бознашри он дар расонаҳои Қатар, филтер кардааст.

Дар пайи изҳороти ҷанҷолии амири Қатар дар ҳимоят аз Эрон , ки хабаргузории расмии Қатар онро мунташир ва шабакаҳои қатарӣ ба нақл аз ин хабаргузорӣ онро бознашр карданд, ҳамалоти бесобиқаи расонаҳои аморотӣ ва саудӣ алайҳи подшоҳи Қатар шакл гирифтааст.

Ҳарчанд Қатар расман эълом карда, ки хабаргузории расмии ин кишвар ҳак шуда буд, Аморот ва Арабистон чунин иддаоеро напазируфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзномаи Арриёз-и Арабистон ба шиддат ба Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар, ҳамла ва онро дар ростои “эҷоди шикоф дар ҷаҳони араб” тавсиф кард ва навишт: “Амири Қатар уммати арабро вориди ихтилофоти ҷадид кард”.

Бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе, 24.05.2017) расонаҳои арабӣ изҳоротеро ба нақл аз Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар бораи Эрон мунташир карданд. Бо вуҷуди ин, хабаргузории Қатар, соатҳое баъд ин изҳоротро такзиб ва эълом кард, ки интисоби он ба амири Қатар дуруст нест.

Ахбори мунташира дар расонаҳои арабизабон аз ҷумла Аларабия ва чанд расонаи дигар, аз ин амр ҳикоят дошт, ки амири Қатар дар изҳороти худ таъкид кардааст: “Эрон як қудрати исломӣ аст ва ҳеч ақлонияте дар душманӣ бо Эрон вуҷуд надорад”.

Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҳамчунин гуфтааст: “Эрон як қудрати аслӣ барои ҳифзи субот дар минтақа аст”.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: