Ғаззолӣ ва масъалаи такфир аз дидгоҳи шариат (2)

Бахши дуввум

Ҳадду марзи куфру имон

Имом Ғаззолӣ (р) дар фасли баъдии ин рисола, ба шарҳу тавзеҳи “ҳадду марзи куфру имон” ва ин ки аз дидгоҳи шариати ислом, кадом вақт як нафар кофир ва кадом вақт мӯъмин дониста мешавад мепардозад. Ӯ мегӯяд:

الكفر: هو تكذيب الرسول، عليه الصلاة والسلام، في شيء مما جاء به. والإيمان: تصديقه في جميع ما جاء به. فاليهودي والنصراني كافران لتكذيبهما للرسول عليه الصلاة والسلام، والبرهمي كافر بالطريق الأولى، لأنه أنكر مع رسولنا سائر المرسلين

Куфр такзиби Расули Худо (с) аст дар ҳар он чизе, ки он ҷаноб (с) овардаанд. Ва имон тасдиқи он ҳазрат (с) аст дар ҳар он чи овардаанд. Яҳудӣ ва насронӣ, ба ин ҷиҳат кофиранд, ки чун Расули Худо (с)-ро такзиб мекунанд. Будоӣ низ ба тариқи авло кофир аст, чун ӯ, илова бар паёмбари мо (с), соири паёмбаронро ҳам инкор мекунад”.

Шарҳ: Такзиб ба маънои “дурӯғгӯ донистан” ва “ба дурӯғ нисбат додан” аст. Тибқи ин таъриф, касе кофир дониста хоҳад шуд, ки паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро дурӯғ шумурад ва ё сухане аз суханони ҳазрати паёмбар (с)-ро дурӯғ донад. Масалан, бигӯяд, паёмбар (с) он ҷо, ки мегӯяд, Исро ва Меъроҷ доштааст, дурӯғ мегӯяд ва ин ки ин сухан рост нест. Чунин касе бе шак кофир аст.

Ҳамчунин, ба тариқи авло, касе, ки Қуръони Каримро китоби Худо надонад ва ё ояте аз оятҳои онро дурӯғ шумурад низ кофир аст. Зеро Қуръон китобест, ки ҳазрати Муҳаммад (с) онро аз сӯйи Худо овардааст. Таърифи номбурда, ин матлабро ҳам мерасонад.

Албатта, ин ҷо лозим аст ба як нукта ишора кунам. Ва он ин ки: такзиби Расули Худо (с) замонест, ки такзибкунанда қатъу яқин дошта бошад, ки як сухане сухани паёмбар (с) аст ва он гоҳ такзиб кунад, яъне баъд аз он ки барояш ҳеҷ шакке боқӣ намонда бошад, ки ин сухан, дар ҳақиқат аз сӯйи ҳазрати Муҳаммад (с) содир шудааст, баъд аз ин, бигӯяд, ки ин сухан дурӯғ аст. Вагарна, агар шахс тардид дошта бошад, ки ин сухан оё аз ҷониби ҳазрати Муҳаммад (с) содир шудааст ё на, дар ин сурат, агар такзиб кард, кофир ба шумор намеравад. Дар ин бора худи Имом Ғаззолӣ (р) баъдҳо тафзеҳ хоҳад дод.

Дар идома Имом Ғаззолӣ мегӯяд:

ومدركه شرعي، فيدرك: إما بنص، وإما بقياس على منصوص. وقد وردت النصوص في اليهود والنصارى، والتحق بهم بالطريق الأولى البراهمة، والثنوية، والزنادقة، والدهرية. وكلهم مشركون مكذبون للرسل. فكل كافر مكذب للرسل، وكل مكذب للرسل فهو كافر. فهذه هي العلامة المطردة المنعكسة

“(Кофир донистани касе), ё ба воситаи як насси шаръӣ ба дастамон меояд, ва ё ба воситаи як қиёс бар як насс. (Масалан) дар мавриди яҳуду насоро нусуси шаръӣ ворид шудааст, ки онҳо кофиранд. Ва он гоҳ ба қиёси авлавият, будоиён, дугонапарастон, зиндиқҳо ва даҳриён, ба яҳуду насоро мулҳақ шудаанд. Ҳамаи инҳо мушрик ҳастанд, зеро ҳамаашон паёмбар (с)-ро такзиб мекунанд. Пас, ҳар кофире такзикунандаи Расули Худо (с) аст, ва ҳар такзибкунандае кофир аст. Ин аст нишона ва аломати кофир шумурдани касе”.

Шарҳ: Дар ин ҷо Имом Ғаззолӣ мехоҳад ба як матлаби хеле муҳим ишора кунад. Мегӯяд, кофир шумурдан, кори ҳар касе нест. Чунин нест, ки ба маҳзи ин ки касе намоз нахонад ва ё рӯза нагирад ва ё ҳаҷ анҷом надиҳад, зуд бигӯем, ту кофирӣ. Балки кофир будан ва ё кофир набудани касеро, худи шариат таъйин мекунад.

Имом мегӯяд, мо барои кофир донистани касе, ду роҳ бештар надорем: роҳи аввал ин ки: як насси шаръӣ дошта бошем, ки тасреҳ кунад, ки фалон кас ва ё фалон тоифа кофиранд. Ва роҳи дуввум ин ки: аз тариқи як қиёси мӯътабар ба дастамон ояд, ки фалон кас ва ё фалон гурӯҳ кофиранд.

Насси шаръӣ яъне як сухани ошкор ва сареҳи шариат, мисли оятҳои дар маъно сареҳи Қуръон ва ё аҳодиси мутавотир ва дар маъно сареҳ. Масалан, агар мо яҳуд ё насрониҳоро кофир медонем, ба ин ҷиҳат аст, ки насси шаръӣ, ки Қуръон аст, тасреҳ кардааст, ки ин ду тоифа кофиранд, чун паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро инкор ва такзиб мекунанд.

Аммо чаро будоиён, дугонапарастон, занодиқа ва даҳриҳоро низ кофир медонем? Имом Ғаззолӣ мегӯяд, аз он ҷо, ки иллати кофир донистани яҳуду насоро аз ҷониби Қуръон, такзиби онҳост мар ҳазрати паёмбар (с)-ро, аз ин рӯ, ҳар ҷо ин иллат ёфт шавад, дар он ҷо низ ҳукми яҳуду насороро сироят медиҳем. Яъне бо як қиёси мӯътабар ҳукми яҳуду насоро ба будоиёну дугонапарастону занодиқаву даҳриҳо сироят дода мешавад.

Қиёс, маънояш ҳамин аст. Дар таърифи қиёс мегӯянд: “Сирояти ҳукми як асл аст бар фаръ агар иллати ҳукми асл дар фаръ мавҷуд бошад”. Масалан, дар шариат ба ҳукми арақ, ки ҳаром аст тасреҳ шудааст, аммо ба ҳукми пива, ки оё ҳаром аст ё ҳалол, дар шариат тасреҳ нашудааст. Вале чун медонем, ки ҳурмати арақ ба иллати масткунанда буданаш аст, бинобар ин, чун ҳамин иллат дар пива ҳам ёфт мешавад, аз ин рӯ, ҳукми арақро (ки як асл аст) ба пива (ки фаръ аст) сироят медиҳем ва мегӯем, пива низ ҳаром аст.

* * *

Иллати такфири макотиби ақоидӣ дар порае аз масоил

Дар ин фасл, Имом Ғаззолӣ ба шарҳу тавзеҳи иллати такфири макотиби ақоидӣ аз якдигар пардохтааст. Мегӯяд:

اعلم أن الذي ذكرناه، مع ظهوره، تحته غور، بل تحته كل الغور، لأن كل فرقة تكفر مخالفها، وتنسبه إلى تكذيب الرسول عليه الصلاة والسلام. فالحنبلي يكفر الأشعري زاعماً أنه كذب الرسول في إثبات الفوق لله تعالى، وفي الاستواء على العرش. والأشعري يكفره زاعماً أنه مشبه وكذب الرسول في أنه (ليس كمثله شيء). والأشعري يكفر المعتزلي زاعماً أنه كذب الرسول في جواز رؤية الله تعالى، وفي إثبات العلم والقدرة، والصفات له. والمعتزلي يكفر الأشعري زاعماً أن إثبات الصفات تكفير للقدماء، وتكذيب للرسول في التوحيد. ولا ينجيك من هذه الورطة إلا أن تعرف حد التكذيب والتصديق وحقيقتهما فيه، فينكشف لك غلو هذه الفرق وإسرافها في تكفير بعضها بعضاً

Бидон, ки он чи (дар бораи ҳадду марзи куфру имон) ёдовар шудем, бо ин ки ошкор аст, аммо зераш умқ дорад, (ки агар чунин набуд, ҳар фирқае аз фирқаҳои исломӣ, фирқаи дигареро кофир намедонист, аммо мебинем), ки ҳар фирқае мухолифи худро кофир меҳисобад ва ба ӯ нисбати такзиби паёмбар (с)-ро медиҳад.

Ҳанбалӣ ашъариро кофир медонад, ба ин пиндор, ки ашъарӣ паёмбар (с)-ро дар масъалаи исботи “фавқият барои Худои Таоло” ва дар масъалаи “истиво бар арш” такзиб кардааст.

Ашъарӣ, ба навбати худ, ҳанбалиро кофир меҳисобад, ба ин гумон, ки ҳанбалӣ ташбеҳкунанда аст ва паёмбар (с)-ро дар ин масъала, ки чизе шабеҳи Худо нест такзиб намудааст.

Ашъарӣ мӯътазилиро кофир мехонад, ба ин пиндор, ки мӯътазилӣ паёмбар (с)-ро дар масъалаи “ҷоиз будани дида шудани Худои Таоло” ва низ дар масъалаи “исботи сифати илму қудрату соири сифот барои Худои Таоло” такзиб кардааст.

Мӯътазилӣ ашъариро кофир медонад ба ин гумон, ки исботи сифот такфири пешиниён ва такзиби паёмбар (с) дар масъалаи тавҳид аст.

Аз ин вартаи ҳалокат, туро чизе наметавонад наҷот бахшад, магар ин ки бидонӣ ҳадду марзи такзиб ва тасдиқ ва ҳақиқати он ду чист, ва он гоҳ бароят зиёдаравӣ ва ифроти ин фирқаҳо дар такфири якдигар, ҳувайдо хоҳад шуд.”

 

Шарҳ: Гуфтори мазкур, каме ба тавзеҳ ниёз дорад. Ҳоло, мо дар чанд матлаб, ба тавзеҳи гуфтори Имом Ғаззолӣ мепардозем:

1) Матлаби аввал: бо вуҷуди ин ки барои ҳамаи ин макотиб, чи мӯътазилӣ бошад, чи ашъарӣ ва чи ҳанбалӣ рӯшан буд, ки аз дидгоҳи ислом, ба чӣ касе кофир мегӯянд ва ҳадду марзи куфр аз ислом пеши онҳо комилан мушаххас буд мабнӣ бар ин ки кофир ҳамон касест, ки ҳазрати паёмбар (с)-ро дар он чи овардааст такзиб кунад, ва бо ин ки ҳамагӣ медонистанд, ки ҳеч яке аз эшон чизе аз овардаҳои ҳазрати паёмбар (с)-ро ошкоро такзиб намекунанд, вале боз мебинем ин макотиби ақоидӣ якдигарро ба куфр нисбат медоданд. Чаро?

Посухаш ин аст, ки ҳар як аз ин макотиб, дар фаҳм ва табйини масоили ақоидӣ, равиши хоссе барои худ доштанд, ки бо равиши дигарӣ дар баррасии ин масоил тафовут дошт. Ва он гоҳ, бардошти худ аз он ақоидро, ки тибқи равиш ва шеваи худашон ба он расида буданд дуруст ва саҳеҳ дониста ва бардошти дигариро нодуруст ва ғалат ва дар натиҷа, навъе такзиби додаҳои шариат мепиндоштанд. Ин масъала, баъдҳо, он ҷо, ки гуфтори Имом Ғаззолиро тавзеҳ медиҳем, бештар рӯшан мешавад.

2) Матлаби дуюм он ки: муроди Имом Ғаззолӣ аз ҳанбалӣ дар ин қисмат аз гуфтораш, ҳанбалӣ дар баробари шофеӣ ва ё ҳанафӣ ва ё моликӣ, ки мазоҳиби фиқҳӣ ҳастанд нест. Чун, гоҳе муроди мо аз ҳанбалӣ, касест, ки пайрави мактаби фиқҳии Имом Аҳмади Ҳанбал аст, мисли ҳанафӣ, шофеӣ, моликӣ ва аз ин қабил. Аммо гоҳе муродамон аз ҳанбалӣ, касест, ки пайрави дидгоҳҳои ақоидии Имом Аҳмади Ҳанбал аст, на дидгоҳҳои фиқҳии ӯ. Зеро, Имом Аҳмади Ҳанбал, ҳамон тавре ки соҳиби як мактаби фиқҳист, ҳамчунин соҳиби як мактаби эътиқодӣ ҳам ҳаст, ки ба номи мактаби аҳли ҳадис маъруф аст.

Бо ин ҳисоб, рӯ дар рӯ қарор додани ҳанбалӣ дар баробари ашъарӣ ва ё мӯътазилӣ, ки ин ду ҳам, аз макотиби ақоидӣ дар ҳавзаи ислом ба шумор мераванд, дуруст мешавад.

* * *

Шарҳе кӯтоҳ аз макотиби ёдшуда

Аммо матлаби сеюм, ки мехоҳам тавзеҳ бидиҳам, ин шарҳи кӯтоҳест аз макотиби ақоидии ёдшуда (ашъариҳо, мӯътазилиҳо ва ҳанбалиҳо) ва поягузоронаш:

1. Мӯътазила, дастае аз мутакаллимон буданд ва бино бар гузоришҳои таърихӣ, поягузори ин мактаб Восил ибни Ато (80-131 ҳ.қ.) мебошад. Дар андешаи мӯътазила ақл ва аҳкоми ақлӣ нақши асосӣ ва таъйинкунанда дар кашфу истинботи ақоиди динӣ дорад. Бар асоси равиши мӯътазила, ҳар масъалаеро бояд бар хиради одамӣ арза кард ва танҳо бо ёфтани тавҷеҳи ақлонӣ барои он, қобили пазириш хоҳад буд. Мабно ва асоси ин мактаб бар он аст, ки “ҳамаи маорифи эътиқодӣ, маъқул аст”, яъне қобили дарк ба воситаи ақли одамист. (Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, ҷ 1, с 42)

2. Ҳанбалиҳо, ки ба ҷараёни аҳли ҳадис маъруф ҳастанд, дар асл як ҷараёни фиқҳӣ буданд. Онҳо дар истинботи аҳкоми шаръӣ, танҳо бар зоҳири Қуръон ва ҳадис такя мекарданд ва ақлро ба таври мутлақ инкор менамуданд. Аммо ин шеваи фиқҳии худро дар ақоид низ ба кор мегирифтанд ва ақоиди худро танҳо аз зоҳири Қуръон ва аҳодис дарёфт мекарданд. Онон, на танҳо ақлро ба унвони як манбаи мустақил барои истинботи ақоид қабул надоштанд, балки ҳатто мухолифи ҳар гуна баҳси ақлӣ перомуни аҳодиси эътиқодӣ буданд. Ба иборати дигар: ин гурӯҳ, ҳам мункири каломи ақлӣ буданд, ки дар он ақл манбаи мустақили ақоид аст, ва ҳам мухолифи каломи нақлӣ, ки дар он, аҳодис дар партави нерӯи ақл тафсир мешаванд.

Салафиҳои имрӯз, тақрибан як чунин равише дар фаҳм ва табйини ақоиди исломӣ доранд.

3. Ашъариҳо, ба пайравони Имом Абулҳасани Ашъарӣ (260‒324 ҳ.қ) гуфта мешавад. Қабл аз зуҳури Имом Абулҳасан, ду ҷарёни ақоидӣ дар миёни уммати исломӣ матраҳ буд: яке, мӯътазила, ки гуфтем, дар бакоргирии равиши ақлӣ дар ақоид зиёдаравӣ мекарданд, ва дигаре, аҳли ҳадис, ки гуфтем, мункири ҳар гуна истифода аз ақл дар маҷоли ақоид буданд.

Дар гирудори муборизаи ин ду ҷараёни фикрӣ, мазҳаби ашъарӣ дар авоили садаи чаҳоруми ҳиҷрӣ дар пӯшиши дифоъ аз ақоиди аҳли ҳадис ва ба манзури эҷоди эътидол ва нишон додани роҳи миёна ва мувофиқ бо ақлу нақл, пой ба майдон гузошт.

Имом Абулҳасан, дар оғоз аз пайравони мактаби эътиқодии мӯътазила буд, вале баъдан аз он рӯй бартофта, мактаби ҷадиде барои худ поягузорӣ намуд. Ашъарӣ, аз як сӯ ягона манбаи ақоидро китобу суннат муаррифӣ кард, ва аз ин ҷиҳат, бо мӯътазила аз дари мухолифат даромад. Аммо бар хилофи аҳли ҳадис, на танҳо баҳсу истидлол дар табйин ва дифоъ аз ақоиди диниро ҷоиз мешумурд, балки онро амалан ба кор баст. Дар ҳамин росто, вай китобе ба номи “Рисолатун фи истеҳсон‒ил‒хавз фи илмил‒калом” ба риштаи таҳрир даровард ва дар он, ба дифоъ аз илми калом ва зарурати он пардохт. Ашъарӣ зимни асолат додан ба нақл, барои ақл нақши табйингарӣ ва низ мудофеагариро пазируфт.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин рисола



Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Салафият, Такфир, Фиқҳи исломӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: