Ҳамаи мо дар ин моҳ ниёз ба «таҷдиди ҳаёт» дорем

Сайидюнуси Истаравшанӣ

0Ramadan_Kareem525j

Одамизод мавҷуди аҷибу ғарибе аст. Фаришта нест, аммо метавонад мақоме болотар аз фариштаҳо дошта бошад. Ҳайвон нест, аммо метавонад ҷойгоҳе пойинтар аз пасттар аз чорпоён дошта бошад. Агар Худованд ӯро дар ҷойе ба унвони ҷонишин ва халифаи худ дар рӯйи замин муаррифӣ карда ва аз малоика хостааст, то дар баробари инсон сар ба саҷда ниҳанд, аммо дар ҷойе дигар фармуда: «Балки одамизод гумроҳтар аз чорпоён аст.» Ва ин бад-он ҷиҳат аст, ки одамизод, як рӯяш ба боло ва олами малакут аст ва рӯйи дигари ӯ ба пойин ва олами носут.

Ба сухани дигар, дар вуҷуди одамизод ҳам сифоти ҳайвонӣ ниҳода шуда ва ҳам сифоти малакӣ. Агар сифоти ҳайвонии ӯ бар сифоти малакияш чира ва ғолиб ояд, ӯ мешавад «гумроҳтар аз чорпоён.» Аммо агар сифоти малакии ӯ бар сифоти ҳайвонияш ғолиб ояд, мақоме хоҳад дошт болотар аз мақоми фариштаҳо.

Одамизод, бо ин ки гоҳе аз ҳаво ва ҳавасҳои нафсонӣ – ки ҳама ношӣ аз сифоти ҳайвонии ӯст – пайравӣ мекунад, вале Худованд ӯро чунон сиришта, ки дӯст дорад ӯро инсон хонанд, на ҳайвон. Масалан, дӯст дорад ӯро ростгӯ хонанд, на дурӯғгӯ. Дӯст дорад ӯро амонатдор хонанд, на хоин. Дӯст дорад ӯро одил бихонанд, на золим, ва ҳатто ситампешатарини афроди рӯйи олам низ дӯст надоранд аз онҳо ба унвони золим ёд шавад, балки дӯст доранд мардумон онҳоро одил бихонанд… Чаро? Чун алоқа ба камолот ва сифоти инсонӣ ва малакӣ, дар вуҷуди инсонҳо ниҳода шуда ва чунон сиришта шудаанд.

Хуб, пас чун мо фитратан алоқа ва тамоюл ба ороста будан ба камолот ва сифоти инсонӣ дорем, пас биёед саъй кунем ва талош намоем, ки инсон бошем. Инсон будан яъне ҳаминҳо, яъне ростгӯ будан, содиқ будан, одил будан, амонатдор будан, хештанро олуда ба гуноҳон накардан, шаҳватпараст ва шикампараст набудан, қонеъ будан ва ғайра… Бале, инҳо чандон осон ҳам нест. Як тоҷир, бо ин ки медонад дурӯғ зишт аст ва ростгӯӣ некӯ ва писандида, вале амалан аз барои як суди ночиз, тарҷеҳ медиҳад дурӯғ гӯяд. Як сиёсатмадор, бо ин ки медонад, садоқат хуб аст ва фиреб ва найранг ва ҳила нописанд ва зишт, вале амалан ба хотири мондан бар курсӣ барои чанд рӯз дар ин дунё, мутавассил ба фиреб ва найранг ва анвоъи ҳилаҳо мешавад.

Хуб, пас бо ин ҳисоб, одам шудан ва инсон шудан бисёр сахт ва душвор будааст.

Аммо Худои меҳрубон — ки медонад, инсон ба муқтазои табиати ҳайвониаш аҳёнан даст ба гуноҳ мезанад, худро олуда мекунад ва дар анҷоми вазоиф ва таколифи шаръӣ ва инсонии худ кӯтоҳӣ мекунад — барои ӯ миннат ниҳода ва як моҳро дар сол барояш ба унвони фурсате қарор дода, ки метавонад худашро бисозад; агар дар ин моҳ аз гуноҳонаш истиғфор кунад, Худованд ваъда дода, ки тамомии гуноҳони ӯро бибахшад. Агар дар ин моҳ рӯза бигирад ва бештар ба ибодот ва муноҷот ва розу ниёз бо Худо бипардозад, Худованд ваъда дода, ки ӯро аз оташи ҷаҳаннам куллан бираҳонад.

Ва ин фурсат, яке ду рӯзи дигар фаро хоҳад расид ва меҳмонаш хоҳем буд. Яъне моҳи мубораки Рамазон. Ҳамаи мо, аз ҳукуматмадорону тоҷирону сиёсатмадорону коргарону ғайраву золик, ниёз ба ин дорем, ки бо истифода аз ин фурсати тиллоӣ, «таҷдиди ҳаёт» намоем.

Ҳар лаҳза ва ҳар дақиқа ва ҳар сонияи ин моҳи муборак арзишманд аст ва набояд беҳуда сарф бишаванд.

Иншоаллоҳ ҳама рӯза дар ин моҳ саъй мекунам матлабе бинависам.

Матолиби муртабит: Рӯза ва Рамазон

Реклама


Рубрики:Аҳкоми рӯза

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: