Ғаззолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (1)

Бахши аввал

Пешдаромад

Аз назари шариат, ба чӣ касе мусалмон мегӯянд ва ба чӣ касе кофир? Донистани ин масъала хеле муҳим аст.

Имрӯз, Худоро шукр, бештари мардуми ҷомеаи мо ба дин рӯй овардаанд, ба ин маъно, ки хештанро пойбанд ба анҷоми вазоифи шаръӣ намудаанд. Пештар, яъне дар даврони Шӯравӣ, чунин набуд.

Он вақтҳо, гарчи ҳама худро мусалмон медонистанд (ва албатта чунин ҳам буд), вале касоне, ки пойбанд ба анҷоми вазоифи шаръӣ бошанд — яъне намоз хонанд, рӯза гиранд, закоти молашонро бипардозанд ва хулоса таколифи шаръии худро анҷом бидиҳанд — хеле андак буданд. Аммо имрӯза чунин нест, мебинем бештари мардум пойбанд ба анҷоми вазоиф ва таколифи шаръияшон ҳастанд. Ин ҷойи шукр дорад.

Бо вуҷуди ин, дар ин миён, як “аммо”-е ҳаст. Диндор будан ва пойбанд ба анҷоми таколифи шаръӣ будан, хеле хуб аст. Ин ҳолат, ҳам мавриди ризои офаридгор аст, ва ҳам аз назари иҷтимоӣ хеле некӯст. Билохира, одами диндор даст ба корҳои нораво намезанад, дуздӣ намекунад, ба номуси мардум таҷовуз намекунад… Ин худ як амнияти равонии матлуберо дар ҷомеа падид меоварад. Ин хеле хуб аст.

Пас, чаро гуфтем, ин ҷо як “аммо”-е дорем? “Аммо”-и мо, дар ноҳияи “чӣ гуна диндор будан”-и шахс аст. Диндор ва инсони пойбанд ба анҷоми вазоифи шаръӣ, диндорияш метавонад бар як огоҳӣ ва басират устувор бошад, ва ҳам метавонад бо як ҷаҳолат ва нодонӣ ҳамроҳ бошад.

Агар “диндорӣ”-и мардум, бар пояи як биниш ва огоҳӣ аз маорифи исломӣ ва аҳкоми шариат устувор набошад, чи басо чунин диндорие ба зарари ҷомеа поён ёбад, ва аслан чунин диндорие, мавриди қабули ислом ҳам нест.

Масалан, агар як мусалмон, ки бар асоси додаҳои мазҳабияш мӯътақид аст, ки ҳангоми намоз бояд дастони намозгузор зери ноф бошанд, ӯ агар ба таври дақиқ надонад, ки ҳукми шариат роҷеъ ба мусалмони дигаре, ки дар ин масъала бо ӯ ихтилофи назар дорад чист, (масалан, ин дигарӣ мӯътақид бошад, ки дастони намозгузор бояд болои сина гузошта шаванд), чи басо ба маҳзи ҳамин ихтилофи назар, бо ӯ даст ба гиребон шавад ва ҳатто аз доираи ислом ҳам берунаш бидонад.

Албатта, фарқе ҳам надорад, мазҳаби аввалӣ кадом аст ва мазҳаби дуввумӣ кадом. Як нафар мусалмони ноогоҳ, метавонад салафӣ бошад, метавонад ҳанафӣ бошад, метавонад ҳанбалӣ бошад, метавонад шиъа бошад… Яъне, чунин нест, ки ҷаҳолат ва нодонӣ махсуси як мазҳаби хосс аз мазоҳиби исломии мавҷуд бошад, ки агар масалан салафӣ буд, пас ӯ ҳатман нодон аст, вале агар ҳанафӣ буд, ҳатман ӯ огоҳ аст. Чунин нест. Ҷаҳолат ва нодонӣ мазҳаби хоссе надорад.

Он чи матлуби ҷомеаи мост ин аст, ки мусалмонони Тоҷикистон, дар айни ин ки ағлаб ҳанафимазҳаб ҳастанд ва ба мазҳаби худ ифтихор ҳам мекунанд, вале ҳанафимазҳабҳои огоҳ ва бобасират бошанд, на мутаассибу ҷоҳилу нодон. Ҳама бояд бидонанд, ки дар ҷаҳони паҳновари исломӣ, ҳама ҳанафимазҳаб нестанд. Бархе шофеӣ ҳастанд, бархе ҳанбалӣ, бархе моликӣ, бархе ҷаъфарӣ, бархе исмоилӣ, бархе ҳам салафӣ ва ғайра… Инҳо ҳама мусалмонанд, кофир нестанд.

Яке аз беҳтарин роҳҳои пешгирӣ аз бурузи марази такфир ин аст, ки уламои огоҳ бояд ба табйину тавзеҳи дидгоҳи шариат роҷеъ ба ин масъала, яъне масъалаи ҳадду марзи куфру ислом бипардозанд. Барои мардум ва ба вижа ҷавонон, бояд бифаҳмонанд, ки намешавад мусалмонеро фақат ба ин ҷиҳат, ки дар порае аз масоил бо мо ихтилоф доранд, кофирашон хонем.

Инро ҳам арз кунам, ки агар мегӯям, набояд бе ҷиҳат касеро кофир хонд, ба ин хотир нест, ки дилам чунин мехоҳад, ҳавоям чунин мехоҳад, ҳаргиз, балки ин худи шариат аст, ки моро аз такфири мусалмонони дигар бозмедорад.

* * *

Дар ин миён, мо уламои огоҳ ва бобасирати фаровоне доштем, ки ин масъаларо некӯ тавзеҳ додаанд. Аз миёни ҳамаи онҳо, Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ хеле хуб ва олимона масъаларо баён кардааст.

Марҳуми Ғаззолӣ, ин олим ва донишманди вораста, ки дар ҳақиқат яке аз эҳёгарони тафаккури исломӣ аст, китобе дорад ба номи “Эҳёи улуми динӣ”. Ин китоб воқеан як шоҳкор аст, ки метавон гуфт, шояд назире барои худ надошта бошад.

Ғаззолӣ, баъд аз он ки ин китобро нигошт ва китоб ҳам мавриди мутолеаи мусалмонон қарор гирифт, боинсофон онро сутуданд ва аммо беинсофҳо бар Ғаззолӣ тохтанд, ки чаро чунину чунон гуфтаӣ? Масалан, ашоира (ҳаммашрабони худаш дар ақида ва калом) ба ӯ гуфтанд, ту ки худ ашъаримазҳабӣ, пас чаро гаҳ-гоҳе ин мазҳабро мавриди интиқод қарор додаӣ? Ва ё фуқаҳо бар ӯ тохтанд, ки чаро аз эътибори фиқҳ костӣ? Мутакаллимин — яъне касоне, ки ба илми калом, ки ҳамон дониши ақоиди исломист машғул буданд — низ бар алайҳи Ғаззолӣ бапо хостанд, ки чаро дар бораи ин илм чунину чунон гуфтӣ ва ғайра…. Ҳатто кори баъзе ба ҷойе расида буд, ки Ғаззолиро кофир хонданд, ба ин пиндор, ки ӯ назаре иброз дошта бар хилофи назари мазҳаби ҳоким дар он замон.

Хулоса, Ғаззолӣ аз газанди мутаассибҳо дар амон набуд. Он гоҳ бархе аз муридонаш омаданд пеши Ғаззолӣ ва гуфтанд, устод! Дар баробари ин ҳама суханони нораво, ки нисбат ба шумо мезананд, ҳатто кори баъзе ба ҷойе расида, ки шуморо ба куфру зандақа нисбат медиҳанд, чӣ кор кунем?

Ин ҷо буд, ки марҳуми Ғаззолӣ тасмим гирифт як рисолае ба риштаи таҳрир дароварад дар баёни ҳадди куфру ислом ва ин ки аз назари шариати ислом, чӣ касе мусалмон ҳисобида мешавад ва чӣ касе кофир, ва оё метавон мусалмонеро фақат ба ин хотир, ки дар порае аз масоили эътиқодӣ бо мо ихтилоф дорад, кофираш донем?

Ин рисола, ки “Файсалут тафриқа байнал исломи ваз зандақа” ном дорад, бо ин ки ҳаҷми калоне надорад ва чанд сафҳа беш нест, аммо рисолае аст ба ғоят олӣ ва аз назари илмӣ, дорандаи арзиши воло.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

* * *

Муқаддимаи рисола

Ғаззолӣ, баъд аз бисмиллоҳ ва ҳамди Худо ва сано бар Расули Акрам (с), хонадони покаш ва саҳобагони гиром, дар пешгуфтори ин рисола хитоб ба шогирдонаш менависад:

“Эй бародари дилсӯз ва эй дӯст, ки (барои ман) таассуб ба харҷ медиҳӣ, дидам, кинаи хеш (бар зидди касоне, ки бар ман тӯҳмат мезананд) барангехтаӣ. Ва фикрат парешон аст аз таъна ва айбҷӯйии гурӯҳе аз ҳасадварзон, ки (таъна ва айб меҷӯянд) бар баъзе китобҳои мо, ки дар мавриди асрори муомилоти дин навиштаем. Ва (низ) аз ин пиндорашон, ки (мегӯянд) дар ин китоб дидгоҳҳое иброз гардида, ки мухолифи (дидгоҳи) мазҳаби пешиниён ва бузургони мутакаллимин (1) аст ва канорагирӣ аз мазҳаби ашъарӣ, ҳарчанд ба андозаи як ангушт куфр аст ва ҷудо шудан аз он, ҳарчанд дар як чизи андак, гумроҳӣ ва зиёнкорист.

Бар худ осон бигир, эй бародари дилсӯз ва таассубкунанда бар он чи онон мегӯянд, эшонро некӯ раҳо соз!

Касеро хору ҳақир бишумор, ки (аслан) мавриди ҳасаду тӯҳмат қарор намегирад, ва касеро кучаку хурд бишумор, ки (аслан) ба куфру гумроҳӣ маъруф нест.

Кадом даъваткунандае комилтару оқилтар аз сарвари паёмбарон (ҳазрати Муҳаммад (с)) мебошад, ва ҳол он ки (дар бораи он ҷаноб (с)) гуфтанд, ки ӯ девонае аз девонагон аст? (2)

Кадом сухане бузургтар ва росттар аз сухани парвардигори ҷаҳониён аст, ва ҳол он ки дар бораи ин сухан гуфтанд, ки афсонаҳои пешиниён аст? (3)

Мабодо хештанро бо душманӣ бо эшон машғул созӣ ва тамаъ дар фикри шикаст доданашон варзӣ, ки тамаъ дар ғайри ҷояш варзидаӣ, ва овоз дар ғайри маконаш сар додаӣ. Оё нашнидаӣ, ки гуфтаанд (шеъре арабӣ):

(Дар мавриди) ҳар душмание, умед меравад, ки беҳбуд гардад.

Ҷуз душмании касе, ки аз рӯйи ҳасад бо ту душманӣ варзида.

Дар инчунин маврид, агар тамае (умеде) ба ислоҳ мебуд, ҳаргиз бар бузургтарини мардумон аз назари мартиба (ки ҳазрати Муҳаммад (с) аст), оятҳои ноумедӣ тиловат намешуд, он ҷо, ки (оят) мегӯяд: “Ва агар рӯйгардонии онон (мушрикон) ба ту гарону душвор меояд, агар тавонӣ сурохе (барои фурӯ шудан) дар замин, ё нардбоне (барои фаро шудан) дар осмон биҷӯй, то нишонае барояшон биёварӣ, (ки албатта натавонӣ кард). Агар Худо мехост, ононро бар роҳи рост гирд меовард. Пас, аз нодонҳо мабош”. (4)

Ва (низ) ин оят (тиловат намешуд), ки “Ва агар даре аз осмон бар онон бигушойем, то пайваста дар он боло раванд (ва қудрату мӯъҷизоти моро бингаранд), ҳар ойина мегӯянд: чашмони моро пӯшише барниҳодаанд (ва моро чашмбандӣ кардаанд), балки мо гурӯҳе ҷодузадаем”. (5)

Ва (ҳам) ин оят (нозил намешуд), ки “Ва агар китобе навишта дар коғазе бар ту фурӯ фиристем ва онро бо дастҳои хеш ламс кунанд, касоне ки кофир шуданд, ҳар ойина мегӯянд: ин нест магар ҷодуе ошкор”. (6)

Ва (низ) ин оят (фурӯ фиристода намешуд), ки “Ва агар мо фариштагонро ба сӯйи эшон мефиристодем ва мурдагон бо онон ба сухан меомаданд ва ҳар чизеро рӯбарӯяшон фароҳам меовардам, боз ҳам имон намеоварданд, магар онон ки Худо хоҳад, ва лекин бештарашон нодонӣ мекунанд”. (7)

Бидон, ки андеша ва имон ва ҳадди ин ду (8), ҳақ ва гумроҳӣ ва рози ин ду, бар дилҳое, ки ба талаби молу манол ва алоқа ба мақому мансаб олуда аст ошкор намешавад, балки бар дилҳое зоҳир мегардад, ки аввалан аз чиркинии чарбҳои дунё пок шудаанд. Сониян, бо риёзати комил ҷило ёфтаанд. Солисан, бо зикри беолоиш нуронӣ гардидаанд. Робеан, бо андешаи дуруст тағзия шудаанд. Хомисан, бо мулозимат (ва риояти) ҳудуди шариат ороста гардидаанд, то он ҷо, ки бар он дилҳо нуру рӯшанӣ аз мишкоти (чароғдони) паёмбарӣ интишор ёфта ва чунон гардидааст, ки гӯӣ ойинаест ҷило додашуда. Ва чароғи имон дар шишаи (чароғдони) қалбаш чунон рӯшанӣ медиҳад, ки наздик аст равғанаш ҳам (аз дурахшандагӣ) рӯшанӣ диҳад, гарчи оташе ба он нарасад.

Аз қуҷо асрори малакут барои мардуме ошкор шавад, ки худояшон ҳавову ҳавасҳошон, маъбудашон подшоҳанашон, қиблаашон дирҳаму динорҳошон, шариаташон аҳмақиашон, иродаашон ҷоҳу шаҳватошон, ибодаташон пешхидматӣ барои сарватмандошон, зикрашон васвасаҳошон, ганҷашон сиёсатпешагонашон ва андешаашон ёфтани ҳилаву найранг барои он чи обрӯяшон иқтизо мекунад аст?

Пас, якчунин афроде, аз куҷо барояшон торикии куфр аз рӯшании имон ҷудо мешавад? Оё бо илҳоме илоҳӣ? Ҳол он ки дилҳояшонро аз чиркиниҳои дунё барои пазириши он фориғ насохтаанд. Ва ё бо камоле илмӣ? Ҳол он ки бизоъаташон дар илму дониш, фақат донистани масъалаи наҷосату оби заъфарону амсоли инҳост.

Ҳайҳот! Ҳайҳот! Ин матлаб нафистару волотар аз он аст, ки бо ин орзую рифқу мудоро ба даст ояд.

Пас, ту ба худат машғул шав ва боқимондаи умратро дар бораи онҳо беҳуда талаф макун: “Пас рӯй бигардон аз ҳар он ки аз зикри мо рӯй мегардонад ва ҷуз зиндагии ин ҷаҳонро намехоҳад. Ин аст мунтаҳои дастёбии онҳо ба дониш. Ҳамоно парвардигори ту донотар аст ба он касе ки аз роҳи ӯ гумроҳ шуда ва ҳам ӯ донотар аст ба он ки роҳ ёфтааст”. (Сураи Наҷм, оятҳои 20 ва 30) (9)

* * *

Ин, як пешгуфтор ва даромаде буд аз марҳуми Ғаззолӣ бар рисолаи хеш, ки фикр мекунам ниёз ба шарҳ надорад.

Идома дорад

* * *

* * *

Қисматҳои дигари ин рисола

* * *

Пайнавишт:

(1) Мутакаллим ба касе гуфта мешавад, ки тахассус дар илми калом дошта бошад. Ва вазифаи мутакаллим, табйин ва исботи эътиқодоти динист, ва низ вазифаи дигаре, ки мутакаллим дорад, дифоъ аз дин ва мазҳаб дар баробари шубуҳотест, ки бар он ворид мешавад.

(2) Сураи Ҳиҷр, ояти 6.

(3) Сураи Наҳл, ояти 24.

(4) Сураи Анъом, ояти 35.

(5) Сураи Ҳиҷр, оятҳои 14 ва 15.

(6) Сураи Анъом, ояти 7.

(7) Сураи Анъом, ояти 111.

(8) Ҳадд дар ин ҷо ба маънои таъриф аст.

(9)

أما بعد … فإني رأيتك أيها الأخ المشفق، والصديق المتعصب، موغر الصدر، منقسم الفكر؛ لما قرع سمعك من طعن طائفة من الحسدة، على بعض كتبنا المصنفة في أسرار معاملات الدين وزعمهم أن فيها ما يخالف مذهب الأصحاب المتقدمين، والمشايخ المتكلمين، وأن العدول عن مذهب الأشعري، ولو في قيد شبر كفر، ومباينته ولو في شيء نزر ضلال وخسر

فهون أيها الأخ المشفق المتعصب على ما يقولون، واهجرهم هجراً جميلاً، واستحقر من لا يُحسد ولا يُقذف، واستصغر من بالكفر أو الضلال لا يُعرف.

فأي داع أكمل وأعقل من سيد المرسلين صلى الله عليه وسلم، وقد قالوا: إنه مجنون من المجانين

وأي كلام أجل وأصدق من كلام رب العالمين، وقد قالوا إنه أساطير الأولين

وإياك أن تشتغل بخصامهم، وتطمع في إفحامهم، فتطمع في غير مطمع، وتصوت في مسمع، أما سمعت ما قيل

كل العداة قد ترجى سلامتها إلا عداوة من عاداك عن حسد

ولو كان فيه مطمع لأحد من الناس، لما تلي على أجلهم رتبة، آيات اليأس. أو ما سمعت قوله تعالى: (وإن كان كبر عليك إعراضهم، فإن استطعت أن تبتغي نفقاً في الأرض، أو سلماً في السماء، فتأتيهم بآية، ولو شاء الله لجمعهم على الهدى فلا تكونن من الجاهلين)، وقوله تعالى: (ولو فتحنا عليهم باباً من السماء فظلوا فيه يعرجون لقالوا: إنما سكرت أبصارنا بل نحن قوم مسحورون)، وقوله تعالى: (ولو نزلنا عليك كتاباً في قرطاس فلمسوه بأيديهم لقال الذين كفروا إن هذا إلا سحر مبين)، وقوله تعالى: (ولو أننا نزلنا إليهم الملائكة، وكلمهم الموتى، وحشرنا عليهم كل شيء قبلاً ما كانوا ليؤمنوا إلا أن يشاء الله ولكن أكثرهم يجهلون)

واعلم أن الكفر والإيمان وحدَّهما، والحق والضلال وسرهما، لا ينجلي للقلوب المدنسة بطلب الجاه والمال وحبهما، بل إنما ينكشف ذلك لقلوب طهرت من وسخ أوضار الدنيا أولاً، ثم صقلت بالرياضة الكاملة ثانياً، ثم نورت بالذكر الصافي ثالثاً، ثم غذيت بالفكر الصائب رابعاً، ثم زينت بملازمة حدود الشرع خامساً، حتى فاض عليها النور من مشكاة النبوة، وصارت كأنها مرآة مجلوّة، وصار مصباح الإيمان في زجاجة قلبه مشرق الأنوار يكاد زيته يضيء ولم لم تمسسه نار

وأنى تتجلى أسرار الملكوت لقوم إلههم هواهم، ومعبودهم سلاطينهم، وقبلتهم دراهمهم ودنانيرهم، وشريعتهم رعونتهم، وإرادتهم جاههم وشهواتهم، وعبادتهم خدمتهم أغنياءهم، وذكرهم وساوسهم، وكنزهم سواسهم، وفكرهم استنباط الحيل لما تقتضيه حشمتهم

فهؤلاء من أين تتميز لهم ظلمة الكفر من ضياء الإيمان؟ أبإلهام إلهي، ولم يفرغوا القلوب من كدورات الدنيا لقبولها؟ أم بكمال علمي، وإنما بضاعتهم في العلم مسألة النجاسة وماء الزعفران وأمثالهما

هيهات! هيهات! هذا المطلب أنفس وأعز من أن يدرك بالمنى، أو ينال بالهوينا

فاشتغل أنت بشأنك، ولا تضيع فيهم بقية زمانك: (فأعرض عمن تولى عن ذكرنا ولم يرد إلا الحياة الدنيا، ذلك مبلغهم من العلم، إن ربك أعلم بمن ضل عن سبيله وهو أعلم بمن اهتدى)



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Салафият, Такфир, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: