“Қатар бо хатарноктарин бӯҳрон дар таърихи худ рӯ ба рӯст”

Таҳлили Абдулборӣ Атвон дар Раъюл-явм

Қатар дар ҳоли ҳозир бо хатарноктарин бӯҳрони таърихи худ ва ҳамлаи чаҳорҷонибаи Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср рӯ ба рӯст. Ихтилофи фазоянда миёни Қатар бо Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср, баёнгари ҳарҷу марҷ ва ихтилофоти фарогири ҳоким бар минтақаи арабӣ ба вижа бар Шӯрои ҳамкорӣ аст ва шиканандагӣ ва фарозу нишеби ин эътилофро нишон медиҳад.

Ин ихтилоф барои мо ба ҳеч ваҷҳ ғайримунтазира набуд, аммо он чи моро ғофилгир кард, шиддати ихтилоф ва шеваи баёни он ва иқдомот ва гомҳои бардошташуда дар ин замина буд. Чаро ки фарз бар ин аст, ки аввалан, ин кишварҳо узви Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс (ғайр аз Миср) ва сониян, узви эътилофи арабие ҳастанд, ки бо Ҳусиҳо (Ансоруллоҳ) ва Ҳизби кунгра дар Яман меҷанганд. Ва аз ин гузашта, ду кишвар аз ин чаҳор кишвар милёрдҳо дулор ва ҳазорон тонн аслиҳа барои барафрӯхтани ҷанги хунин дар Сурия, Либӣ ва Яман ҳазина кардаанд ва ин кӯмакҳо ҳамчунон идома дорад.

Шӯрои ҳамкорӣ на танҳо бо ихтилофоти зиёд, балки бо ҷангҳои сиёсӣ ва марзӣ миёни аъзои худ ба вижа миёни Қатар ва Арабистони Саудӣ рӯ ба рӯст, аммо он чи акнун байни кишварҳои мазкур ҷараён дорад, чӣ басо захм боз кунад ва илтиёми он душвор шавад ва ихтилофе ба вуҷуд оварад, ки дар ояндаи наздик убур аз он бисёр сахт бошад.

Инфиҷори ихтилофот замоне оғоз шуд, ки шабакаи саудии Аларабия ва шабакаи аморотии Sky News Arabia изҳороти мансуб ба Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири Қатар дар маросими ҷашни фориғуттаҳсилии шуморе аз низомиёнро мунташир кард, ки дар он вай ба доман задан ба ихтилофоти минтақаӣ эътироз ва қарор додани номи Ҳизбуллоҳ ва ҷунбиши Ҳамос дар феҳристи теруризмро маҳкум кард ва аз онҳо ба унвони ҷунбиши муқовимат ном бурд ва Арабистон, Аморот ва Баҳрайнро ба таҳрик алайҳи Қатар ва ҳимоят аз теруризм муттаҳам кард.

Шайх Тамим ҳамчунин бо ишора ба як шабакаи саудӣ гуфт, кишварҳое, ки муддаии набард бо теруризм ҳастанд, худ беш аз дигарон тундрави мазҳабӣ ҳастанд ва баҳона дасти теруристҳо медиҳанд.

Вай поро аз ин ҳам фаротар гузошт ва аз ҳазинаи милёрдҳо дулор барои хариди силоҳ ба ҷойи ҳазинаи он барои тарҳҳои иқтисодӣ интиқод ва пешбинӣ кард, ки зимомдории Тромп маҳдуд аст.

Шабакаҳои Аларабия ва Sky News Arabia ин изҳоротро пахш карданд ва мизбони шумори зиёде аз таҳлилгарони мисрӣ ва саудӣ шуданд, ки бо ҳамла ба Қатар, ин кишварро ба теруризм ва паноҳ додани гурӯҳҳои теруристӣ ба вижа ҷунбиши Ихвонул-муслимин муттаҳам карданд.

Шабакаи Аларабия навори забтшудаеро аз Шайх Ҳамад бен Халифа (падари амири феълӣ) пахш кард, ки вай дар он ба Арабистон ҳамла карда ва дар гуфтугӯ бо Муаммар Қаззофӣ фурӯпошии ҳукумати Оли Саудро пешбинӣ мекунад. Дар ин навор ҳамчунин изҳороте аз Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури собиқи Яман пахш шуд, ки дар он навор, амири собиқи Қатар аз вай барои анҷоми ҳамалоти харобкорӣ дар умқи Арабистон дархости кӯмак карда буд.

Имперотурии расонаии Қатар, ки Алҷазира дар садри он қарор дорад, ба пахши барномаи оддии худ идома дод ва ба ин ҳамла барои муддате тӯлонӣ то ҳадде эътибор бахшид, то ин ки як масъули қатарӣ баъд аз чанд соат, дар баёнияе бисёр кӯтоҳ гуфт: “Хабаргузории Қатар аз сӯи тарафҳои ношинос ҳак шуда ва изҳороти мансуб ба амири Қатар ҷаълӣ аст”.

Аз сӯи дигар, хабари фаврии шабакаи Аларабия мабнӣ бар ин ки Шайх Муҳаммад бен Абдурраҳмон, вазири хориҷаи Қатар аз суфарои Миср, Баҳрайн, Аморот ва Арабистон хостааст, зарфи 24 соат Қатарро тарк кунанд, бар печидагии авзоъ афзуд. Ҳарчанд ин хабар низ аз сӯи вазири хориҷаи Қатар такзиб шуд.

Арабистон, Аморот ва Баҳрайн дар тасмиме фаврӣ пойгоҳҳои шабакаи Алҷазира ва ҳамаи рӯзномаҳои Қатар дар шабакаи интернетро филтер карданд. Ин нишон медиҳад, ки такзиби изҳороти Тамим аз сӯи Қатар ва таъкид бар ҳак шудани хабаргузории ин кишвар барои онҳо қонеъкунанда набуда ва аз шиддати бӯҳрон накоста ва ҳамларо мутаваққиф накардааст.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки бӯҳрони равобити Қатар бо Аморот ва Арабистон пас аз ду ҳодисаи муҳим рух дод, ки дар ин ҷо ба онҳо ишора мекунам:

Нахуст: дидори Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико аз Риёз ва ҳузури вай дар се нишаст шомили нишаст бо сарони саудӣ, нишаст бо сарони Шӯрои ҳамкорӣ ва нишаст бо сарони кишварҳои арабӣ-исломӣ ва тамаркуз рӯйи мубориза бо теруризм буд. Раисиҷумҳури Омрико дар ҳошияи ин нишаст, дидоре ҳамроҳ бо таниш бо амири Қатар дошт.

Дуввум: интишори шумори зиёде аз мақолот дар рӯзномаҳои омрикоӣ ва ғарбӣ буд, ки охирини он мақолае дар маҷаллаи Foreign Policy ба қалами Ҷон Ҳоно, масъули собиқи вазорати дифоъ ва умури хориҷаи Омрико ва яке аз мушовирони Дик Чени, муовини раисиҷумҳури асбақи ин кишвар буд.

Вай Қатарро ба ҳимоят аз теруризм ва ташвиқ ба куштани омрикоиҳо дар Ироқ ва истифода аз шабакаи Алҷазира барои табдили “баҳори арабӣ” ба “зимистони исломи ифротӣ” ва кӯмаки молӣ ва таслиҳотӣ ба гурӯҳҳои исломгаро барои ҷанг дар Сурия муттаҳам кард.

Ҳоно ҳамчунин Қатарро ба сарпӯш гузоштан рӯйи иқомати Холид Шайх Муҳаммад, тарроҳи ҳамалоти 11 сентябр дар Дуҳа ва тасҳили фирори ӯ ба Афғонистон қабл аз иқдоми Созмони иттилооти амнияти Омрико барои дастгирии вай муттаҳам кардааст.

Дар ин мақола (Foreign Policy) Қатар ҳамчунин ба пайравӣ аз сиёсати дугона яъне мизбони пойгоҳи “Алидид” барои парвози ҳавопаймоҳои омрикоӣ ба манзури ҳамла ба Ироқ ва низ ҳимоят аз низоми Саддом Ҳусайн ва кӯмаки расонаӣ ба он муттаҳам шудааст.

Нависандаи мақола таъкид кард, ки Дик Чени интиқоли пойгоҳи “Алидид” аз Қатарро баррасӣ кардааст ва Тромп низ ин дидгоҳро таъйид мекунад ва Аморот ва Арабистон номзади мизбонии ин пойгоҳ ҳастанд. Вай ҳамчунин хостори муҷозоти давлати Қатар ба хотири ҳимоят аз теруризм шудааст.

Аз сӯи дигар, амир Тамим дар нишасти сарон дар Риёз бо истиқболи сард рӯ ба рӯ шуд ва танҳо бо Фаҳд бен Маҳмуд, муовини нахуствазири султоннишини Уммон ва раиси ҳайъати уммонӣ ва низ бо шоҳзода Муҳаммад бен Ноиф, валиаҳди саудӣ дидор ва гуфтугӯ кард.

Манобеи дохили конфронси сарон гуфтанд, амир Муҳаммад бен Зоид низ бидуни аҳволпурсӣ ва риояти ташрифот, аз муқобили амир Тамим гузашт ва канори Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико истод, то акси ёдгорӣ бигирад.

Басанда кардани имперотурии расонаии Қатар ба тавзеҳ дар бораи мавзӯи ҳак шудани хабаргузории Қатар ва такзиби изҳороти мансуб ба Тамим ва ақибнишинӣ аз тасмими ихроҷи суфарои Арабистон, Аморот, Миср ва Баҳрайн, ба таври талвеҳӣ нишон медиҳад, ки Қатар тасмим ба оромиш ва талош барои маҳори бӯҳрон гирифтааст. Аммо мӯътақидем, тарафи муқобил ба таниш идома медиҳад, магар ин ки Қатар даст аз ҳимояти ҷунбиши Ихвонул-муслимин бардорад ва бо сиёсатҳои Саудӣ, Миср ва Аморот комилан ҳамроҳ шавад.

Манобеи Шӯрои ҳамкорӣ аз вуҷуди як сенорию барои анҷоми тағйирот дар раъси ҳирами қудрат дар Қатар бо чароғи сабзи Омрико хабар додаанд ва мӯътақиданд, ки ҳаводиси кунунӣ муқаддимае барои он аст, вале мо ҳеч мадраке барои ин сенорию наёфтем. Ҳарчанд, ки ин мавзӯъро бо таваҷҷӯҳ ба талошҳое, ки барои анҷоми кудето дар соли 1996 барои сарнагунии амири собиқ ва бозгардондани падараш ба қудрат сурат гирифт, баъид намедонем. Бо ин тафовут, ки ин се кишвар яъне Арабистон, Аморот ва Миср дар ин кудетои нофарҷом бо пул, силоҳ ва нерӯи низомӣ ширкат доштанд.

Суол ин аст, ки оё таърих бори дигар такрор мешавад? Аммо ин бӯҳрон хатарнок аст ва ихтилоф боло мегирад ва ин рӯзҳо бо таваҷҷӯҳ ба эътилофи Аморот ва Саудӣ, ки дар вуруд ба ҷанги Яман ва идома додани он ба рағми гузашти ду сол ва кӯбидан бар табли ҷанг ва таҳдид, ҳеч чиз баъид нест.

Танҳо метавонам эътироф кунам, ки Қатар дар вазъияти бӯҳронии бесобиқае ба сар мебарад ва дар рӯёрӯӣ бо душманони қасамхӯрда ва шумори андаке аз ҳампаймононаш дар бурҳае ба сар мебарад, ки ақл ва дироят канор гузошта шудааст.

Raialyoum



Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: