Фалсафа ва равиши реализм (82)

Идрокоти эътиборӣ (13)

Матни китоб:

Хотимаи ин баҳсу гуфтугӯҳо

Эътибороти умумӣ, ки суханони гузаштаи мо дар пайдоиши онҳо буд, мунҳасир ба панҷ эътиборе, ки шумурда шуд (вуҷуб, ҳусну қубҳ, интихоби ахаффу асҳал, истихдом, амали илм) намебошад, балки эътибороти дигаре низ метавон ёфт, ки ҷанбаи умумият дошта бошанд, чунонки эътибори ихтисос ва эътибори фоида ва ғоят дар амал, аз эътибороти омма ҳастанд, зеро агар инсонро танҳо дар ҳоли инфирод фарз кунем, дар ҳар истифода, ки аз модда мекунад, агар як монеъ ва музоҳиме (агарчи инсон ва ё мавҷуди зиндаи дигаре набуда ва як монеи табиӣ бошад) пеш омада ва бихоҳад инсони фаъолро аз асли фаъолият ё аз камоли фаъолият ё аз такмили фаъолият монеъ шавад, инсон низ ночор ва хоҳӣ нахоҳӣ ба мақоми дифоъ баромада ва бо фаъолияти дифоии худ моддаро тахсис ба худ дода ва тасарруфи худро бар вай мустақар хоҳад сохт. Ва дар айни ҳол, ин вазъро як нисбате миёни худ ва модда андешида ва мафҳуми ихтисос (ин модда аз они ман аст) дар пиндори вай ҷилвагар хоҳад шуд. Ва ин мафҳум ҳамон ихтисоси мутлақ аст, ки асли моликият яке аз шӯъбаҳои ӯст ва ҳамчунин дороӣ, рутба ва мақом ва ҳар гуна ҳуқуқи қарордодӣ ва улқаи заношӯӣ ва ғайра… аз шӯъбаҳои ӯст.

Ҳамчунин лузуми фоида дар амал (бояд кор ормон дошта бошад) яке аз эътибороти умумӣ аст, ки ба наҳве, ки дар оғози сухан гуфта шуд, аз асли мафҳуми эътибор истинтоҷ мешавад.

Ва ҳамчунин эътибороти умумии дигаре низ метавон ёфт, вале эътибороти панҷгонаи номбурда, дар ташреҳ ва истинтоҷи бақияи эътиборот (эътибороти баъди иҷтимоъ) ва аҳкоми онҳо кофист.

Ба ҳар ҳол, эътибороти умумӣ (эътибороти қабли иҷтимоъ) чун эътибороте ҳастанд, ки инсон дар ҳар тамос, ки бо феъл мегирад, аз эътибори онҳо гурезе надорад, яъне асли иртиботи табиати инсонӣ бо модда дар феъл, онҳоро ба вуҷуд меоварад, аз ин рӯй, ҳеч гоҳ аз миён нарафта ва тағйире дар зоти онҳо пайдо намешавад.

Масалан, инсон метавонад — ё мешавад — ки як андешаи вижаеро ба воситаи пайдоиши авомиле аз мағзи худ берун биронад, вале ҳаргиз наметавонад — ё намешавад — ки асли андешаро (бояд андеша кунам) накунад. Ва масалан, ҳар иҷтимое метавонад фикри хосси як фардеро поймол кунад, вале ҳаргиз наметавонад фикреро, ки дар фикри ҳар фард-фард иҷтимоъ собит аст кушта ва аз миён бибарад, зеро фикри иҷтимоӣ як шумораи муҳассале аз афкор мебошад, ки рӯйи ҳам рехта шуда ваҳдате пайдо карда ва монанди як воҳиди ҳақиқӣ машғули фаъолият аст. Ва дар ин сурат, чӣ гуна мутасаввар аст, ки як иҷтимое (фикри мутарокими воҳид) худаш худашро аз миён бибарад?!

Мо бо қареҳаи мусомиҳа, ба бисёре аз маворид номи “интиҳор” ва “худкушӣ” медиҳем, вале ба ҳасби диққат, худкушӣ дар ҷаҳони ҳастӣ мисдоқ надорад.

Бале, як мавҷуди зинда масалан метавонад фаъолияти худро ба як моддае иртибот диҳад, ки ҳодисаи марбутаи вай худ мавҷуди зинда ё қувваи марбутаи вайро ибтол намояд ё фаъолияташро хунсо кунад. Масалан, инсон метавонад саммро дар об ҳал карда бинӯшад (яъне фаъолияте, ки мулоими қувваи тағзия, ки нӯшидан аст анҷом диҳад), вале самми маҳлул ба воситаи вуруд ба меъда фаъолият карда ӯро бикушад. Ё ба нури бисёр қавӣ монанди қурси хуршед нигоҳ карда ва қувваи босираро аз кор андозад ва ё бо яке аз қувваҳо қувваи дигареро хунсо намояд. Масалан, пилкҳоро баста ва нагузорад чашм кор кунад, ангушт ба гӯш гузошта ва нашунавад, вале ҳаргиз намешавад инсон ё ҳар мавҷуд аз вуҷуди худ мустақиман адами худро бихоҳад ё аз қуввае мустақиман бутлони фаъолияти худи қувваро тақозо намояд.

Аз ин баён метавон натиҷаи зерро гирифт:

Агарчи эътибороти омма қобили тағйир нестанд, вале аз роҳи бархе аз онҳо дар мавриди бархе дигар мешавад тасарруф намуда ва ба ваҷҳе эътибори умумиро аз кор андохт. Яъне мавридеро дар доираи фаъолияти вай дахл дода ва мавриди дигарро берун карда ва дар натиҷа эътибори умумиро нисбат ба мавриди аввали худ аз кор андохт. Масалан, замоне мусофиратҳои тӯлониро бо чорпо ё каҷова ё тахти равон анҷом медоданд. Каҷова ё тахти равон ё чорпо барои паймудани роҳҳои дуру дароз лозим ва хуб буд, вале бо пайдоиш васоили тоза монанди автомобил, роҳи оҳан, ҳавопаймо, қоидаи “лузуми интихоби ахафф ва асҳал” василаи тозаро ба ҷойи кӯҳна нишонида ва сифати “лузум” ва “хубӣ”-ро аз он гирифта ва ба ин дода, албатта асли “хубӣ” аз миён нарафт, вале ҷойи худро иваз намуд. Дар ҳар гӯшаву каноре аз иҷтимои имрӯз садҳо мисол барои ин гуна тағйироти русумӣ, одобӣ, ахлоқӣ, муомилотӣ, тамосҳои иҷтимоӣ метавон пайдо кард.

Чизе, ки ҳаст ин аст, ки усули эътибороти умумӣ пайваста зинда ва саргарми идомаи фаъолият буда танҳо маворид ва масодиқи онҳо ҷобаҷо мешавад ва ҷомеаи башарӣ пайваста ба пешрафти худ дар истихдом ва истифода аз модда идома дода ва саргарми тавсиъа ва рафъи тазйиқоти зиндагӣ буда ва ҳар рӯз саҳнаи зиндагии дирӯзи худро иваз мекунад. Ва ин лозимаи бархӯрд ва феълу инфиъолест, ки усули эътиборот дар ҳамдигар доранд. Ва аз ин баён натиҷа гирифта мешавад: “Тағйири эътиборот худ яке аз эътибороти умумӣ аст”.

Тағйири эътиборотро дар бахшҳои зер метавон талхис кард:

1) Минтақаҳои гуногуни замин, ки аз ҷиҳати гармо ва сармо ва дигар хоссиятҳо ва осори табиӣ мухталиф мебошад, таъсироти мухталиф ва амиқе дар табиатҳои афроди инсон дошта ва аз ин роҳ дар кайфият ва каммийяти эҳтиёҷот таъсири басазое мекунанд ва ҳамчунин дар эҳсосоти дарунӣ ва афкор ва ахлоқи иҷтимоӣ, ва дар пайрави онҳо идрокоти эътибории онҳо, аз ҳам ҷудо хоҳад буд. Масалан, эҳтиёҷоти гармо ва сармои минтақаи истивоӣ нуқтаи муқобили эҳтиёҷоти минтақаи қутбӣ буда ва аз ҳамин ҷиҳат аз ҳайси таҷҳизот, мухталиф мебошанд.

Дар минтақаи истивоӣ дар ағлаби аҷзои сол барои инсон як линг, ки ба миён бибандад лозим ва зиёда бар он харқи одат ва шигифтовар буда ва қабеҳ шумурда мешавад, ва дар минтақаи қутбӣ дуруст баръакс аст. Ихтилофоти фоҳише, ки дар афкори иҷтимоӣ ва одоб ва русуми саканаи минтақаҳои мухталифи замин машҳуд аст, бахши муҳимме аз онҳо аз ҳаминҷо сарчашма мегирад.

Ва ҳамчунин муҳити амал, дар ихтилофи афкор ва идрокоти эътиборӣ дахил мебошад. Масалан, як нафар боғбон бо як нафар бозаргон, ё як нафар коргар бо як нафар корфармо аз ҷиҳати равиши фикрӣ яксон нест, зеро эҳсосоте, ки масалан сабза ва об ва дарахт ва гул ва баҳор ба вуҷуд меоваранд, ғайр аз эҳсосотест, ки молуттиҷора ва доду ситад лозим дорад. Ва ихтилофи эҳсосот ихтилофи идрокоти эътибориро мусталзим мебошад.

2) Касрати вуруди як фикр ба мағзи инсон насбулайн гардида ва натавонад аз назар дур дошта ва ба ғайри ӯ таваҷҷӯҳ кунад, ва албатта дар ин сурат хоҳӣ нахоҳӣ як фикр мантиқӣ ва саҳеҳ ва хуб ба назар хоҳад омад ва хилофи вай ба хилофи вай, ва дар ин сурат, таворуси афкор, талқин, эътиёд, тарбият, дар тасбит ва тағйири афкори иҷтимоӣ ва идрокоти эътиборӣ нақши муҳиммеро бозӣ хоҳад кард.

3) Мо тардид надорем, ки бо қареҳаи такомул, пайваста бар маълумоти худ меафзоем ва хулоса дар асари ин ки нахустин рӯзҳои погушоӣ ба ҷаҳони модда, маълумоти зиёде аз ниёгони худ ба таври таворус дарёфт дошта ва пояи пешрафтҳои ояндаи худ қарор медиҳем, доираи улум рӯз ба рӯз дар тавсиъа аст ва ҳар чӣ тавсиъа пайдо кунад, аз имтиёзҳои табиат ба воситаи татбиқи амал, истифодаҳои бештар ва комилтаре намуда ва табиати саркашро беҳтар ба худ ром мекунем, ва аз ин рӯй мафҳуми “бояд ва набояд” ва “хубу бад” ва назоири онҳо пайваста ҳамоғӯши тағйир мебошад. Масалан, ду фарди инсон фарз кунем, ки яке аз онҳо (инсони имрӯз) дар яке аз толорҳои кохи зебо рӯйи курсии зебои худ нишаста ва фохиртарин либосро, ки бо охирин мудели рӯз дӯхта шуда бошад пӯшида ва дар муқобили мизе, ки рӯйи он хӯрокҳои рангоранг чида шуда қарор гирифта бошад. Ва дигаре (инсони аввалӣ) рӯзгори ширини худро дар шикофи кӯҳҳо бо гиёҳи биёбонҳо ва меваи ҷангалҳо мегузаронад. Бо санҷише, ки дар миёни ин ду фард ба амал биоварем, равшан хоҳад шуд, ки инсон чӣ бисёр боистаниҳоро тарк гуфта ва хубҳоро бад шумурда, то ба ҳадди имрӯза расида.

Инсон ҳеч гоҳ аз фикри хубу бад дастбардор нест, вале пайваста бо пешрафти зиндагӣ, бадро хуб ва хубро бад мешуморад, зеро ҳеч гоҳ зиндагонии дирӯзӣ бо эҳтиёҷоти имрӯзӣ вифқ намедиҳад.

Агар дар маълумоти эътиборӣ тааммул намоем, хоҳем дид, ки ҳоли идрокоти эътиборӣ дар тавлид ва истинтоҷ, монанди ҳоли улуми ҳақиқӣ мебошад. Масалан, мо нисбати вуҷубро (боядро) аз нисбати зарурати хориҷӣ, ки дар миёни иллат ва маълули хориҷӣ аст гирифтаем. Ва омили аслии ин эътибор ҳамин буд, ки дидем феъл бо қувваи фаъола иртибот дошта ва ба идеоли (маслиҳати) қувваи номбурда муштамил мебошад. Ва албатта ин вуҷуби эътиборӣ монанди вуҷуби ҳақиқӣ миёни як фоил ва як феъл таҳаққуқ пайдо мекунад (“вуҷуби таъйинӣ” ба истилоҳи фанни усул), вале пас аз анҷоми ин амр чун гоҳе мебинем, ки ду феъли мухталиф дар иштимол бар маслиҳат яксон мебошанд, вуҷуби номбурдаро миёни қувваи фаъола ва миёни яке аз ду феъл (бидуни таъйин) эътибор мекунем ва дар натиҷа вуҷуби тоза ба номи “вуҷуби тахйирӣ” пайдо мешавад.

Ва ҳамчунин ҳама ё бештари тағйироте, ки дар луғоти мухталиф пеш омада ва ба таври ғайри қобили эҳтироз домангири калимот ва алфоз мешавад, аз ин роҳ аст, зеро мо лафзеро, ки вуҷуди лафзӣ маънои худаш қарор медиҳем, пас аз чанде, ки истеъмол мекунем, қареҳаи мусомиҳакории мо бо иттико ба қоидаи лузуми интихоби ахафф ва асҳал, лафзи дигареро, ки шабеҳи вай буда ва ба забон осонтар аст ба ҷойи ӯ гузошта ва кам-кам лафзи аввалиро ба дасти фаромӯшӣ месупорад (чун вожаи “вархи” ба ҷойи бархез, ва “пош” ба ҷойи ба пошав) ва бояд донист, ки тағйироти дигаре низ ба ҷуз тағйироти сегонаи номбурда метавон пайдо кард, вале навъи тағйирот ба ҳамон бахшҳои сегонаи номбурда мунтаҳӣ мегардад.

Ва низ равшан аст, ки тағйироти сегонаи номбурда гоҳе ба воситаи имтизоҷҳои мухталиф ва омезишҳои гуногун, ки миёнашон пайдо шавад, як силсила натоиҷи таркибӣ низ медиҳад, ва ин гуна тағйир дар миёни одобу русуми иҷтимоӣ мисолҳои зиёде дорад ва шояд камтар мавриде битавон пайдо кард, ки авомили мухталифи тағйир дар вай таъсире накарда бошад ва аз манбаъҳои гуногун сарчашма нагирифта бошад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: